Ҷалби ҳаматарафаи омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ
Тағйирот дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди илму фарҳанг, талаботи нав дар ҷодаи фаъолияти педагогӣ, зарурати таҷдиди низоми таҳсилотро ба миён овард. Бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои инноватсионӣ имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илм як қатор иқдом пеш гирифта мешаванд.
Ногуфта намонад, ки соли аввали ба фаъолияти инноватсионӣ пардохтан, мо, воқеан, ягон нақшаи кориро дастрас карда натавониста будем. Зеро ин мавзуъ он замон пурра омӯхта нашуда буд. Ин буд, ки мо баъди ҷустуҷӯ ва худомӯзиҳои зиёд барои фаъолияти минбаъда нақшаи корӣ тартиб дода, дар он номгӯи чорабиниҳо, вақти иҷро ва масъули корро нишон додем. Аз ҷумла, дар нақша мо баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабиро дар мисоли семинару вохӯрӣ, озмуну бозӣ ва мусоҳибаву мубоҳисаҳо дар вақтҳои муайян муқаррар намудем ва аз натиҷаҳои ҳар кадоми он баҳравар гаштем.
Баъдтар фаъолияти инноватсионӣ дар таълимгоҳи мо, ки он вақт гимназия буд, доираи васеъ гирифт ва бо пешниҳоди роҳбарияти вақти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (муассиси таълимгоҳ) литсейи инноватсионии «Душанбе» ном гирифт. Чунин номгузорӣ, албатта, масъулияти моро дар фаъолияти корӣ боз ҳам бештар гардонд ва аз ин рӯ, нақшаҳои мо боз ҳам мазмуни мукаммалу шавқовартарро ба худ гирифтанд. Раҳбарияти литсей аз ин ҷиҳат ба мо кабинети алоҳидаи корӣ ҷудо кард ва бо истифода аз имконоти мавҷуда тадбирҳои дигар ҳам андешидем.
Аввалин амале, ки дар кабинети методӣ барои фаъолияти инноватсионӣ ба назар гирифта шудааст, ташкили гурӯҳи идоракунии ин бахш аст. Дар ин гурӯҳ бо роҳбарии ҷонишини директор оид ба инноватсия роҳбарони иттиҳодия ба ҳам омада, нақшаҳои кори худро пешниҳод менамоянд. Омили дигар, баргузории шӯроҳои методист, ки дар асоси нақшаи муқарраршуда фаъолият мекунад. Ин нақшаҳо соле 5 маротиба дар шӯроҳои ҷорӣ ва солона ҳаллу фасл мегарданд.
Муҳимтарин маводе, ки хусусияти омӯзишӣ дорад, дар кабинет мавҷудияти воситаҳои худсохти аёнии омӯзгорон мебошад. Аз ин ҷиҳат, албатта, омӯзгорони мо фаъолияти хуб нишон медиҳанд. Вале хубтар он аст, ки аз тамошои ин расмҳо худ қазоват намоем. Мусаллам аст, ки инноватсия натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти зеҳнии одам, тахайюлоти ӯ, раванди эҷодӣ, кашфиёт, фатҳ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳои мавҷуда дар зуҳуроти навин буда, он ҷиҳати эҳёи муҳити фаъолияти инсон (технология; маҳсулот; шаклҳои ташаккули иҷтимоъ, ба мисли маориф, идора, ташкили меҳнат, хизматрасонӣ, илм, иттилоотикунонӣ ва ғ.) ва ҷараёни минбаъдаи он (даромадҳо, афзалият пайдо кардан, пешсафӣ, таҳаввулоти куллӣ, сифати баланд) хидмат мекунад. Инноватсия ҳангоме густариш меёбад, ки дар заминаи эҷод ва ихтироъ ба равишҳои ҳаёти инсон тағйироте ворид сохта тавонад. Он метавонад дар фаъолияти таълифи маводи таълимӣ, таҳияи ҳуҷҷат, таҷҳизот, асбоб ва ғайра, ки мушкилоти инсонро осон месозад, зуҳур намояд. Хушбахтона, аз ин ҷиҳат муассисаи мо дастовардҳои зиёдеро соҳиб шуда тавонист. Мо тавассути равандҳои инноватсионии таҳсилот омӯзиши таҷрибаи педагогиро хуб ба роҳ монда, дастовардҳои равонию педагогии омӯзгорону хонандагонро амалан татбиқ карда тавонистем. Ба ин хотир, таъсиси гӯшаи таҷрибаи пешқадам дар утоқи методӣ айни муддаост.
Далели равшани дигар, ихтирои хонандаи синфи 10 б Суннатулло Қосимов аст, ки ҳунару заковати ӯ тавассути телевизион манзури аҳли ҷомеа гардид.
Имрӯз истифода аз технологияи навин – шабакаи интернет ва тахтаи электронӣ дар таълимгоҳи мо дар ҳоли рушд қарор дорад. Албатта, то замоне ки он шакли муқаррариро мегирад, барои мо чизи нав маҳсуб меёбад, вале ҳамин ки барои ҳар яки мо ҳайратовар нанамояд, кор бо компютер барои мо чун усули инноватсионӣ ҳисоб намешавад. Ҳанӯз чанд сол пеш коршиносони соҳа пешниҳод ва таъкидҳо мекарданд, ки барои татбиқи пурраи инноватсия ташкили муассисаҳои таълимӣ дар ҳар зина омили асосист. Имрӯз, ки ин имконият ба мо даст додаст, бовар дорем, аз ин ҷиҳат муваффақ шуда метавонем. Мушоҳида ва муқоисаи таҳлилҳо дар давоми ду соли ахир нишон медиҳанд, ки дар бахши инноватсионии литсей муваффақият нисбат ба солҳои қаблӣ бештар аст. Муаллимон дар ин муддат аз фаъолияти ин бахш имкон ёфтанд, ба навигариҳои ҷараёни таълиму тарбия, технологияи информатсионӣ ва усулҳои фаъоли таълим бештар аз пештар ошно шаванд. Дар робита ба ин, дар давоми сол бахши инноватсионӣ реҷаи муайяни кори худро тартиб дод. Тақрибан дар тамоми давраи таҳсил рӯзҳои шанбе, инчунин, рӯзҳои таътилҳои баъдӣ чоряки омӯзгорон ба омӯзиши иловагии технологияи информатсионӣ ҷалб карда шуданд. Қисми зиёди омӯзгорон то ин вақт ба интернет пайвастшавиро омӯхтанд, қисмати бештар ба мавқеи истифодаи компютер таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Беҳтарин паҳлуи кор барои роҳандозӣ кардани таълими босамараи фанҳои таълимӣ, ташкили ҳафтаҳои фаннӣ ва фаъолияти онҳо бо роҳу усули нав буд.
Дар таълимгоҳ мо бо ташкили семинарҳои зиёди омӯзишӣ чандин барномаро барои рушди фаъолияти зеҳнии омӯзгорону хонандагон ташкил намудем. Чунончи, семинари махсуси шиносоӣ бо барномаҳои интихобшударо, ба мисли намунаи «Рафтори хонандагони литсейи «Душанбе» дар амал», «Намунаи «Ҳамкории волидон бо литсейи «Душанбе» дар асоси Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», барномаҳои «Дурнамои омӯзиши шахсии тамоюлӣ дар литсейи «Душанбе», «Технологияи муваффақияти хонанда», «Диагностикаи педагогӣ», «Дастгирии моддии (грантӣ) комёбиҳои эҷодии омӯзгорон ва хонандагон», Барномаи рушди зеҳнии хонандагони литсей, барномаи семинари омӯзишӣ доир ба навгониҳои соҳаи маориф ва чанде дигар, ки бовар дорем, ки дар пешбурди фаъолияти литсей таъсири созгор гузошта тавонистанд.
Вобаста ба самти кор, ҳар як ҷонишини директор ба дарсҳои омӯзгорон даромада, дастовардҳои онҳоро эътироф намуда, баҳри ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда ба эшон маслиҳатҳо медиҳанд. Мушоҳидаҳои мо ҳар гуна, гоҳе ба таври рейд, гоҳи дигар нақшавӣ сурат мегиранд. Табиист, ки зимни рейдҳо камбудиҳо бештар ошкор мегарданд. Таъкид мекунем, ки ҳадаф аз ташкили чунин рейдҳо камбудӣ кофтан ва санг задани касе не, балки ислоҳи нуқсонҳо ва пешравии кор асту бас.
Бояд ёдовар шуд, ки мо бо вуҷуди чунин натиҷаҳо наметавонем дар рушди фаъолияти инноватсионӣ қаноатманд шавем. Чунки таълимгоҳи мо аз лиҳози маводи таълимӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар дарсҳо бояд барои таълимгоҳҳои дигари кишвар чун заминаи омӯзишӣ ва ё ба истилоҳ, мактаби такягоҳӣ хизмат намояд. Албатта, барои ба ин сатҳ расидан бахши инноватсияи мо чанд мушкиле дорад, ки рафъи онҳо танҳо ба раҳбарияти литсей ҳам вобаста нест. Чунончи, агар раҳбарияти донишгоҳ ба мо дар ташкили утоқи васеъ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти техникӣ мусоидат намоянд, мо мутаминем, ки литсейи мо:
— на танҳо дар ҳудуди шаҳр, балки дар ҳудуди ҷумҳурӣ метавонад барои дигар таълимгоҳҳо чун мактаби такягоҳӣ хизмат намояд;
— омӯзгорони дигар таълимгоҳҳо метавонанд дар ин даргоҳ донишу касбияти хешро аз лиҳози инноватсия такмил диҳанд.
Рӯзигул ШАРИФОВА –
муовини директори
литсейи инноватсионии «Душанбе»