Таълиму тарбия дар сурате имконпазир мегардад, ки оила ва мактаб ҳамкории мутақобила дошта бошанд. Таҳлили адабиёти таърихии педагогӣ нишон медиҳад, ки мушкилоти таълим, нақши оила ва мактаб, муносибати онҳо дар ин раванд доимо диққати ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамкории оила ва мактаб, махсусан имрӯзҳо бештар актуалӣ мегардад, зеро равандҳои номатлуби ҷойдошта (ба монанди бозиҳои компютерӣ, телефонҳои мобилӣ, ҳамроҳ шудан бо бачаҳои бозорӣ, ҷанҷолҳои байниҳамдигарӣ ва ғайра) метавонанд бачаро ба кӯчаи номуродӣ тела диҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки барои тарбияи инсони комил ҳар ду ҷониб масъулияти калон доранд. Вақтҳои охир сару садоҳо оид ба ин масъала зиёд гардида, омӯзгорон аз бетаваҷҷуҳии волидон нисбат ба ҳаёти мактабии фарзандон, баъзан тарбияи бади онҳо ва надоштани арзишҳои ахлоқӣ шикоят мекунанд. Волидон дар навбати худ, аз сарбории аз ҳад зиёд, бепарвоии омӯзгор нисбат ба фарзанди онҳо норозианд. Ҷиҳати ҳалли масъалаи омода намудани волидон барои иштирок дар ҳаёти мактаби муосир ва пайдо намудани муносибатҳои мутақобила бо оила бояд роҳбарияти мактаб дар синфи якум аз рӯзҳои аввали таҳсил давраи мутобиқшавӣ баргузор намояд. Оғози бомуваффақияти кӯдак ба ҳаёти мактаб натиҷаи кӯшишҳои якҷояи оила ва мактаб мебошад. Бевосита ҷалб намудани волидон ба ҳаёти мактабӣ барои кӯдак аҳамияти махсус дорад, ки бо такя бо волидон давраи мутобиқшавиро ба хубӣ паси сар намуда, оҳистаоҳиста ба раванди омӯзиш дода мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки оила як ҷаҳони дохилӣ, як фарҳанг, мактаб олами дигар ва фарҳанги дигар аст ва танаффус дар кӯча ҷои сеюмро мегирад. Имрӯз сохтори маориф равандҳои нав ба нави таълиму тарбияро ба роҳ мемонад, ки аксар вақт волидон ин тағйиротро ба қадри кофӣ дарк намекунанд. Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии худро асосан аз рӯи таҷрибаи мактабии замонаи худ тасаввур мекунанд, ки ин ақибмонӣ аз талаботи муосир мебошад. Барои бартараф кардани ин ихтилофот мактаб ва омӯзгорро зарур аст, ки раванди таълимро ба қадри имкон ба волидон тафсиру тавзеҳ намуда, дастрас гардонад. Ва таъсис додани давраи мутобиқшавӣ ба ҳамин хотир аст. Мактаб ва оила субъектҳои баробари тарбияи иҷтимоии кӯдак мебошанд. Бояд тарбияро дар мактаб бо дастгирии ҳамдигар хеле бодиққат оғоз намуд, зеро натиҷаи он зуд маҳсули худро медиҳад. Ташкили ҳамкории волидон ва омӯзгор дар рафти фарогирӣ ба мактаб дар асоси мавқеи ягонаи педагогӣ сурат мегирад, ба монанди: -ҷалби волидон ба корҳои тарбиявӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгор; расонидани кумак ба волидон дар рафти таълим дар оила; ташкили ҳифзи иҷтимоии кӯдакон дар якҷоягӣ бо мактаб; ташкили тарзи ҳаёти солими кӯдак дар оила ва мактаб. Набояд фаромӯш кард, ки дар давраи мутобиқшавӣ дар мактаб омӯзгор ва дар хона волидон нақши асосиро мебозанд. Аз ҳамин хотир, зарурат пеш меояд, ки омӯзгор нақшаи ҳамкориро бо волидон таҳия намуда, дар асоси он корҳои амалиро ба роҳ монад. Асоси ҳамкории мактаб ва оила бо самтҳои зерин муайян карда мешавад: 1) Самти аввал ташаккули мавқеи фаъоли педагогии волидон. Шарти аввалин ва ҳалкунанда ҳамкории боэътимоди омӯзгор ва волидон мебошад. Тамос тавре сохта мешавад, ки волидон ба раванди тарбия дода шуда, зарурати соҳиб гардидани фарзандро ба дастовардҳо эҳсос мекунанд ва дар натиҷа эътимоди комил ба худ пайдо мекунанд. Оқибати чунин ҳамкории педагогӣ иштироки волидайн дар тарбияи на танҳо фарзанди худ, балки тамоми синф мебошад. Корҳои дастаҷамъонаи мактаб ва дарсҳое, ки дар онҳо волидон иштирок мекунанд, таъсири бузург доранд. Омӯзгор дар рафти таълим чорабиниҳои тарбиявӣ мегузаронад, ки волидон бевосита иштирокчии онҳо мегарданд. Чорабиниҳо метавонанд ба худ номҳои зеринро дошта бошанд: «Салом, тирамоҳи заррин», «Нонро эҳтиёт кунед», «Модари азиз!», “Оилаи варзишӣ» ва ғайра. Ҳангоми гузаронидани онҳо волидон дар ҳама корҳо кумак мерасонанд, ба монанди тайёр намудани либосҳо барои кӯдакон, оро додани синф, ҷамъоварӣ намудани ашёи зарурӣ ва баргузории чорабинӣ. Ҳатто дар баъзе чорабиниҳо худи волидон иштирок мекунанд. Онҳо нақшҳои «Тирамоҳ», «Модар», «Варзишгар» –ро мебозанд. 2) Самти дувум мусаллаҳ кардани оила бо дониш ва малакаи педагогӣ. Дар ҳалли ин мушкилот таълими фарогирии педагогии волидон нақши калонро мебозад, ба монанди: тавсияҳои педагогӣ доир ба омӯзиши дастуру китобҳои равияи таълимӣ ва тарбиявидошта; ташаккули омодагии психологӣ; ташаккул додани қобилияти волидайн барои таҳлили фаъолияти таълимии худ ва баҳои объективона ба натиҷаҳои бадастоварда. Таъмини бомуваффақияти нақшаи тарҳрезигардида роҳи ҳалли ҳамаи масъалаҳои рушди шахсиятро нишон медиҳад. Дар ин роҳ волидон иштирокчиёни фаъоли ҳалли масъалаҳои раванди таълим мебошанд. Кор бо волидон метавонад дар шаклҳои гурӯҳӣ, коллективӣ, ва инфиродӣ сурат гирад. Онҳоро метавон, инчунин, дар шаклҳои коллективӣ (маҷлисҳои падару модарон, мизҳои мудаввар), гуруҳӣ (машқҳои амалӣ бо волидон, вохӯриҳо бо падарон), инфиродӣ (суҳбат, ташриф ба хона, машварат) ташкил намуд. Яке аз мушкилоти ҳамкории оила ва мактаб он аст, ки волидон ба маҷлисҳои падару модарон намераванд. Ҷаласаи мазкур як ҷузъи зарурии ҳаёти мактаб аст. Чӣ гуна онро шавқовар ташкил кардан лозим аст, то волидон дафъаи дигар ба маҷлис ҳозир шаванд. Ин ҷо малакаю маҳорати кордонии омӯзгор нақши муҳим мебозад, ба монанди эҳтиром ва таваҷҷуҳи волидайн, суҳбати самимӣ бо волидон, эътимод ҳосил намудани волидон аз он ки фарзандашон барои омӯзгор бегона нест ва пайдо шудани риштаи дӯстию боварии мутақобила. 3) Самти сеюм ҳамкории хадамоти иҷтимоӣ бо оилаҳо. Барои ташкили бомуваффақияти раванди таълими шиносоӣ дар бораи вазъи оила, кумаки касбӣ ба волидон ва ҳамкорӣ бо онҳо дар тарбияи фарзанд зарур аст. Ташкили ҳамкориҳои иҷтимоии омӯзгор ва оила як қатор ҷанбаҳоро дар бар мегирад: омӯзиши оила бо мақсади дарёфти имкониятҳои он барои тарбияи фарзанд; шиносоӣ бо шароити зиндагии хонанда; гурӯҳбандии оилаҳо аз рӯи принсипи имконияти неруи маънавии онҳо; таҳияи барномаҳои амали муштарак; таҳлили натиҷаҳои фаъолияти якҷояи таълимӣ. 4) Самти чорум ҷалби волидон ба мақомоти роҳбарикунандаи мактаб. Волидайни хонандагон ба таври қонунӣ ба ҳайати роҳбарикунанда дохил карда намешаванд, аммо на камтар аз омӯзгорон ва фарзандони онҳо ба кори бомуваффақияти мактаб манфиатдоранд. Баъзе кумаки бебаҳои волидонро якҷо бо сарпарастон дар таҳкими заминаи моддию техникии мактаб ва муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо қайд кардан бамаврид аст. Дар хотима мехоҳам таъкид намоям, ки қобилияти муомила ё муошират сифати касбии омӯзгор аст. Омӯзгор бояд донишу фаҳмиши баланди психологӣ дошта бошад, муомила карда тавонад, суҳбат гузаронад, ҳамкорӣ кунад ва таъсир расонад. Ва дар ин ҳолат муҳим нест, ки маҳз кӣ ҳамчун ҳамсуҳбат – хонанда ё волидайни қарор дошта метавонанд.
Сафармо РОЗИҚОВА омӯзгори мактаби №56, шаҳри Душанбе