
Чунонки маълум аст, тафаккури техникӣ ба донишҳои илмӣ ва ба донишҳои мантиқан ва бо тарзи ратсионалӣ (ақлонӣ) бадастомада такя мекунад. Ин мафҳумро бори аввал ба илм муҳандиси рус П. К. Энгелмейер (1855-1942) дар асари худ «Фалсафаи техника» ворид сохта, ду махсусияти онро таъкид доштааст: тафаккури техникӣ шакли фаъоли инъикоси воқеият дар шуури инсон буда, ба маърифати ҳадафнок, бавосита ва умумии воқеият нигаронида шудааст, робита ва муносибатҳои моҳиятии ашё ва зуҳуротро фаро мегирад, аз бунёди эҷодкоронаи ғояҳои нав ва пешбинии ҳодисаҳо ва фаъолиятҳо иборат аст; тафаккури техникӣ амали мантиқиест, ки ба таҳия, эҷод ва истифодаи воситаҳои техникӣ ва равандҳои технологӣ нигаронида шуда, ҳадафи он маърифат ва дигаргунсозии табиат ва ҷомеа мебошад.
[pdf-embedder url=»https://mtojikiston.tj/wp-content/uploads/2021/05/maqolain-4.pdf»]