Дар забони тоҷикӣ луғоти муродифот (синонимҳо) хеле инкишоф ёфтаанд ва фаровонии чунин қабати луғавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин забон калимаю ифодаҳои мавриди ниёз мавҷуданд. Ин падида нависанда ва гӯяндаро водор месозад, ки аз анбуҳи вожаҳои муродифӣ ҳамонро интихоб ва дар нутқ корбаст намояд, ки воқеаю ҳодиса ва мақсаду матлабро нишонрас ифода мекунад. Омӯзиши муродиф аз синфҳои ибтидоӣ оғоз мегардад, вале дар ин синфҳо бе ҳеҷ гуна маълумоти назариявӣ хонандагон амалан муродифҳоро фаро мегиранд: калимаҳои ҳаммаънои вожаро аз матн меёбанд, бо онҳо ҷумлаҳо месозанд, баъзан маъноҳои онҳоро шарҳ медиҳанд ва дар нутқи шифоҳию таҳририи хеш истифода мебаранд. Албатта, ҳангоми ошно кардани хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки аз синфи якум оғоз мегардад, махсусиятҳои синнусолӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Методистони синфҳои ибтидоӣ тавсия додаанд, ки хонандагон дар ҳар як дарс на бештар аз 3-5 вожаи навро бояд фаро бигиранд. Мутаассифона, ба ин кор омӯзгорон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳатто як калимаи навро дар як соати дарсӣ дар нутқи хонанда фаъол намегардонанд. Баъзан кори омӯзгорони ҳам синфҳои ибтидоӣ ва ҳам болоӣ дар ин самт тартиби муайян надорад. Бинобар ин захираи луғавии хонандагон чандон зиёд нест. Агар луғатомӯзӣ ба таври лозима ба роҳ монда шавад, дар охири зинаи ибтидоӣ захираи луғати хонандагон аз 8 то 15 ҳазор калимаро ташкил менамояд. Тасаввур кунед, ки то хатми мактаби асосӣ чӣ миқдорро ташкил медиҳад. Бубинед, ки ба ҳисоби мутахассисон Гогол ҳамагӣ 10 ҳазор, Шекспир 15-20 ҳазор, Есенин 18 ҳазору 890, Пушкин 20-21 ҳазор ва устод Айнӣ 20 ҳазор калимаро дар осорашон истифода кардаанд. Яке аз сабабҳои асосӣ ин аст, ки нутқи хонандагон заиф мебошад. Ин кори муаллиму мактаб ва волидайн аст. Мавзӯи муродифҳо мушаххас дар синфи 5 таълим дода мешавад. Ин чунин маъно надорад, ки бо ҳамин омӯзиши мавзӯи мазкур хотима меёбад. Баръакс, дар тамоми давраи таҳсил – зимни омӯзиши мавзӯъҳои грамматикӣ омӯзиши муродифҳо идома меёбад, ки ин нукта дар стандарти фаннӣ, барномаҳои таълим ва дар супоришҳои китобҳои дарсӣ борҳо таъкид шудаанд.
Фарогирии луғат-калимаҳо, ба хусус силсилаи вожаҳои муродифи захираи луғавии хонандагонро ғанӣ гардонида, онҳоро водор месозад, ки ҳангоми баёни фикр, аввалан, аз такрори бемавқеи айни як вожа худдорӣ намоянд аз тарафи дигар, ҳадафро дурусту нишонрас ва бо риояи одоби нигоҳ доштани муомила ифода кунанд. Бойигарии луғавии забон ба андозаи лозима мавҷудияти калимаҳои муродифиро таъмин месозад. Воқеан, мафҳуми ифодакунандаи ашё, амал сифат қарина (вариант)-ҳои гуногун доранд, ки ҳар кадом тобишҳои рангоранги маъноӣ зоҳир мекунанд. Ҳар қадар ки захираи луғавии муродифоти шахс зиёд бошад, ҳамон андоза нутқаш равшану возеҳтар мегардад. Моро мушоҳидаю мутолиаи корҳои хаттии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва болоии баъзе мактабҳо водор сохт, ки оид ба муродифот ва аниқтараш, оид ба муродифоти як феъл дар қадами аввал андешаҳоямонро баён дорем. Вақте ки корҳои хаттиро аз назар гузаронидем, нуктаҳое ба назар расиданд, ки табъи касро хира месохтанд. Масалан, аз иншое порчаеро меорем, ки баёнгари гуфтаи болоанд. Хонандае навиштааст (айнан): «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоири забардаст буд. Вай яке аз шоирони намоёни давраи худ буд. Вай поягузори адабиёти классикии тоҷику форс буд. Ашъори вай ҳоло ҳам қадру қимати худро гум накардаанд. Шеърҳои вай гуногунжанр мебошанд. Ӯ барои мо байту пандҳои ахлоқии зиёде ба мерос гузоштааст».
Агар хонанда муродифоти феълҳою ҷонишинҳоро фаро мегирифт, боварии комил дорем, ки бо истифодаи феъли ёридиҳандаи «буд» ва ҷонишини «вай» маҳдуд намегашт. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигар он аст, ки таҳлили корҳои хаттӣ ва ғалатҳои диктант (имло), нақлу иншо қариб ба дасти фаромӯшӣ супорида шудааст. Корҳои методӣ дар маҷмӯъ дар тамоми муассисаҳои илмию таълимӣ ва методӣ дар сатҳи паст қарор доранд. Барои ислоҳи ғалат мутахассисе нест, ки роҳҳои самараноки ислоҳи ғалатҳоро шарҳ диҳад, омӯзгоре қариб ба назар намерасад, ки тадбирҳои зарурӣ андешад. Чунон ки дар боло ишора шуд, ҷиҳати фарогирии муродифот зимни тадриси мавзӯъҳои грамматикӣ исм, сифат, ҷонишин, феъл ва ғайраҳо бо хонандагон корҳои амалиро ба роҳ монда, аз машқу маводи дидактикӣ ба таври фаровон истифода баранд. Махсусан фаро гирифтани муродифоти феълҳо нутқи хонандагонро ҷозибу хонданбоб мегардонад ё ба ифодаи дигар, бамавқеъ истифода бурдани феълҳо фаъолияти хонандагонро ба низом медарорад. Оид ба моҳияти феълҳо дар баён нависандаи намоёни рус Алексей Югов чунин таъкид кардааст: «Феъл оташнигортарин, зиндатарин ҳиссаи нутқ мебошад. Дар феъл хуни ниҳоят сурх, хуни ниҳоят ботароват, хуни шараёнии (артериявии) забон ҷорист». Дар иртибот ба моҳияти феъл дар таълим методистони тоҷик Қ.Рустамов, И.Давлатзода дар дастури методии «Таълими феъл дар синфи V ва VI» (1992) менависанд: «Феъл дар забони тоҷикӣ гурӯҳи калимаҳоеро инъикос мекунад, ки аз ҷиҳати сермаҳсулӣ ва фаровонӣ дар таркиби луғавӣ он баъди исм дар ҷои аввал меистад».
Академик М.Лутфуллоев дар китоби «Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ» (2007) перомуни муҳим будани мавзӯи «феъл» чунин таъкид менамояд: «Мавзӯи «Феъл» барои инкишофи нутқи талабагон маводи бой медиҳад. Бинобар он кӯшиш кардан лозим, ки корҳои луғавӣимлоӣ, луғавӣ-мантиқӣ ба корҳои ҷумласозию нутқи мураттаб алоқаманд карда шаванд… Синонимҳо дар феълҳо мавқеи калонро ишғол мекунанд. Вале бачаҳо аз хусусиятҳои табиии феълҳо истифода бурда наметавонанд…» Ҳамзамон, забоншиноси намоёни рус Л.Г.Барлас дар китоби «Русский язык. Стилистика» (М.1978) оид ба мавқеи феъл дар услуби бадеӣ бар асоси таҳқиқоти анҷомдодааш менависад: «Ҳиссаи феълҳо дар адабиёти бадеӣ ба шарофати хусусияти серамалӣ аз ҳама баланд мебошад. Дар нутқи бадеӣ феълҳо ба ҳисоби миёна нисбат ба услуби расмии коргузорӣ 2,5 ва нисбат ба услуби илмӣ 1,7 баробар бештар истифода мешаванд.»
Ин гуфтаҳо бар он далолат мекунанд, ки омӯзгорон зимни тадриси феъл на танҳо дар доираи соатҳои барои ин фасл ҷудошуда ва дарсҳои забон ва адабиёт маҳдуд гарданд, балки ба таври доимию пайваста бо муродифи феълҳо кор баранд ва омӯзгорони фанҳои дигар-табиатшиносию риёзӣ, таъриху география низ диққати ҷиддӣ дода, ҳангоми зарурат ҷиҳати ислоҳи ғалатҳои забонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон танҳо вазифаи дарсҳои забону адабиёти тоҷик набуда, балки ба дарси ҳамаи фанҳои таълим иртиботи қавию пайваста ва доимӣ дорад. Ва ин амал дар тамоми давраҳои таҳсил мадди назари кормандони педагогии мактабҳо бояд дошта шавад. Дар сурати ғамхорӣ накардани ҳайати пурраи омӯзгорон дар кори луғатомӯзӣ, ғанигардонии захираи луғавии хонандагон ва созмон додани муҳити забони адабӣ комёбие ба даст овардан муҳол аст. Мушоҳида ва иштирок дар дарсҳо нишон доданд, ки аксарияти омӯзгорони ҳам синфҳои ибтидоӣ ва ҳам синфҳои болоии макотиби деҳот асосан аз шеваи маҳал кор мегиранд, ки ин амали номатлуб ва ношоиста маҳсуб мегардад. Чунон ки дар боло ишора кардем, аз синфҳои ибтидоӣ оғоз кардани истифодаи муродифҳо, ба хусус муродифоти феълҳо айни муддаост. Вале дар ин синфҳо оид ба муродиф маълумоти назариявӣ дода намешавад. Бо назардошти нуктаи боло мо феъли «мурд» ва муродифҳои онро хостем шарҳ диҳем. Ин кор дар асоси як асар, асари ёддоштии адабиётшиноси забардаст ва ҳамзамон нависандаи пухтакор Расул Ҳодизода «Худоё, худро бишнос» (2006) анҷом дода шуд. Бо ҳамин мақсад мо асари мазкурро мавриди мутолиа қарор додем, то ки муқаррар созем, ки нависанда дар як асар кадом муродифоти феъли «мурд»-ро истифода бурдааст!
Ногуфта намонад, ки ҳодисаи дигаре, ки маҳз ба навиштани ҳамин нукта водор сохт, суҳбати кӯтоҳе доштан бо хонандагони чанд синфи ибтидоист. Дар суҳбат оид ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ сухан рафт. Муаллифи Суруди Миллиро пурсидем. Хонандагон муаллифро ном бурда гуфтанд, ки чанд моҳ пеш муаллифи ин суруд мурд. Чандин бор саволро такрор кардем, то ки ягон муродифи дигари феъли «мурд»-ро аз забони хонандагон шунавем. Мутаассифона, касе чизе нагуфт. Ана, барои ҳамин феъли мазкур бо баъзе муродифҳояш асоси мақола интихоб гашт. Агар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М.1969)-ро варақ занем, садҳо муродифҳои дигарро пайдо мекунем. Вале ин кор бар асоси як асар сурат гирифт. Дар асл феъли «мурд»-ро нисбат ба шахсияти намоён корбаст кардан бисёр дурушту гӯшхарош аст, бо вуҷуди он ки он умумиистеъмолӣ буда, бо феълҳои «вафот кард», «фавтид» муродиф аст. Ин феълҳо ҳар кадом ҷой ва мавқеи истифода дошта, дорои тобишҳои гуногуни маъноӣ мебошанд. Дар робита ба ин забоншиноси барҷаста Р.Ғаффоров андешаашро чунин баён кардааст: «Калимаҳои силсилаи синонимӣ вобаста ба талаби баён хусусияти мухталифи маъноӣ зоҳир мекунанд. Гирем, «мурдан» ва «вафот кардан»-ро. Калимаи аввал ба сифати воҳиди умумиистеъмолӣ дар ҳама маврид ҳам нисбат ба инсон ва ҳам нисбат ба предметҳои дигар метавонад истифода гардад. Аммо луғати дуюм – вафот кардан маҳзи инсон аст. Бинобар ин «Фалонӣ мурод», «Гӯсфанд мурд» ва ғайра гуфтан равост, аммо ҳеҷ мумкин нест, ки «Гӯсфанд вафот кард”,гӯем.” Воқеан, ин андешаи муҳаққиқ бо назардошти мушоҳидаю мутолиаи адабиёти имрӯза баён шудааст, ки комилан дуруст аст. Вале дар адабиёти пешин далелҳое вомехӯранд, ки баръаксанд. Носири Хусрав дар «Сафарнома» ифодаи «намоз фавт шавад»-ро истифода кардааст: «Агар касе муҳтоҷи вузӯъ шавад, дар он ҷо равад ва таҷдиди вузӯъ кунад, ки агар аз масҷид берун шавад, ба намоз нарасад ва намоз фавт шавад аз бузургии масҷид» (саҳ.31). Ба назари мо, «фавт шудани намоз» дар ин ҷо маҷозан корбаст гардидааст, ки дар муҳлати муқарраршуда ба ҷо наовардани намоз дар назар дошта шудааст. Ифодаи «қазои намоз» дар фарҳангномаҳо чунин шарҳ ёфтааст: “Дар истилоҳи фуқаҳо, намоз ё рӯза, ки дар хориҷ аз вақте ки шориъ (соҳибони шаръ) муайян карда, ба ҷо оварда шавад (Фарҳанги Амид», саҳ.795), намоз ё рӯзае, ки ба ҳангоми муқаррар адо нашуда ва баъдан адо шавад.» (Фарҳанги форсӣ)-и Муин, ҷ.2, саҳ.2685), «ба ҷо овардани намоз ё рӯза пас аз гузаштани вақти он, аз муҳлати шаръӣ дертар ба ҷо овардани намоз ё рӯза (Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М.1969, ҷ.2, саҳ.667). Носири Хусрав дар ин ҷо феъли «фавт шавад»-ро бамавқеъ истифода кардааст.
Мусаллам аст, ки нависанда ва гӯянда метавонад, феъли “мурдан»-ро ҳам дар мавриди инсон ва ҳам нисбат ба ҳайвон истифода барад. Вале дар ин асно нозукии маънои феълҳои «мурд» ва «вафот кард» (“аз олам чашм пӯшид»-ро бояд ба назар гирифт. Ба андешаи мо, агар сухан дар «бораи аз олам гузаштан» ё «чашм пӯшидан»-и касе равад, ки боиси азобу ранҷи одамон гаштаасту марги ӯ ононро аз азобу шиканҷа раҳонидааст ва ё фарде чандон манфиатрасони мардуму ҷомеа набуда, дар зиндагиаш кори хубе анҷом надодаю обрӯе надошта бошад, асосан феъли «мурд» корбаст мешавад. Яъне агар нависанда ва гӯянда дар сурате ки нисбат ба ин ё он шахси фавтида муносибати манфӣ дошта, аз ӯ «некиҳо»-и зиёде дидааст, вожаи «мурд»-ро истифода мебарад ва бо ҳамин восита гӯё нафраташро изҳор мекунад. Кам андар кам шахси бофарҳанге пайдо мешавад, ки вожаи «мурд»-ро истифода барад. Ҳоло бубинем, ки Расул Ҳодизода дар асари ёддоштиаш «Худоё, худро бишнос» кадом муродифҳои феъли “мурдан”-ро истифода кардааст. Зимни мутолиаи асари мазкур ба назари мо беш аз 48 муродифи ин феъл ба назар расид: падруди зиндагӣ кард (саҳ.14), чашм аз ҷаҳон пӯшид (19), ҷон ба Ҳақ таслим намуд (22), мурд (24), банохост мемирад (25), аз ҷаҳон гузашт (26), ба олами бақо реҳлат намуд (28), ин ҷаҳонро падруд гуфтааст (30,257), аз ҳаёт чашм пӯшида буд (31), аз ҷаҳон чашм пӯшид (32), аз ҷаҳон чашм пӯшид (33, 71, 73, 121, 128, 185, 310), бо шавҳари нокомаш видоъ намуд (34), ба олами бақо реҳлат намуд (36), аз олам гузашт (52,188), фавтида буд (56,88, 142, 328), ҷаҳонро падруд гуфтааст (57), ба ҷанг рафта ҳалок гардид (71), фавт мекунад (73), дар майдони ҳарб ба ҳалокат мерасад (73), аз олам гузаштанд (92), гузаштанд (127, 320), ҷон ба ҳақ таслим мекунад (139), чашм аз ҷаҳон баст (156), чашм аз ҷаҳон пӯшиду рафт (173), ҷаҳонро падруд гуфтааст (177), вафот карда буд (185), аз ҷон чашм пӯшид (199), бо ҷаҳон падруд гуфт (201), аз ҷаҳон чашм пӯшид (213), чашм аз ҷаҳон баст (259), гузаштааст (267), даргузаштааст (271), ҷаҳони фониро падруд гуфтааст (340). Мо муродифҳоро тавре ки дар ҷумлаҳо истифода шудаанд, пешниҳод кардем (на дар шакли масдар), то ки баъзе хусусиятҳои он бидуни дар ҷумла овардан муайян карда шаванд. Масалан, феълҳои «ҳалок шудан ва ба ҳалокат расидани» ин ё он шахс бозгӯи онанд, ки ҳодиса ё воқеае боиси ҳалокати онҳо шудааст: «Ҳамсараш чанд сол пеш фавтида, як писари вай монда ва он ҳам ба ҷанг рафта ҳалок гардид (саҳ.71). Матлубхон… соли 1943 ба ҷанг меравад ва дар майдони ҳарб ба ҳалокат мерасад.” (саҳ.73).
Феълҳои «ҷаҳонро падруд гуфтан», «ба олами бақо реҳлат намудан» ва аз «ҷаҳон чашм пӯшидан” нисбат ба ашхосе гуфта шудаанд, ки синну солашон ба ҷое расидааст. Масалан, баъд аз чанд вақт хабар расид, ки Шамсиев дар моҳи январи соли 1992 дар синни 87-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфтааст. (саҳ. 57). Баъд аз ду сол ба Ленинград омадам, ки завҷаи Алексей Владимирович дар асари бемории саратон дар азобу азиятҳои тоқатфарсо аз ҷаҳон чашм пӯшидааст. (саҳ.71).
Сирус соли 1981 дар синни 96-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт (саҳ.257). Шунидам, ки (Х.Мирзозода) соли 1993 ҷаҳонро падруд гуфтааст. (саҳ.177). Дар ин миён Маъсумӣ чашм аз ҷаҳон басту Абдуқодир Маниёзов ҷойнишини шодравон гардид. (саҳ. 259).
Феъли «мурд» дар асари мазкур нисбат ба ашхосе, ки асосан дар асари маризӣ, танҳоӣ ва ё ногаҳон фавтидаанд, истифода шудаанд. Бақохон ба Самарқанд бармегардад ва танҳо дар ҳуҷраи худ ба нохост мемирад. (25).
Расул Ҳодизода дар асари ёддоштиаш «Худоё, худро бишносам» феъли «мурдан» ва муродифҳои онро хеле бамавқеву баҷо корбаст кардааст. Аслан дар асар муаллиф одоби баланду фаросати олии муносибати инсониро риоя намудааст. Нисбат ба касоне, ки дар зиндагӣ аз онҳо озорҳо дидааст, ҳеҷ гоҳ беэҳтиромӣ зоҳир накардааст. Дар мавриди озорҳои дидааш, ки дар ёддошт ишораҳо дорад, бад нагуфта, таҳқир ҳам накардааст. (Ӯ дар бораи Сталин менависад: «Сталин вафот карда буд, аммо сояи вай дар симои Берлин мунъакис буд» (саҳ.185). Нисбат ба рақибонаш низ феъли «мурд»-ро корбаст накардааст. Соли 1976 моҳи август Мирзоев даргузашт ва бо ҳамин «Рӯдакихонӣ» дар Институти шарқшиносӣ ҳам қатъ гардид (саҳ.298).
Ин буд мулоҳизаҳои мо перомуни феъли «мурд» ва муродифҳои он. Ҳадаф ин аст, ки омӯзгорон аз такрор ба такрор аз ёд кунонидани таърифҳои грамматикӣ як андоза худдорӣ карда, яъне бо риояи меъёр ба корҳои амалӣ, ба хусус луғатомӯзии хонандагон, эътибори ҷиддӣ диҳанд. Аз рӯйи маълумотҳои гуногуни мутахассисон, бачагони 7-солаи ба мактаб пазируфташуда дар захираи луғавиашон аз 3 то 7 ҳазор калима доранд. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҳар як дарс ба ҳисоби миёна 5-8 калимаи навро хонанда бояд фаро бигирад. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки хонандагони хурдсол бештари вожаҳои навро тавассути дарсҳои забони тоҷикӣ ва адабиёт фаро мегиранд. Дар ҳамин ҳолат имконият фароҳам меояд, ки захираи луғавии хонандагон ғанӣ гардад, нутқи шифоҳиву хаттиашон рушд кунад, навиштаҳояшон рангину ҷаззоб шавад, дар таҳияи матнҳо малакаву маҳорат пайдо кунанд, мавқеи истифодаи муродифҳоро хуб дарк намоянд. Зимни тадриси мавзӯъҳо, ба хусус мавзӯи “Феъл” ба хонандагон бо забони содаю дастрас фаҳмонидан зарур аст, ки забони тоҷикӣ қудрат дорад, ки на танҳо фаъолияту амал ва ҳолатро номбар кунад, балки ҳама гуна тобишҳои маъноиро ба вуҷуди нозукиашон интиқол диҳад.
Гуландом НАСРИДДИНОВА –
омӯзгори мактаби №16, ноҳияи Шоҳмансур