Аккредитатсияи байналмилалӣ яке аз воситаҳои хуби баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои олии касбии мамлакат ба шумор рафта, барои тарбия ва ба истеҳсолот омода кардани мутахассиси ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир фазои холиро таъмин намуда, аз тарафи дигар, дар байни муассисаҳои олии кишвар рақобати озоди обективиро таъмин менамояд. Сармояи инсонӣ омили муҳимми рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад. Он сармояи инсонӣ давомдор ва ояндадор аст. Он дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро (дар муқоиса бо захираҳои табиӣ, сармояи воқеӣ ва молиявӣ) ишғол мекунад. Аз ин рӯ, рушди сармояи инсонӣ дар кишвар ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Гарчанде ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар панҷ сол як бор аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад ва тавассути онҳо муасиссаҳои олии мамлакат барои фаъолияти панҷ соли ояндаи худ соҳиби “Шаҳодатнома” ва “Иҷозатнома”-и давлатӣ мегарданд, аммо дар ин самт то ҳанӯз дар муассисаҳои олии касбии тобеияти Вазорати фарҳанг камбудиҳо ҷой доранд. Инчунин, баъзе аз донишгоҳҳои олии кишвар (ба монанди ДДТТ ба номи А. Сино, ДДҲБСТ, ДДТ ба номи академик М. Осимӣ ва ғ.) барои бархе аз ихтисосҳои худ аккредитатсияи байналмилалӣ гирифтанд. Вале ин равандро дар мактабҳои олии касбие, ки муассиси онҳо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба тарзи дигар ин равандро ба роҳ мондан даркор аст. Масалан, чор меъёри (критерия) аккредитатсияи байналмилалӣ мавҷуд аст: 1. Меъёри умумии раванди таълими муассисаи олии касбӣ (донишҷӯ). 2. Меъёри таъмин намудани сифати таълим (барномаи таълимӣ, масъалаҳои асосии барнома ва дараҷаи баҳогузории объективӣ ба натиҷаи корҳои таълимӣ). 3. Меъёри мундариҷаи барномаи омӯзишӣ (омода намудани мутахассиси касбӣ, талаботи ҳирфаӣ нисбат ба барномаи таълимӣ). 4. Меъёри захиравии маводи раванди таълим (ҳайати устодону омузгорон, базаи моддӣ-техникӣ, дастгирии молиявӣ аз тарафи муассисаи таълимӣ, ва захираи молиявӣ). Аккредитатсияи байналмилалӣ дар чанд давлати ҷаҳон вижагиҳои худро дорад. Масалан, дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои бисёр ихтисосҳо, ба хусус, барои ихтисосҳои муҳандисӣ ва техникӣ ва технологияи информатсионӣ дар байни муассисаҳои ИА меъёри баробар муайян карда шудааст ва донишҷӯ метавонад дар давраи таҳсили бакалаврӣ дар чанд муассисаи олӣ аз рӯйи ихтисоси худ омӯзиш гирад. Дар ИМА бошад, аккредитатсия асосан аз тарафи ташкилотҳои мустақил, ки бевосита бо корфармоён ва корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ робитаи мустақим дошта, асосан барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат ва минтақа, аккредитатсияи мактабҳои олиро аз рӯйи талаботи ин корфармоён, ки баъдан мутахассис ё хатмкунанда дар корхонаву муассисаҳо фаъолияти меҳнатӣ менамояд, гузаронида мешавад. Бинобар ин, таҷрибаи пешқадам ва бойи ин давлатҳоро омӯхта, бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии кишвар, бахусус дар мактабҳои олии касбие, ки доир ба ҳунарҳои мардумӣ, фарҳангӣ, санъат, санъати тасвирӣ ва дигар ҳунарҳои касбӣ соҳибкасб омода менамоянд, татбиқ намудан лозим аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз корхонаву муассисаҳо ба монанди корхонаи воҳиди давлатии “Фабрикаи нассоҷии тоҷик”, “Иттифоқи рассомони Тоҷикистон”, “Иттиҳодияи рассомон”, “Кумитаи давлатии меъмории назди Ҳукумати ҶТ” “Иттиҳодияи меъморони тоҷик”, “Осорхонаи миллӣ”, осорхонаи шаҳру ноҳияҳо, “Осорхонаи этнографӣ ва мардумшиносӣ”, нашриёти “Ирфон”, “Адиб”, “Шарқи озод”, муассисаҳои рекламавӣ, “Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ва ғайра аз зумраи он корхонаҳо ва муасиссаҳои истеҳсолие мебошанд, ки хатмкунандагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар он ҷо кор ва фаъолият карда истодаанд, фаъолият карда метавонанд ва дар оянда низ ба ин соҳибкасбон эҳтиёҷи бештаре пайдо мешавад. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи дуюм ва сеюми соҳибистиқлолӣ ташкилоту ҷамъиятҳои соҳаҳои санъат, санъати тасвирӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дизайн ва меъмории миллӣ бо истифодаи хусусиятҳо ва омехтагиҳои соҳаи пешрафтаи ҷаҳонии меъморӣ, дар ҳоли рушд ва инкишофанд. Вале бояд гуфт, ки ҳоло ҳам дар ин самт камбудиҳо ва нуқсонҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Масалан, ҳамкорӣ накардани ин ташкилоту ҷамъиятҳои давлатӣ ва хусусӣ бо мактабҳои олии касбӣ, миқдори зиёди кормандони тасодуфӣ дар ин ташкилоту ҷамъиятҳое кор ва фаъолият менамоянд, ки бо аз худ намудани як ду барномаи компютерӣ дар рушди дизайн, санъати тасвирӣ ва меъморӣ гӯё саҳмгузор ҳастанд, вале аз нозукиҳо ва ҳирфаияти ин касбҳо бо обуранги хусусиятҳои миллӣ бахшидани соҳаи дизайн, меъморӣ ва санъати тасвирӣ дар ҷумҳурӣ ва истифода аз таҷрибаҳои бой ва пешқадами гузаштагони худ, масалан инкишофи меъмории исломӣ, дизайн ва ороишоти давраи Сомониён, намунаи шаҳрҳои бостонии Форс ва ғайраро ба гӯшаи фаромӯшӣ монда, ин хусусиятҳо миллатро аз ҳувияти миллӣ дур месозад ва дар рушду пешравии ин соҳаҳо принсипи ба “ояндагон як чизи бой, аҷдодӣ ва таърихӣ ба мерос мондан”-ро аз байн мебарад, дар онҳо истифода намешавад. Вале мутахассисони касбӣ ва ҳирфаӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи рассомӣ ба номи М. Олимов, Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи М. Турсунзода, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттиҳодияи дизайнерони ҷумҳурӣ ва дигар муасиссаҳое, ки дар тобеияти Вазорати ф арҳанг мебошанд, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, аз дониш ва малакаи онҳо кам истифода мешавад. Асосан равобити корхонаҳои истеҳсолӣ бо ин мутахассисони касбӣ хеле суст ба роҳ монда шудааст. Аз ин нуқтаи назар агар заъф дар ташаббускорӣ ва фаъол набудани худи ин соҳибкасбон ва устодони ҳирфаӣ бошад, аммо аз тарафи дигар, ҳамкорӣ, механизми нодурусти системаи истеҳсолкунанда дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, меъморӣ ва мактабҳои олии касбӣ мебошад. Муаллифон хоҳиши он надоранд, ки дар ин самт ҳарчи зиёд ба камбудиҳо мутавваҷеҳ шуда, аз онҳо ҳарф бизанем, балки ҳамчун узви сохторҳои санъати тасвирӣ, дизайн ва меъморӣ кӯшиш ба он аст, ки ҷаҳиши мусбат ва ҳусни тафоҳум ба миён омада, рушди ин соҳа ба таври назаррас таъмин карда шавад. Донишгоҳ, донишкадаҳо, академияҳои касбӣ ва коллеҷҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, инчунин, минтақаи Осиё ва Ховари Миёна дар пешрафти соҳаҳои санъат, санъати тасвирӣ, дизайн, санъати ороиши амалӣ, меъморӣ таҷрибаи бойи намунаи нодири соҳаи меъморӣ, меъмории манзаравӣ саҳми назаррас дошта, ин намунаҳои нодир боиси ҷалби зиёди сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ гардидаанд. Ин қабил давлатҳо дар соҳаи санъат ва санъати тасвирӣ осорхонаҳои махсуси соҳавӣ ташкил намуда, ба инкишофи соҳаи театр ва табъу нашр, ороиши амалӣ ва меъмории биноҳо хеле хуб мусоидат кардаанд. Ҳамкории корфармо ва мактабҳои олии мутахассисомодакунанда хуб ба роҳ монда шудааст. Вазорати фарҳанги ҶТ дар тобеияти худ 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ)-ро дорад. Дар ҳамин раванд мо пешниҳод менамоем, ки барои гузаронидани аккредитатсияи мактабҳои олии тобеи Вазорати фарҳанг ғайр аз меъёрҳои аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамчун меъёрҳои умумӣ, ки дар боло қайд ва барои ҳама пешбинӣ карда шудаанд, инчунин пешниҳод менамоем, ки дар комиссияи аккредатсионӣ мутахассиси соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн ва санъатшиносон низ дохил карда шавад. Зеро меъёри 4-уми аккредитатсияи дохилӣ ва ё байналмилалӣ дар ин муассисаҳо ба талаботи меъёр таъмин карда намешавад, зеро таъмини устодони унвондор ба монанди номзади илм, дотсент, доктори илм, профессор, академик ва ғайра, инчунин базаи моддӣ техникии пешрафта таъмин намудан корест душвор ва бебарор. Чунки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, санъати ороиши амалӣ, меъморӣ, зинаҳои дараҷагӣ ва унвонҳое мавҷуданд, ки аз дигар МОКҶ фарқкунанда мебошанд. Намоишҳои байналмилалии соҳаи мӯди либос, санъати тасвирӣ, ороиши амалӣ ва дигар намоишҳои сатҳи баландро дар ин мактабҳои олӣ ба инобат гирифтан лозим аст. Бинобар ин, ПИТФИ-ро зарур аст, ки дар ояндаи наздик бо ҷалби ихтисосмандони соҳавӣ аз ин мактабҳои олӣ барои рушди ин соҳа ин ҷиҳатҳоро ба назар гирад: 1. Консепсияи миллии санъати тасвирӣ, дизайн ва меъмориро ташкил намудан лозим аст. 2. Мукофот ё ҷоизаи давлатии махсус дар соҳаи санъат ва дизайн барои рушди соҳа ба номи Камолиддин Беҳзод таъсис додан мебояд. 3. Дар мавсими озмуни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои таҳсилоти олӣ озмуни рассомон ва дизайнерони ҷавон аз тарафи ВФ ҶТ ташкил карда шавад. 4. Китоби дарсии санъати тасвирӣ, дизайн ва меъморӣ барои китобҳои миёна омода кардан зарур. Дар консепсияи миллӣ механизми фаъолият ва дурнамои рушди соҳа мушаххас карда шавад. Барои хубтару беҳтар ба роҳ мондани зебоии иншооти шаҳру ноҳияҳо, иншооти фарҳангӣ, зебоии гирду атроф, гулгашту хиёбон ва марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо усули анъанавӣ ва миллӣ, ташкил намудани ҷоизаи махсуси давлатӣ ва мукофот амри зарурӣ буда, холисона ва обеъктивона ба роҳ мондани он боиси пешравӣ мебошад. Чунки ин таҷриба дар давлатҳои тараққикарда хуб ба роҳ монда шуда, баҳогузории онҳо аз тарафи созмону ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад. Ташкил намудани озмуни байни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои олӣ ва коллеҷу иттиҳодияҳо ва мактабҳои рассомии бачагона аз як тараф, ба бедор кардани тарбияи эстетикӣ дар наврасон, аз тарафи дигар, соҳиби ҷои кор шудани хатмкунандагони соҳаи санъат, санъати тасвирӣ ва дизайн дар ин мактабҳо, созмон ва иттиҳодияҳо мебошад. Аз таҷриба дида мешавад, ки сафоратҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикисон, созмонҳои байналмилалӣ, меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе дар пиёда намудани чунин намоишномаҳои соҳаи рассомӣ, наққошӣ, иттиҳодияҳои санъати ороиши амалӣ дар ҷалби мутахассисони хориҷӣ хеле фаъол буда, аммо дар ин замина ба роҳ мондани захираҳои интеллектуалӣ ва касбии дохилӣ талаботи замон мебошад. Инчунин, баробарарзишии унвонҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илм, КОА, Академияи миллии илмҳо ва дигар сохторҳои самти илм ва маориф додашуда ба унвонҳои Вазорати фарҳанг, Иттифоқи рассомон, Иттиҳодияи меъморон ва дизайнерони ҷумҳурӣ мутаносиб карда шавад, чунки ин кор ҳамчун меъёри арзиши корманд дар ин соҳа буда, принсипи муҳосибӣ ва равандҳои таъсиррасонии иқтисодиро низ дар пай дорад. Умуман, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аккредитасияи мактабҳои олӣ, аз рӯйи нуқтаи назари корфармо ва бо назардошти талаботҳои корфармо, инчунин бо назардошти меъёрҳои байналмилалии маъмул, меъёрҳои миллиро (баъдан дар консепсияи миллӣ ва китоби мактаби санъати тасвирӣ дарҷ мегардида) ба роҳ мондан лозим буда, онро ҳамчун “аккредитатсияи дуҷониба” хоҳем номид.
Алишер ЭШОНҚУЛОВ – мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот,
Фирӯзи САФАРАЛӢ – мутахассиси бахши бақайдгирӣ ва машваратии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон