
НАБИЗОДА С.Ф.
МД маҷаллаи
«Маорифи Тоҷикистон»
Масъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони модарии мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад, аз масъалаҳои ҳалталаб барои ҷомеаи мо ба шумор меравад. [24]
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо доир ба масъалаи забони давлатӣ ва мақоми он дар илм таваҷҷуҳ зоҳир карда таъкид намудаанд, ки дар ин маврид бояд, пеш аз ҳама, ба низоми таҳсилоти миёна ва олӣ такя карда шавад [25].
Табиист, ки истилоҳот як паҳлуи фонди луғавии забонро дар бар мегирад. Он метавонад ба ҳар тариқа рушд кунад, фаразан, тавассути калимасозӣ ё бо роҳи иқтибосӣ. Аммо бояд ба назар гирифт: ба андешаи донишманди равоншод Додихудо Саймиддинов, танзими истилоҳот набояд аз ҳисоби рад кардан ё инкор кардани тамоми истилоҳоти хориҷӣ сурат гирад. Мо бояд дар муқобили истилоҳоти хориҷӣ истилоҳоти ноби забонамонро дар қолабҳои вожасозии суннатии худ пайдо кунем… [17, с.232].
Калимаи «истилоҳ» (истилоҳот), ки аз забони арабӣ гирифта шудааст, дар фарҳангҳо албатта, тафсир ёфтааст [29, с.500], аммо дар мавриди истилоҳшиносӣ дар забоншиносии тоҷик чандон зиёд нагуфтаанд. То ҷое иттилоъ ба дасти мо расид, донишмандони маъруф Сайфиддин Назарзода бо номи «Забон ва истилоҳот» [20], Мирзо Ҳасани Султон бо номи «Истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ» [15], Пирмаҳмад Нуров бо номи “Истилоҳшиносӣ” [22], Бобомуродов Ш, Мухторов З. бо номи “Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ” [5], китобҳо чоп карда, қисман мақолаҳои алоҳида ба табъ расидаанд. Дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон «Маркази тарҷумонӣ» ва «Пажӯҳишгоҳи истилоҳшиносӣ ва фарҳангнигорӣ» барин марказҳо низ таъсис ёфта, ҳамзамон, дар ин самт баъзе корҳо ба анҷом ҳам расидаанд. Аммо тавре корманди масъули Кумита Раҳими Зулфониён мегӯяд, мутаассифона, «дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри зарурӣ фароҳам нашудааст.» [11]
Ин масъала дар назди муаллифони китобҳои дарсӣ ва мураттибони барномаҳои таълимӣ, гузашта аз ин, дар назди омӯзгорону хонандагон мушкили зиёд эҷод кардааст. Бештари мушкилот дар таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва физика ба назар мерасад, чунки дар ин ду самт донишмандони мо ба як хулоса омада наметавонанд. Ин баҳс дар давраи истиқлолият вусъат ёфта, вале то ҳанӯз хулосае ба даст наомадааст. Мо дар хусуси мизи мудаввару конфронсҳои гуногуни ниҳоди масъул, инчунин, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ, донишгоҳу донишкадаҳои марбута, Вазорати маориф ва зерсохторҳои он чизе намегӯем. Аз он мегӯем, ки дар матбуоти даврӣ мо худ чӣ кор кардему мекунем ва чӣ бояд кард. Дар давраи фаъолият дар идораи нашрияҳои соҳавӣ (ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор» ва «Маорифи Тоҷикистон») бо иштироки донишмандони соҳа чандин суҳбату муколама ва мизи мудаввар ташкил кардем. Масалан, суҳбати мо бо забоншиносони шинохта Муҳаммадҷон Шакурӣ — “Забонро аз нотавонӣ бираҳонем” [17, с.57-63], Додихудо Саймиддинов — “Забони давлатӣ иттиҳоди миллати мост” [17, с.228-235], инчунин, мизи мудаввар бо иштироки забоншиносону аҳли назар таҳти унвони “Имло аз иштибоҳ роҳи наҷот меҷӯяд” [21, с.32-36] маҳз ба хотири рушди забон, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва таълими забон дар муассисаҳои таълимӣ нигаронда шуда буданд. Ҳамчунин, чанд мақола дар ин боб ба мисли “Аз тарҷумазадагӣ кай раҳо меёбем?”, “Вақте забон модар аст”, “Нигарониҳо дар соли муборак”, “Бекарон баҳрест гавҳар беҳисоб”, “Рушди забон инқилоби нав мехоҳад ё…”, “Боз дар бораи имло”, “Монеаҳоро рафъ мебояд…”, “Чуну чароҳои забон”, “Аз номи миллӣ ифтихор бояд кард”, ки дар ин давом дар матуботи даврӣ ба табъ расида, ахиран, дар китоби “Пайкори афкор” гирдоварӣ шуданд. [18, 320 с.] Дар тамоми ин суҳбату навиштаҳо ҳарф сари имло, истилоҳ ва баён чарх мезад. Дуруст аст, ки дар муқоиса ба 10-15 сол пеш вазъият фарқ мекунад, аммо боз ҳам қонеъкунанда нест. Агар мебуд, гуногунрангии як истилоҳ аз забони ҳар яки мо рух намедод.
Бубинед, ки истилоҳотамон ҳатто диққати ихлосмандони забони моро аз хориҷи кишвар ҷалб кардааст. Боб Марзен ном амрикоӣ дар масъалаҳои гуногуни забонӣ аз мо пурсон мешавад. Чунончи, соли гузашта мактубе навишта, ба масъалагузории мо дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” [16] доир ба имло, бахусус, имлои “Ҳар кӣ ё ҳарки” назари моро пурсид, дар ҳоле ки мо худ назари забоншиносонро донистан мехостем. Мо дар робита ба ин суол бори дигар бо устодон ҳамсуҳбат шудем, ки мақолаи “Ҳаркиву ҳарчӣ дар забон зиёд шуд, чаро?” [19, с.3-6] натиҷаи ҳамон суҳбатҳост. Мо ин мақоларо ба баҳс мондем ва дастраси бисёр соҳибзабонон ҳам гардондем, аммо, бо таассуф, ғайр аз устод Сайдамир Аминов ва Шаҳло Тоҳириён касе хаттӣ ба мо чизе пешниҳод накард. Диққати хориҷиро масъалаҳои забони мо ончунон ҷалб карда, намедонем, аз куҷо, истилоҳҳоро тавре шарҳ медиҳад, ки дар забоншиносии тоҷик гумон аст, ки касе вохӯрда бошад. Масалан, “ҷонишинҳои нисбӣ, ҷонишининҳои пайвандакии мураккаб ва ҷонишинҳои пайвандакии мураккаб, ҷонишини ишоратӣ ё тақсимкунӣ” аз “бофта”, тарҷума ё ёфтаҳои ӯянд, ки ҳар навомӯзро метавонанд ба иштибоҳ оваранд.
Ин маврид мо ба ду масъала таваҷҷуҳи шуморо ҷалб мекунем: аввалӣ истилоҳҳои грамматикӣ, дигарӣ истилоҳҳои маъмулӣ. Ёдрас мешавем, ки Мирзо Ҳасани Султон аз камтарин донишмандоне, ки дар бораи истилоҳот назари фарохтар дорад, дар китоби худ истилоҳсозиро ба чор шева нисбат медиҳад: муодилҷӯӣ, яъне истифода аз ганҷинаи вожагони забони модарӣ, истилоҳсозӣ, яъне бо риояи қатъии қолабҳои таърихии забони модарӣ, тарҷумаи истилоҳ, яъне бо роҳи тарҷума аз забонҳои дигар, иқтибос гирифтани истилоҳот вобаста ба табиати забон аз забонҳои дигар [14, с.35-39]
Бубинем, ки дар мо то куҷо риоя мегарданд ин меъёрҳо.
Аз бозе ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, баҳси истилоҳи тоҷикӣ ё русӣ идома дорад. Гурӯҳе бар он назаранд, ки истилоҳи байналмилалӣ роиҷ бошад, беҳтар, гурӯҳи дигар истилоҳи пешинаро тарафдор. Чунончи, шодравон доктори илмҳои филологӣ Сайфулло Маҳкамов, ки таҷрибаи бойи робита бо омӯзгоронро дошт, дар мизи мудаввари нашрияҳои соҳа таъкид карда буд, ки истилоҳоти байналмилалӣ (морфология, синтаксис, фонетика, лексика ва монанди инҳо) бетағйир мононда шавад. Ба андешаи тарафдорони ин назар, истилоҳи ба ном тоҷикӣ, масалан, овошиносӣ фарогири фонетика шуда наметавонад [20, с.37].
Аммо дар ҳамин баҳс устоди ДМТ Шаҳбоз Кабиров чунин гуфт: «Чаро сарфу наҳв ва савтиёт нагӯем? Чаро забонро аз ҳисоби луғати фаромӯшшудаи худ бой нагардонем? Мумкин аст, ки дар аввал гӯшхарош бошад, баъд дуруст мешавад. Агар не, истиқлолияти забонии мо чӣ мешавад?» [20, с.36].
Дар гурӯҳи “Маорифи Тоҷикистон” (Фейсбук), ки зиёда аз 23 000 корбар дорад, суол чунин пешниҳод гашт: “Аз рӯйи таҷриба дар таълим истифодаи истилоҳоте ба монанди «овошиносӣ, сарф, наҳв…» мувофиқ аст ё «фонетика, морфология, синтаксис…? Масалан, таҳлили сарфӣ, овоӣ, наҳвӣ гуфтан беҳтар ё таҳлили фонетикӣ, морфологӣ ва синтаксисӣ?” Посухҳо баробар буданд, яъне қисме ба истифодаи тоҷикӣ (ё а.) –и истилоҳот тарафдор, қисме ба истилоҳоти байналмилалӣ. Ҳатто яке дуистилоҳаро ҷонибдорӣ кардааст. Раҷабалӣ Файзуллоев, як корбари фаъоли гурӯҳ бошад, навиштааст: “Ҳоло бештари хонандагон ба маънои сарфу наҳви форсӣ сарфаҳм намераванд, таҳлили фонетикӣ, морфологӣ ва синтаксисӣ гуфтан хубтар аст [7].
Устод Сулаймон Анварӣ бошад, баробари ҷонибдорӣ аз ҳамқадами замон будан, чунин назар дорад, ки дар корбурди истилоҳот ба суннату анъанаи гузаштагон низ бояд такя карданро аз хотир набарорем [20, с.36].
Дар баҳси забоншиносон муҳокимарониҳо зиёд шуданд, андешаи ҷолибро устод Сайдамир Аминов иброз намуд. Аз нигоҳи ӯ, эрониҳо ба манфиати таълим ва забон дар истилоҳсозӣ натарсида пеш рафтан мегиранд, мо не. “Маълум аст, ки имло дар асоси принсипҳои фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ-анъанавӣ қабул мешавад, – мегӯяд ӯ. – Аммо бояд ба назар гирифт: танҳо дар асоси принсипи таърихӣ ба назар гирифтани имло қобили қабул нест. Зеро пояҳои принсипи таърихӣ тадриҷан суст мешаванд, замон пеш меравад, забон ҳам бояд такмил ёбад, забони илмро бояд омӯхт ва омӯзонид, талаффузи мардумро бояд ба инобат гирифт. Дар мактаб унсураҳои таърихи забонро омӯзондан мумкин, аммо таърихи забонро не.” [20, с.36].
Комилан! Ин ба ёд меорад онро, ки гуфтаанд: дар мактаб таълими адабиёт зарур, на таърихи он!
Бо вуҷуди муҳокимарониҳои зиёд, дар мизи мудаввар чанд савол беҷавоб монд. Ташвиши ҳамаамон, ҳамчун муаллиф, муҳаррир, муаллим ва толибилм вазъиятеро пешорӯ қарор додааст, ки ҳар чи зудтар ба як хулоса биёем. Мо борҳо гуфтаем ва боз мегӯем: Мо бояд ҳамонеро муайян кунем, ки муаллим ба бача чӣ гуфтанашро донад. Магар имкониятҳо дар мо каманд? Тавре болотар дидем, чор шеваи интихоб дар ихтиёри мост, пас, чаро аз иштибоҳ намераҳем? Мо агар чун пешванду пасванд истилоҳи тоҷикӣ ёфта тавонем, хуб, зеро на сарфаш тоҷикӣ аст, на морфологияаш. Ва агар на, ба мактаби забоншиносии ҳамзабонон ва ҳатто кишварҳои дигар бояд назар карда, ҳарчи зудтар ба як хулоса биоем.
Масъалаи дигаре, ки баҳси бештарро ба миён меорад, ба матбуот ва аҳли мактабу маориф дахл дорад. Истилоҳи мактаб ба ҳама маълум аст. Ин, ки чанд соли охир он расман ба муассиса табдили ном кард, равшан аст. Технология имрӯз имконияти фарохе барои ибрози назар, ташкили баҳс ва ба даст овардани андешаҳои мухталиф додааст. Ташкили гурӯҳҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҷумла аст. Ин маънӣ аз назари корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам дур намонд. Чунончи, дар гурӯҳи “Дуруст менависем” ин масъаларо Раҷабалӣ Файзуллоев бо номи “Мактаб ё муассиса?” пешниҳоди аъзои гурӯҳ кард ва дар шарҳ ашхоси гуногун назари хешро баён намуданд [28].
Як корбари гурӯҳ бо ному насаби Кароматулло Аслонов (Karomatullo Aslonov) аз он нигаронӣ дорад, ки насли имрӯз мафҳуми “мактаб”-ро нашунида, калимаи англисии «school»- ро чӣ тарҷума мекарда бошад?! “Як фикр кунед. Вақте ки «мактаб» нест, «томактабӣ» аз куҷо пайдо мешавад?”- мепурсад ӯ [28].
Дар гурӯҳи “Ахбори Тоҷикистон” ҳам хулосаи аксарият ба интихоби истилоҳ сари вожаи “мактаб” қарор гирифтааст.
Ба ин баҳс чанд сол пеш рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳам рӯ оварда буд. Муаллифи мақола Файзулло Боқиев (омӯзгори мактаби №5-и деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ), Аълочии маорифи Тоҷикистон басе сода менависад: “Ҳар рӯз шоҳиди чунин гуфтугӯҳо ҳастем: «ба мактаб меравам», «аз мактаб омадам», «мактаб мехонам». Ҳеҷ вақт «ба муассиса меравам», «аз муассиса омадам», «муассиса мехонам» намегӯем ва нахоҳем гуфт. Таркибҳои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои мактабӣ, муассисаҳои таълимӣ зебову шинам сохта шудаанд, ки кӯдакистонҳо (боғчаҳо), мактабҳои миёна ва олӣ дар назар дошта мешаванд. Дар ҳамаи фарҳангҳо, аз ҷумла дар фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи мактаб ҷойи омӯзиши бачагон шарҳ ёфтааст.” [6]
Муаллиф аз он ки устод Айнӣ бо ин калима чӣ тавр шеъри хубе навишта буданд, бо қаноатмандӣ ёд мекунад ва дар анҷом менависад: “Хайрият, ки дар ҳамаи даромадгоҳи мактаб бо ҳарфҳои калон «Салом, мактаб!» овеза кардаем, агар «Салом, муассиса!» нависем, он гоҳ боиси ханда ва тамасхури дигар ҳамзабонҳо хоҳем шуд.” [6].
Маҳз ҳамин гуна нидо аз ҷониби омӯзгори ноҳияи Дӯстӣ
Ҳ.Ғуломов дар рӯзномаи “СССР” бо номи “Мактаббача ё муассисабача?” ба тозагӣ садо дод. Ӯ менависад: «Бачаи мактабхон» гӯянд, дуруст аст, лекин «бачаи муассисахон» мегӯянд? Не! Мо «мактаббачча» мегӯем? Мегӯем! Вале «муассисабачча» мегӯем? Асло на! Зеро хандаовар аст!!!” [8].
Дар тақвияти ин гуфтаҳо чанд мисолро аз забони баъзеҳо дар матбуот овардан мумкин аст. Чунончи: “Суратгузориш аз рафти олимпиадаи дохилимуассисавӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик байни синфҳои 5-6-7-8-9-10 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия…!” [26].
“Озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” қаблан дар се давр- дохилимуассисавӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) ва вилоятӣ, минтақавӣ (шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) доир гардид…” [14, дар тамоми гурӯҳҳои соҳаи маориф ҳам ҳаст].
Баъзе муаллифон дар мақолаҳояшон, ки ба идораи нашрияҳо ворид мешаванд, “беруназмактабӣ”-ро “беруназмуассисавӣ” менависанд, ки хеле нофорам садо медиҳад. Дар ин маврид посухи корбари дигари гурӯҳ Абдулбосит Фазлиддинзода барҷост: “Расман дар ҳуҷҷату санаднигорӣ «муассисаи таълимии таҳсилоти миëнаи умумӣ» пазируфта шудааст, вале корбурди «мактаб», «дабистон», «таълимгоҳ» ва ғайра ҳам мамнуъ нест ва метавон дар мавриди мувофиқ аз онҳо истифода бурд (масалан, мактаби миёна, мактаби олӣ…).” [28].
Воқеан, дар суханрониҳои Президенти кишвар, қонуну конспепсия, мақолаҳои илмиву оммавӣ ва чанде дигар аз истифодаи истилоҳи “мактаб” фосилагирӣ ба назар намерасад. Дар тамоми китобҳои дарсӣ дар дохили матнҳо низ истифодаи “мактаб” фаровон ба чашм мерасад ва мувофиқ ҳам аст, чунончи, дар тамоми китобҳои дарсиву адабиву бадеӣ [12].
- “Забони тоҷикӣ”, синфи 1: — Номи ашёи мактабиро хонед ва онҳоро аз рӯйи тартиби алифбо нависед [4].
- Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои синфҳои 1- 2: Дар навбати аввал шумо бояд роҳи ҳаракати худро аз хона то ба мактаб хуб донед. Ҳангоме ки падару модарон ҳар рӯз шуморо аз хона то дари мактаб гусел мекунанд, диққат диҳед, ки аз куҷо шуморо аз роҳ мегузаронанд [9].
- Математика, синфи 1: Лола аз Азиз калонтар аст. Ӯ мактабхон мебошад [30].
- Санъат ва меҳнат, синфи 1: Мушоҳида: Манзараи атрофи мактабатонро тамошо кунед [1].
- Суруд ва мусиқӣ. Шеъри Н.Розиқ, оҳанги Ё.Сабзанов. Шод ба мактаб равем… [23].
- Таърихи умумӣ. Таърихи дунёи қадим, синфи 5: 11. Хат, маориф ва илми мисри қадим. Ба давлати Мисри қадим амалдорон ва мутахассисони босаводи касбу корашон гуногун лозим буданд. Бинобар ин, дар ин ҷо мактабҳои бачагона кушода мешаванд [10].
- Адабиёти тоҷик, синфи 10: [27]
Ёди айёми ҷунун бар сари ман борад санг,
Кӯдаконро чу зи мактаб касе озод кунад. (Сойиб)
- Асосҳои иқтисодиёт, синфи 11: Дар баробари дигар кишварҳои дунё, ин фан дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таълим дода мешавад [13].
9.Адабиёти тоҷик, синфи 11: Умед аст, ки китоби дарсии мавриди истифода ба шароити кунунии таълиму тадриси мактабҳои миёнаи Тоҷикистон созгор меафтад… [3]
Тавре гуфтем, дар адабиёт комилан истифодаи “мактаб” мувофиқ аст.
Магар аз чунин баён шеър чӣ зарар мебинад:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям,
Одам нашавад магар касе аз мактаб… (Айнӣ)
Ба ин маънӣ калимаи “омӯзгор”, ки шуниданаш хушоянд ҳам аст, “муаллим”-ро иваз кардаву чанд ҳолати нобоби дигарро пешорӯ нишон медиҳад. Ба андешаи мо, аз истифодаи “муаллим” ҷойи гурез набояд бошад, зеро чунин калимаҳо табиати тоҷикиро пурра гирифтаву худӣ шудаанд. (Чунин баҳсу нигарониҳо дар масъалаи истилоҳи “аттестатсия- имтиҳон” низ кам нест.) Дар адабиёт ҳам ҳамин шакл истифодаи муваффақ дорад. Ин маъниро устоди равоншод Баҳриддин Камолиддинов ҳам пайваста таъкид мекарданд. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки аз мактаб гуфтану навиштан дар ҳолатҳои ғайрирасмӣ, аз ҷумла, мақолаҳо, китобу дастурҳо, матбуот, адабиёт, илм, умуман, гуфтору навиштор худдорӣ кардан зарурат надорад. Талабот шуд, масъулини вақт дар номгузории расмӣ чунин тағйирот ворид карданд, аммо муҳим нест, ки мо ҳангома барпо кардаву ифодаҳоро сунъӣ истифода барем. Аз истилоҳи “мактаб” ё “муаллим” истифода бурдан дар мавридҳои болозикр ҳеч зараре ба забон намерасад. Пешвои миллат дар суханронияшон дар Рӯзи забон ҳанӯз соли 2007 барҳақ, гуфта буданд: «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои таҳияи китобҳои дарсӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти онҳо тадбирҳои ҷиддӣ бояд андешид.» [23].
Вақте дар барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии мактабҳои миёна якрангии истилоҳот нест, ҳам нуфузи забон коста мешавад ва ҳам эътибори ниҳодҳои дахлдор. Устод Сайдамир Аминов бамаврид гуфтаанд: “Истилоҳоти дар барномаҳои таълим зикргардида бояд тавре ки ҳастанд, дар ҳамон шакл ба хонандагон таълим дода шаванд. Зеро гуногунии истилоҳот кори таълимро душвор сохта, хонандагонро ба раҳгумӣ мебарад.” [2].
Пас, моро ҳам мебояд ба хотири рушду нумуи забонамон пайванди мантиқиро миёни илм ва таълим устувор гардонем ва бо интихоби дуруст ва ҳамдастӣ тамоми алоқамандонро аз гумроҳӣ берун карда, бо гиромидошти анъанаҳои пешин ва омӯзиши навгониҳои замон дар ғанӣ гардондани забони худ, бахусус, забони илму истилоҳот нақши сазовор гузорем.
Рӯйхати адабиёт
- Абдуллоев И. ва диг. Санъат ва меҳнат, китоби дарсӣ барои синфи 1. Душанбе: “Маориф”; 2018. — 96 с.
- Аминов С. Истилоҳоти забоншиносӣ дар дастурҳои таълимӣ // Ҳафтаномаи “Омӯзгор”, №9, 4 марти соли 2021.
- Асозода Х., Кӯчаров А. Адабиёти тоҷик китоби дарсӣ барои синфи 11. — Душанбе: “Маориф”; 2018. — 400 с.
- Байзоев А. Забони тоҷикӣ, китоби дарсӣ барои синфи 1. Душанбе: “Маориф”; 2018. — 192 с.
- Бобомуродов Ш, Мухторов З. “Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ”. Душанбе – 2016. — 428 с.
- Боқиев Ф. Мактаб ё муассиса? // Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №:161, 10.08.2016.
- Ғафуриён Н. Баҳси истилоҳ. // Гурӯҳи “Маорифи Тоҷикистон”// https://www.facebook. com.
- Ғуломов Ҳ. Мактаббача ё муассисабача? http://cccp.tj, 28 январ, 2021.
- Зайниддинов Н.С., Мунавваров Ҳ.Ҳ. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, китоби дарсӣ барои синфи 2. Душанбе: “Маориф”; 2017. — 72 с.
- Зиёзода Т. Таърихи умумӣ. Таърихи дунёи қадим, китоби дарсӣ барои синфи 5. Душанбе: “Маориф”; 2017. — 272 с.
- Зулфониён Р. Мушкилоти истилоҳнигорӣ роҳи ҳалли худро меёбад.http://kumitaizabon.tj.
- Китобҳои дарсӣ. // Сомонаи интернетии // URL: http://maorif.tj.
- Мирбобоев Р. ва диг. Асосҳои иқтисодиёт китоби дарсӣ барои синфи 11. – Душанбе: “Собириён”; 2015. — 192 с.
- Мирзо С. Даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли 2020”. Гурӯҳи “Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”. https://www.facebook. com.
- Мирзо Ҳасани Султон. Истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ тоҷикӣ. Душанбе: “Эр-граф”; 2019. — 93 с.
- Набиева С. Монеаҳоро рафъ мебояд // Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №149, 12.11.13.
- Набиева С. Забонро аз нотавонӣ бираҳонем // Суҳбати ҷонпарвари «Омӯзгор» (Маҷмӯаи мақолаҳо) //Душанбе: «Шуҷоиён»; 2011 — 149 саҳ.
- Набиева С. Пайкори афкор// (Андеша, нақд, таҳлил, пешниҳод)// Душанбе: «Адиб»; 2016 — 320 с.
- Набизода С. Ҳаркиву ҳарчӣ дар забон зиёд шуд, чаро? // Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», №8, августи соли 2020- 64 с..
- Назарзода С. Забон ва истилоҳот. // Душанбе, 2018. — 148 с.
- Нуралиев Н., Фазл С., Охунзода Н. Имло аз иштибоҳ роҳи наҷот меҷӯяд // Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», №6, июни соли 2017- 72 с.
- Нуров П. “Истилоҳшиносӣ”. Душанбе – 2018. — 134 с.
- Обидпур Ҷ. Суруд ва мусиқӣ барои синфи 1. Душанбе: “Собириён”; 2007. — 112 с.
- Раҳмон Эмомалӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон 21 июли соли 2007. http://kumitaizabon.tj.
- Раҳмон Эмомалӣ. Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 05.10.2010 // // URL: http://prezident.tj.
- Суратгузориш. // Гурӯҳи “Маорифчиён” // URL: https://www.facebook. com.
- Тоиров У. ва диг. Адабиёти тоҷик, китоби дарсӣ барои синфи 10. Душанбе: Маориф; 2018 — 336 с.
- Файзуллоев.Р. Мактаб ё муассиса? // Гурӯҳи “Дуруст менависем // URL: https://www.facebook.com.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1. Нашриёти “Советская энсиклопедия”. — М., 1959. — 951 с.
- Шуайбова О. ва диг. Математика барои 1-ум. Душанбе: Маориф, 2018 — 160 с.
МУШКИЛОТИ ИСТИЛОҲ ВА ХУЛОСАҲО АТРОФИ ОН
Дар мақола муаллиф дар робита ба масъалаи истилоҳот дар грамматика ва соҳаи маориф, ягонагии он дар таълим таваҷҷуҳи бештар намудааст. Зикр шудааст, ки бо такя ба манобеи мавҷуда бояд сари хулосаи асосӣ омада, омӯзгорону муаллифон ва хонандагонро аз иштибоҳ раҳо намоем.
Калидвожаҳо: истилоҳ, грамматика, истилоҳсозӣ, таълими истилоҳ, барномаи таълим, китоби дарсӣ, сифати таҳсилот, соҳаи маориф.
E-mail: saida40@inbox.ru, Teл.: (+992) 93-514-38-01
ПРОБЛЕМЫ ТЕРМИНОВ И ИХ ВЫВОДЫ
В статье автор уделяет больше внимания проблеме терминов в грамматике и системы образования, его единства в обучении. Было отмечено, что, опираясь на имеющиеся ресурсы, необходимо прийти к основному выводу и избавить преподавателей, авторов и студентов от грубых ошибок.
Ключевые слова: термин, грамматика, творческие термины, обучение терминов, учебная программа, учебник, качество обучения, система образования.
E-mail: saida40@inbox.ru, Teл.: (+992) 93-514-38-01
PROBLEMS OF TERMS AND THEIR CONCLUSIONS
In the article, the author pays more attention to the problem of terms in grammar and the educational system, its unity in teaching. It was noted that, relying on the available resources, should come to the main conclusion and save teachers, authors and students from mistakes.
Key words: term, grammar, creative terms, term learning, curriculum, textbook, teaching quality, education system.
E-mail: saida40@inbox.ru, Tel.: (+992) 93-514-38-01