Дар педагогикаи миллӣ, фалсафа ва ахлоқ мавқеи Муҳаммад Ғазолӣ ниҳоят бузург мебошад. Махсусан, асарҳои ӯ «Фарзанднома», «Кимиёи саодат» дорои аҳамияти бузурги фалсафӣ, пандуахлоқӣ ва дидактикӣ мебошанд.
«Фарзанднома»-и Ғазолӣ асари тарбиявӣ- ахлоқиест, ки тамоми нозукиҳои муносибатҳои оилавӣ, рисолати падару модарӣ ва фарзандиро фаро гирифта, педагогикаи миллиро ғанӣ мегардонад. Ғазолӣ дар асараш «Кимиёи саодат», ки яке аз асарҳои фалсафӣ, педагогӣ, пандуахлоқӣ ба шумор меравад, роҳҳои асосии саодатманд шудани фарзандонро пешниҳод менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шароитеро муҳайё намудан зарур аст, ки донишҷӯён барои хониши мустақилона ва корҳои беруназсинфӣ тамоми адабиёти тавсиявиро пайдо карда тавонанд. Мутаассифона, ҳоло ҳам ин шароит дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷавобгӯи талабот буда наметавонад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи Академик М. Осимӣ фонди китобхона хело ғанӣ мебошад, аммо аксари китобу сарчашмаҳо ба забони русӣ ва мансуб ба идеологияи замони Шуравӣ мебошанд. Ин аҳвол дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии минтақаҳои дур аз марказ мушоҳида мегардад. Дар ташаккули арзишҳои маънавӣ- ахлоқии насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ корҳои беруназаудиторӣ, дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои оммавӣ, семинару конференсияҳо бо мутобиқсозӣ ба педагогикаи миллӣ ҷойгоҳи боарзишеро дар бар мегирад.
Абдураҳмони Ҷомӣ, ки шоир, нависанда ва орифи бузурги асри XV ҳисоб мерафт, намехост, фарзандаш ба аслу насаб ва бо писари Ҷомӣ буданаш фахр кунад. Худи ҳамин андешаи Ҷомӣ рамзи тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас мебошад, ки имрӯз бо фарзанди кӣ буданашон аксар фахрида, худро аз дигарон боло мегузоранд. Дар вақти бо ин масъала сарукор гирифтан, ба донишҷӯён ду чизро аз андешаҳои Ҷомӣ овардан зарур аст:
- Ӯ хареро мисол меорад, ки хешро фарзанди аспи Рустам – Рахш меномаду аз он мефахрад.
- Вазире шаҷараномаи авлодӣ тартиб дода, хешро писарамаки Пайғамбар меномад, ин даъворо тамоми донишмандону диндорони замона тасдиқ карда имзо мегузоранд. Барои тасдиқи дурустии ин андеша шаҷараи авлодиро назди Ҷомӣ низ барои имзо фиристоданд, лекин Ҷомӣ хотирбинӣ накарда, ба он имзо нагузошт. Вазир маҷбур мешавад, худаш назди Ҷомӣ барои имзояшро гирифтан равад. Ҷомӣ бошад, аз рӯи зарофат дар як гӯшаи он менависад:
Онро, ки бувад нури набӣ дар башара,
Ҳоҷат набувад ба тӯлу арзи шаҷара.
В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,
Шаҷара надиҳад ба ғайри лаънат самара.
Ҷомӣ дар «Туҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайливу Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ» фаслҳои алоҳидаро ба тарбияи маънавӣ-ахлоқии фарзандаш бахшидааст, ки омили муҳимтарини педагогикаи миллӣ дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас мебошад. Яке аз андешаҳои пешқадами педагогии А. Ҷомӣ, ки дар назди ҷигарбандаш мегузорад, ба қадри вақт расидан ва онро оқилона истифода бурдан мебошад. Ҷомӣ барои устувор гардонидани хотираи фарзандаш бештар хондани ҳикоя ва аз ёд кардани шеърро тавсия медод, ки ҷавобгӯ ба талаботи педагогика мебошад. Умуман, асари Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон» қомусест, ки тамоми унсурҳои Консепсияи миллии тарбияи насли наврасро дар худ фаро гирифта, педагогикаи миллиро бо педагогикаи умумибашарӣ мутобиқ сохтааст. Дар осори маънавӣ-ахлоқии Ҷомӣ ва наздикони ӯ – Навоӣ, Ҳотифӣ, Суҳайлӣ, Кошифӣ зарари маънавӣ, иқтисодӣ, ҷисмонии шаробу шаробхорагӣ мазаммат карда шуда, одамонро ба парҳез кардан аз чунин сифатҳо даъват мекунад. Дар ҳикоя ва қитъаҳояш Ҷомӣ андешаҳои педагогии хешро тарзе баён менамояд, ки дар ҳолати мустақилона омӯхтани он ҷавонон аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ тарбия ёфта, назарашон ба зиндагӣ батамом ислоҳ гардида, ба амалҳои зишт даст даст намезананд. Дар педагогикаи миллии халқи тоҷик ва дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас мавқеи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ниҳоят калон мебошад. Падараш аз олимони Балх буда, дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар карда, баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Пас дар Куния, дар назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуф омӯхтааст. Мавлоно Балхӣ аз нобиғаҳои назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун Худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ, дину фалсафа ва педагоги бузург шинохта шудааст. Дар андешаҳои педагогии хеш ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ба ақидаи Мавлоно, қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад. Мероси адабӣ, педагогӣ ва фалсафии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хеле пурвусъат ва рангоранг буда, назму насрро ташкил медиҳад. Девони Шамси Табрезӣ дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, салтанати инсонро бар ҳастӣ, Заминро бар Коинот, ишқро бар имон, ҳаётро ба марг ва оштиро ба ҷанг афзалият медиҳад. Муҳиммияти «Маснавии Маънавӣ»-ро дар тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дарк намуда, бори аввал онро олими англис Р. А. Николсон аз забони форсӣ ба забони англисӣ тарҷума намуда, дастраси ҳаводорони илму адаб гардонид, ки ин маънои мутобиқсозии педагогикаи миллӣ ба педагогикаи умумибашариро дошт. Мавлоно кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақому мартабаи инсонро баланд бардошта, бештар сифатҳои ахлоқии вайро васф намояд. Ба қавли Мавлоно, холиқи феълу атвори хеш худи инсон мебошад ва чӣ амале аз ӯ содир мешавад, марбут ба худи ӯст, ки фармудааст:
То ту торику малулу тираӣ,
Дон, ки бо деви лаъин ҳамшираӣ.
Чун зи луқма ту ҳасад бинӣ давом,
Ҷаҳлу ғафлат зояд, онро дон ҳаром .
Ҳеч гандум кориву ҷав бар диҳад?
Дидаӣ асбе, ки куррай хар диҳад?
Яъне дар мисраи аввали ин ғазал Мавлоно мефармояд: то даме ки ту дилсиёҳ, тираақл, ҳасуд ва бадкирдор ҳастӣ, ҳамнишин бо деви лаъин-иблис мебошӣ. Дар мисраи дигар ӯ мегӯяд: Оё ҳеҷ дидаӣ, ки гандуми ба замин пошида ҷав дода бошад? Оё ҳеҷ дидаӣ, ки асп курраи хар зодааст? Дар васфи Мавлоно дар китоби Абдулҳусайни Зарринкӯб «Бо корвони ҳулла» дар бораи обрӯю эътибор ва оромтабиатии Мавлоно суханони зиёде гуфта шудааст, ки яке аз талаботи педагогикаи муосир нисбат ба омӯзгор мебошад. Бисёр муҳаққиқон ба шеъру шоирӣ рӯ овардани Ҷалолиддини Балхиро аз вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ меҳисобанд. Дар ҳақиқат, вохӯрии ӯ бо ин дарвеши шӯридаи бесомон дар қалби Мавлоно чунон инқилобе ба вуҷуд овард, ки дарсу ваъзро канор ниҳод ва аз дунболи ӯ шуд.
Дар дигар ҷойи китоби «Бо корвони ҳулла» омадааст: толибилме, ки бо ҷараёни сӯфия душманӣ дошт, дар сари ҷамъомад бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст: «ман бо ҳафтоду се мазҳаб якам», оё ин сухан Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегӯӣ, якам», якрангиву сулҳҷӯии ӯ то ба он ҳадде буд, ки бо ринду зоҳид, габру тарсо чунин мезист, ки ин далели бузургии Мавлоно мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути корҳои тарбиявӣ, беруназаудиторӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шабнишиниву вохӯриҳо ба насли наврас ин сифатҳои баланди одамиро васф намуда, онҳоро дар руҳияи маънавиёти баланд ва ахлоқи ҳамида тарбия намудан дар заминаи осори Мавлоно ба манфиати кор мебошад. Ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳар чӣ бештар бодиққат хондан ва нақл кардани ҳикояҳои халқии «Маснавии Маънавӣ»-ро супориш додан зарур аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шароитеро муҳайё намудан зарур аст, ки донишҷӯён дар давраи фориғ будан аз машғулиятҳои таълимӣ ва дарс дар ҷое ҷамъ гардида, атрофи ҳикояҳои “Маснавӣ” баҳсу мунозираҳои маънавӣ барпо намоянд. Дигарон дар шакли шунаванда ширкат варзида, ба баҳсҳо зинат бахшанд. Дар ин раванд муовини директор оид ба корҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ рӯйхати ҳикояҳоро аз “Қобуснома”, “Гулистон”, “Бӯстон”, “Баҳористон” ва “Маснавии Маънавӣ” пешниҳод намуда, супориш диҳанд, ки дар муддати як ҳафта омодагӣ бинанд ва дар рӯзи муайян чорабиниҳои фарҳангиро баргузор намоянд. Инчунин, барои самаранок баргузор намудани корҳои беруназсинфӣ номгӯи ҳакояҳоро аз “Маснавии маънавӣ” тахминан дар чунин шакл пешниҳоди донишҷӯён гардонидан зарур аст: 1. “Ишқи шоҳ бо канизак”, ки вазифаи асосӣ пас аз мутолиаи он муайян намудани оқибати ин моҷаро мебошад; 2. “Баққол ва тӯтӣ” — муайян намудани сабабҳои кам гардидани мизоҷон ва аз фоида маҳрум гардидани баққол; 3. “Устод ва шогирди дубин” — бо иловаҳо муайян намудани рисолати устод бар шогирд ва шогирд нисбат ба устод; 4. “Подшоҳи яҳуд ва масеҳони бегуноҳ” — мақсад ошкор сохтани сабабҳои ноадолатӣ нисбат ба инсон; 5. “Оташ ва саҷда бар бут”.
Чунин ҳикояҳо дар китоби “Маснавии маънавӣ” ниҳоят зиёданд, ки ин ҳикояҳоро дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии шогирдон тавассути корҳои беруназсинфӣ ниҳоят устокорона истифода бурдан мумкин аст, то ба натиҷаҳои хуб мушарраф гардида, пеши роҳи косташавии маънавиёт ва ахлоқи насли наврас гирифта шавад.
Яке аз олимони бузурги соҳаи фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба шумор меравад. Ӯ дар замони хеш аллакай ба моҳият ва муҳиммияти назарияи маърифат сарфаҳм рафта, онро пайваста талқин менамуд. Мувофиқи андешаҳои педагогии хеш, ӯ салтанат ва боломақомии инсонро дар омӯзиш, таҳсил, маърифат ва дарки асрори ҳастӣ мефаҳмид ва пайваста одамонро ҳамчун устод баҳри талош варзидан барои ба даст овардани ин сифати олӣ даъват менамуд.
Мувофиқи ақидаи ӯ, инсон ҳар қадар майл ба донистани сирру асрори ҳастӣ дошта бошад, ҳамон қадар салтанати ӯ бар табиату ҷамъият ва атрофиён бештару қавитар мегардад, ки мисоли равшани он ин гуфтаҳо мебошанд:
Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун, то ҳосил ояд ин сифат,
Ҳар ки масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ талош варзидан зарур аст, ки донишҷӯён ин мисраъҳоро аз ёд намоянд ва сармашқи фаъолияти доимии хеш қарор диҳанд. Ақидаҳои ӯ оид ба инсон дар доираи таносуби нафсу руҳ ниҳоят ҷолиб мебошанд. Дар таълимоти фалсафӣ ва педагогии хеш Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ ба инсон ҷои хоса дода, аз рӯйи чандин нишона — ақл, дониш, нутқ, ишқ ва муҳаббат инсонро бар ҳайвон бартарӣ додааст.
Дастам МАҲКАМОВ –
мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи АТТ