
Барои ноил шудан ба тафаккури миллӣ ва давлатӣ дар ҷаҳони мутараққии муосир, аз ҷиҳати иқтисод рушдёбанда, омили аз ҳама муҳимтарин ташкил намудани системаи амалкунандаи инноватсионии рушд (САИР)-и маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яъне САИР гуфта, системаеро меноманд, ки дар асоси он кӯдаки 7-сола замоне ки ба синфи 1-ум қабул мегардад, (бахусус, дар мактабҳои миллӣ) ва то синфи чорум хату савод меомӯзад, пас аз он дар доираи талаботи мактабҳои олии касбӣ (МОК), маълумоти олӣ, касбомӯзӣ, инчунин, мутахассиси соҳа шудан, толибилми мактаб траектория ва амалкарди САИР-ро бинад ва ё лоақал тасаввур кардан тавонад.
Аз ин ҷо хулоса бояд намуд, ки низоми ҳозираи таълим, яъне низоми кредитии таҳсилот бо параметрҳои бунёдиашро аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври системавӣ ҷорӣ намудан лозим аст.
Барои оне ки муҳассилин дар МОК таҳсил намуда, мутахассис, соҳибкасб, шахси маълумоти олидор ҳамчун қувваи фаъоли корӣ тарбияву баркамол расад, зарур аст, ки:
- Чунин муҳассилин (бахусус, дар мактабҳои миллӣ) аз осор ва навиштаҷоту асарҳои илмии олимон, нависандагон, файласуфон ва ихтироъкорони соҳаҳои гуногуни ҷудогонаи имрӯз ва гузаштаи миллатамон, халқиятҳои ҳамзабону ҳамфарҳангамон, тоҷику-форс ба таври кифоя баҳравар гарданд.
- Ҳангоми соҳибмаълумот шудан ва ё ҳамчун мутахассиси соҳаҳои ҷудогона дар истеҳсолоту корхонаву муассиса мавқеъ пайдо намудан, ба таври зарурӣ аз рафторҳои ахлоқии ҷаҳоншумули миллати тоҷик, ки реша дар асрҳо дорад ва барои ҷаҳониён ҳамчун сарчашмаи илм, фарҳанг, тамаддун, пешравӣ ва тараққикардани онҳо заминагузор будем, огоҳ буда, чунин рафторҳои наҷиби фарҳангофар одатҳои ҳаррӯзаи ҳаёт ва кору фаъолияти муҳассилин бошанд.
- Хеле зарур ва ногузир аст, ки мутахассиси ба камолрасидаистода аз курси аввали дар МОК таҳсил намудан, бояд дар сар фикри онро парварад, ки бо ин маълумот ва касби худ барои оила, меҳан, давлат ва миллат чи андоза манфиат оварда метавонад.
- Дар замони рушди босуръати технологияи коммуникатсионӣ ва тазодҳои хеле мураккаби иқтисодӣ, муҳассилини МОК ва ё мутахассиси ояндаи кишвар дарк намояд, ки бо ин маълумоти олӣ, касб ва шуғли худ ё ҳунари хизматрасонӣ чи миқдор арзишеро аз ҷиҳати маънавӣ (интеллектуалӣ) ва ҳам иқтисодӣ фоидаовар ба ҷомеа пешниҳод менамояд ва барои инкишофи мунтазами доираи касбӣ таъсиргузор бошад.
- Кифоя аст, дарк намоем, ки дар асри XXI ва солҳои оянда талабот ба донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ, соҳибмаълумот шудан хеле печидатар аз он мегардад, ки то солҳои охири асри XX мавҷуд буд. Зеро барои як шахс дар ҷомеа бе чуну чаро лозим меояд, ки дар муддати ҳаёти худ се ё чаҳор ва аз он зиёда касбу фаъолияти худро иваз намояд.
- Пас аз ин параметрҳои кифоягии муҳасиллини МОК (мутахассиси оянда), ки дар ин ҷо номбар карда шуд (шояд зиёдтар аз ин низ будан метавонад, аммо дар марҳилаи аввал, яъне аз 4 то 7 сол муаллиф кифоя меҳисобам) хулоса намудан лозим аст, ки чи тавр ба ин пешравиҳо ва амалкардҳои кифоягӣ ноил мегардем, ё аз тарафи дигар соҳаи маориф ба яке аз муҳаррикҳои асосӣ ва хеле марказии давлат табдил ёбаду дар самти худшиносӣ, тафаккури миллӣ, эҳтирому риояи арзишҳои миллӣ барои равнақу ривоҷ додани илм, адабиёт, маънавиёт, фарҳанг, технология, навоварӣ, инчунин, дар самти санъат ва ҳунаромӯзӣ асолати худро бо дарназардошти дурнамои ҷаҳоряк аср бо такя ба натиҷаҳои мунтазам ва бигузор ками миқдоран, вале сифатан арзишманд ва пойбарҷо иҷро намуда, роҳандозӣ намояд.
Бо умеди амалӣ шудани шартҳои кифоягии иброзшуда ва дар доираи САИР назоратгардидаву батанзимдаровардашаванда зарур аст:
- Гузариш аз курс ба курс бо истифодаи барномаҳои автоматизатсияшудаи самти таълим бо риояи GPA-и бадастовардашуда аз тарафи донишҷӯ дар МОК кишвар қатъиян ва шаффоф риоя карда шавад ва донишҷӯёне, ки GPA-и муносибро дар як соли таҳсил ба даст оварда наметавонанд, такроран тибқи муқаррароти муассисаи олии касбӣ ва низомномаи таҳсилоти кредитӣ фанҳои таълимиро аз худ намоянд ва барои супоридани имтиҳонҳои гузариши семестрӣ омода гарданд.
- Дар САИР бахши алоҳидаи таҳияи консепсияи дурнамои рушди маориф ва аттестатсияи устодону омӯзгорони МОК, ки аз 10 то 40 сол собиқаи кории мунтазам дар самти омӯзгорӣ ва ё умуман сохторҳои мактабҳои олӣ доранд, таҳти амалкард қарор гирад. Яъне ҳангоми таҳияи ин консепсия бо дарназардошти собиқаи кории зикркардашуда ва таҳлили обеъктивии қисматҳои нақшаи инфиродии омӯзгор ҳар 5-сола аттестатсияи шаффоф, обективӣ бо истифода аз воситаҳои барномаҳои муосири аттестатсиягузаронии технологияи комуникатсионӣ ташкил намудан зарур аст ва устодону омӯзгороне, ки ҳар панҷсола ба интервали (10 то 40) сол шомил мегарданд, бо дарназардошти ҷавобгӯ ба талаботҳои аттестатсия, ки дар консепсияи дурнамои рушди сифати маориф дарҷ гардидааст ва ё дарҷ мегардад, таҳти таҳлил ва муқоиса қарор дода шавад.
- Зарур аст, ки дар баробари дигар табақаҳои ҷомеаи кишвар, самту фаъолиятҳои гуногуни муҳими давлатӣ аз имтиёзҳо баҳравар гардидаанд, омӯзгорон ва устодони аз намуди аттестатсияи дар боло зикршуда, комёб гардида (дар мадҳи аввал МОК) низ дорои имтиёзҳои зерин гарданд:
- ба таври муваққатӣ аз 4 то 7 сол бо хонаи истиқоматии давлатӣ ва ё соҳавӣ таъмин гарданд.
- бо дарназардошти миқдори чанд нафар дар оила (болиғ ё ноболиғ, хонандаи мактаб, донишҷӯ, коргар (бекор ё муҳоҷир)) то 50% аз ҳаққи пардохтҳои коммуналӣ ё расмиёти ҳатмии пардохтҳои буҷавӣ, ба монанди ҳаққи истифодаи оби нӯшокӣ, партов, андози манзил, фонди манзил, роҳкирои нақлиётҳои мусофирбар ва моҳе як маротиба хизматрасониҳои 50% арзони намоишҳои театр, синамо ва сирки давлатӣ барои ин қабил омӯзгорон дар муддати 4 то 7 сол озод карда шаванд.
- аз тарафи Тоҷикматлубот ва ё сарчашмаҳои дигари таъминкунандаву хизматрасон 10 номгӯи маводи ғизоии босифати ниёзи аввалия (аз қабили орд, равған, гӯшт, биринҷ, шакар, намак, лӯбиё, сабзӣ, пиёз ва яке аз маҳсулоти ширӣ) то 50% ба таври обективӣ ва назорати ҷиддии сифат таъмин карда шавад.
- барои чунин омӯзгорон ва устодон нишони махсус (бо шаҳодатнома ё мадраки махсус) таҳия ва сарфароз гардонида шаванд, ки дар баланд бардоштани мавқеи омӯзгор, ки бешак, роҳбарони ояндаи ҷомеа ва миллатанд, рӯҳияи касбии онҳо, дар таълиму тарбияи насли наврас ва амалӣ сохтани ормону андешаҳою рафторҳои миллӣ такони ҷиддиест.
- Қадами 4-уми зарурӣ, зуд-зуд тағйир надодани барномаву нақшаҳои таълимии МОК, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳаи маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки соҳаро танзим менамояд. Кифоя аст, ки вобаста ба зинаҳои имрӯзаи таҳсилот аз 4 то 7 сол ин санадҳо, барномаву нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ роҳандозӣ карда шаванд. Дар натиҷа беҳтарин нишондиҳандаҳои сифати таълим арзёбӣ, лоиқи идома ва амалкард қарор гиранд. Инчунин, нишондиҳандаҳои паст ва ё ғайри манфиатнок тағйир дода шаванд.
- Инчунин, аз таҷрибаи дигар давлатҳо ва ҳатто донишгоҳҳои алоҳидаи ҷаҳон истифода намуда, дар фосилаи (5-10) сол дар байни МОК Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи сиклии шартномаи меҳнатии дарсгузаронии устодон ва омӯзгорони аз ҳамин аттестатсия гузашта (дорои нишон ва шаҳодатнома)-ро дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба роҳ мондан зарур аст. Ин раванди тадрисро оҳиста-оҳиста дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ҷорӣ намудан ба манфиат мебошад.
- Ҳамаи ин зарурат аз бандҳои дурусту обеъктивии дурнамои аниқи зарфиятҳову параметрҳои консепсиявии дуюм ва шафофияти одилонаи сеюм вобастагӣ дошта, натиҷаи он мушаххас аст.
Муаллиф боварии комил дорад, ки агар САИР бо чунин модел дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти амалкард қарор гирад ва ё мумкин аст ин монанд системае кор карда истодааст, ки банда аз он огоҳ нест, вале бо дарназардошти татбиқи параметрҳои зарурии дар ин мақола пешниҳодшуда, моро ба ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ ва иҷрои рисолати марказии худ дар назди наслҳои оянда ба амалӣ гаштани умеду интизориҳои некбинонаи Сарвари давлат ва нақшаҳои дар пешгузоштаи Ҳукумати мамлакат вобаста ба сифати таҳсилот дар самти маориф, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар (21/12/2021) ироа гардид, наздиктару ҳадафманд менамояд.
Алишер ЭШОНҚУЛОВ –
мудири кафедраи технологияи
иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ