Эҳсон САФАРЗОДА –
номзади илми филология
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар адабиёт, пеш аз ҳама, чун насрнавис машҳур гаштааст. Дар назм ва публитсистика низ хизмати устод беназир аст. Пас аз Инқилоби Октябр, аз охири соли 1919 ба фаъолияти эҷодии устод Айнӣ шакли нави наср- публитсистика, хусусан, публитсистикаи сиёсӣ илова шуд. Дар мавриди сабаб ва заминаҳои ба публитсистика рӯй овардани устод Айнӣ, умуман, ҷой ва нақши публитсистика дар эҷодиёти мавсуф муҳаққиқони тоҷик, Х. Мирзозода, С. Табаров, М. Шукуров, А. Маниёзов, М. Имомов, Х. Асозода, А. Кучаров, А. Маҳмадаминов, И. Усмонов, А. Саъдуллоев, А. Нуралиев, М. Абдуллоев, М. Муродов, А. Азимов, Ш. Муллоев, П. Гулмуродзода ва дигарон андешаҳои ҷолиб баён кардаанд.
Аммо ҳоло мо чанд андешаи худро доир ба публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ баён медорем ва барои мушаххас шудани гуфтаҳо чанд мисол аз повести «Ҷаллодони Бухоро» пешниҳод медорем.
Ба ҳама маълум аст, ки фаъолияти насрнависӣ, пеш аз ҳама, фаъолияти публитсистии устод Айнӣ аз кор дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» (солҳои 1919-1921) шуруъ шудааст. Сабаби асосии чунин навоварӣ дар фаъолияти эҷодии устод Айнӣ, ки то ба он вақт танҳо ҳамчун шоир ном бароварда буд, шароити тамоман нави сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, ки зиндагии мардум, аз ҷумла, адиби ҳассосро дигар кард ва ба маҷрои нав ворид сохт.
Мақолаҳои сиёсӣ ва оммавии устод Айнӣ дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» дасти ӯро барои навиштани осори насрӣ рост карданд.
Яке аз чунин асарҳои нахустини насрии устод Садриддин Айнӣ повести «Ҷаллодони Бухоро» буда, дар адабиёти навини тоҷик гардиши куллӣ ба миён овард. Худи нависанда дар оғози муқаддимаи асар навиштааст, ки «Ман навиштани ин повестро, пештарак аз револютсияи Бухоро сар карда, дар моҳи сентябри соли ҳамон сол (1920-Э.Х.) ба поён расонда, дар ҳамон вақтҳо ба Нашриёти давлатии Республикаи Советии Халқии Бухоро супурда бошам ҳам, чоп нашуд» [2, 103]. Хушбахтона, дастнависи он дар дасти устод Айнӣ монда будааст ва онро маҷаллаи ӯзбекии «Инқилоб» хоҳиш карда гирифта, дар соли 1922 дар шакли кӯтоҳ дар чанд шумора ба забони ӯзбекӣ чоп намуд. Азбаски нашрияи мазкур дар байни аҳолӣ зиёд паҳн намешуд, ба қавли нависанда, «он вақт ин асар дар байни оммаи меҳнаткашон дуруст нашр наёфта монда буд» [2, 103]. Ҳамин тавр ҳам аст: қиссаи баъдинаи устод Айнӣ бо номи «Одина», ки дар рӯзномаи «Овози тоҷик» дар соли 1924 ва дар соли 1927 ба шакли китоб чоп шуд, дар байни мардум, пеш аз ҳама аҳли зиё маҳбубияти бузург пайдо кард. Шакли пурра ва тоҷикии повести «Ҷаллодони Бухоро» бошад, ба шакли китоб танҳо дар соли 1936 бо иловаҳо аз чоп баромад. Имрӯз, вақте ки повести «Ҷаллодони Бухоро»-ро бодиққат мутолиа мекунем, маълум мегардад, ки он аз аҳамияти баланди бадеӣ бархӯрдор буда, намунаи боризи асари публитсистӣ низ буда метавонад.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор М. Муродов қайд мекунад, ки «маромномаи таърихии С. Айнӣ аз асарҳои «Таърихи амирони манғитии Бухоро» (1920) ва «Ҷаллодони Бухоро» (1922) шурӯъ гардида, минбаъд дар бисёр асарҳои илмиву адабӣ ва фаъолияти публитсистии ӯ амалӣ шудааст» [3, 86].
Асарҳои публитсистӣ ва таърихии устод Айнӣ сарчашмаи муҳимми худшиносӣ ва даъват ба миллатдӯстӣ, шинос намудани халқ ба таърихи гузаштаи хеш мебошанд. Аммо аз диди профессор М.Имомов, «Ҷаллодони Бухоро» дар ин бобат «аввалин асари насри бадеии Айнӣ» [4, 143] аст, ки соли 1920 навишта шуда, онро бори дигар соли 1936 аз нав кор кардааст. «Ҷаллодони Бухоро» асари хонданӣ, дорои сюжети моҷароангез мебошад ва ба хонанда шавқу шӯре мебахшад, ҳисси ватандӯстӣ, нафрат ба душманону хиёнаткоронро афзун месозад. Устод Айнӣ дар ин ҷо бори аввал ҳаракати ҷадидиро аз забони душманони он ба таври сода ва муъҷаз шарҳ медиҳад: «Ҳар касе, ки гиребони куртааш тукмадор бошад, ҷадид аст; ҳар касе, ки камзӯли сиёҳ дошта бошад, ҷадид аст;…» [2, 10] ва ба ин монанд шарҳҳои одӣ, ҳамафаҳм, ки дар он замон ба навоварон мебастанд. Ба қавли устод Айнӣ, ки худ шоҳиди воқеа буд ва дигар ашхоси таърихӣ яке аз рӯзҳои пурдаҳшати аср оғози моҳи марти соли 1918 буд, ки амири Бухоро ба баҳонаи воқеаи Колесов ва эълони ислоҳот мардуми бегуноҳи зиёдро кушт, «ҳар рӯз қариб сад нафар ҷаллод аз пагоҳӣ то бегоҳӣ ба одамкушӣ машғул» буданд. Дар ин доругирҳо устод Айнӣ низ дастгир шуда, ба тахтапушташ 75 чӯб хӯрда, ҷароҳатҳои зиёд бардошта, бо кӯшиши коргарони Туркистон аз зиндон озод гашт, вагарна, тӯъмаи он ҷаллодон мегашт. Ҳатто С. Айнӣ аз тарафи ҳокимон ба роҳ мондани қоидаи фарсудашавиро, ки имрӯз дар молиёт ва иқтисодиёт мавриди истифода аст, зикр кардааст. Яъне, вақте ки зиндониён ба ишкели зиндон кашида мешуданд, аз онҳо барои фарсуда шудани асбобу анҷоми зиндон ҳам ҳақ (ба таъбири имрӯза ҳаққи аммортизатсия) ситонда мешудааст. Ҳатто ҷаллодон аз куштани одамизод дилбазан шудаанд, бо нақл кардани қиссаҳои худ дилашонро холӣ менамоянд ва ин қиссаҳо маҳаки сюжети асарро ташкил додаанд. Маълум мегардад, ки амали одамкушии ҷаллодон дар пеши бадкориҳои давлатдорон, шайху муллоҳо ночиз аст. Ин аст, ки аз забони ҷаллодон қайд мешавад, ки: «Ҷаноби олиат кист? Ҷаноби олиат, ки ту ҷонсӯхта мехоҳӣ ӯро беайб нишон диҳӣ, фосиқ, фоҷир, моли мардумхӯр, ифлос ва мурдор як одам аст» [2, 35]. Чи тавре мушоҳида мешавад, ҷаллодон андешаҳои худро беибо, нотарсона иброз медоранд, зеро онҳо аз ҳокимон наметарсанд, ҳокимон ба онҳо муҳтоҷанд, вагарна ин корҳои ғайришаръии худро бо дасти кӣ иҷро мекунанд?!
Бо мақсади ҳарчи ҷиддитар ба мавзуъ наздик шудан ва зинда гардондани ҳофизаи таърихӣ бузургони аср он замон бештар ба асарҳои таърихӣ рӯй меоварданд. М. Муродов менависад, ки «Ҷаллодони Бухоро» «бо вуҷуди саршори ғановати аносири адабӣ будан, як навъ асари публитсистиест, ки танқиду мазамати воқеаҳои иҷтимоии муайянро дар шакли памфлет фаро гирифтааст» [5, 29].
Вобаста ба асари «Ҷаллодони Бухоро»-и С. Айнӣ донишманди тоҷик М. Имомов қайд мекунад, ки нависанда як қолаби хеле мувофиқ барои тамоми паҳлуҳои манфӣ ва харобиовари аморати Бухороро нишон додан ёфтааст, вагарна ин ҳамаро дар як асари нисбатан кӯчак ҷой додан аз имкон берун буд.
И. С. Брагинский қайд мекунад, ки «ин асар дар чунин як даврае навишта шуда буд, ки сохти аморати Бухоро сарнагун шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз пурра торумор нашуда буд…» [3, 66].
Фаслҳои «Ҷадид кист?», «Усули нави одамкӯшӣ», «Регхона», «Арки амир дар шаби 9-уми март», «Дар ҳавлича», қиссаҳои «Соҳибони шариат» ва «Миршаббобо» аз ҷумлаи он қисматест, ки аз саргузашт ва ёддошти ҷаллодон иборат аст ва намунаи онро аз муколамаи Ҳамрогавбоз дар боло дидем. Воқеоти дар асар тасвирёфтаро нависанда «дар рӯбарӯи хонанда мегузорад, ки бо ақли солим, ахлоқи мардумӣ ва мусулмонӣ бубинад, ки чӣ ҳоли харобу фозеҳ буд» [4, 149].
Нуқтаи дигар ҷолиби диққат ва қайд аст, ки устод Айнӣ ҳатто дар хусуси Пирзода вақте сухан меронад, дар муқобили он ҳама порсоии шайх, ки ба фоҳишахонаи Когон ва Самарқанд мерафтанд, дар қиёси қиссаи Мирзода зиддияти асосии асар мухолифати гуфтор, амал, мақому вазифаи давлатӣ бо он чӣ дар амал подшоҳ, муллоён, ҳокимон, ҳатто ҳамон ҷаллодон мекунанд, мебошад. Аз ин рӯ, «асоси бандубасти асар ва сужети он ба ҳамин мавзӯи мухолифати зоҳир ва воқеияти амал равона шудааст» [2, 150].
Муҳаққиқ М. Муродов қайд мекунад, ки «доир ба шаклу мундариҷаи «Ҷаллодони Бухоро» муҳаққиқон андешаронӣ намуда, оҳанги публитсистӣ доштани онро таъкид ҳам намудаанд. Аммо таҳлилу баррасиҳои эшон аз мавқеи илми адабиётшиносӣ сурат гирифта, хусусияти публитсистии «Ҷаллодони Бухоро» ҳаматарафа нишон дода нашудааст» [5, 25]. Метавон гуфт, ки «Ҷаллодони Бухоро» бо назардошти воқеӣ ва таърихӣ будан асари публитсистӣ буда, дар он шинохти ҳувияти миллӣ баръало дида мешавад.
Инчунин, дар он рӯҳу равиши давлатдории манғитиён, муносибати онҳо ба мардуме, ки талоши зиндагии одии инсонворро доштанд, ифода меёбад. «Ҷаллодони Бухоро» ҳамчун асари публитсистӣ, ки равияи памфлет дорад, эътироз ва ҳукми равшанфикрони Бухороро нисбат ба сохти иҷтимоии аморат ва зулму ситами он ифода менамояд. Яъне, вай маҳкуми сохт аст. Ҳамин нукта ин асари Айниро чун диди сиёсии вай ба хонанда боз мекунад.
Дар масъалаи бадеияти асар метавон гуфт, ки он дар идомаи анъанаи насри шифоҳии тоҷик эҷод шудааст. Дар ин бобат адабиётшиносони тоҷик корҳои зиёди илмӣ навишта бошанд ҳам, масъалаи аҳамияти публитсистикаи сиёсии асари мазкур ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст. Дар назари аввал он пурра асари бадеист, зеро то андозае дар устухонбандӣ, услуби тасвир пайравӣ ба анъанаи насри шифоҳии тоҷик, чун «Чор дарвеш», «Самаки айёр», «Ҳазору як шаб» ва ғайра мебошад. Дар навбати аввал, ин дар услуби ҳикоят андар ҳикоят дида мешавад. Дар повести «Ҷаллодони Бухоро» воқеаҳои асар як шаб идома ёфта, гурӯҳи ҷаллодони арки амир баъд аз анҷоми кор дар фосилаи байни ба ароба бор кардани мақтулон (мурдагон) байни ҳам суҳбат ороста, чанд нафарашон ҳодисаҳои ба сарашон омадаро нақл мекунанд. Услуби мазкур аз хусусиятҳои асосии асарҳои шифоҳии дар боло зикршуда мебошад. Дар повести «Ҷаллодони Бухоро» низ яке аз ҷаллодон воқеаҳои аҷиби мушоҳидаи кардаи худро нақл мекунад, дигаре вобаста ба он воқеаи дигарро хотиррасон мекунад. Вобаста ба ин, дар хатти сюжет чандин гардишҳо ба амал омадаанд. Чунончи:
«– Ту, албатта, аз зиндон халос шудани худатро ба шарофати назри ба он шайх бастагиат гумон кардаӣ? – гуфт Қурбон-девона ба Маҷид.
– Албатта! – гуфт Маҷид дар ҷавоб.
– Лекин назр бастани ту дар роҳи халосии аз зиндон, худи доруи мушкушаки табиби ҳиндустонӣ барин таъсир кардааст-дия, – гуфт Рӯзӣ-сарносӣ.
– Доруи мушкушакат чист? – гуфта Ҳамро-гавбоз боз аз Рӯзӣ-сарносӣ пурсид» [2, 163].
Пас аз ин, рафти қисса тағйир ёфта, ҷаллоди дигар Рӯзӣ-сарносӣ ба нақли воқеаи дигар шурӯъ менамояд. Чунин шикасти хатти сюжет дар асар на як бору ду бор рӯй додааст:
«– Ту дар бораи Пирзода гап мезанам» гуфта, дар ҳаққи Ака-махсум зада рафтӣ-ку, — гӯён Ҳамро-гавбоз сухани Маҷидро бурид.
– Сабр кун, аввал ман худи Ака-махсумро ба шумоён шиносонам, то ки ҳикояти аз забони вай нақл мекардагем маза диҳад, – гуфта Маҷид ба Ҳамро-гавбоз ҷавоб дод» [2, 172].
Ба хонандагони тоҷик услуби мазкур аз рӯйи асарҳои шифоҳӣ, монанди «Чор дарвеш» хуб маълум аст.
Дар повести «Ҷаллодони Бухоро» назар ба асарҳои шифоҳии халқи тоҷик махсусиятҳо дида мешаванд, ки ба мавзуи баҳси ҳозираи мо дахл доранд. Ин пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки дар асарҳои шифоҳии зикршудаи халқӣ баъди нақли шавқангез кам хулоса бароварда мешавад, хулосаро худи хонанда ё гӯшкунанда мебарорад. Аммо дар «Ҷаллодони Бухоро» нависанда баъди ҳар як нақли изтиробангез, ки аз фош кардани рафтору кирдори ҳукуматдорон иборат аст, хулосаи худро баровардааст, ё аз забони қаҳрамонон ифода ёфтааст. Дигар, асари устод Айнӣ дорои хусусияти равшани публитсистикаи сиёсӣ аст. Чӣ тавре ки дар боло ишора шуд, то ба навиштани «Ҷаллодони Бухоро» устод Айнӣ дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ҳамчун публитсисти моҳир сабзида буд. Маҳз ба ин сабаб дар асарҳои бадеии устод Айнӣ хусусиятҳои воқеанигорӣ ва публитсистика зиёд мушоҳида мешавад. Аз ҳама бештар дар байни асарҳои бадеии устод дар повести «Одина», ки онро баъди ду соли «Ҷаллодони Бухоро» эҷод кард, пораҳои публитсистӣ, аз он ҷумла публитсистикаи сиёсӣ зиёд мушоҳида мешавад. Аммо агар дар «Одина» қисматҳои публитсистикаи сиёсӣ, иҷтимоӣ дар бобҳои алоҳида, бо сарлавҳаҳои махсус омада бошанд, дар «Ҷаллодони Бухоро» он дар дохили тасвири бадеӣ ҷой гирифтааст.
Яке аз ин махсусиятҳои аввалини публитсистии асар аз он иборат аст, ки санаҳои анҷоми воқеаҳо аниқ оварда шудаанд, ки одатан дар асари бадеӣ чунин нест. Чунончӣ, ҷумлаи аввали асар хусусияти аниқи замонӣ дорад: «Дар моҳи марти соли 1918 дар арки Бухоро барои ҷаллодон машғулият зиёд шуда буд» [2, 105]. Яъне, нависанда таъкид кардан мехоҳад, ин воқеае, ки дар асар тасвир мешавад, дар санаи аниқ рӯй додааст ва хусусияти воқеӣ дорад. Ҳамчунин, «Азбаски аз 2-юми март то 5-уми март дар беруни шаҳр бо қувваҳои шӯришгар ҷанг давом дошт…» [2, 105]; «Дар рӯзҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми март банди чунон бисёр шуд» [2, 107]; «9-уми март обхонаҳо, канахонаҳо, ҳавличаҳо ва таҳхонаҳо бо бандиён пур шуд…» [2, 110]; сарлавҳаи «Арки амир дар шаби 9-уми март» [2, 115] ва намунаҳои дигар аз он дарак медиҳанд, ки нависанда роҳи ҳақиқатнигорӣ ва реализмро пеш гирифта, хонандагонро ба дурустии воқеаҳо бовар кунондан мехоҳад. Ин яке аз услубҳои публитсистика ба ҳисоб меравад.
Дувум, баробари тасвири шавқовар дар асар далелҳои бераҳмии ҳукуматдорон баён шуда, ҳисси нафрати нависандаро ба сохти мавҷудаи амир нишон медиҳад: «Мувофиқи ин «усул» барои куштани як нафар бандӣ ду-се нафар ҷаллод 45 дақиқа ё як соат сарф карданашон лозим буд» [2, 107]. Нависанда мавзуи мазкурро то охири асар идома дода, оид ба усулҳои нави одамкушии аморат мулоҳизаҳои қаҳрамонони асар- ҷаллодонро меорад, ки ниҳояташ хеле фоҷиаовар аст. Маълум мешавад, ин амал ҳатто ба дили ҷаллодон задааст ва онҳо умедворанд, ки амир ва муқаррабонаш, ки барои ғорати мардум усулу мошинҳо ихтироъ кардаанд, ягон рӯз мошини одамкушӣ ҳам хоҳанд сохт: «…дар дилам омад, ки агар амир барои одамкушӣ ягон машина месозонд, мо ин қадар монда намешудем» [2, 108]. Таҳлили амиқи сохти давлатдории амирӣ аз тарафи шоҳидони аслии замон, ки устод Айнӣ низ аз ҷумлаи онҳо буд, қаҳрамонони асарро ба чунин хулосаи то андозае сиёсӣ меорад, ки: «-Машинасозӣ ин қадар, ки осон будааст, чаро амир барои тороҷ кардани мардум ягон машина намесозонад? — гуфт Қурбон-девона,-дар он вақт ба ин қадар қозиҳо, раисҳо, амлокдорҳо, миршабҳо ва амалдорони дигар муҳтоҷ нашуда, ба воситаи ҳамон машина мардумро тороҷ кардан мегирифт» [2, 181]. Ин ҷо назари сиёсии нависанда, танқиди корсоз ба решаи сохти давлатдории амирӣ, ки ба зулм асос ёфтааст, равона шудааст.
Ниҳоят, ин таъкиди Ҳамро-гавбоз оид ба ҳодисаҳои мазкур баҳои сиёсии як нафар одами одиро ба воқеаҳои замон нишон медиҳад. «Қозиҳо, раисҳо, амлокдорҳо, миршабҳо ва амалдорони дигар, ки ту онҳоро як чизи зиёдатӣ шумурдӣ, бар болои онҳо муллоҳо, эшонҳо, арбобҳо, оқсақолҳо ва ҳатто мо барин ҷаллодҳо- ҳамаашон дар як ҷой машинаи мардумтороҷкунӣ буда, ҳар кадоми инҳо як қисми он машинаанд» [2, 181].
Махсусияти дигари асари «Ҷаллодони Бухоро», ки аз публитсистикаи сиёсӣ бархӯрдор будани онро ошкор месозад, назари муаллиф ба сохти амирӣ мебошад. Дар асар нафрати нависанда бисёр вақт аз забони қаҳрамонон омадааст. Аммо дар ин пора аз забони нависанда зикр шудааст: «Дар ду-се рӯз хандақҳо пур аз хуни одам шуда бӯй гирифтанд ва арки амирро бӯи бади хун фаро гирифта, онро ба дараҷае расонд, ки дар он ҷо зиндагонӣ кардан қариб буд, ки мумкин нашавад» [2, 108]. Ҷойи дигар нависанда дар тасвири шаби мазкур аз воситаҳои бадеие истифода мебарад, ки нафрати ӯро ба сохти амирӣ бевосита нишон медиҳад: «…ин кушишхона, ки дар зери пардаи ғафси торикии шаб пинҳон монда буд, дар ҳақиқат мазор буд, аммо мазори мурдагоне буд, ки ҷасади онҳоро ба ҷойи хоки сиёҳ шаби сиёҳ аз назар пинҳон карда буд; ин бинои хароби кӯҳнаи зулмобод, ки сарои подшоҳӣ меномидандаш, дар ҳақиқат як ваҳшатсарои даҳшатафзо буд» [2, 113]. Ҳамин тавр, ба андешаи нависандаи бузург он солу он рӯзҳо ҳавои Бухоро гуворо набуд, ҷаҳлу фалокат, куштору азият ба табиат ҳам таъсири худро расондааст. Ин аст, ки аз забони қаҳрамон чунин тавсири зебо омадааст: «Бинобар ин, ба боми мадраса баромада ёзидем. Болои боми баланди мадрасаи Кӯкалтош бад набуд. Дар он ҷо боди форами саҳроҳои васеи киштзор, бе он ки ба бӯи бади кӯча ва паскӯчаҳои танги Бухоро олуда шавад, рост ба димоғи мо мевазид» [2, 143-144]. Пай бурдан мумкин аст, ки ҳамаи ин ба дили гӯё санги ҷаллодони бераҳм ҳам задааст, онҳо медонанд, ки қисмати бештари ба марг маҳкумшудагон бегуноҳанд. Нависандаи сатрҳои мазкур- устод Айнӣ низ шояд аз дасти чунин ҷаллодон ҷабр дида, 75 чӯб хӯрда буд. Аммо ҳадафи устод Айнӣ он аст, ки нишон диҳад, то чӣ андоза ҷаллод барин махлуқҳо дил доранду аммо дар сирати ҳокимон заррае раҳму шафқат дида намешавад.
Масъалаи муҳимми дигари сиёсие, ки дар асар то андозае равшан гардидааст, тавтеабозиҳои ҳукумати амирӣ бо маслиҳати намояндагони давлати подшоҳии рус аст, ки то он вақт (1918) дар Когон (Бухорои нав) фаъолият мекарданд. Равшан аст, ки воқеаҳо баъд аз фармони амир дар бораи ислоҳот дар аввали моҳи март ба амал омадаанд. Амир ва муқаррабонаш тарафдори ислоҳот набуданд. Чӣ онҳоро водор кард, ки ба ин кор даст зананд? Маълум мегардад, ки сабаби ба ислоҳоти нохоҳам даст задани амир маслиҳати гумоштагони давлати Русия будааст, то бо ин роҳ ҳам аз инқилобчиёни худ раҳо ёбад ва ҳам дами инқилобиёни маҳаллиро паст занад. Дар асар ин масъала аз забони қаҳрамон равшан инъикос ёфтааст: «-Якчанд нафар ҷадидон, эрониён, яҳудиён ва баъзе бединони дигар амирро танг карда аз ҷонаш безор карданд, ӯ ҳам бо машварати консули рус, ки одами муътамади подшоҳи бекоршудаи Россия Николай аст, барои фиреб додани ҳурриятталабон як фармон баровард» [2, 151]. Бояд гуфт, ки чӣ тавре ки аз тарҷумаи ҳоли устод Айнӣ ва асарҳои дигараш медонем, худи ӯ ба фармони мазкури амир дар бораи ислоҳот бовар накарда, ба намоиши шукрона набаромад, бо вуҷуди ин, ӯро низ дар он рӯз аз ҳуҷраи мадраса бароварда, зада-зада ба арки амир бурданд ва ҷазои сахт доданд. Аз забони яке аз иғвогарон омадааст: «-Эй бародарони мусулмон! – мегуфт, – барои нигоҳдории дини ислом ба ғазо ҳозир шавед. Ҷадидони муртад бо кофирони дигар ҳамроҳ шуда, мехоҳанд, ки ҳуррият кунанд» [2, 151-153]. Чунин ҳодисаҳо имрӯз ҳам дар бисёр гӯшаҳои дунё ба амал меоянд ва аз ёди худамон ҳам намеравад. Ин аст, ки нависанда аз забони қаҳрамон ҳушдор медиҳад, ки ба гапи ҳар кас бовар накунанд ва худро ба бало гирифтор накунанд: «Ба Регистон рафта будам, ки пештарини он касоне, ки пагоҳонӣ дар зери ялави ҳуррияталабон «зинда бод ҳуррият!» гуфта меомаданд, ҳоло дар ин ҷо ба гарданашон фӯта андохта «во шариато!» гуфта гаштаанд» [2, 159]. Вобаста ба ин аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии асари «Ҷаллодони Бухоро» имрӯз, бо гузашти як аср ҳам кам нашудааст. Зеро машинае, ки дар бораи он қаҳрамони асар муҳокима ба миён мегузоранд, ҳамон машинаи давлатҳои мустабида аст, ки аз болои фуқурои худ зулм мекунанд. Аз ин рӯ, асар бо сатрҳое ҷамъбаст мегардад, ки маънии сиёсӣ ва дар ояндаи наздик барбод рафтани ҳукумати амириро доранд. Сюжети асар маҳз заминаҳои бавуҷудоии ин дигаргунии сиёсиро ифода кардааст: «-Дар ин миён ин қадар «во, шариато! во, дино!…» – гӯиҳо барои ба ин машина оташ дода ӯро тафсондан аст, – гуфта Рӯзӣ-сарносӣ сухани Ҳамро-гавбозро пурра кард.
– Дуруст! – гуфта Ҳамроҳ-гавбоз сухани Рӯзӣ-сарносиро тасдиқ кард ва илова намуд:
– Лекин агар авҳол ҳамин тавр рафтан гирад, бояд ин машинаро саломат нигоҳ доштан мумкин нашавад, фардо бояд ин машина худ аз худ вайрон шуда равад, – гуфт» [2, 182].
Ҳамин тавр, повести «Ҷаллодони Бухоро» баробари нахустин асари бадеии устод Айнӣ будан аз хусусияти барҷастаи публитсистикаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдор аст. Онро асосан аз андешаронии қаҳрамонони асар, ки гурӯҳи ҷаллодони амир мебошанд, пай бурдан мумкин аст. Нависанда бо мақсади боварбахш тасвир намудани воқеаҳо андешаҳои мазкурро аз забони қаҳрамонон-шоҳидони воқеа овардааст. Чӣ тавре мушоҳида кардем, баробари ин, «Ҷаллодони Бухоро» асари писандидаи бадеӣ аст, ки ин пеш аз ҳама, аз идомаи анъанаи достонсароии халқи тоҷик иборат аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, мутаассифона, оид ба аҳамияти сиёсии асари мазкур дар адабиётшиносии тоҷик таҳқиқотҳо анҷом дода нашудаанд.