Ба шумори зиёди падару модарон, омӯзгорон, намояндагони касбу корҳои гуногун, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо суолҳои зерин муроҷиат кардем:
– Фарзандон то ба 7-солагӣ расидан дар оила дорои кадом ҳуқуқҳоянд?
Ҷавоб:
– Зиндагӣ кардан, хӯрдан, пӯшидан, хобидан, бозӣ кардан, ҳарф задан ва ғайра.
– Гӯсола, гов, буз ва ё дигар ҳайвонҳои хонагӣ магар ҳамин ҳуқуқҳоро надоранд?
Ҷавоб:
– Бале, доранд.
Дар назари аввал ҳамин тавр аст. Агар мушоҳида кунем, мебинем, ки ҳайвонҳо нисбат ба кӯдакон ҳуқуқҳои бештар ва аз ҳама муҳимтар он аст, ки озодии зиёд доранд. Реҷаи хӯроку оби онҳо ҳамеша риоя карда мешавад. Дар макони барояшон муқарраршуда худ ҳокими мутлақанд, чӣ тавре ки хоҳанд ва чӣ қадаре ки хоҳанд, ҷастухезу бозӣ мекунанд, чанд қадаре ки хоҳанд, овоз баланд мекунанд, кай хоҳанд, хоб мераванду кай хоҳанд, мехезанд. Агар дар рама ё пода бошанд, рӯз то бегоҳ чӣ хеле хоҳанд, мечаранд. Реҷаи обу хӯроки онҳо ҳамеша риоя карда мешавад. Вале дар хона агар кӯдак гиря накунаду хӯрок напурсад, касе ба ӯ хӯрок намедиҳад. Реҷаи хӯроки кӯдак риоя карда намешавад. Аслан чунин реҷа вуҷуд надорад. Ҳатто агар модар ба коре банд бошад ё дар телевизион барномаи ҷолибе ва ё филм рафта истода бошад, ба гиряи кӯдак ҳам касе эътибор намедиҳад. Дар хона агар кӯдак бозиву шӯхии бештар кунад, зиёдтар садо баланд кунад ва ё ба амале, ки мақбули падару модар нест даст занад, ҳатман сарзанишу танбеҳаш медиҳанд. Чунин шакл гирифтани тарбия боис мегардад, ки кӯдакон дигар аз ҷустуҷӯ ва кунҷковӣ бозмемонанд. Карахту дамдузд мешаванд. Ташаккулёбӣ ва рушди зеҳнии онҳо заиф мегардад. Ин ба он оварда мерасонад, ки ҳаёту фаъолияти минбаъдаи онҳо дар доираи мафҳумҳои “кун-накун”, “гир-нагир”, “рав-нарав”, “хӯр-нахӯр”, “шин-нашин”, “гӯй-нагӯй” ва чанд мафҳуми дигар сурат мегирад ва онҳо чун робот аз доираи ин барнома берун шуда наметавонанд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат интизори супоришу роҳнамоинанд. Чунки аз хурдсолӣ бо “шарофат”-и шаклҳои гуногуни тарбияи суннатӣ онҳо қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва интихобро аз даст медиҳанд. Ҳатто дар синфи 11-ум ҳам пешаи ояндаи худро интихоб карда наметавонанд, пешаи ояндаи онҳоро волидайн муайян мекунанд ва таъсири ин гуна тарбия дар тамоми давраҳои ҳаёти шахсони чунин тарбиядида ба мушоҳида мерасад. Натиҷа он аст, ки онҳо ҳатто вазифаҳои хизматии худро бе супоришу талаб ва назорат иҷро намекунанд. Масалан, дар муассисаи таълимӣ ҳар хонандаву донишҷӯ ва омӯзгор вазифаи хос дорад. Вазифаи хонанда хондану барномаи таълимиро ҳазм кардан, вазифаи донишҷӯ дониш андӯхтан, вазифаи омӯзгор омода шудан ба дарс, нақшаи дарси яксоата навиштан, самаранок ташкил ва гузаронидани соати дарсӣ мебошад. Худ қазоват кунед, агар муаллим ба шогирд супориш надиҳаду талаб накунад, аксари хонандагон дарс мехонанд? Ва ё агар ду рӯз муовини директор оид ба бахши таълим нақшаи дарси яксоатаи омӯзгоронро талаб накунад, оё рӯзи сеюм ягон кас менависад? Сабаб чист? Сабаб таъсири ҳамон тарбияи хонаводагӣ аст, яъне интизорӣ. Интизори супоришу талаб. Дар зиндагӣ, кору фаъолияти ҳар яки мо ин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро аксарияти мо бо ҳамин шакли тарбия ба воя расидаем. Дар кадом сатҳу вазифае набошем, то аз роҳбарияту мақомоти боло супориш надиҳанд ва ё талаб накунанд, вазифаи худро иҷро намекунем.
Натиҷа он аст, ки имрӯз дар байни наврасону ҷавонони кишвар навоварон, ихтироъкорону эҷодкорон ангуштшуморанд.
Тарсу ҳарос додан — шаклҳои маъмули тарбияи суннатӣ
Яке аз шаклҳои маъмули тарбияи суннатии мо, ки паёмади ногувор дорад, дар вуҷуди кӯдак аз тифлӣ ҷой кардани тарсу ҳарос мебошад. Волидайн ва калонсолони оила ба хотири оромишу фароғати худ ва аз амалҳою ҳаракатҳои зиёд, шӯхию бозиҳои кӯдакона боздоштан фарзандро аз ҳар гуна ҳайвонҳои даранда, хазандаю чаранда , аз духтуру милиса, аз деву аҷина тарс медиҳанд. Бо ин роҳ онҳо кӯдакро аз озодона амал кардан дур мекунанд. Агар ба чизе даст дароз кунад, ба дасташ мезананд, ”мегазад”, ”мезанад”, ”месӯзад”, “мебарад”- гӯён ӯро метарсонанд.
Ин шакли тарбия боис мегардад, ки кӯдак тарсу ба воя расад, боварӣ ба худро гум мекунад. Ба атроф бо ҳарос менигарад. Аз ҳар гуна овозу садоҳо метарсад. Пинҳон мешавад. Ҳарос аз танҳо бозӣ кардан, танҳо хобидан, танҳо мондан мекунад. Дар хобаш метарсад, бо тарсу ҳарос дод мезанад. Ба кумак даъват мекунад. Аз хоб гирякунон бедор мешавад. Падар, модар ё ягон нафари дигарро ба ҳамроҳӣ мехонад. Мумкин аст, ба бемории руҳӣ гирифтор шавад. Ин тоифа кӯдакон бузург ҳам шаванд, тарсу ҳарос дар вуҷудашон боқӣ мемонад. Дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ дармемонанд. Қарор қабул карда наметавонанд. Беирода мешаванд. Аз мақсад гузоштану мубориза бурдан канораҷӯӣ мекунанд. Беҷуръатанд. Аз ибрози ақида худдорӣ менамоянд. Дар баҳсу мунозираҳо иштирок намекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо худро бой медиҳанд, дасту пой гум мекунанд ва раҳгум мезананд. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки аксарияти чунин кӯдакон дар зиндагӣ муваффақ намешаванд, дар байни ҳамсинфону ҳамкурсон, ҳамсолону ҳамкорон мавқеи хуб пайдо карда наметавонанд, ки ин сабабгори руҳафтодагиву дилсардии шахс мегардад.
Муносибати нодуруст ва ба эътибор нагирифтани майлу хоҳиш
Бисёре аз падару модарон давраҳои синнусолӣ ва психологияи кӯдакону наврасонро нодида мегиранд. Дар ҳамаи давраҳои инкишоф ва ташаккулёбӣ ба ӯ яксон муносибат мекунанд. Бузург шудани фарзандро пайхас намекунанд. Дар муҳити оилавӣ чун қарнҳои гузашта касе фикру ақида, майлу хоҳиши кӯдакону наврасонро ба инобат намегирад. Ҳуқуқҳои фарзандон маҳдуд мешаванд. Агар фарзанд ба суҳбати калонсолон ҳамроҳ шавад, хоҳиши ибрози ақида кунад ва ё ба фикре розӣ нашавад, дарҳол падар ё модар ба ғазаб меояд ва сухан карданро барояш манъ намуда, ҳатман мегӯяд: “Ту гап назан. Дар назди калонсолон ҳаққи даҳон кушодан надорӣ. Ё ба назарат хеле калон шудаӣ, забонат дароз шудааст. Ту куҷою гап задан куҷо”. Ин тарзи муносибат пайваста такрор мешавад. Ва ин оҳиста-оҳиста ба он оварда мерасонад, ки баъзе фарзандон аз суҳбат кардан бо калонсолон меҳаросанд, шарм мекунанд, аз бозӣ кардан бо ҳамсолони худ канораҷӯӣ мекунанд. Ба андешаи профессор Б. Маҷидова, “ба чунин ҳол расидани кӯдакони хурдсол аз муносибати нодурусти волидон ва калонсолони оила, инчунин, аз норасоии малакаи педагогӣ ва маҳорати корбарии мураббиёни муассисаҳои томактабӣ маншаъ мегирад”. (Маҷидова Б. (Вақте ки кӯдак… Маҷаллаи методию таълимии “Субҳи умед” — Душанбе, 2013, №3, с. 12).
Дар ин маврид У. Кайковус мефармояд: “Аммо ба ҳадиси шармгинӣ агарчи гуфтаанд, ”шармгинӣ аз имон аст”, бисёр ҷой буд, ки ҳаёт бар мард вубол буд ва чунон шармгин мабош, ки аз шармгинӣ дар муҳимоти хеш тақсир кунӣ ва халал дар кори ту ояд, ки бисёр ҷой буд, ки бешармӣ бояд, то ғараз ҳосил шавад”. (Унсурулмаолии Кайковус. “Қобуснома”. Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон. 1366. саҳ. 35). Дар давоми мантиқи сухан мутафаккир мавқеи худро олимонаю оқилона тавзеҳ медиҳад: “Шарм кун аз бетамкинӣ, таҳқир ва дурӯғ! Аммо аз ростгӯӣ ва росткорӣ шарм макун, чунки бисёриҳо аз шармгинӣ ба мақсади худ ноил нагаштаанд”. (Кей-Кавус У. “Кабус-наме”, Бертельс Е. Э. Издательство восточной литературы, М., 1958. стр. 71. ). Чунин муомила ва беэътиноӣ фарзандро аз хона дур мекунад ва дар байни бачаҳои кӯча будану ҳамсуҳбат шуданро аз хона авлотар мешуморад. Аз ҷониби дигар, вақте ки дар хона ба кӯдак бештар бо оҳанги амру фармоиш муомила намуда, дар гуфтору амали ӯ маҳдудият мегузоранд ва фикру ақида, хоҳишу дархост маслиҳату пешниҳод ва нуқтаи назари фарзанд ба эътибор гирифта намешавад боис мегардад, ки кӯдак худро дар оила ва дар ҷомеа шахси нодаркор ҳисобад ва ҳангоме ки дар байни бачаҳои кӯча фикру ақидааш мақбул шуморида шуда, дастгирӣ меёбад, худро дар кӯча, дар байни бачаҳо озод ва роҳат эҳсос мекунад. Дар натиҷа фарзанд бо ҳар баҳонае аз хона ва аз падару модар дурӣ меҷӯяд.
Ҳамчунин, бештари падару модарон аксар вақт бо баҳонаҳои гуногун пурсишҳои фарзандонро бе ҷавоб мемонанд. Ҷойи машварат бо фарзандони наврас бештар насиҳат мекунанд, эрод мегиранд, танқиду сарзаниш мекунанд. Ҳол он ки дар зинаи наврасӣ насиҳатҳои пайдарпайи ҳамарӯза ва эродгириву айбҷӯӣ ба дарде намехӯрад. Баръакс , ин ҳама боиси нафрату дилгирии наврас мегардад ва ӯ гумон мекунад, ки волидайн бузург шуданашро ба эътибор нагирифта, ҳоло ҳам ӯро кӯдаквор насиҳат мекунанд.
Давраи наврасӣ давраи мураккаб аст. Дар ин давра масъалаҳои муомила ва муносибати наврасон бо аҳли ҷомеа дар зинаи аввал қарор мегирад ва падару модарон дар ин давра бояд масъулияти бештаре дошта бошанд. Онҳо бояд донанд, ки писар ва ё духтарашон дар муассисаи таълимӣ, дар байни коллективи ҳамсинфон чӣ гуна мавқеъ дорад, дӯстонаш киҳо ҳастанд, ба чӣ майлу рағбати бештар дорад. Аз ҳар гуна хатоӣ ва камбудиҳои ҷузъӣ хашмгин нашаванд. Фарзандонро ҳамеша эҳтиром намудану ба онҳо бовар кардан дар тарбияи хонаводагӣ аҳамияти калон дорад.
Дар зинаи наврасӣ фарзандон як қувва пайдо мекунанд ва мехоҳанд, ки бо ҳар роҳу коре он қувваро сарф кунанд. Аммо падару модар ба ҷойи машварат намудану роҳбаладӣ кардан аз рӯи камсаводию бетаҷрибагӣ калон шудани фарзандро қабул накарда, зуд мушавваш мешаванд ва қаҳру ғазабашонро болои фарзанд холӣ мекунанд. Онҳо гумон мекунанд, ки бояд тарбия ҳамин шакл бошад ва ҳамин гуна муносибат ба фарзанд роиҷ аст. Вале онҳо намедонанд, ки бо ин тарзи муносибат фарзандро аз худ ва хона дур месозанд. Доктори илмҳои педагогӣ Ю. П. Азаров доир ба доду фарёд задан болои фарзандон ва натиҷаи он чунин мегӯяд: “Агар хоҳед, ки байни шумо ва фарзандон зиддияту бадбинӣ тавлид шаваду фарзандон аз хона дурӣ ҷӯянд, дод занед, дашном диҳед. Аммо доду фарёд сазовори инсон нест. Доду фарёд қаҳру ғазабро зиёд мекунад. Бо ин шакл таълиму тарбия додани фарзандон баъдан мушкилоти бисёре ба бор меорад. Кӯдаке, ки пагоҳирӯзӣ ба сараш доду фарёд заданд, панҷ-шаш соат дар дарс ором нишаста наметавонад. Гузашта аз ин, дар вуҷуди ӯ ин тарзи муносибат хашму ғазабро тавлид мекунад ва дар муносибат бо рафиқону омӯзгорон бадмуомила, бадзабон ва ҷанҷолӣ мешавад.” (Ю. П. Азаров. Семейная педагогика. Издательство политичекой литературы, Москва, 1982. с. 176 222с)
Аз ин хотир, падару модарон ва калонсолони оиларо зарур аст, ки дар муносибат бо фарзандон бисёр боэҳтиёту дақикназар бошанд. Бо фарзандон тавре муносбат кунанд, ки онҳо худро дӯстдоштанӣ ва азизи дигарон буданашонро эҳсос кунанд. Ба гуфта, фикру ақида ва мулоҳизаҳои кӯдак эҳтиёткорона муносибат кардан лозим аст, ба хусус, агар ӯ беҷуръат, камгап ва дамдузд бошад. Хислатҳои мусбати онҳоро бештар ёдрас карда, доир ба он хислатҳо суҳбат намоянд ва ташаббусу иқдоми кореро анҷом додан ва ё мустақилона ҳал кардани амалеро, ки аз ҷониби кӯдак сурат мегирад, дастгирӣ намоянд ва таърифу ситоиш кунанд. Ба фарзандон пайваста фишор наоранд. Шароит муҳайё созанд, ки фарзандон неруи ҷисмонии худро ба таври мақсаднок ва фоидаовар харҷ кунанд. Давидан, ҷастухез кардан, дучархасаворӣ, расм кашидан, сохтани ҳар гуна чизҳоро манъ накунанд. Зеро бозӣ ва майлу рағбат ҳамсафари бебадали кӯдакон дар оила ва муассисаҳои томактабӣ мебошад. Кӯдакони синни томактабӣ бозиҳои гуногуни серҳаракат, дидактикӣ, мусиқӣ, фарҳангӣ, нақшофарӣ, бинокорӣ, муҷассамасозӣ, расмкашӣ ва ғайраро дӯст медоранд. Барои мураббиёну омӯзгорон ва падару модарон ин намуди бозиҳои гуногун воситаи муҳимми рушди ҳамаҷонибаи фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ мебошад. (Т. И. Осакина, Е. А. Тимофеева, Л. С. Фурмина. Игры и развлечения детей на воздухе. Москва. ”Просвещение”1983 стр. 3 224 стр.). Дар акси ҳол муносибати нодуруст рӯзе фарзандро ба каҷрафторӣ мерасонад. Ё аз сӯи дигар, дар ҷавоби муносибати нодуруст интизори муносибати нек шудан нашояд. Дар ин раванд ҳамкории мутақобилаи падару модар бо муассисаи таълимӣ бояд дуруст ва пайваста ба роҳ монда шавад.
Имомназари ХОЛНАЗАР –
омӯзгори ДҶТИБКСМ