
Ба роҳ мондани таълими дуруст ва босамари фанҳои ҷомеашиносӣ дар муассисахои таҳсилоти умумӣ яке аз роҳҳои ҳалли вазифаҳои душвор дар назди ҷомеаи тозаистиқлоли мо буда, пеш аз ҳама, ба сифат ва сатҳи дурусти китобҳои дарсӣ вобаста аст. Маҳз, китобҳои дарсии тибқи талаботи ҷомеаи муосир таълифгардида ба омӯзгор имкон фароҳам меоранд, ки раванди таълимро дуруст ба роҳ монда, дар ҳалли вазифаҳои гузошташуда комёб гардад.
Мазмуни китобҳои дарсӣ бояд дар заминаи тозатарин дастовардҳо ва падидаҳои илмию назариявӣ мураттаб гарданд. Таҳқиқу омӯзиши китобҳои дарсӣ ва вохӯриҳо бо омӯзгорони макотиби миёнаи умумии ҷумҳурӣ муайян менамоянд, ки муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба хусус китобҳои дарсии таърих, хуқуқ ва инсон ислоҳталабанд, яъне ҷавобгӯйи талаботи стандартҳои таълим набуда, ниёзи хонандагони макотибро қонеъ гардонида наметавонанд. Тарбияи ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ташаккули рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию таърихӣ аз ҷумлаи чунин вазифаҳои муҳимми макотиби имрӯза мебошанд. Ташаккули шахсияти босалоҳият, ки тавонад дар рушди ҷомеа саҳм гузорад, аз вазифаҳои муҳимми фанҳои ҷомеашиносӣ дониста мешавад. Дар Консепсияи китобҳои дарсӣ пешниҳод гардидааст, ки сифати таълими фанҳои ҷомеашиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси технологияи муосири таълим бо назардошти ташаккули салоҳиятҳои хонандагон мутобиқи талаботи стандартҳои давлатии таълим, ба инобат гирифтани синну соли хонандагон ба роҳ монда шавад. Боиси тазаккур аст, ки ба роҳ мондани ҷараёни таълими ин фанҳо на танҳо дар асоси омода намудани барномаи таълим, китобҳои дарсӣ, васоити таълим, роҳнамою дастурҳои методӣ барои муаллимон, маҷмӯаи харитаҳо замимаҳои электронӣ бояд сурат гирад, балки ташкили фазои ягонаи илмӣ ва таълимӣ дар интернет низ бояд ба назар гирифта шавад. Масалан, дар ҷараёни таълими фанни таърихи халқи тоҷик фазои ягонаи сиёсиву фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик ташкил карда шавад.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тарбияи ватандӯстии ҳар як хонанда мебошад. Ватандӯстӣ тарбияест, ки дар натиҷаи он шаҳрвандон Ватани худро дӯст дошта, баҳри дифоъ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он софдилона заҳмат мекашанд. Яке аз омилҳои муфид барои тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ ва дуруст ба камол расонидан тибқи муносибати босалоҳият ба роҳ мондани таълими фанни «Таърихи халқи тоҷик» мебошад. Ба туфайли соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, хушбахтона, омӯзиши таърихи миллат, Ватан ва мақоми он дар ҷомеа вазифаи муҳимми таълим ҳисобида шудааст. Воқеан, таърих хотираи инсон мебошад. Бинобар он, ҳар як фард бидуни омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати буму ҷомеаашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад. Яъне, инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумонаш ноогоҳ монда, чун махлуқи одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Имрӯз, ки мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихиии хеш ниёз дорад, вазифаҳои маводи таълим низ бояд чунин бошанд:
- барои ба даст овардани дониши мустаҳками таърих мусоидат намояд; тасаввурот ва ҷаҳонбиниро дар бораи марҳилаҳои асосии рушди давлати сермиллати Тоҷикистон ташаккул дода тавонад; таърихи халқи тоҷик ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таърихии ҷаҳон нишон дода шавад.
Зимни таълифи китобҳои дарсӣ аз фанни таърих, бахусус “Таърихи халқи тоҷик”, чунин нуктаро бояд муҳим донист. Ҳадафи асосии таълими таърихи миллат дар хонандагон бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба Ватану миллат, эҳтироми беандоза ба гузаштаи мутамаддину арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд тайёр бошад, ки ҳангоми зарурат дар кишварҳои дигар таъриху фарҳанги ғании халқи худро муаррифӣ намояд ва нишон дода тавонад, ки имрӯз ӯ номбардори сазовори ин миллати фарҳангофар мебошад. Мо бояд аз дирӯзи дурахшони худ ифтихор намоем ва имрӯзи худро чунин бисозем, ки он боиси ифтихор бошад.
Имрӯз ҳар як хонанда вазифадор аст, ки бо кумаки амалии омӯзгорон таърихи Ватанро аз нигоҳи нав омӯзад. Дар рафти омӯзиш бояд пеш аз ҳама, ба омилҳои зерин диққати махсус дода шавад:
- аз худ кардани таҷрибаи муфиди таърихӣ; таҳлили объективонаи мушкилиҳо, камбудиҳо ва каҷравиҳо дар гузашта; равшану возеҳ донистани вазифаҳои имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон.
Маълум аст, ки қарни XXI дар миқёси ҷаҳон дар назди шаҳрвандони ҷумҳурӣ масъалаҳои ҷиддие мегузорад, ки барои ҳалли онҳо шаҳрвандон бояд таърихи худро хуб дониста, дорои маданияти баланди умумӣ-сиёсӣ, ахлоқи ҳамида, ватандӯстии ҳақиқӣ, меҳнатдӯстӣ, хушахлоқӣ, муборизи тантанаи арзишҳои умумибашарӣ бошанд. Танҳо омӯзиши сабақандӯзонаи таърих, расидан ба қадри давлати миллӣ ва дигар арзишҳои волои халқамон кумак мекунанд, то беадолатиҳое, ки нисбат ба халқу миллат ба вуқӯъ омадаанд, такрор нагарданд. Он захмҳое, ки дар сароғози бунёди давлати шӯравӣ аз табартақсими ҳудуди таърихии тоҷикон бар қалби миллати мо пайдо шуданд, ҳанӯз шифо наёфтаанд. Ба ин маънӣ донишманди испанӣ Ҷорҷ Сантан хеле хуб гуфтааст: «Ононе, ки аз таърих дарс намегиранд, маҳкум ба такрораш мебошанд.”
Таваҷҷуҳи мавзӯи асосии илмҳои ҷомеашиносӣ ба фарогирии ҳастии ҷомеаи инсонӣ марбут аст. Аз соири илмҳои дигар ҷомеашиносӣ бо он фарқ мекунад, ки дар омӯзиши ҷомеа аз ҳама бештар ба вижагии сифати муносибати байни одамон ва мақоми дар он ишғолкардаашон диққат медиҳад. Зеро бо ҳалли ин масоил инсон имкони дарёфти ҷавоби он суолҳоеро, ки ӯ пайваста оид ба сабаби барқарор намудани ҷомеа, зарурати он, гуногуниии мақсадҳои ишғолкардаи одамон дар он, нобаробарии таъмини ниёзи моддиву маънавӣ ва ғайра аз худ медиҳад, ба даст меорад. Аз ин рӯ, ин фан ҷомеаро на иборат аз ҷамоаи механикии одамон, балки ҷузъҳои бонизоми байни худ ба муносибати гуногунсатҳ воридгаштае медонад, ки тағйири онҳо боиси дигаргуниҳо дар робитаҳои иҷтимоӣ ва мақоми дар ҷомеа ишғолкардаи одамон мегардад.
Омӯзиши фарҳанг низ дар рушди худшиносии миллӣ, ҳувият ва ҷаҳонбинии хонандагон нақши бориз дорад. Омӯзиши фанни «Фарҳангшиносӣ» барои фарогирии заминаҳои фарҳангӣтаърихии тамаддуни миллӣ ва муосир бо назардошти ташаккули ҳадафмандии самтгирии фарҳангиву башардӯстонаи хонандагон ва аз ин роҳ ҷиҳати такмили маънавии онҳо дар давраи ҷаҳонишавӣ равона гардидааст. Фанни мазкур барои ба даст овардани дониши амиқ перомуни махсусиятҳои фарҳангии ҷомеа, фазову мароми фарҳангӣ, типҳову шаклҳои фарҳанг, ҳамчунин, барои рушди дарки ахлоқиву зебоишиносии омӯзандагон ва барангехтани таваҷҷуҳи он ба фарогирии мероси гаронбаҳои фарҳанги ҷаҳонӣ тахсис дода шудааст. Хусусиятҳои башардӯстии инсониятро танҳо тавассути омӯзиши таърихи фарҳанг дарк кардан мумкин аст. Чунин ҳолат боз як дафъа ба ягонагии равандҳои омӯзиши фарҳангшиносӣ ва башарисозии таҳсилот таъкид мекунад. Инсон дар даврони тағйироти доимии фарҳанг зиндагӣ карда, ягонагии умумибашариву ҳамешагии фарҳангро дарк мекунад. Шароити фарҳангӣ тақозо менамояд, ки инсон ҳамеша суннатҳои башарии гузаштаро фаро гирад. Бо ин робита донишҳои башарӣ дар асл фарҳангсозии инсон ба шумор меравад. Ягон соҳаи дигари илмҳои муосир ба ҷуз фарҳангшиносӣ ҳама зуҳуроти васеъ ва гуногунҷанбаи инсонро фаро гирифта наметавоанд. Зеро маҳз бо кумаки мафҳуми «фарҳанг» ҷомеаҳои инсонии дар фосилаҳои дурбуда дар доираи башарии «мо» шомил гардида, ба маърази намоиш гузошта мешаванд. Фарҳангшиносии муосир бояд он хатоиеро, ки аз набудани маълумоти классикӣ ба вуҷуд омадааст, пур кунад. Зеро бидуни маълумоти гуманитарии классикӣ дарки фарҳанг, ба вижа фарҳанги умумибашарӣ, ғайриимкон аст. Ва ин рисолатро танҳо фанни «Фарҳангшиносӣ» пешкаш менамояд, дигар фанҳо дода наметавонанд. Омӯзиши фанни «Фарҳангшиносӣ» ба ҳайси назария ва таърихи фарҳанг асос ва пояи тамоми донишҳои башарӣ маҳсуб мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ибтидои муттаҳидсозии фарҳангиро дар суннатҳои ғании гуманизмӣ бояд ҷустуҷӯ кард. Равандҳои рушди фарҳанг ба он оварда мерасонанд, ки бузургиву ҳашамат, накуӣ, зебоӣ, хирадмандӣ низ инкишоф ёбанд. Илми фарҳангшиносӣ ҳусни тафоҳумро дар ҷомеа мусоид сохта, барои пойдории некӣ, зебоӣ, ҳамоҳангӣ, инсонпарварӣ хизмат кунад ва роҳи дурусти ҷавобгӯйи рӯҳи замонро дар омӯзиши равандҳои ҷомеа ҷустуҷӯ менамояд. Таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ симои ягонаи инсониятро тасвир карда, онро ба шӯру шавқи эҳёи манфиатҳои арзишҳои башарӣ мутобиқ мекунонад. Шоҳкориҳои бадеӣ, андешаҳои фалсафӣ, кашфиёти илмӣ урфу одатро ба таври озод, бидуни муқобилгузории куҳнаву нав мутараққиву иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки дар онҳо ба таври ҳайратангез навъҳои гуногуни фарҳанг ҳамчун амали шахсии инсон ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Яке аз донишҳои барои ҷомеа зарур дониши ҳуқуқӣ мебошад ва маҳз аз мактаб оғоз намудани омӯзиши ин дониш натиҷаи назаррас ба бор меорад. Дар ҷомеа зистан, фаъолият кардан, мубодилаю муомила кардан бидуни дониши ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Зеро, агар шахс аз донишҳои хуқуқӣ бархӯрдор набошад, мақому манзалат ва масъулияти худро дар ҷомеа дарк карда наметавонад. Маҳз қонун танзимкунандаи низоми ҷомеа мебошад ва дониши ҳуқуқӣ ба инсон имкон медиҳад, ки қонунҳои мавҷудаи ҷомеаро бидонад, мувофиқи таълимоти онҳо кору фаъолият намояд ва воқеан инсони огоҳ буданро нишон диҳад. Бесаводии ҳуқуқӣ оқибатҳои манфӣ дорад ва шахс дар ҷомеа худро дифоъ карда наметавонад, ба чӣ ҳуқуқ доштани худро намедонад ва пеш аз ҳама озодии худро аз даст медиҳад. Барои шахсият шудани хонандагон ва минбаъд дар ҷомеа фаъолияту зиндагӣ намудани онҳо омӯхтани донишҳои ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Зимни таҳияи китобҳои дарсӣ аз фанни ҳуқуқ пеш аз ҳама, ҳадаф ба он бояд равона карда шавад, ки хонандагон аз меъёрҳои ҳуқуқии дар ҷомеа амалкунанда бархӯрдор бошанд. Бархӯрдор будан аз донишҳои ҳуқуқӣ худогоҳии ҳуқуқии ҳар як фард аст ва он имкон медиҳад, ки кас озодии нисбии худро таъмин намояд. Ҳадафи асосии таълиму тарбия дар ин самт барҳам задани хислатҳои манфии инсоният ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми ҳидоят ва даъватҳои таълим дар мактаби муосир тақвиятбахшанда барои бартараф кардаи васваса ва заифиҳои инсоният, ки аз табиати худи ӯ, арзишҳои ахлоқӣ, зеҳнӣ, ба хотири рушди ирода, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бармеояд, нигаронида шудааст. Таъкиди равоншиноси маъруф Уиллям Ҷеймсро ҳаргиз фаромӯш кардан даркор нест, ки мегӯяд: «Такдири мо дар дасти худи мост. Дӯзах, ки дар ҳаёти дунёи дигар дар китобҳои динӣ ёдрас мегардад, на бадтар аз дӯзахест, ки дар ин дунё худамон бо роҳи тарбияи нодуруст дар ҷомеа ба миён меорем».
Дар назди муассисаҳои таҳсилотии ҷумҳурӣ дар айни замон ҳалли як қатор вазифаҳои душвору муҳим меистанд. Мактаби муосир бояд насли наврасро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд ва лаёқату қобилияти ниҳоии онҳоро барои эҷодкорӣ ва навҷӯӣ равона созад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид намудаанд: «Дар марҳалаи кунунии тараққиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаҳои илму маориф, татбиқи васеи дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир, тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи арзишҳои милливу умумибашарӣ, тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва таъмини робитаи амиқи илму истеҳсолот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошанд».
Дар ҳошияи раҳнамоиҳои Пешвои миллат, ба мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 03.12.2020) оид ба дастуру супоришҳо дар самти мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ аз тарафи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар як қатор шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав таҳқиқот гузаронида шуд. Дар рафти сафари хизматӣ мо бо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии мавзеъҳои мазкур ҷамъомаду музокираҳо ба роҳ мондем. Фаҳмондем, ки барои рушди мазмуни таҳсилот муҳтавои китобҳои дарсии мавҷуда, Барномаи таълимӣ ва Нақшаи таълимии амалкунанда мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтанд. Таҳқиқот дар мувофиқа бо мудирони шуъбаҳои маориф ва ҷалби кормандони шуъбаҳо, тариқи ҷамъомадҳо ва дар асоси саволномаҳо сурат гирифт. Дар таҳқиқот дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 нафар омӯзгор аз 200 муассисаи таълимӣ ширкат варзида, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар рафти таҳқиқот зимни музокира ва мусоҳибаҳо бо омӯзгорон муайян карда шуд, ки аксарият аз вазъи китобҳои дарсии амалкунанда, ба хусус, таърихи умумӣ (махсусан таърихи синфи 7), таърихи дин, ҳуқуқ ва инсон, нақша ва барномаи таълим қаноатманд нестанд ва изҳори норозигӣ намуда, аз нав таҳия гардидани ин китобҳоро тақозо намуданд. Эродҳои худро ба таври хаттӣ ва зимни музокираву суҳбатҳо дар мавриди паст будани сифати китобҳо, норавшану хурд будани ҳуруфи чоп, ба синну соли хонанда номувофиқ будани ҳаҷми китобҳо, мувофиқат накардани мавзӯъҳо ба барнома ва нақшаи таълим изҳори андеша намуданд. Аксарияти омӯзгорон иброз доштанд, ки китобҳои дарсӣ ҷавобгӯйи стандартҳои фаннӣ нестанд. Гурӯҳи дигар изҳор намуданд, ки китобҳо хеле душворфаҳм, ҳаҷман калон, вазнашон барои хонанда номувофиқ аст, бо сифати паст нашр шудаанд, ва ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, ба чашми хонанда таъсири манфӣ расонда, дар маҷмӯъ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. 50 дарсади омӯзгорон бар он ақидаанд, ки китобҳои дарсӣ ба талаботи дидактикӣ ҳам ҷавоб намедиҳанд, бинобар ин хонандагонро қонеъ карда наметавонанд, нақлу ҳодисаҳои дар китобҳои дарсӣ овардашуда ба синну соли хонандагон мувофиқ нестанд. Кулли омӯзгорон ҷонибдорӣ аз он менамоянд, ки дар китобҳои дарсии ҷомеашиносӣ ҳатман ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои миллӣ бештар ворид карда шаванд. Ҳамчунон нисбат ба китобҳои дарсии ҷомешиносӣ изҳори ақида намуда, иброз доштанд, ки китобҳо бояд оммафаҳм, ба синну соли хонанда мувофиқ бошанд. Мавзӯъҳои китобҳои ҷомеашиносиро бо талаботи ҷаҳони имрӯза мувофиқ намудан лозим аст. Роҷеъ ба китоби “Таърихи дин” барои синфи 7 ҳамаи омӯзгорон изҳор намуданд, ки забон ва тарзи баёнро осонтар бояд кард, ба синну соли хонанда мувофиқат намекунад. Истилоҳот ва мафҳумҳои дар китоби мазкур нофаҳмо хеле бисёр ворид шудаанд. Дар китоби “Таърихи умумӣ”-и синфи 7 хатоиҳои зиёди имлоиву техникӣ роҳ ёфтаанд. Санадҳои таърихӣ, ҳодисаҳои таърихӣ дар китоб хеле ғалат ва бесаводона дарҷ гардидаанд. Дар китобҳои таърих ва ҳуқуқ калимаҳо хеле душворфаҳм басо фаровонанд. Ҳамаи китобҳои зикршуда ба таҳрири ҷиддии забонӣ ниёз доранд.
Дар заминаи гуфтаҳои боло таъкид бояд кард, ки баҳри беҳдошту баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ китобҳои дарсӣ, ба хусус китобҳои ҷомеашиносӣ, бояд аз тарафи муаллифони баландихтисос таҳия гарданд. Хуб мебуд, ки китобҳоро худи муаллифон менавиштанд, то ки заминаашон тоҷикӣ гардад. Дар асоси китобҳои тарҷумашуда таълим додани фанҳои ҷомеашиносӣ кори носаҳеҳ аст. Аз тарафи дигар, ба забономӯзии хонандагон таъсири номатлуб мерасонад. Дар таълифи китобҳои дарсии ҷомеашиносӣ донишмандони воқеию забондон ва мактабшиносро ҷалб кардан ба манфиати кор мебошад. Ҳамзамон мушовирону омӯзгорони ботаҷриба низ метавонанд, дар ин кор саҳм гиранд. Аз иҷборан таъйин кардани муаллифи китоби дарсии мактабӣ худдорӣ кардан айни муддао мебуд. Китобҳои дарсии нав ҳатман дар қадами аввал як муддат зери озмоиш қарор дода шаванд, беҳтар аст.
Н. НАЗИРОВ – номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, мудири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ,
И. ФАЙЗУЛЛОЕВА – ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ