
Саидзода Раҳим ҲАМРО –
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Таҷрибаи ҷаҳонӣ кайҳо собит кардааст, ки омили асосии пешрафти иқтисодиёт ба инсон вобаста аст. Яъне, сармояи инсонӣ заминагузори рушди тамоми соҳаҳо мебошад. Маҳз инсон қодир аст, барои пешрафти ҷомеа шароит омода созад, биофарад ва аз офаридаҳои худ мақсаднок истифода барад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ (28.12.2023) таъкид карданд: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.”
Ин аст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба сармояи инсонӣ равона мешавад. Муҳимтарин самтҳои Паёми навини Сарвари кишвар ҳам ба ин омил нигаронида шуда, аз ҷониби Пешвои миллат ниҳодҳои дахлдор барои иҷрои вазифаҳои муҳим дар ин самт муваззаф гардиданд. Президенти ҷумҳурӣ таъкид бар он доранд, ки тавассути маблағгузорӣ бояд барои пешрафти таҳқиқоти илмӣ, таъсиси марказҳои муосир дар самти илм, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот таваҷҷуҳ бештар гардонда шавад. Дар ин росто, Вазорати маориф ва илм ҳам, албатта, вазифадор гаштааст ва барои иҷрои вазифаҳо дар ин самт тадбирҳо меандешад.
Аз таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ бармеояд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат миёни 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Ин, бешубҳа, барои мо ҳам ифтихор ва ҳам дастовард аст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда буданд, Нақшаи чорабиниҳо тартиб додааст. Дар заминаи он роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи мазкур тадбирҳои амалӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ба вазорат дар муҳлатҳои муқар-раргардида маълумот пешниҳод намоянд.
Беҳтарин имконе, ки барои дарёфти истеъдодҳо дар илм ба мо даст медиҳад, ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331 вобаста ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» рабт дорад. Вогузор шудани масъулияти баргузории озмуни бонуфузи кишвар — ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба Вазорати маориф ва илм таҳти сарпарастии Президенти кишвар ба аҳли маориф масъулияти ҷиддитаре дод. Бо дарки он, ки чунин озмунҳо дар рушди сармояи инсонӣ таъсири файзбахш мегузоранд, Вазорати маориф ва илм дар баргузории онҳо сатҳи баланди ташкилиро ба роҳ мондааст.
Дар баробари озмунҳои мазкур, озмуну олимпиадаҳои зиёди дигаре низ ҳамасола аз ҷониби вазорат роҳандозӣ мегарданд, ки ин дар тақвияти донишу маҳорати хонандагону донишҷӯён ва рушди сармояи инсонӣ таъсири ҷиддӣ мегузоранд. Иштироки хонандагону донишҷӯёни тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост.
Озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тадбири дигарест, ки ба дарёфти истеъдодҳо ва тарбияи онҳо дар илм ва ихтироъкорӣ мусоидат менамояд.
Ногуфта намонад, ки Вазорати маориф ва илм бо роҳи ташкилу баргузории санҷишҳо пайваста вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайгирӣ карда, баҳри бартараф кардани монеаҳои мавҷуда тадбирҳо меандешад. Бо мақсади беҳдошти вазъият дар ин самт ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дастур дода шуд, ки баҳри ҳалли мушкилоти заминаи кадрии муассиса чораҳои зарурӣ андешида, теъдоди омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмиро бо роҳи ҳавасмандгардонӣ зиёд намоянд; вазъи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро беҳтар кунанд; барои ҳавасманд гардондани омӯзгорони муассиса механизми ҷудо кардани маблағҳоро баҳри нашри мақолаҳо (мақолаи илмӣ дар SCOPUS ва Web of Science), монографияҳо ва китобҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва баргузории чорабиниҳои илмӣ таҷдиди назар намоянд; дар назди муассисаҳо фаъолияти шуроҳои диссертатсиониро вусъат бахшида, баҳри кушодани шуроҳои диссертатсионии нав ва муштарак чораандешӣ намоянд.
Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм ҳамкориҳоро бо шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҷиҳати таҳияи назарияи пешқадами таълим пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Дар робита ба ин дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ки низоми таҳсилот дар ин ҷо мунтазам пайваста таҷдиди назар мегардад, Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар самти «Тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим» мавриди амал қарор дорад ва дар ин муассиса аз ҷониби ходимони илмӣ таҳқиқотҳои назариву амалӣ ва илмӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамаи ин имконот бо мақсади пайвастани илму истеҳсолот ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба даст гирифта мешаванд. Ёдовар мешавем, ки барои такмили низоми дуалӣ дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ” ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ имкони хубтаре пешниҳод кардааст. Чунин тартиби кор барои пешрафти илму истеҳсолоти кишвар, бешак, заминаи устувор мегузорад. Дар шароити имрӯза, ки авзои ҷаҳон дар такопӯст, барои таъмини зиндагии шоиста ва устувор кардани низоми маориф, қавӣ гардондани зинаҳои таҳсилот ва таваҷҷуҳ ба омода кардани мутахассисони соҳа амри зарурист. Президенти кишвар, мо — кормандони масъули соҳаро вазифадор карданд, ки дар чунин шароит ба омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Вазорати маориф ва илм омода аст, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд. Албатта, татбиқи чунин лоиҳа хароҷот ва масъулияти зиёд талаб мекунад. Аммо тавассути ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу воситаҳои самарабахш метавонем ба таълиму тарбияи бештар судманд, таълифи китобҳои дарсии насли нав, боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ муваффақ гардем.
Бояд гуфт, ки дар татбиқи лоиҳаҳои мавриди назар нақши омӯзгор ва умуман, мутахассисон хеле бузург аст. Аз ин рӯ роҳандозии барномаҳои таълимии мувофиқ ба талаботи замони муосир бо мақсади омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисос зарурати бештар пайдо кардааст. Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ва гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
Боз як падидаи тозаи ислоҳоти соҳа ба анҷом расидани таҳияи китобҳои дарсии насли нави ба муносибати босалоҳият нигаронидашудаи “Забони тоҷикӣ” ва “Математика” барои синфи 5, ҳамчунин, таҳияи дастур ва барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ мебошад. Ҳоло барои таҳияи китобҳои дарсӣ вобаста ба муносибати босалоҳият барои тамоми синфҳои мактабӣ корҳои омодагӣ оғоз ёфтаанд. Ин амал, яъне, таъминоти методӣ, албатта, омили муҳимми мукаммал гардондани касбияти омӯзгорон аст.
Яке аз омилҳои муҳимтарине, ки мутахассисони моро аз ҷиҳати касбият муваффақ мегардонанд, баргузории курсҳои такмили ихтисос мебошад. Сарвари давлат хеле бамаврид таъкид карданд: “Бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузарондани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.”
Дар ҳақиқат, вақте омӯзгоронро равшанибахш ва нуру зиёи ҷо¬меа мегӯем, мусаллаҳ гардондани онҳо бо донишҳои педагогӣ, психологӣ ва ихтисосӣ ногузир аст ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибкасб аз муҳимтарин вазифаҳои Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат: “Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.” Дар ин маврид ташкилу баргузории курсу семинарҳо бо омӯзгорон дар ҳар сатҳ ва дар ҳар шакл бар суди кор аст.
Барои ҷалбу ҳавасмандии омӯзгорон ба мактаб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам талош менамояд, то мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Имкону шароити мусоид омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд ва масъулияти хешро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Таҷлили Рӯзи омӯзгорон бо Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ, қадршиносии собиқадорони маориф ва ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон дар ин чорабинии мутантан соли гузашта барои дар сатҳи баланд инъикос кардани мақоми омӯзгор дар ҷомеа омили хубе шуд. Ин тадбир мақомоти маҳаллиро дар шаҳру навоҳӣ водор кард, ки ҳамасола теъдоди зиёди омӯзгоронро бо унвону ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ намоянд. Минҷумла, ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» (аз 03.05.2006, №197) дар соли 2023 ба 128 нафар мутахассиси ҷавон қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ, 9 нафар бо қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ ва 315 нафар бо қарзи имтиёзнок таъмин карда шуданд, ки дар маҷмуъ, 452 нафарро ташкил медиҳад. Дар аксари донишгоҳҳо ба омӯзгорон хонаҳои истиқоматӣ дода шуд, ки ин амалу муносибати роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва шаҳру навоҳӣ сазовори таҳсин аст.
Мусаллам аст, ки аз моҳи июли соли 2024 ба андозаи 40% зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм боиси баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди беҳтари таълиму тарбия ва ҳамзамон, вазъи иҷтимоию иқтисодии кормандон мегардад.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ соли 2023 дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронда шуд. Дар асоси тақсимоти мазкур 3432 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, 2685 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ ва 747 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардиданд, ки аз шумораи мазкур 669 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин теъдод 2386 нафар ё 69,5% ба ҷойи кор ҳозир гардиданд.
Аммо бояд ба назар гирифт, ки масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон раванди тағйирёбанда аст. Бо назардошти ин ҳолат, дар назди Вазорати маориф ва илм ситоди доимоамалкунанда ба фаъолият пардохт, ки дар он тамоми роҳбарони зерсохторҳо ба тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок карда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳо меандешанд. Вазорати маориф ва илм дар асоси шартномаи чорҷониба ҷалби омӯзгорон ба муассисаҳои таълимиро ба роҳ мондааст, ки ин тарзи муносибат, аз як сӯ, омӯзгорони ҷавонро ба таълиму тарбия шавқманд намояд, аз сӯйи дигар, ба ин васила мушкилоти норасоии омӯзгорон тадриҷан бартараф карда мешавад.
Ин ҳама моро боз ҳам сари ҳамон андешае меорад, ки сармояи инсонӣ, дар ҳақиқат, омили рушди ҷомеа аст. Ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.”