Ҳамза БОҚИЕВ —
номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Дар нимаи дувуми асри Х1Х дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии Осиёи Марказӣ равияи нав бо номи маорифпарварӣ арзи ҳастӣ намуд, ки ҷараёни ташаккул ва такомули он то ибтидои асри ХХ идома ёфтааст. Маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Шамсиддин Шоҳин ва насли дуюми онҳо чун Сиддиқии Аҷзию Тошхоҷаи Асирӣ, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрату Садриддин Айнӣ, Мирзо Сироҷи Ҳакиму Файёзи Хуҷандӣ ва дигарон, ки равияи насли аввалро идома медоданд, нисбат ба сохти феодалӣ ва тартиботи давлатӣ нафрати сахт доштанд.
Чунонки маорифпарварони рус ҷонибдори маорифу озодӣ буда, кӯшиш мекарданд, ки дар Россия низоми аврупоӣ ҷорӣ гардад, маорифпарварони тоҷик низ илму маорифи дунявиро тарғиб ва тартиботи зиндагии русию аврупоиро ташвиқ мекарданд. Ин гурӯҳи бузурги равшан-фикрони тоҷик кӯшиш мекарданд, ки манфиатҳои мардуми камбизоатро ҳимоя намоянд. Расул Ҳодизода дар тадқиқоти муфассали худ асарҳои Аҳмади Дониш “Наводир-ул-вақоеъ”, “Рисола дар назми тамаддун ва таовун” ва “Савонеҳ-ул-масолик”-и Возеҳу лирикаи Шоҳинро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, исбот намудааст, ки “афкор ва фаъолияти маорифпарварони тоҷик дар нимаи дуюми асри Х1Х асосан ба се равия, яъне бо равияи танқиди сохти давлатӣ ва иҷтимоии феодалӣ, тарғиби маърифат, илму дониши дунявӣ, тарғиби тарзи зиндагӣ (ҳатто, давлатии)-и мамлакатҳои Аврупо ва Россия ва ниҳоят бо равияи ҳимоя намудани манфиати оммаи меҳнаткаш зоҳир мегашт” [4,с.105].
Маорифпарварони тоҷик дар он замонаи тираву тори аморати Бухоро ҷасурона қадам гузошта, дар эҷодиёти худ руҳониёни расмиро бераҳмона танқид карда, фасодии байни умаро ва уламоро кушода, нуқсони усулҳои дарс, беарзиш ва нодаркор будани аксари чизҳои фанҳои дар мадраса хондашавандаро фош намудаанд. Маҳз ҳамин ҷиҳат буд, ки муллоҳои мутаассиб маорифпарваронро туҳматҳо мезаданд. Вале ин ноҳақгуфториҳо дар байни омма боиси коста шудани обрӯй ва иззату эҳтироми онҳо нагашта, сафи пайравону мухлисонашон рӯз ба рӯз зиёд мешуд. Баъд аз истилои Россия нуфузи фарҳангу илму дониши он ба Осиёи Марказӣ қувват гирифт. Дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Хуҷанд нашри рӯзномаҳо оғоз ёфт, ки дар он равшанфикрони мусулмон низ ширкат мекарданд. Дар мактабҳои хусусии русӣ бошад, бачагони ашхоси сарватманд забони русӣ ва улуми навини аврупоӣ меомӯхтанд. Россия барои тоҷирон ва дигар табақоти аҳолӣ, аз қабили донишмандон як равзанае буд, ки онҳо аз он ҷо чашм ба Аврупо ва ҷаҳони Ғарб низ кушоданд. Дар натиҷаи ин, дар Осиёи Марказӣ нуфузу таъсир ва интишори фарҳангу тамаддуни Россия ва Аврупо зиёд мегардид. Чунин таъсир дар афкори иҷтимоии ҷомеа низ нақше гузошт ва дар заминаи андешаву ақоиди мусулмонӣ падидаҳои наве аз орову андешаҳои аврупоӣ ба миён омад. Падидаҳои навороӣ ва андешаҳо таҳти таъсири Россия ва Аврупо, қабл аз ҳама, ба риштаи мактабу маориф ва таълим дахл мекарданд. Аз ин ҷо раванди ҷадиди чунин андешаҳо дар афкори иҷтимоӣ ва адабӣ ба ҷараёни маорифпарварӣ марбут буд, ки бунёдгузор ва мубаллиғи он ақоиду андешаҳо дар Осиёи Марказӣ, бахусус, аморати Бухоро Аҳмади Дониш ба шумор мерафт. Бо вуҷуди инқилобу ихлоли рӯзгор ва мухолифати уламои суъ ва ҳуккоми дарбор, киштаҳои Аҳмади Дониш ва ҳамроҳону ҳамсафони ӯ дар мазраи маънавии ҷомеа самару ҳосили хайру нек бор овард. Равшанфикроне, ки дар заминаи афкору андеша ва ақоиди маорифпарварии охири асри Х1Х тарбия ёфта буданд, дар ибтидои садаи ХХ кори гузаштагони худро дар вазъияти нави сиёсию иҷтимоӣ идома доданд. Аҳмади Дониш, ки ба қавли устод Айнӣ, дар “уфуқи тираи Бухоро чун ситораи саҳаргоҳӣ, ки дар поёни шабҳои тор дурахшону тобон зоҳир мешавад” [1,с.20] зуҳур намуда, роҳи маорифпарварони оғози қарни ХХ-ро бо нури тафаккуроти худ равшан мекунад. Дар ҷунбиши фикрӣ ва тафаккури иҷтимоӣ масъалаи мактабу маориф, дар усул ва ҳадафҳои навин мақоми марказӣ дошт. Устод Айнӣ, ки худ аз муҳаррикони ин ҷунбиши фарҳангӣ ва сиёсӣ буд, роҷеъ ба ин масъала чунин менависад: “Ба шӯр омадани инқилоби Бухоро аз масъалаи мактаб сар мешавад” [1,с.29]. Аз ин лиҳоз, барои пешрафти ҳаёти фарҳангию илмии аморати Бухоро таъсис додани макотиби усули нав ва таблиғу тарғиби ин намуд мактабҳо дар байни омма низ арзиши калон дошт. Аввалин мактабҳои ҷадидӣ, ки дар шаҳри Самарқанд бо кӯшиши шоир Сиддиқии Аҷзӣ ва муаллим Абдулқодир Шакурӣ таъсис ёфта буданд, аз ҷониби маорифпарварону зиёиён самимона пазируфта шуданд. Раҳим Ҳошим аз муаллими аввалини худ ёдовар шуда, чунин менависад: “Марде (ишора ба Абдулқодири Шакурӣ-Ҳ.Б.) буд фидоии мактаби нав ва усули таълими нав. Дар таърихи мактаби нави тоҷик, дар расондани табақаи нави зиёиёни тоҷик саҳифаи аввалро ӯ кушодааст” [6,с.73]. Ин фидоии миллат барои ҷорӣ намудани тарзи нави таълим дар мактабҳои ҷадид ба бархӯрди девонавори муллоҳо ва мактабдорони куҳна рӯ ба рӯ мегардад. Ҳамин нотавонбинию ҷаҳолатпешагии онҳо буд, ки “дар муддати понздаҳсол-то аввали инқилоб ин мактаб ёздаҳ бор ҷой иваз кардааст” [6,с.76]. Таълим дар мактаби усули нави Шакурӣ асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, инчунин, забонҳои ӯзбекӣ ва туркӣ низ омӯзонида мешуданд. Китобҳои дарсиро аксаран аз Тотористон ва Боку меовардаанд. Муаллим Шакурӣ маҳз ҳамин мушкилоти дар мактаб ҷойдоштаро бартараф карданӣ шуда, пайи таълифи китобҳои таълимӣ камар мебандад. Ҳарчанд ки дар ин солҳо Саидаҳмади Васлӣ бо номи “Баён-ул-ҳуруф” (1903) ва Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ бо номи “Асбоби савод” (1905) барои макотиби ҷадид алифбо тартиб дода, чоп кунонида бошанд ҳам, боиси қонеъ намудани талаботи муаллим Шакурӣ нашуданд. Аз ин рӯ, дар сари масъалаи зикршуда дар байни муаллим Шакурӣ ва Беҳбудӣ андаке гиламандӣ ба амал меояд”.
Баъди бозгашт аз Россия Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ барои макотиби усули ҷадид ба забони тоҷикӣ китобҳои дарсӣ таълиф менамояд, ки яке аз онҳо “Китоб-ул-атфол” мебошад. Китоби мавриди назар ҳам аз ҷиҳати мавзуъ ва ҳам аз ҷиҳати тадрис як чизи тамоман нав дар соҳаи маориф маҳсуб мешуд. Расул Ҳодизода роҷеъ ба забони ин асар чунин менависад: “Забони ин китоб низ сабку услуби наве дар забони адабии тоҷик буд ва дар равнақи забони адабии тоҷик нақши муҳимме дошт” [5]. Инчунин, Беҳбудӣ барои мактаби усули нав дастуру китобҳои таълимии “Мухтасари ҷуғрофиёи умумӣ”, “Мухтасари ҷуғрофиёи Россия”, “Мухтасари таърихи ислом”, “Амалиёти ислом”, “Мадхали ҷуғрофиёи имронӣ”, “Харитаи Туркистон, Бухоро ва Хева”-ро тартиб дода, нашр мекунад. Китобҳои дар фавқ ишорашуда барои дар руҳияи худшиносию ҷаҳоншиносӣ тарбия ёфтани наврасони Самарқанду Бухорои ибтидои асри ХХ хидмати шоистае кардаанд. Соли 1908 яке аз муаллимони мактаби нав Ҳоҷӣ Муин бо роҳбарии Абдулқодири Шакурӣ таҳти унвони “Раҳнамои савод” алифбое тартиб дод ва он “алифбои аввалини тоҷикӣ буд, ки бо риоят ба усули таълими амалӣ бевосита аз тарафи муаллими кордидае тартиб дода шуда буд” [6,с.77].
Дар шаҳри Бухоро низ макотиби усули ҷадид кушода шуданд, ки таъсис-диҳандагони аввалин чунин мактаб тоторҳои муқими Бухоро буданд. “Соли 1906 тоторҳои Бухоро,-менависад Муҳаммадҷон Шукуров, — барои фарзандони худ як мактаби усули ҷадид кушоданд. Услуби таълими ин мактаб, ки услуби савтия ном дошт, ба дасто-вардҳои илми педагогикаи Россия, аз ҷумла, педагоги машҳури рус К.Ушинский асос ёфта буд. Айнӣ дар ин мактаб соли 1907 шаш моҳ (кори устод Айнӣ дар мактаб асосан аз тарҷумонӣ иборат буд, ки дастурҳои таълимию дарсҳои муаллими тоторро барои толибилмони бухороӣ ба тоҷикӣ тарҷума менамуд.-Ҳ.Б.) усули нави омӯзишро ёд гирифт” [7,с.36]. Бамаврид аст зикр намоем, ки дар байни мусулмонони Россия, аз соли 1883, аз оғози нашри рӯзномаи “Тарҷумон” масъалаи мактаб ба миён омада буд, ки то соли 1908 дар гӯшаҳои мухталифи Россия аз ҷониби мусулмонони тараққипарвар мактаб-ҳои усули нав таъсис дода шуданд. Дар аморати Бухоро бошад, то соли 1908 дар хусуси мактабҳои усули ҷадид тамоман сухан намерафт. Фақат бо омадани Исмоил Ғаспиринский ба Бухоро (тобистони соли 1908) масъалаи мактаб низ ба миён омад. Бино ба гуфтаи устод Айнӣ, “вай (ишора ба Исмоил Ғаспиринский-Ҳ.Б.) чунонки дар ҳама ҷо мекард, дар Бухоро низ масъалаи мактабро бардошт” [1,с.30]. Исмоил Ғаспиринский бо тараққипарварони Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирхон Порсоев ва чанд нафари дигар дар хусуси макотиби нав суҳбат менамояд. Натиҷаи ин суҳбат ба он оварда мерасонад, ки мактаби тоторон барои тоторҳо ва бухороиҳо умумӣ карда, ба расмият дароварда шавад. Инчунин, барои мактаби усули нав бинои муносибе аз давлат гирифта шавад. Дар ин хусус, устод Айнӣ чунин менависад: “Исмоилбек вақти рафтанаш ба амир Абдулаҳад ва ба маъмурони дигари Бухоро дар бораи мактаб тавсияҳо кард, лекин аз ин ташаббуси вай натиҷае ҳосил нашуд. Фақат мактаб аз ҳавлии Мулло Низом ба ҳавлии Холид Бурношев ном тотор кӯчонида шуд ва чанд бачаи бухороӣ ба мактаб қабул шуданд” [1,с.30]. Маҳз ҳамин чизҳои дидаашон чашми тараққипарварони Бухороро боз намуд. Онҳо акнун худ пайи кушодани мактабҳои ҷадид камар мебастанд. Аз ҷониби худи бухороиён таъсис ёфтани макотиби нав, руҳияи онҳоро дигаргун намуд. Устод Айнӣ, ки худ яке аз таъсисдиҳандагони аввалин мактаби усули нав дар Бухоро буд, тафсилоти кушода шудани мактаби нахустинро чунин баён мекунад: “Соли 1326 ҳ. (1908) дар фасли тобистон нависандаи ин сатрҳо бо шарикдарсам Ҳомидхоҷаи Меҳрии Бухороӣ ба Самарқанд саёҳат кардем. Дар ин рӯзҳо шарикдарси дигари мо-Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар Самарқанд, дар матбааи Демуров ба табъи китобе машғул буд… Рӯзе, вақте ки марқади амир Темурро зиёрат мекардем, бо мулло Иброҳими Саидкамолзода (шоир ва яке аз маорифпарварони машҳури Самарқанд) вохӯрдем ва бо таклифи ӯ дар хонааш меҳмон шудем. Мулло Иброҳим баъд аз таом Шамсиддин ном писари худ ва Тоҷииддин ном бародарзодаашро ба назди мо бароварда имтиҳон кард. Ин бачаҳо аз ҳисоб, ҷуғрофия, аз хат ва имло, аз таҷвид ва аз масъалаҳои динӣ ба мо маълумот доданд. Мо чизҳоеро, ки бисту панҷ сол дар мадраса хобида, ягон бор ҳам нашунида будем, аз ин бачаҳои 10-12-сола шунида, дар ғояти тааҷҷуб мондем ва табиист, ки мактаберо, ки онҳо мехонданд, рафта диданӣ шудем. Пагоҳӣ бо онҳо рафтем. Ин “Мактаби Шакурӣ” буд, ки соли 1312 ҳ. (1903) бо ташаббуси мулло Абдулқодири Шакурӣ кушода шуда буд… Хулоса, ба мактаби Шакурӣ мағрур даромада, мутаҳайир баромадем ва аз ҳамон рӯз сар карда, фикри мактаб тамоми мағзи моро ишғол кард” [1,с.31].
Баъди бозгашт ба Бухоро фикри таъсис додани мактаби усули нав онҳоро ором намегузорад. Сабаби ин беқарории эшон дар он буд, ки онҳо мехостанд, ҳар чи зудтар бачагони қобилиятнокро аз чанголи мактабҳои куҳнаю муллоҳои чаласаводу ҷоҳилпеша раҳо созанду тақдири ояндаи насли авлодро равшан намоянд. Зеро онҳо хуб дарк карда буданд, ки пешрафту тараққиёти кишварашон ба ҷавонони соҳибилму дониш вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, он чор дӯст- Мунзим, Айнӣ, Меҳрӣ ва Ҳамдӣ, ки муллозодагони рӯшанфикри давр буданд, барои кушодани аввалин мактаби усули нави тоҷикӣ иқдом намуданд. Хушбахтона, моҳи октябри соли 1908 дар шаҳри Бухоро, дар ҳавлии Мирзо Абдулвоҳид ба забони тоҷикӣ нахустин мактаби усули ҷадид кушода шуд. Азбаски ин таҷрибаи аввалин буд, муассисони мактаби усули нав аз китобҳои дарсӣ ва таҷрибаи мактабдорони тотор истифода мекарданд. Овозаи ташкили мактаби усули нав дар миёни уламои дину ва муфтиёну қозиён ва амалдорони дарбор шӯре барпо намуд ва ҳама ба таҳриму такфири ин амр бархостанд. Албатта, чанде аз уламои рӯшанфикр низ амсоли домулло Икром низ буданд, ки мактаби усули навро хилофи шариат ва дин намедонистанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, нируҳои муртаҷеъ чирадастӣ намуданду ниҳоят бо ташвиқу тарғиби онҳо вазири аввали қушбегӣ фармоне барои бастани мактаб ба имзо расонид. Мактабе, ки ба қавли устод Айнӣ, “шогирдонаш чун булбулони боғи ҷаннат буданд” [1,с.51], баъди ёздаҳ моҳи фаъолияташ баста гардид. Ҳуҷуму шӯриши муллоҳо ва мударрисони мадраса ба муқобили макотиби усули ҷадид дар Самарқанд низ сурат мегирифт. Соли 1912 дар майдони Регистон уламо ва мударрисони мадрасаи Улуғбек як намоиши умумӣ барпо намуда, алайҳи макотиби ҷадид баромада, барои бастани онҳо фатво доданд. Фақат бо дахолати муфтӣ Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ тавассути рӯзномаи худ (маҷозу машруъ будани ин макотибро аз рӯйи аҳкоми дину шариат исбот намуд) таҳоҷуми куҳнапарастонро фурӯ нишонд. Ҳамзамон, бо ташкили макотиби ҷадид таълифи китобҳои дарсӣ низ аз рӯйи таълими нав авҷ гирифт. Дар Самарқанд китобҳои таълифнамудаи Абдулқодири Шакурӣ, Исматуллоҳ Раҳма-туллозода, Ҳоҷӣ Муину Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва дар Бухоро китобҳои иншокардаи устод Айнӣ ва Мунзим ба чоп расиданд, ки аз онҳо дар ҷараёни таълим дар мактабҳои нав истифода мекарданд. Макотиби усули ҷадид, ки дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро аввалин бор таъсис ёфта буданд, ҳамеша байни худ дар самти татбиқи навгониҳои таълиму тарбия робита барқарор намуда, таҷриба иваз мекарданд. Соҳиб Табаров роҷеъ ба ин робитаҳои макотиби нав чунин менависад: “Пас аз ин (ишора ба сафари аввалини онҳо, ки тобистони соли 1908 ба миён омада буд.-Ҳ.Б.). Мунзим ва Айнӣ бори дигар ба муҳлати даҳ рӯз ба Самарқанд сафар карда, боз бо таҷрибаи мактаби Абдулқодири Шакурӣ, бо рафти таълим ва қабули имтиҳони умумӣ аз талабагон дар мактаб шинос гардиданд ва бо Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ вохӯрданд. Баъд аз он ки ба Бухоро баргаштанд, дастовардҳои навашонро, ки аз таҷрибаи мактаби Шакурӣ гирифта буданд, дар мактаби усули ҷадидии Мунзим дар амал татбиқ намуданд” [3,с.32].
Китоби хонише, ки Абдулқодири Шакурӣ таҳти унвони “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт” барои макотиби усули ҷадид тартиб дода буд, солҳои 1907-1908 такроран нашр гардид. Дар китоби мавриди назар аз осори мансури адабиёти форсии тоҷикӣ беҳтарин ҳикояҳои хурди ахлоқӣ-тарбиявӣ интихоб ва ба услуби содаву фаҳмо гардонда шуда буданд. Муаллиф дар нашри дувуми китоби мазкур аз ҳикояҳои хурди барои бачагон навиштаи Л.Н.Толстой чандеро ба тоҷикӣ тарҷума карда, чанд масали нависандаи машҳури рус А.Криловро низ бо наср ва масали “Рӯбоҳ ва ангур”-ро бо назм тарҷума намуда, ҷой додааст, ки онҳо аз нахустин тарҷумаҳои бадеии русӣ ба забони тоҷикӣ маҳсуб меёфтанд. Ниҳоят, шиносоии зиёиёни тоҷик бо намунаҳои осори адабиёти рус ва баъзе халқҳои Шарқ барои адабиёти тоҷик нақши муассир гузошт. Мо таъсири онҳоро дар аввалин осори насрӣ ва китобҳои дарсӣ, ки бо равияи нав таълиф шудаанд, то андозае мушоҳида менамоем. Намунаи ин “Таҳзиб-ус-сибён”-и устод Айнӣ ва “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт”-и А.Шакурӣ мебошанд. Уламои дин ва мударрисони ҷоҳил аз вусъати макотиби ҷадид ва афкори нави тараққихоҳона ба тарс афтода, ба амир бо аризаи шаръӣ муроҷиат карданд ва амир бо тарғиби онон ба қатъи таҳсил дар мактабҳои усули ҷадид фармон ба имзо расонид. Ин як зарбаи сахте буд ба фаъолияти тараққихоҳону ислоҳотҷӯёни Бухоро ва ба равнақи афкори нав дар муҳити тираву тори аморат. Чунин таъқибу тазйиқ ва таҳрими макотиби усули нав ва ҷунбиши тараққихоҳӣ аз тарафи амир Олимхон то рӯзи суқути аморат ва сарнагун шудану фирорӣ гаштани ӯ аз Бухоро идома дошт. Аммо ин ҳама гомҳои неруманди афкору андешаҳои ислоҳотхоҳию ҷунбиши инқилобии афкори навро монеъ шудан наметавонист.
Дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва китобҳои ҷудогона интишори ашъори инқилобӣ ва интихобӣ низ хеле вусъат пайдо намуд. Дар ашъори Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Ҳоҷӣ Муини Самарқандӣ, Асирии Хуҷандӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ, Файёзи Хуҷандӣ мавзуи таблиғи мактабу маорифи нав, даъвати мардум ва насли ҷавон ба мактаб ва таълими улуми дунявӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқеи намоён дошт.
Адибони маорифпарвар бо тамоми ҳастӣ маорифрову пешрафти илму техникаи дунявиро тарғиб мекарданд. Онҳо муътақид буданд, ки тавассути илму дониш мардумро аз зулму асорат, аз ҷаҳлу ҷаҳолат наҷот бахшидан имконпазир аст.
Адабиёт:
1.Айнӣ, С. Таърихи инқилоби Бухоро (Баргардонанда аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ ва мураттиб Р.Ҳошим)/ Садриддин Айнӣ.-Душанбе: Адиб, 1987.
2.Асирӣ, Т. Ашъори мунтахаб/ Тошхоҷаи Асирӣ.-Душанбе:Адиб, 1987.
3.Табаров, С. Мунзим/ Соҳиб Табаров.-Душанбе:Ирфон,1991.
4.Ҳодизода, Р. Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри Х1Х/ Расул Ҳодизода.-Душанбе:Дониш, 1968.
5.Ҳодизода, Р. Зинданом аст кори нек/ Расул Ҳодизода// Посух,1996,11-уми март.
6.Ҳошим, Р. Сухан аз устодон ва шогирдон/Раҳим Ҳошим.-Душанбе:Ирфон, 1983.
7. Шукуров, М. Насри реалистӣ ва тафаккури шуури эстетикӣ/ Муҳаммадҷон Шукуров.-Душанбе: Ирфон, 1987.