
Вобаста ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти кӯдакон педагоги машҳур, бузургтарин назарияшинос, асосгузори педагогикаи инсондӯстии рус К.Д.Ушинский (1824-1870) чунин навишта буд: «Барои бомуваффақият таълим додану тарбия намудани бачаҳо онҳоро аз ҳар ҷиҳат нағз донистан зарур аст».
Ба ҳамагон маълум мебошад, ки пайдо намудани маълумот дар бораи сабабҳои мушкил дигару донистани роҳҳои бартарф намудани он чизи дигар мебошад. Донистани роҳҳои бартараф намудани масъалаҳо ҳамеша унсури асосӣ ба ҳисоб меравад. Бисёриҳо ба чунин ақидаанд, ки инҷиқиву якравӣ хоси тамоми кӯдакон буда, хоҳу нохоҳ дар онҳо пайдо мешавад ва бо гузашти айём боз худ ба худ барҳам мехӯрад. Агар мо ақидаи олимони соҳаи ҷумҳурию хориҷи кишварро вобаста ба ин масъала таҳқиқ намоем, равшан мегардад, ки ин ақидаҳо то ҷое нодурустанд. Чунки кӯдакон бо ин хислатҳо ҳеҷ гоҳ таваллуд намешаванд ва ин пурра махсусияти синнусолии онҳо нест. Ҳарчанд ки ин хислатҳо дар синни томактабӣ зоҳир мегарданд. Якравӣ дар хурдсолӣ шакл гирифта, сари вақт батараф нагардида, минбаъд оғози ҳасад, бадгӯӣ, нотавонбинӣ ва дигар одатҳои бади инсонӣ мегардад, ки руҳу маънавиёти атрофиёнро хароб намуда, соҳиби онро то ҷое доим дар ҳолати хиҷолатзадагӣ нигоҳ медорад.
Як чизро бояд донист, ки зоҳиршавии инҷиқиву якравӣ дар кӯдакон ягона набуда, дар ҳар шакл зуҳур меёбад ва кӯдакон низ қобилияти ягонаи бартараф намудани онро надоранд. Аз ин ҷост, ки майлу рағбат ба инҷиқиву якравӣ ба хусусияти синнусолӣ ва равониву ҷисмонии махсуси кӯдакон алоқаманд мебошад. Яъне чи қадаре ки кӯдак хурд бошад, ҳамон қадар ӯро ба шавқ овардану бартараф намудани ин сифатҳо осонтар мебошад. Аз таҳлили озмоишҳо ва омӯзиши тадқиқоти олимони соҳаи дохиливу хориҷӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки инҷиқию якравиро дар кӯдакон бо роҳҳои зайл метавон бартараф намуд:
— ҳангоми зуҳури якравию инҷикӣ дар кӯдакон вобаста ба ҳолати кӯдак дар паҳлуи ӯ будан. Бояд кӯдакон эҳсос кунанд, ки вобаста ба ҳолати бавуҷудомада шумо бепарво нестед ва метавонед вокуниши манфӣ ё мусбатӣ нишон диҳед; кӯдак ҳис намояд, ки ӯро шумо мефаҳмед. Кӯдак ҳангоми зуҳури инҷиқию якравӣ бештар вақт чунин меҳисобад, ки ӯ ҳақасту калон ба ӯ аҳамият намедиҳанд; аҳамияти зиёд надодан ба инҷиқиву якравии кӯдакон. Албатта, волидону калонсолонро мебояд аз аҳволи кӯдак огоҳӣ дошта бошанд, аммо вобаста ба ин ба ташвиш наафтодан то ҷое ба фоидаи кор мебошад; ҳангоми зуҳури якравию инҷиқӣ дар кӯдакон ба онҳо ягон хел таъсири равониву ҷисмонӣ нарасонидан бештар ба мақсад мувофиқ мебошад; дар рафтор ё амал бо кӯдак истодагарӣ намудан (дар сурати ба ягон масъала ҷавоби рад додан то охир дар фикри худ устувор будан, новобаста аз он ки чи гуна вокуниш нишон медиҳад); ҷиҳати рафъи инҷиқию якравӣ ба кумак ҷалб намудани бегонагон ё таъмини дахолати онҳо то ҷое вазъро мураккабтар мекунад. Бинобар ин, вобаста ба пешниҳоди муҳаққиқон ба фоидаи кор мебуд, агар вобаста ба мушоҳидаи инҷиқию якравӣ дар дигар кӯдакон ба кӯдаки худ чунин муроҷиат намоед: «нигоҳ кун, чӣ хел духтараки беодоб мебошад», «бисёр кори бад мекунад», «набояд кӯдакон чунин рафтор кунанд», «танҳо ин корҳоро кардан лозим» ва монанди инҳо; Мулоиму форам ва оромона сухан намудан. Дар тарбияи кӯдакон лаҳни волидону калонсолон, оҳанги талаффуз ва муносибату рафторашон таъсири муҳим дошта метавонад; Донистани хусусиятҳои фардӣ ва синнусолии ҳар як кӯдак аз тарафи волидону мураббиён. Барои рафтор ва муносибати самаранок намудан бо кӯдакон ҷиҳати барҳам додани инҷиқию якравӣ дар онҳо донистани хусусиятҳои синнусолӣ ва ҳолати равониву ҷисмонии кӯдакон нақши муҳим дорад; Додани имконияти мустақилона амал кардан, ёри расондан дар корҳои маишию хоҷагӣ, аз ҷумла, бовар намудани нигоҳубини додарчаҳои хурдсолро. Ба кӯдакон додани имконияти мустақилона амал намудан масъулиятшиносии онҳоро зиёд намуда, дар онҳо ҳисси меҳнатдустиву кордӯстиро зиёд мекунад. Ин амалро бисёр хуб мебуд, агар аз амалҳои одитар сар кард. Барои мисол, ҷамъоварӣ намудани бозичаҳо, нигоҳубини додарчаҳои хурдсол, мушоҳида ё ёрӣ расонидан ба корҳои волидону калонсолон, ҷеғ задани калонсолу ҷорӯб задани долончаи хона; имконияти ба қувваю имкониятҳои худ бовар ҳосил намуданро додан.
Агар мо мехоҳем, кӯдаконро дар руҳияи масъулиятшиносию меҳнатдӯстӣ тарбия намоем, пас онҳоро бояд аз хурдӣ тавре тарбия намоем, ки онҳо ба қувваю имкониятҳои худ бовар дошта, ҳангоми зарурат онҳоро истифода бурда тавонанд; Руҳбаланд намудани кӯдакон вобаста ба корҳои анҷомдодашуда тавре мо пештар қайд намудем, ҳавасманд будани кӯдакон дар анҷом додани коре ё тағйири рафтору гуфторашон нақши муҳим дорад. Бинобар ин, хуб мебуд агар кӯдаконро вобаста ба корҳои анҷомдодаи хубашон рӯҳбаланд намоем; изҳор намудани боварӣ ба қувваю тавоноии кӯдакон. Агар мо мехоҳем, кӯдаконро тавре тарбия намоем, ки онҳо ба қувваю қудрати худ боварӣ дошта бошанд, пас, моро мебояд, дар навбати аввал худ низ ба қувваю тавоноии кӯдакон бовар дошта бошем ва тавре вонамуд намоем, ки кӯдакон инро эҳсос намоянд; Иваз намудани оҳанги амиронаю фармонфармоёна бо оҳанги маслиҳату машварат, таъкиду хоҳиш. Оҳанги талаффуз ва лаҳни гуфтори калонсолон дар тарбияи кӯдакон аз нақши муҳим дорад. Зеро кӯдакон тарзи талаффуз ва муносибати калонсолон шахс будани худро ҳис мекунанд. Вобаста ба ин, волидону калонсолонро мебояд на аз тарзи суҳбати омиронаю фармонфармоёна, балки бо оҳанги маслиҳату машварат суҳбат намоянд; Нишон додани дилсӯзию меҳрубонӣ ба кӯдак. Дар тарбияи кӯдакон дилсӯз будан яке аз нақшҳои асосӣ дорад. Аз ин рӯ, волидонро мебояд ба кӯдакон вобаста ба мавридаш дилсӯзу меҳрубон буда, инро нотарсида, ба кӯдакон нишон диҳанд; Риояи реҷаи рӯз ва зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба кӯдак, вале на аз ҳад зиёд. Волидонро мебояд реҷаи дар рӯз муқаррарнамудаи худро риоя намоянд, чун кӯдакон ҳамаи инро назорат менамоянд. Дар радифи ин таваҷҷуҳ ба кӯдак низ нақши муҳим дорад, аммо бояд донист, ки таваҷҷуҳ набояд то ҳадде бошад, ки кӯдакро ба инҷиқию якравӣ бурда расонад; Натиҷагирии рафтори калонсолон аз натиҷаи раднамоии талаботи аввалини кӯдак. Волидону калонсолонро мебояд, кӯдаконро тарзе тарбия намоянд, ки дар шароити носозгор созгор бошанд. Яъне кӯдакон бояд дар шароиту муҳите тарбия карда шаванд, ки мо худ онро намедонем. Вобаста ба ин, волидонро мебояд, дар сурати зарурат баъзе талаботи кӯдаконро рад намоянд. Дар ин хусус волидон бояд дониста бошанд, ки рад намудани талаботи кӯдак чӣ натиҷа дошта метавонад. Вобаста ба ин, бояд ҳар як хохиши радгардидаи кӯдакро таҳлил намоянд.
Нахуст, бисёр хуб мебуд, агар хоҳиши кӯдаконро дар ҳолате мушоҳида менамоем, ки аз ҳад зиёд ва ғайри қобили қабул аст рад карда шавад; дар ҳолати зуҳури инҷиқию якравӣ дар кӯдакон ба монанди дод задану гиря намудан, қаҳр кардану дигар амалҳоро нишон додан, бисёр хуб мебуд ба ӯ фаҳмонем: «Вақте ки шумо гиряи дуру дароз мекунед ё хомӯшона қаҳр мекунед, ман наметавонам, бифаҳмам, ки чӣ мехоҳед. Аввал ором шав, баъд суҳбат мекунем; бисёр муҳим аст агар тамоми аъзои оила роҳҳои муқовимат бо инҷиқию якравӣ дар кӯдаконро донанд, дар акси ҳол метавонад, натиҷаи дилхоҳ надиҳад. Зеро кӯдак бо зиракии худ хеле зуд мефаҳмад, ки он чӣ ки аз падар ба даст оварда наметавонад, метавонад, бо оби чашм ё қаҳру даст кашидан аз хӯрокхурӣ бе ягон мушкилот аз хоҳару бародар ё модару бибиаш ба даст оварад. Аз ин рӯ, бисёр хуб аст, ки тамоми аъзои оила ба зидди ин амали номатлуб якҷоя амал намоянд; бо кӯдакон бозӣ намудану нишон додани роҳи дурусти бозӣ бо бозичаҳо; бо кӯдакон рӯ ба рӯ суҳбат ва онҳоро ҳамчун соҳибфикр қабул намудан; додани муҳаббати кофӣ ба кӯдакон; пур намудани ҳаёти кӯдакон бо муҳтавои иттилоотии ҷолиб ва маълумоти гуворо; худро дар ҷойи кӯдак гузошта, бо чашмони ӯ ба дунё нигаристан пеш аз қабули қарор ва гирифтани тасмимҳо; рафтори зиракона намудан. Ба монанди: «Оҳ, чӣ қадар духтарчаи/писарчаи гапдаро дорам», «чӣ қадар писарчаи/духтарчаи ман меҳнатдӯст ва ғамхор аст», «чӣ қадар писарчаам/духтарчаам маро дӯст дошта, ба суханони ман гӯш мекунад»; Дар баробари ин, ба кӯдак нагуфтани он ки ӯ инҷиқ аст. Волидону калонсолон набояд ба кӯдакон гӯянд, ки ӯ инҷиқу якрав мебошад, чунки ин метавонад, дар кӯдакон нисбат ба худ як навъ фаҳмиши манфӣ пайдо намуда, то ҷое ба дилсардии онҳо асос гардад; ҳамеша барои анҷоми фаъолияти мусбат бисёр хуб аст, ки кӯдакон ба воситаи таъриф руҳбалад карда шаванд; роҳи дигари ором намудани кӯдакон ё паст намудани зуҳури инҷиқию якравӣ дар кӯдакон бо ӯ ҳамроҳ шудан аст. Ҳамроҳи ӯ гиряро оғоз намуда, тадриҷан оҳангро тағйир додан ва аз гиря ва ғаш ба шӯхию бозӣ гузаштан мебошад.
Сарчашмаи асосии пайдоиши якравӣ, аксар вақт ин ифтихор ва дорои ҳисси баланди худшиносӣ дар табиати кӯдакон мебошад. Дараҷаи аз ҳад зиёди якравию инҷиқӣ аз ҷониби аксари олимони соҳа дар муқобилияти бетафовутии кӯдак ба ҳама гуна талаботи калонсолон тасвир шудааст. Якравӣ аксар вақт аз як тараф, вақте ки волидон барои фаҳмидани талаботи кӯдакон кӯшиш накарда, амалҳои анҷомдодаи онҳоро қадр намекунанд ва эҳсоси бетафовутиву беқадрӣ, бовар накардану ҳама чизро манъ намудан аз ҷониби калонсолонро эҳсос мекунанд, ба вуҷуд меояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки кӯдакон бештар амалеро шавқовартар ва осонтар медонанд, ки қабули он иҷро кардани он бозиро талаб мекунад. Барои мисол, агар шумо ба фарзандатон бозичаҳоро ғундоштан, хонаро ба тартиб даровардан, хӯрок хӯрдан ё либос пушониданро дар мусобиқа иҷро намоед, пас, фарзанди шумо зуд ва бо майли том ин амалҳоро иҷро менамояд. Ё волидон метавонанд ба кӯдакон пешниҳод намоянд, ки ӯ худаш лухтаки дӯстдоштаашро чӣ хел тез ва хуб мешӯяд.
Омӯзиши соҳаи таълиму тарбия, махсусан, тарбияи томактабӣ ҳамчун самти муҳимми бахши педагогикаи томактабӣ мунтазам ба омӯзишу тахқиқ ва навовариву пажуҳишҳо ниёзманд аст, зеро ин равандро таҳаввулоти дар бахши тарбияи дурусти кӯдакон дар замони ҷаҳонишавӣ ба вуҷудомада тақозо мекунад. Бинобар ин, лозим меояд, ки дар самти таълиму тарбияи томактабии кӯдакону наврасон ҷониби волидону мураббиён, махсусан, дар шароити хона таҳқиқотҳо ба анҷом расонида шаванд. Бояд қайд намуд, ки яке аз роҳҳои дурусти тарбияи кӯдакон ва барҳам додани инҷиқию якравӣ дар онҳо ҳамчун хислатҳои бади инсонӣ аз сатҳи огоҳӣ, муоширату муносибат, рафтору кирдор ва роҳҳои мубориза ва бартараф намудани сифатҳои манфӣ аз ҷониби волидону калонсолон ва наздикону пайвандони кӯдакон сахт вобастагӣ дорад. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, пайдоиш ва бартараф намудани хислатҳои бади инсонӣ аз падару модари кӯдакон ва малакаву маҳорати онҳо вобаста аст. Волидону калонсолон танҳо бо роҳу усулҳои гуногуни самарабахш метавонанд, талаботи гуногунҷанбаи кӯдаконро қонеъ намуда, дар инкишофи шахсияти кӯдакон нақш дошта тавонанд. Волидону дигар калонсолон метавонанд, аз роҳу усулҳои ҳангоми мушоҳида бадастоварда, аз таҷрибаи худ, аз пешиниён ё муҳаққиқони соҳа ба таври васеъ истифода намоянд. Баъд аз омӯзиши таҳқиқотҳои соҳа ва мушоҳидаҳои амалӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки имрӯзҳо ҳанӯз ҳам масъалаи инҷиқу якрав гардидани кӯдакон мисли пештара дар ҳолати нигаронкунанда қарор дошта, ба таҷдиди назар ниёз дорад, яъне ба таъбири саҳеҳ, муносибати волидону калонсолон, мураббиёну омӯзгорон ҳанӯз ҳам ба таври бояду шояд самаранок нест. Зеро ҳама гуна муносибат дар сурате самаранок мегардад, ки агар муносибати ҳар як субъекти тарбияи кӯдакон ба инкишофи кӯдакон нигаронида шуда, ба хусусиятҳои синнусолӣ ва ташаккули онҳо мусоидат намояд.