Бояд тазаккур дод, ки сиёсати давлатии таҳсилот ҷузъи таркибии сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб шуда, сиёсати иҷтимоӣ дар навбати худ, яке аз самтҳои муҳимтарин ва қисми таркибии сиёсати дохилии давлат ба шумор меравад. Ҳадафи ин сиёсат бозтавлиди васеи субъектҳои иҷтимоӣ, ҳамоҳангсозии равобити ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ, ризоияти шаҳрвандиро, ки тавассути қарорҳои давлат, тадбирҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ амалӣ мешаванд, маҳсуб меёбад. Маҳз сиёсати иҷтимоӣ алоқамандии мутақобилаи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеаро баҳри ҳаллу фасли проблемаҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд. Объекти мустақим ва бевоситаи сиёсати давлатии иҷтимоӣ шароити ҳаётии тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Имрӯз беш аз пеш равшан мешавад, ки фаъолият дар соҳаи таҳсилот танҳо яке аз вазифаҳои низоми иҷтимоӣ набуда, балки он ҳамчун моҳияти асосии воқеияти иҷтимоӣ ва муҳаррики равандҳои иҷтимоӣ–фарҳангӣ арзёбӣ мешавад. Маориф метавонад ба таъсиси низоми усулан нави робита ва муносибатҳо дар фазои иҷтимоӣ– фарҳангӣ равона шавад. Дар ниҳояти кор, худи низоми ташкили муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ натиҷаи муҳимми раванди таълим мегардад. Маҳз дар ҳамин пасманзар метавон дар бораи таъсири маориф ба низоми амнияти миллӣ изҳори андеша кард.
Дар илми сиёсатшиносӣ равишҳои гуногуни шарҳу тафсири мафҳуми «сиёсат» вуҷуд дорад: иқтисодӣ, стратификатсионӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, субстансионалӣ, ниҳодӣ, антропологӣ ва ғайра. Барои тадқиқоти мазкур чунин равише созгор аст, ки дар он сиёсат чун раванди омодагӣ, қабул ва амалисозии қарорҳои барои тамоми ҷомеа ҳатмӣ ва муфид тавсиф мешавад. Чунин шарҳу тафсири сиёсат имконият медиҳад, ки муҳимтарин марҳалаҳои тарҳрезӣ ва амалисозии он таҳлил шуда, объектҳо ва субъектҳо муайян гардида, навъҳои гуногуни он арзёбӣ шаванд. Ҳамчунин, дар ҷараёни тарҳрезӣ ва амалисозии қарорҳои сиёсӣ созгории манфиатҳои мухталифи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, таҳияи қарорҳои барои тамоми ҷомеа ҳатмӣ ба амал меояд, ки тавассути ҳокимияти давлатӣ татбиқ мешавад.
Сиёсати давлатии таҳсилот мисли дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ чун фаъолияти ҳадафманд амал намуда, дорои имкониятҳои воқеӣ ва тавонмандии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Давлат, ки соҳиби фишангҳои зарурии ҳокимият мебошад, фаъолияти муштарак ва робитаҳои одамонро ба нақша мегирад, созмон медиҳад ва назорат менамояд. Давлат чун яке аз ниҳодҳои устувори низоми сиёсии ҷомеа ва субъекти пешбари сиёсат, як силсила вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад, ки ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар соҳаҳои дигари бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ амалӣ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки таҳсилот дар кадом соҳаи дониш ва фаъолияти касбие, ки амалӣ нашавад, он бевосита муайянкунандаи сатҳи шуури ҷамъиятӣ, имконияти идораи рушди иҷтимоӣ ва тамоюлоти ин рушд маҳсуб мешавад. Маориф методологияи фарҳангии ҳам шахсияти алоҳида ва ҳам ҷомеаро ташаккул медиҳад. Он ҷараёни иҷтимоиро, ки зери таъсири арзишҳо ва тамоилҳои муайян зоҳир мешавад, муайян менамояд.
Самаранокии фаъолияти инсон дар ҳар соҳаи ҷомеа бо дараҷаи касбият ва малакае муайян мешавад, ки дар ҷараёни таълим ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, касбият аз маҷмӯи тавсифҳои зерини таълим вобаста аст: низоми донишҳо, методологияи аз худ намудани онҳо, малакаи истифодаи амалӣ. Мушкилоти таъмини кишвар бо мутахассисони баландихтисоси зарурӣ ҷиҳати суръатбахшӣ ба рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва бозтавлиди манбаъҳои миллии зеҳнӣ фақат яке аз вазифаҳои таркибии низоми маориф дар таҳкими амнияти кишвар мебошад. Феҳристи чунин вазифаҳо васеътар аст, чунки сухан на танҳо дар бораи таҳсилоти касбӣ, балки дар бораи тарбияи комплексии насли навраси ҷумҳурӣ меравад, ки бояд манфиатҳои кишварро дар ҷаҳони босуръат тағйирёфтаистодаи саддаи XXI ҳимоя намоянд.
Дар ҷаҳони муосир маориф яке аз омилҳои муҳимтарини таъминкунандаи рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва ташаккули ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Тавре ки амалияи кишварҳои пешрафта собит месозад, маҳз маориф ҷавобгӯи манфиатҳои миллии давлат, ҷомеа ва шахсият мебошад.
Алҳол дар кишварҳои пешрафта раванди бо ҳам мувофиқасозии ҳадафҳои маориф ва дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ, аслан, зимни тарҳрезӣ ва амалисозии сиёсати давлатии таҳсилот татбиқ мешаванд. Сиёсати мазкур, дар навбати худ, бояд самти муҳим ва ҳадафноки сиёсати ягонаи давлат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ қарор гирифта, ҳамчунин, бо дигар намудҳои сиёсат: иқтисодӣ, экологӣ, ҳарбӣ ва ғайра ҳамоҳанг шавад. Ҳамин тавр, ҳадафҳои маориф бо ҳадафҳои таъмини амнияти миллӣ дар сатҳи давлатӣ мувофиқ карда мешаванд.
Аммо саволе ба миён меояд, ки оё худи низоми маорифро метавон чун таҷассуми суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа баррасӣ кард, ки дар маҷмӯъ асоси амнияти миллиро муайян менамояд? Бояд зикр намуд, ки баъзе муаллифон (аслан, пайравони назарияи конфликт) худи маорифро чун таҷассуми ихтилофи гурӯҳҳои гуногун баррасӣ мекунанд. Низоми маориф бошад, чун саҳнаи нобаробарии иҷтимоӣ ҷилвагар мешавад, чунки арзишҳое, ки дар низоми таълими муқаррарӣ талқин мешаванд, аз он чи ки дар мактабҳои элитавӣ таблиғ мешавад, фарқ мекунанд. Ин ҷо бархӯрди ҳадафҳои маориф чун зернизоми мустақили ҷомеаи демократии маданӣ (гражданӣ) ва ҳадафҳои ҷомеаи тақсимшудаи стратификатсионӣ ба амал меояд.
Сиёсати давлатии маориф чун ҷузъи сиёсати иҷтимоӣ ба сохтори иҷтимоии ҷомеа, равандҳои демографӣ, муҳоҷират ва дигар зуҳуроту равандҳо, дар маҷмӯъ, ба суботи иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Сатҳи таҳсилот яке аз меъёрҳои муҳимми ба гурӯҳҳо ҷудо намудани ҷомеа буда, худи таҳсилот тарзи оқилонаи тақсимшавии одамон мутобиқи шаъну эътибори онҳо мебошад. Аз ин чунин хулосае бармеояд, ки таҳсилоти дастрас барои расидан ба мартабаҳои баландтар имконияти бештар медиҳад ва ҷомеа заҳмати ашхоси соҳибмаълумотро нисбат ба онҳое, ки маълумоти кофӣ надоранд, боарзиштар медонад.
Бояд гуфт, ки омили субот будани низоми маориф ба андозаи зиёд натиҷаи сиёсати давлат дар ин соҳа ва соҳаҳои дигари ба маориф наздик мебошад. Масалан, обрӯ ва эътибори шахси дорои таҳсилот дар ҷомеа, на танҳо аз сиёсати таҳсилотӣ, балки аз сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар намудҳои он вобаста аст.
Бояд зикр намуд, ки ин таъсир паҳлуҳои мухталиф дорад. Тавре ки сотсиологи рус Н.Смелзер таъкид намудааст, низоми маориф аз як тараф, одамонро барои иштирок дар сохторҳои ҳукуматӣ омода месозад, яъне тавассути шахсият — субъекти сиёсат, маориф ба низоми ҳокимият таъсир мерасонад, аммо аз ҷониби дигар, худи маориф чун низоми ҳадафманд сохтори қавии ҳокимият маҳсуб шуда, фазои сершумору гуногуннавъи интизомиро ташаккул медиҳад. Ҳамзамон, дар қатори маҳбас, артиш, дин, варзиш ва ғайра, институти маориф ин ё он низоми муайяни таърихиро таъмин менамояд ва бинобар ин, ба суботи сиёсии ҷомеа ва ҳамзамон, ба амнияти миллӣ низ таъсири муайян мегузорад.
Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз аз замони маорифпарварӣ авлавияти салтанати маърифат ва дониш ҳадафи асосӣ қарор гирифта буд. Салтанати маориф як силсила ҷанбаҳоро фаро мегирад: дараҷаи баланди касбияти шахсе, ки қарорҳои сиёсиро қабул мекунад, сатҳи маънавию ахлоқии вай, ташаккули низоми арзишҳои башардӯстӣ; рушди қобилияти эҷодӣ, қабули қарорҳои ғайристандартӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ва ғайра. Аз ин рӯ, айни замон сухан бояд дар бораи салтанати маориф дар тамоми зинаҳои ҳокимият ва сохторҳои он равад.
Барои Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии рушди он маҳз масъалаи салтанат ва тантанаи маориф, яъне омодагии оммавӣ ва мунтазами менеҷерҳо ва идоракунандагони насли нав калидӣ ва муҳим мебошад. Дар ин иртибот, омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи худи институти маориф тақозои замон буда, муносибати навро мехоҳад.
Бояд тазаккур дод, ки шароити зудтағйирёбанда ҳар як ҷомеаро водор месозад, ки зимни фаъолият ва иҷрои ҳар гуна амал ба дараҷаи касбият ва таҳсилоти шахси иҷрокунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Аз ҷумла, дар самти идоракунии соҳаи маориф низ, дар баробари дигар талаботи зарурӣ, ки барои ҳар як роҳбар муқаррар шудааст, бояд ҳатман, шахсиятҳои соҳибтаҷриба ва дорои дараҷаи хуби таҳсилот фаъолият намоянд. Мутаассифона, аз мушоҳида ва таҳлилҳо бармеояд, ки имрӯз баъзан дар сохторҳои мухталифи низоми маорифи кишвар-шуруъ аз муассисаҳои томактабӣ то мактабҳои олӣ (аз директорон то ректорон) баъзан ашхоси аз ҷиҳати касбӣ бесалоҳият ва дараҷаю самти таҳсилоташон номувофиқ фаъолият ва роҳбарӣ менамоянд. Таҷриба собит месозад, ки роҳбарии ашхоси ғайриҳирфаӣ, хусусан, дар соҳаи илму маориф, на танҳо ба масъалаи сифат зарбаи ҷуброннопазир мерасонад, балки боиси хароб гардидани муҳити маънавию равонии коллектив ва тамоми принсипҳои педагогӣ мегардад.
Бо дарназардошти паёмади тамоюлоти муосир дар соҳаи маориф, бояд афзоиши ноқаноатмандӣ ва зиёдшавии «консюмеризми таълимӣ»-ро интизор дошт, ки ногузир ба тағйири тарзи маблағгузории маориф оварда мерасонад: яъне қисмати бештари маблағгузориро оила ва қисман муассисаҳо – супоришдиҳандаҳо ба уҳда мегиранд. Ҷорикунонии фаъоли инноватсия, аз ҷумла, дар барномаҳои таълимӣ низ эҳтимол дорад. Дар айни замон тафовути иҷтимоӣ байни марказҳои таълимӣ меафзояд. Афзоиши рақобат байни бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ боиси густариши низоми шакли «чекҳои таълимӣ» мегардад (ки мустақиман моро ба сӯи унсурҳои Созишномаи Болон тела медиҳад). Танзими бозорӣ ба андозаи зиёд барои тамоми зинаҳои таълим хос хоҳад буд. Аммо қисман танзими давлатӣ, асосан ба шакли баҳодиҳӣ ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти онҳо низ боқӣ мемонад.
Бо дарназардошти иштироки Тоҷикистон дар Созишномаи Болон, набояд ин далели номатлубро нодида гирифт: эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ба низоми ватании таълим ба андозаи зиёд осеб ворид хоҳад шуд, чунки низоми таълими бегона ва носозгор барои менталитети моро таҳмил менамоянд ва дар айни замон, аз таҷрибаи солҳо ғуншудаи низоми таълими ватанӣ комилан даст хоҳанд кашид. Аз рӯи арзёбии пессимистӣ, инкишофи вазъият эҳтимолан чунин хоҳад буд: «гурези» оммавии муаллимон ба сабаби музди меҳнати паст ва пиршавии онҳо, ки дар маҷмӯъ проблемаи ҷиддии бо кадр таъмин кардани муассисаҳои таълимиро ба вуҷуд меоварад. Ҳамаи ин омилҳо ногузир боиси таназзули низоми маориф ва дар айни замон, афзоиши норизоиятӣ аз ин низом аз тарафи аҳли ҷомеа хоҳад гардид.
Зимни натиҷагирӣ, бояд таъкид кард, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қарни XXI ворид шудааст, бо тамоми ҳассосият проблемаи тарҳрезии технологияи илмии таъминкунандаи рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва кооператсияи мутақобилан судманд бо ҳамкорони хориҷӣ меистад. Бинобар ин, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккул ва истифодаи самараноки тавонмандии илмӣ муҳимтарин омили рушди иқтисодии он ва дар сатҳи зарурӣнигоҳ доштани амнияти миллии давлат мебошад.
Зафар РАҲМОНОВ –
унвонҷӯи кафедраи политологияи
ДДК ба номи А.Рӯдакӣ