
Андешаҳо оид ба синфҳои 11-12-и мактаби таҳсилоти умумӣ
ё гузариш ба таҳсилоти 12 -сола
Қабл аз ҳама таъкид менамоям, ки қатъи назар аз мушкилиҳои зиёд Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, рақами 207 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷати замонавӣ ва саривақтист. Дар асоси ин консепсия аз соли 2014 кишвари мо ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мегузарад, ки сохтори мактаб тариқи зайл сурат мегирад: зинаи ибтидоӣ-синфи 1-V, зинаи мактаби асосӣ-синфҳои VI-X, зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-синфҳои XI-XII.
Алҳол баҳс рӯйи синфҳои XI-XII шуруъ шудааст, ки беасос нест. Дар ҳақиқат, киҳо ҳуқуқи давом додани таҳсилро дар ин синфҳо доранд? Мазмуни таҳсилот (маълумот) дар ин синфҳо чӣ гуна бояд бошад? Дар ин синфҳо киҳо ҳуқуқи дарс додан доранд? Пас аз хатми ин синфҳо талабаҳо соҳиби чӣ хел ҳуҷҷат мешаванд? Ҷараёни таълим чӣ гуна бояд сурат бигирад? Баҳсгарон мехоҳанд, ба ин ва дигар саволҳо посух дарёбанд.
Аслан, агар мо «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо мулоҳиза хонем, ба ҳамаи ин саволҳо қисман ҷавоб меёбем. Бадбахтӣ ин аст, ки чунин ҳуҷҷатҳо ё ба суроғаи зарурӣ намерасанд, ё дар ботини мо бетафовутӣ чунон кора кардааст, ки ба чизе аҳамият намедиҳем. Маориф имрӯз моликияти ҳамагон аст. Ақидаи «таълиму тарбияи талабаҳо вазифаи мактаб аст» кайҳо куҳна шуд. Имрӯз агар оила, мактаб ва ҷомеа дар таҳсилоти фарзандон дастандаркор нашаванд, даргумон аст, ки ба мақсаде бирасем. Барои ҳамин ҳам, ҳамаи онҳое, ки ба фарзандон ва дар маҷмуъ, ба насли наврас заррае ҳам бошад, пешравӣ мехоҳанд, аз мазмун ва мақсади ҳуҷҷатҳои асосӣ, махсусан, он ҳуҷҷатҳое, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул мекунад, огоҳ бошанд. Баъд, мафҳумҳои «таълим»-у «таҳсил» на танҳо ба талабаю донишҷӯён, балки ба ҳамагон тааллуқ доранд. (Охир, мо мардуми табиатан китобдору китобхон ҳастем).
Ба ин маънӣ, гузаштан ба таълими 12-сола, ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногун (пешрафта, ақибмонда, тараққикунанда…) собит сохтааст, як амри воқеист. Мо «поямонро чени кӯрпаамон дароз мекунем»-гуфта, аз ин таҷрибаҳо набояд тарсид. Ин ҷо сухан на дар бораи қабули таҷрибаҳо, балки дар бораи омӯхтани моҳияти онҳо ва дар робита бо шароиту имкониятамон қабул ва паҳн намудани онҳо меравад. Барои ҳамин ҳам байни гузаштан ба зинаҳои таҳсил фосилаҳо гузошта шудааст. Дар ин муддат моро лозим аст, ки таҳдоби (базаи) моддии мактабҳоро то ҷое имконият дорем, ба сомон расонем; бобати тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва такмили ихтисоси онҳо чораҳо андешем; пас аз баррасиҳои зиёде маводи таълими заруриро ба табъ расонем; дар як ё ду ноҳия ё якчанд мактаби ноҳияҳои гуногун озмоиши мақсадноки педагогӣ гузаронем; фазои таълимро муҳайё ва падару модарро ба ҳамгироии фаъолияти мактабу оила омода бисозем; муносибати ҷомеаро ба нафъи таълиму тарбияи насли наврас тағйир диҳем.
Рӯйи ҳамин андешаҳо, мо мақсад гузоштем, оид ба баъзе паҳлуҳои масъала таваққуф намоем. Инак таҳсилоти умумии ҳатмӣ дар кишвари мо аз нуҳ ба даҳ мегузарад. Даҳсолаи ҳатмӣ эълон намудан, аз як тараф, масъулият дорад, аз тарафи дигар, даҳ сол дар андӯхтани дониш муҳлати кам нест. Вақте масъулият дорад, ба масъала набояд аз паси панҷара нигоҳ кунем, балки дар амалӣ шудани он тамоми имкониятҳо-неруҳои моддию зеҳнию маънавиамонро истифода барем. Пеш аз ҳама, мардуми боору номуси кишварро зарур меояд, бо дастгирӣ ва дар ҳамдастӣ бо кормандони аҳли маориф ба фарзандони худ бобати рушду камол кумак расонанд. Муҳлати даҳ сол кам нест, талабаҳо дар ин муддат бештар аз даҳ ҳазор соат паси сар мекунанд ва дар сурати нисбатан дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия ҳамон меъёри таҳсилоти миёнаи мактабиро соҳиб мегарданд. Таъкид мекунам: сухан дар бораи маълумоти (таҳсилоти) миёнаи мактабӣ меравад, ки мувофиқи хусусиятҳои психологию педагогӣ ва синнусолии хонандагон аз ҳар соҳаи дониш чида ва интихоб карда шудааст. Ин басанда аст, ки хатмкардаи синфи даҳ дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон намонда, фаъолияти минбаъдаашро равшан месозад. Аммо бо онҳое, ки мехоҳанд, таҳсилро дар синфҳои 11 ва 12 давом диҳанд, чӣ бояд кард? Чӣ кор кунем, ки таҳсил дар ин синфҳо хастакунандаю дилгир набошад, шавқу рағбати талабаҳо ба таҳсил, ба муаллиму мактаб, ба китобу дигар манбаъҳои донишандӯзӣ биафзояд. Шукри Худо, дастовардҳои илми педагогика имрӯз ба сатҳе расидаанд, ки метавон, ба ин ва дигар саволҳо посух гуфт. Шаклу воситаҳо гуногунанд, вале дутои онҳо диққати моро бештар ҷалб мекунанд. Яке, ташкили равияҳои ҳақиқӣ, дигаре, ба назар гирифтани имкониятҳои ҳамгиросозии фанҳои таълим. Пеш аз он ки ба шарҳи мухтасари ин ду масъала гузарем, бояд ба саволи дигаре ҷавоб ёбем. Якум, вазифаҳои таҳсил дар синфҳои 11 ва 12 кадомҳоянд, дуюм, мо аз ҷавонони 17-18-сола чӣ мехоҳем? Метавонем, ба ин саволҳо аз таҷрибаи судманди давлатҳои дигар, стандартҳои таҳсилот ва ниҳоят, ҳамон ҳуҷҷати Вазорати маорифи худамон- «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавоб пайдо намоем. Маҷмуи ҷавобҳо умдатарин мақсаду вазифаҳоро дар ду синфи охири мактаби таҳсилоти умумӣ муайян месозанд:
- Омода намудани хонандагон ба зиндагии мустақил. Унсурҳои ин вазифа аз синфҳои поён оғоз ёфта, дар синфҳои миёна идома ва дар синфҳои боло такмил меёбанд;
- Ҳифзи саломатии ҷавонон ва омода намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ. (Ин вазифа бо ҳамин тарз бори аввал гузошта мешавад;
- Ҷамъбасти донишҳои дар мактаби асосӣ (синфҳои I-X) андӯхта ва тасаввуроти тому яклухт оид ба табиат, ҷамъият ва тафаккур, аз ҷумла, табиат ва ҷомеаи муосири Тоҷикистон-Ватани мо. (Пештар ин вазифа ба таври умумӣ гузошта мешуд);
- Тайёр намудани хоҳишмандон барои идомаи таҳсил дар мактабҳои миёна ва олии касбӣ.
Чун вазифаҳоро муайян сохтем, ба ифодаи он ду шаклу восита мегузарем.
- Ташкили равияҳои ҳақиқӣ. Таҷрибаи талх ва нодурусти ташкили ба ном «равияҳо» моро водор сохт, ки вожаи «ҳақиқӣ»-ро истифода барем. Ба ин маъно, ки ҳарчанд аз масъалаи ташкили равияҳо дар мактабҳои мо бештар аз ду даҳсола мегузарад (ногуфта намонад, ки ин масъала дар ҳуҷҷати асосии маорифамон-нақшаи таълим таъкид ёфтааст), ҳеҷ не ки он устувор по гузорад. Бисёр роҳбарони мактабҳо роҳи нодурустро пеш гирифта, ҳисоботи дурӯғ пешниҳод менамоянд ва бо ҳамин амали носавоби худ ба шакл ва тарзи кори равияҳо, ки дурустии онҳо дар ҷаҳони муосир кайҳо собит гардидааст, иснод меоранд. Дар як қисм мактабҳо ба ҷойи ташкили дурусти равияҳо ва интихобу ҷобаҷогузории талабаҳо синфҳоро пурра-пурра равия номидаанд. Масалан, синфи 10-и «А» — равияи табиӣ-риёзӣ, синфи 10-и «Б» -равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ва ғайраро. Ҳол он ки пас аз хатми синфи 9 (баъди гузаштан ба низоми нав пас аз хатми синфи 10) аз миёни ҳамаи талабагон танҳо хоҳишмандони давом додани таҳсилро интихоб карда, аз он ҳайат синфи дигаре ташкил менамоем, ки дар он хонандагон мувофиқи дониш, шавқу рағбат, хоҳиш ва қобилияташон гирд меоянд. Минбаъд моро лозим аст, ки дар вақти ташкили равияҳо дархости ҷомеа, шароит ва имкониятҳои шаҳр (ноҳия ва ҳатто деҳаҳо) –ро ба назар бигирем. Ба ин маънӣ мо метавонем дар ҷое, ки имконият дорем, равияҳои зироаткорию боғпарварӣ, барқ, саноати кӯҳӣ, бофандагию ресандагӣ, агросаноатӣ, дӯзандагию зардӯзӣ, кулолӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, хизматрасонии маишӣ, гуманитарӣ, ҷамъиятӣ, табиӣ, риёзӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, автоматика, алоқа, омӯзгорӣ, тиб мусиқӣ, санъати театрӣ, рассомӣ, хаттотӣ, меъморӣ, ронандагӣ, фермерӣ ва ғайраро ташкил намоем. Шарт нест, ки равияҳо дар мактабҳо фаъолият намоянд. Гурӯҳи талабагон, ки равияро интихоб кардаанд, метавонанд, ба муассисаи дахлдор рафта касб омӯзанд. Масалан, духтарони синфҳои болои мактаби рақами 53-и пойтахт дар корхонаи зардӯзии шаҳр ба омӯзиши ин касб машғуланд. Танҳо дили ғамхору гарм, шартнома ва назорат лозим аст, то ки талабаҳо вақташонро сарсарӣ ва беҳуда нагузаронанд. Баъд, агар мақсад гузорем, ки дар мактаби миёна ба касбомӯзии талабаҳо диққат диҳем (ин дар шароити кунунӣ басо муҳим аст), пас, мактабамонро «мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ» номгузорӣ кардан мебояд.
- Нақшаи таълим ва имконияти ҳамгиросозии фанҳо. Вазифаи ҳар гуна мактаб таъмини мазмуни таҳсилот, сифати он, рушди мутаносиби хонандагон аст, ки дар марҳилаи мактаби асосӣ (синфҳои I-X) ҳалли худро меёбад. Минбаъд, яъне дар синфҳои боло (синфҳои 11-12) вазифаҳои дигар гузошта мешаванд, ки чортои онро болотар таъкид кардем. Ин вазифаҳо, аз як тараф, давоми мантиқии ҳамон вазифаҳоеанд, ки дар мактаби асосӣ гузошта будем, аз тарафи дигар, сират ва сурат (мазмун ва шакл)-и мактабро муайян сохта, ба рушд ва ташаккули талабагон мусоидат менамоянд. Ин мактаб (синфҳои 11-12) бояд ба макони мантиқии ҷамъбасти дониш; фикру мулоҳизаҳо, баҳсу талошҳо; андешаи миллӣ; рушди камолот; шахсу шахсият; худшиносию ифтихори миллӣ мубаддал гардида, талабагони хоҳишмандро дар оғӯши худ фаро бигирад. Агар синфҳои 11-12 ҳамин рисолатро анҷом дода натавонанд, вой бар ҳоли он биноҳои зебои мактаб, ки солҳои охир босуръат бунёд мегарданд. Чӣ бояд кард?
Ба андешаи мо, корро аз нақшаи таълим, ки ҷузъи таркибӣ ва муҳими мазмуни таҳсилот аст, шуруъ намудан авлотар аст. Яъне ба он коре машғул шудан лозим, ки айни замон на танҳо диққати ҷомеаи Тоҷикистон, балки давлатҳои дигар низ ба он ҷалб шудааст. Нақшаи таълими мавҷударо, ки талабагон аз рӯйи он фанҳои гуногунро мехонанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба синфҳои 11-12 кӯчондан лозим нест. Кифоя аст, ки талабаҳо ҳамон фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёт, таърих, ҳуқуқ, математика, физика, биология, химия, расму суруд…-ро то синфи 10 хонанд. Таъкид мекунем: ин фанҳоро ҳатто бо тағйироту иловаҳо ба синфҳои 11-12 набояд кӯчонд. Имконияти фанҳои алоҳида, ки хоси мактаби асосианд, дар доираи худашон маҳдуд мемонанд. Онҳо ин гуна имконияти оид ба табиат, ҷамъият, тафаккур тасаввуроти тому яклухт пайдо карданро надоранд. Чунин тасаввурот вақте ҳосил мешавад, ки байни онҳо (фанҳо) алоқа ё ҳамгироӣ бошад. Ҳамгироӣ дар доираи дараҷаҳои ҳамгироии дохилифаннӣ, байнифаннӣ маҳдуд намонда, чӣ тавре ки мутахассисон таҳқиқ кардаанд, ба дараҷаи ҷамъбасти донишҳои фанҳои гуногун мерасад. Танҳо мавзуъҳоеро пешниҳод кардан даркор, ки хусусияти фарогирӣ дошта, бобати ҳамгиросозии чанд фан ҳамчун парчам хизмат намоянд. Рӯйи ин гуфтаҳо мо дар синфҳои 11 ва 12 нақшаи зерини таълимро пешниҳод менамоем:
Т\р | Фанҳо таълими фарогир | Миқдори соатхои ҳафта дар синфҳо | ||
Синфи 11 | Синфи 12 | Ҷамъ | ||
1. | Ватани мо | 6 | 6 | 12 |
2. | Саломатии насли кишвар | 4 | 4 | 8 |
3. | Табиат ва экологияи кишвар | 10 | 10 | 20 |
4. | Муошират ва муносибат | 4 | 4 | 8 |
5. | Ахлоқ (маънавияти) инсон | 2 | 2 | 4 |
6. | Технология ва фаъолиятҳои эҷодӣ | 2 | 2 | 4 |
7. | Равия | 2 | 2 | 4 |
Ҷамъ: | 32 | 32 | 64 |
Нақшаро шарҳ медиҳем. 1.Ҳамаи 6 фан, ки пешниҳод шудаанд, хусусияти фарогир доранд ва дар таркиби худ чанд фанни дигарро фаро мегиранд, ки онҳо ҷузъи таркибии фанни умумӣ ё фарогирро ташкил медиҳанд. Фанҳои умумӣ ва ҷузъҳои онҳоро дар нақша нишон медиҳем.
№ | Фанҳои умумӣ ё фарогири таълим | № | Фанҳои ҷузъии таркиби фанҳои умумӣ |
1. | Ватани мо | 1.
2. 3. 4. 5. |
Забони Ватан (модарӣ)
Адабиёти Ватан Таърихи кишвар Ҳуқуқи шаҳрвандон Фарҳанги кишвар |
2. | Саломатии насли наврас (инсон) | 1.
2. 3. 4. |
Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ
Омодагии дифоъ Валеология Муҳит ва бехатарии ҳаёт |
3. | Табиат ва экологияи кишвар | 1.
2. 3. 4. 5. 6. |
Математика
Ситорашиносӣ Физика Биология Химия Экология ва географияи табиии кишвар |
4. | Муошират ва муносибат | 1.
2. 3. |
Ҳусни баён
Забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ…) Таҳаммул ва тоқатпазирӣ |
5. | Ахлоқ (маънавиёт)-и инсон | 1.
2. |
Маънавиёти насли наврас
Одоб ва маърифати хонаводагӣ |
6. | Технология | 1.
2. 3. 4. 5. |
Компютер
Информатика ва алоқа Технологияи истифодаи асбобҳои барқӣ Технологияи касбу ҳунар Фаъолиятҳои эҷодӣ (нақша, лоиҳа, тарҳ… вобаста ба интихоб) |
- Мантиқи нақша дар он нуҳуфтааст, ки ҳамаи фанҳои таълими забони модарӣ (тоҷикӣ), адабиёт, таърих, ҳуқуқ, математика, физика ва ғайра то синфи 10 фанҳои умумӣ ва асосӣ буданд, вале дар синфҳои 11 ва 12 ҳамчун фанҳои ҷузъӣ ба таркиби фанҳои фарогири пешниҳодгардида дохил мешаванд.
- Синфҳои болои мактаби таҳсилоти умумии 12-сола (синфҳои 11 ва 12) болотар ҳам гуфтем, тарҳи (характер)-и ҷамъбастӣ доранд. Ба таври дигар, вақти ғалберро аз об бардоштан аст. Натиҷаи таҳсили 10-соларо дар синфҳои 11-12 ҷамъбаст карда, иловаю мукаммал сохта, минбаъд истифода мебарем.
- Мазмуни таҳсилот дар синфҳои 11-12. Мазмуни таҳсилот асосан дар барномаҳои таълим ва стандартҳои таҳсилот ифода меёбад.
Вақте ки мақсаду вазифаҳо ва миқдори соатҳои ҳафтаинаю солона маълум шуд, барномаи таълим месозем. Дар вақти тартиб додани барнома хусусияти фанҳо ва ҳамгироии онҳо ба назар гирифта мешавад, ки ин ба мутахассисон маълум аст. Масалан, барои фанни «Ватани мо» як барномаи умумӣ сохта мешавад, ки он ҳамаи фанҳои ҷузъӣ (забони Ватан, адабиёт, таърих, ҳуқуқ, эъломияи ҳуқуқи башар, ҳуқуқи кӯдак, фарҳанги кишвар) –ро фаро мегирад. Ҳамин тавр, барои фанҳои «Саломатӣ», «Ахлоқ», «Технология» як барнома, аммо барои фанни «Табиат ва экология» тахминан ду барнома, (яке барои «Математика», дигаре барои ҳамаи ҷузъҳои дигар), барои фанни «Муошират ва муносибат» вобаста ба интихоби забони таълим ду-се барнома тартиб дода мешавад.
Барномаҳои таълим дар асоси нусханокии мазмуни таҳсилот сохта мешаванд. Айни замон мо ду нусхаи мазмуни таҳсилотро дар назар дорем. 1. Нусхаи мукаммалгардида ва такмилёфтаи мазмуни таҳсилот дар синфҳои 6-10-и мактаби асосӣ. 2.Стандарти давлатии таҳсилот дар синфҳои 11-12-и мактаби таҳсилоти умумӣ. Ҳар ду нусха ҳам заҳматталабанд. Дар нусхаи аввал мураттибону муаллифон барномаҳои мактаби асосиро омӯхта, муайян месозанд, ки кадом мавзуъҳоро аз он гирифта, ба барномаи синфҳои боло ҳамроҳ бисозанд ва боз чиҳоро метавон аз хазинаи умумии илм, масалан, аз барномаҳои курсҳои 1-2-и мактаби олӣ ворид сохт. Дар нусхаи дуюм гурӯҳи мутахассисон барои ҷамъбасти мактаби таҳсилоти умумӣ (синфҳои 11-12) оид ба фанҳои таълим Стандарти таҳсилот месозанд (яъне он коре, ки ҳоло мекунанд) ва ҳамин стандарт метавонад, мазмуни таҳсилоти ин синфҳоро ташкил диҳад.
- Хусусияти ҷамъбастӣ ва самтнокӣ. Дар чанд ҷо гуфтем ва боз таъкид менамоем, ки бо фанҳою донишҳои пароканда кори савоберо анҷом дода наметавонем. Фанҳои гуногунро зери парчами як фанни фарогир ҳамгиро сохта, ба дониш тарҳи ҷамъбаст ва самтнокӣ мебахшем. Донише, ки муназзам буда, муҳимтар аз ҳама, тарҳи тарбиявии мазмуни таҳсилот меафзояд ва ҳамаи онҳо ба самти муайян –Тоҷикистони азизи мо равона карда мешаванд: Ватани мо; саломатии насли кишвар; табиат ва экологияи кишвар; таърихи кишвар; забон ва адабиёти кишвар; ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар ва ғайра. Яъне, мо метавонем, ҷилави ҳамаи фанҳои фарогир ва ҷузъиро ба самти умумии кишвар равона бисозем. Мазмуни таҳсилоти масалан, ҳамаи фанҳои ҷузъии «Ватани мо» дар як китоби дарсӣ ё маводи таълими на бештар аз 260 саҳифаи чопӣ гирд оварда мешавад, ки ҳамагӣ ба фанни умумии «Ватани мо» нигаронда шудаанд. Ҳар ҷузъ ё боби мавод дар робита бо барномаи таълим аз 20 то 40 саҳифаро дар бар мегирад. Дар ифода ё баёни ҷузъҳо на фарогирии мазмун (ин вазифаи мактаби асосӣ буд), балки проблемагузорӣ саволу ҷавоб, баҳсу мубоҳиса, талошу ҷустуҷӯ нақш мебозад. Масалан, барои ҷузъи «Таърихи кишвар» шарт нест барои синфҳои 11 ва 12 китоби алоҳида нависем. Ҳамон гузориши пурмуҳтавои Президенти мамлакат «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро гирифта, баъзе далелу солҳо илова намуда, саволу супоришҳоро мустаҳкам менамоем. Ё стандарти фанни таърихро ба ҳайси маводи дарсӣ интихоб менамоем. Ин роҳи наздиктар ва беҳтар аст, ки стандарти фанҳои таълимро ҳамчун курсҳои ҷузъии фанни фарогир таълим диҳем. Омӯхтану омӯзондани стандартҳо худ муҳимтарин вазифа дар синфҳои болост.
Дар вақти арзёбии дониш ҳам, ки ҳар чоряк як бор сурат мегирад, саволҳоро тарзе мегузорем, ки онҳо ба самти умумӣ-Ватани мо нигаронида шуда бошанд. Масалан, фан ё мавзуи умумӣ -«Ватани мо». Нависед (нақл кунед), ки оид ба ҳамин мавзуъ аз забони модарӣ (адабиёти кишвар, таърихи кишвари, ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар, фарҳанги кишвар…) чиҳо медонед. Умуман, тасаввуроти шумо оид ба Ватани мо аз чӣ иборат аст? Ҳамин дониш ва тасаввурот давоми соли таҳсил чор маротиба аз миқдор ба сифат тағйир меёбад ва ҳар дафъа оид ба ҷомеа ва табиати кишвар тасаввурот сайқал ёфта, тому яклухт шудан мегирад.
Муҳаммад ЛУТФУЛЛОЗОДА –
академики Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон
Аз китоби “Суҳбати ҷонпарвари «Омӯзгор», 2011