
Сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маорифи кишвар маҳсуб ёфта, рушди соҳаи маориф аз он вобастагии калон дорад. Бобати вазъи кунунии сифати таҳсилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш, зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки «…Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале барои ислоҳи вазъ дар ин самт бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шавад…»
Чи тавре ки таҷриба нишон медиҳад, тасаввурот дар бораи сифат дар байни иштирокчиёни ҷараёни таълим гуногун аст. Яъне хонанда, падару модар ва омӯзгорон нисбат ба масъалаи мазкур нигоҳи худро доранд. Вақте ки сухан дар бораи сифати таҳсилот меравад, пеш аз ҳама, мо бояд маънои мафҳуми сифатро аз нуқтаи назари қонунгузорӣ маънидод карда, фарқияти сифати таҳсилот ва сифати таълимро аз ҳамдигар ҷудо намоем. Тибқи мафҳумҳои асосие, ки дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр ёфтаанд ва дар қонуни мазкур истифода мешаванд, сифати таҳсилот маҷмуи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ ба он мебошад. Сифати таълим тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим буда, дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад.
Модоме ки сифати таҳсилот маҷмуи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатӣ бошад, пас, мо пеш аз ҳама, бояд стандартҳои давлатии таҳсилотро шарҳу тавзеҳ бахшем. Тибқи мафҳуми асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмуи меъёрҳое мебошанд, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмӣ буда, тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Ҳамчунин, моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» идоракунии сифати таҳсилот номгузорӣ гардида, тибқи он идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд. Идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ, дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаи таълимӣ амалӣ мегардад.
Имрӯзҳо зери мафҳуми сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълим мо натиҷаи пешрафти хонандагон ва донишҷӯёнеро дар назар дорем, ки онҳо бо баҳои хубу аъло мехонанд. Тибқи меъёрҳои муайянкунанда айни замон дар ҳамаи зинаҳои таълим асосан ҳамин ченак истифода бурда мешавад. Дар асл гирем, ин намуди арзёбӣ ба мафҳуми қонунии сифати таҳсилот, ки болотар маънидод кардем, мухолифат мекунад. Дар баробари ин, зимни муайян намудани сифати дониши хонандагону донишҷӯён, ченаки дигар-дараҷаи донишазхудкунӣ истифода мегардад, ки он аз натиҷаи баҳоҳои 3, 4, ва 5 бармеояд ва истифодаи ин ченаки санҷишӣ дар ягон ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ зикр наёфтааст.
Сатҳи донишазхудкунӣ, дараҷаи аз худ кардани донишҳо, маҳорат ва малакаҳое, ки барномаи таълимӣ аз нуқтаи назари мукаммалии онҳо, амиқӣ ва мустаҳкамӣ муқаррар кардааст, маҳсуб меёбад. Ва натиҷаи он тавассути холҳои баҳогузорӣ ифода ва муайян карда мешавад.
Тавре дар моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр гардидааст, идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ, дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаи таълимӣ амалӣ мегардад. Модоме ки ин тавр бошад, пас, мо бояд калимаи мониторингро ҳамчун мафҳуми зиёд истифодашавандаи соҳавӣ ба мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ворид намуда, ин мафҳумро маънидод намоем. Чун имрӯзҳо ба назар мерасад, дар нақшаҳои солонаи раёсату шуъбаҳои маориф дар бисёр ҳолатҳо гузаронидани мониторинг дарҷ гардидааст, лекин ҳадаф ва механизми амаликунии мониторинг норӯшан буда, фарқияти мониторингро аз санҷиши сифати таҳсилот ҷудо кардан ғайриимкон аст. Пас, зарурати таҷдиди назар кардани механизми санҷиши дониши хонандагон ба миён омадааст.
Ҳамчунин, зарурати таҷдиди назар кардани меъёри муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ба миён омадааст. Чунки он меъёрҳои муайянкунандае, ки дар зинаи таҳсилоти умумӣ истифода мешаванд, аз соли 2002 ибтидо гирифта, бори охир бо каме таҳриру дигаргунӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.06.2017, №8/17 тасдиқ карда шуда буданд.
Дар баробари ин, сатҳи донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимиро ҳамчун меъёри муайянкунанда ба инобат гирифта, барои ҳар як намуди муассисаи таҳсилоти умумӣ фоизи онро илман асоснок карда, бояд ҷиҳати муайян намудани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунӣ барои ҳамаи мақомоти санҷишгари соҳаи маориф маводи санҷишӣ ва талаботи меъёрӣ ягона бошад.
Тақдиршо ТАҚДИРОВ –
сардори шуъбаи Агентии назорат
дар соҳаи маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ