ОҒОЗ
13 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва нақшаҳо то охири сол баргузор гардид. Дар кори он вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсатҳои маориф дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин, меҳмонон ва шарикон аз ниҳодҳои дахлдор иштирок доштанд.
Баъди сухани муқаддимавии Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини аввали вазир Муҳаммаддовуд Саломиён дар бораи фаъолияти вазорат дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дод. Ҳисобот фаъолияти вазорат дар ҳама самтҳои соҳаи маориф ва илм, инчунин, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаро инъикос мекард, аммо диққати асосӣ ба мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо равона гардида, таҳлили фаъолият бо усули назариявии Каору Исикави сурат гирифта буд.
ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
Қайд гардид, ки аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 19 кӯдакистони нав таъсис ёфта, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 681 адад расидааст. Аммо, новобаста аз зиёд шудани теъдоди кӯдакистонҳо, фарогирии кӯдакон аз 102 175 нафар то 97 679 нафар кам шудааст. Дар бораи сабабҳои кам шудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва омилҳои ба он таъсиррасон дар маърӯза чизе гуфта нашуд. Аммо аксаран аз баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, қисман волидон дар шароити пандемиявӣ ва пасопандемиявӣ аз фиристодани фарзандон ба кӯдакистонҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо худдорӣ мекунанд. Ҳол он ки ҳолатҳои гурӯҳӣ гирифтор шудани кӯдакон ба ин беморӣ то ҳол мушоҳида нашуда, дар боғчаҳо қоидаҳои гигиениву санитарӣ пурра риоя мегарданд. Маблағи шартномаи муассисаҳои томактабии хусусӣ, ки нисбат ба муассисаҳои давлатӣ бамаротиб бештар аст, низ метавонад як сабаби дигари кам шудани фарогирии кӯдакон бошад. Ҳамин тавр, дар идома аз мавҷудияти ҳамагӣ 165 муассисаи томактабии хусусӣ ва марказҳои хусусии инкишофи кӯдак бо фарогири 8200 нафар хабар дода гуфта шуд, ки “ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест”.
Аммо мушкилии дигар, ки Муҳаммаддовуд Саломиён, махсусан, аз он нигаронӣ изҳор намуд, ҷой доштани 140 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани биноҳои муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти томактабӣ мебошад. Мавсуф иброз дошт, ки “аз таҳлили вазъи тарбияи томактабӣ бармеояд, ки баъзе муассисаҳо тӯли 25-30 соли охир аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд. Чунин ҳолат дар кӯдакистонҳои рақамҳои 1, 4 ва 23-и ноҳияи Кушониён, кӯдакистонҳои №1 ва №4-и ноҳияи Дӯстӣ, №1-и ноҳияи Ҷайҳун, №2 ва №4-и ноҳияи Вахш, №5-и ноҳияи Шаҳритус, №№3,6,8,11-и шаҳри Ваҳдат, кӯдакистонҳои №2-и деҳаи «Шарора» ва №3-и шаҳри Ҳисор бештар ба назар мерасад.”
Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушд ва сифати таҳсилоти томактабӣ зиёд гардида, ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар ин самт шароити мусоид фароҳам омадааст. Дар ин росто, барои ҳалли мушкилоти асосии номбаршуда дар самти таҳсилоти томактабӣ дастурҳои вазорат ба шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ироа гардид:
– Дар ин росто, – иброз намуд Саломиён, – раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар сохтмони кӯдакистонҳо ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ чораҳои тахирнопазир андешанд; дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати баргардонидани биноҳои собиқ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чораҳои амалӣ андешида, ҷиҳати зиёд намудани маблағҳои буҷет барои маводи ғизоӣ чораҷӯйӣ намоянд.
ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
Ҳисоботҳои шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо ғалатанд?
Маърӯзачӣ зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолият ва мушкилоти дар он ҷойдоштаро нисбатан бештар арзёбӣ кард, аммо гуфта шуд, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дар анҷоми соли таҳсили 2020-2021 натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 98,4% ва сифати таҳсилот ба 51,8% баробар гардидааст. Албатта, ин нишондодҳо ниҳоят баланданд, аммо санҷишҳои дигари дониши хонандагон, махсусан, хатмкунандагон тавассути имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурустии ин рақамҳо шакку тардидро дар зеҳни ҳар нафар ба вуҷуд меоранд. Аз ҷумла, холҳои гузариши фаннӣ ҳамагӣ аз 3 то 6 холро ташкил мекунанд. Ин яъне, хонанда аз ҳама субтестҳо (фанҳое, ки имтиҳон месупоранд) баҳои ду гирифта, боз ба тақсимот роҳ меёбад. Ба қисми зиёди ихтисосҳо, албатта, ба гурӯҳҳои шартномавӣ, бо гирифтани ҳамагӣ 120-150 бал (агар ба баҳо гардонем, ду) метавон дохил шуд. Санҷиши дониши хонандагон тавассути имтиҳонҳои марказонидаи Маркази миллии тестӣ, ки эътимоди мардумро касб кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ 80-90%-ро ташкил намедиҳад. Натиҷаҳои имтиҳоноти Маркази миллии тестиро сарфи назар кунем ҳам, санҷиши дигари вазорат ин натиҷаҳоро куллан рад мекунад. Чунончи, қайд карда шуд: “Гурӯҳи корӣ дар 14 ноҳия аз 33 муассисаи таълимӣ дар 390 синф кори тестӣ гузаронид, ки дар онҳо шумораи умумии 7714 хонанда иштирок намуда, баҳои “5” 454 нафар (5,8%), “4” 1668 нафар (21,6%), “3” 3217 нафар (41,7%) ва “2” 2375 нафар (30,8%) гирифта, сифатнокӣ 27,5% ва азхудкунии барномаи таълимӣ 69,2%-ро ташкил дод”.
Инчунин, дар идома Муҳаммаддовуд Саломиён натиҷаҳои санҷиши аз худ кардани барномаи таълимӣ ва сатҳу сифати таҳсилотро, ки аз ҷониби шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шудаанд, нодуруст хонда, барои мисол иброз дошт: “Санҷиш нишон дод, ки гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб азхудкунии барномаҳои таълимиро 99,9% ва сифати таҳсилотро 53,8% арзёбӣ намудаанд. Ҳол он ки гурӯҳи кории вазорат муайян намуд, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ 71% ва сифати таҳсилот 27,8%-ро ташкил медиҳад, ки фарқият мутаносибан 28,9 ва 26%-ро ташкил медиҳад”.
Аттестатҳои сурх ва медалҳои тилло насиби кӣ мешаванд?
Мушкилии дигаре, ки бештар атрофаш сухан рафт ва худи вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо нигаронӣ супоришҳои қатъӣ доданд, пешниҳоди довталабон ба озмуни хатм бо аттестати аъло ва медал мебошад. Гуфта шуд, ки соли 2021 аз тарафи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ҳуҷҷатҳои 104 нафар довталаби аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра ҷиҳати иштирок дар озмун пешниҳод гардид. Пас аз ташхиси ҳуҷҷатҳои довталабон маълум гардид, ки 20 нафар ба талаботи Низомнома ва Тартиб мувофиқат накарда, ҳуҷҷатҳои онҳо бозпас гардонида шуданд. Аз ин шумора ҳуҷҷати 84 нафар ба мақсад мувофиқ буда, ба озмун роҳ ёфт, ки пас аз ҷамъбасти натиҷаи озмун 43 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло — 10 нафар, аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ — 19 нафар, аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ — 18 нафар, аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ — 6 нафар сарфароз гардид. Вазир сазовор набудани аксар довталабони пешниҳодшударо қайд карда, мушаххасан дастур доданд, ки минбаъд, ҳангоми пешниҳоди довталабони камсавод, пешниҳодкунандаи он танбеҳ дода мешавад. Инчунин, ба директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар сохторҳои вазорат низомномаи озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро бознигарӣ намояд.
Мушкили норасоии омӯзгорон
Ҳамасола аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ оид ба эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва норасоии омӯзгорон ба вазорат дархост пешниҳод карда мешавад. Аммо муаммо ин ҷост, ки барои соли таҳсили 2021-2022 аз ҷумла, ҳамагӣ барои 70 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 100 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ дархост шуда буд. Новобаста аз ин, ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бамаротиб, бештар (381 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 574 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ) дар асоси роҳхат фиристода шуданд, вале мушкили норасоии омӯзгорон (бо вуҷуди аз дархост бештар фиристодани онҳо) пурра бартараф нашуд. Дар умум, эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 барои 2166 нафар пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 828 нафар кам мебошад. Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон бо роҳхати вазорат 4345 нафар мутахассиси ҷавон ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд.
Такмили ихтисоси омӯзгорон
Қайд гардид, ки дар курсҳо аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он зиёда аз 7000 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ иштирок карданд. Инчунин, 311 курси баландбардории маҳорати касбӣ бо фарогирии 7529 нафар, 28 курси такмили ихтисос барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо иштироки 668 нафар ташкил ва баргузор шуданд.
Мушкилоти муассисаҳои хусусӣ
Зикр гардид, ки ҳарчанд масъалаи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ ҳалли худро ёфта бошад ҳам, дараҷаи таҳсилот ва тахассуси омӯзгорон то ҳанӯз дар баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Масалан, аз 1010 нафар омӯзгор, 897 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 36 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 67 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 10 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар ин муассисаҳо 31 нафар омӯзгор ғайри ихтисоси омӯзгорӣ ва 78 нафар ғайри ихтисоси фаннӣ ба хонандагон дарс мегузаранд. Ин боиси косташавии сифати таълим ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ мегардад. Дар робита ба ин, ба масъулин супориш дода шуд, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусиро дар нимсолаи якуми соли 2022 мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода, назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд.
Дар олимпиада ва озмунҳо киҳо пешсафанд?
Айни замон, дар ҷумҳурӣ 24 олимпиадаи фаннӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод заминаҳои мусоид фароҳам меоварад. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли таҳсили 2020-2021 4243 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2019 1873 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии довталабони даври ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 36%, вилояти Суғд 26%, вилояти Хатлон 22%, НТҶ 11,4%, ВМКБ 4,3 % соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Шаҳристон, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ 2 ҷой ва шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон, Қубодиён, Носири Хусрав, Темурмалик, Дарвоз, Роштқалъа, Лахш, Нуробод, Рашт ҳамагӣ 1- ҷойӣ гирифтанд. Шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун, Шаҳритус, Роғун, Сангвор, Тоҷикобод дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷойҳои ифтихорӣ бенасиб монданд.
ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон ва берун аз он 42246 ҷой пешбинӣ шуда буд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 3946 ҷой зиёд мебошад, аммо тавассути Маркази миллии тестӣ ҳамагӣ 21 587 нафар қабул шуд, ки ин 55,9%-и нақшаи қабулро дар бар мегирад. Таъмини муассисаҳои таълимии мазкур бо китобҳои дарсӣ яке аз мушкилиҳои асосии самт буда, ҷиҳати таҳияи китобҳои дарсии блоки 1 ва 2 дар назди Вазорати маориф ва илм гурӯҳи корӣ ташкил ва таҳияи онҳо шуруъ шудааст, вале то имрӯз натиҷаҳои дилхоҳро дар самти таҳияи пурраи китобҳои дарсӣ ва ба дасти донишҷӯён расидани онҳо надодааст. Барои ҳалли ин масъала дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
СОХТМОН ВА БОЗСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Дар ин давра, 178 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 31 314 ҷойи нишаст бо маблағи 385 млн. 503 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки аз ин шумора 79 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 13494 ҷойи нишаст бо маблағи 144 млн. 828 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 41 бинои иловагӣ барои 4862 ҷойи нишаст бо маблағи 24 млн. 769 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
ТАҲИЯ, НАШР ВА МУОМИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ
Дар нуҳ моҳи соли 2021 аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои миллии таҳсилот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 237 дастхати адабиёти таълимиву бадеӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба нашр тавсия шудааст. Дар ин давра 26 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба миқдори 2 млн. 108 ҳазору 306 нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 135 ҳазору 900 нусха адабиёти гуногуни таълимиву методӣ ба нашр расида, чопи 43 номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдоди 4 млн. 77 ҳазору 840 нусха дар чопхонаҳои ватанӣ идома дорад. Дар маҷмуъ, давоми нуҳ моҳи соли 2021 ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ 2 млн. 655 ҳазору 824 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълим дастрас гардонида шудааст.
Фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методӣ, Маркази технологияи информатсионӣ, Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ, матбааву нашриёти “Маориф”, Комбинати полиграфии Душанбе, корхонаи “Маърифат”, Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илм… низ дар давраи ҳисоботӣ миқдори муайяни пешравиву мушкилот доштаанд, ки бовар дорем, зина ба зина ислоҳи онҳо сурат мегирад.
РОБИТА БО НАШРИЯҲО
Мушкилоти ҳамешагӣ нашрияҳоро боз ҳам пайгир аст: сари вақт ба суратҳисоб нагузарондани маблағ ва коҳиш додани теъдоди обуна баъди нимсола, ки якҷо мушкилоти дигарро пешорӯи мо қарор медиҳанд. Агар ба фишурдаи ҳолати обуна дар ҳарду нимсола (соли 2021) назар кунем, мефаҳмем, ки вазъ то кадом андоза ташвишовар аст. Беҳтараш, худ қазоват кунед:
(Ниг.ба ҷадвал.)
№ | Шаҳру ноҳияҳо | Ним
солаи 1 |
Ним
солаи 2 |
Фарқ |
1. | Душанбе | 837 | 760 | 77 |
2. | в.Суғд | 2143 | 1841 | 302 |
3. | в.Хатлон | 1859 | 1529 | 330 |
4. | н.ВМБК | 299 | 279 | 20 |
5. | ШНТҶ | 1052 | 996 | 56 |
ҶАМЪ | 6190 | 5405 | 785 |
АНҶОМ
Вазорати маориф ва илм артиши бузургтарини ҷомеаро дар тобеияти худ дорад. Аз ин рӯ, мушкилоти зиёд доштан дар фаъолияти он табиист. Муҳим ин ки тамоми ҷомеа ва ниҳодҳои марбута барои рушди соҳаи маориф, рафъи монеаҳои мавҷуда бояд ҳамдаст шаванд. Дар он сурат метавон гуфт, маориф чун омили рушди ҷомеа хидмат карда метавонад. Баррасии масоили гуногун дар саҳифаҳои иҷтимоии нашрияҳо ва Иттифоқҳои касабаи маориф ва илм ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи масъулин қарор доранд. Намояндагии маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бо гурӯҳи ҳамном (бо теъдоди беш аз 24 500 нафар корбар) торафт нуфузи маҷалларо баланд мебардоранд. Муҳим ин аст, ки масъулин, мутахассисон ва коршиносони соҳа дар посух ба корафтодагон дар ин майдон хомӯшӣ ва бетарафиро ихтиёр накунанд. Умедворем, аз ин бардошт ҳар алоқаманди соҳа хулосаи дурусте баҳри пешрафти кори соҳа мебардорад.
Нурулло ҒАФУРИЁН –
корманди масъули маҷаллаи
“Маорифи Тоҷикистон”