Бедил РОЗИҚОВ,
корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Пайдост, ки таълиму тарбияи кӯдакон вобаста ба синну сол ҳамеша дар ҳоли дигаргунӣ қарор дорад ва вобаста ба ин ҳар як давраи синнусолӣ махсусияти худро дорад. Маҳз ин хусусиятҳо сабабҳои ба вуҷуд омадан ва рушд ёфтани бисёр сифатҳои мусбати шахс, ба монанди ғамхорӣ, гапдароӣ, оромтабиатӣ, дилсӯзӣ, якравӣ, меҳрубонӣ, хоксорӣ, ҳаётдӯстӣ, инҷиқӣ, ҳушёрию зиракӣ, нотарсӣ, инсондӯстӣ, чусту чолокӣ ва ё сифатҳои манфӣ, ба монанди дағалӣ, тарсончакӣ, дамдуздӣ, якравӣ, инҷиқӣ, танбалӣ ва ғайра мегарданд. Дуруст аст, ки падару модарон ва волидону омӯзгорон ҷиҳати рушду такомул ёфтани сифатҳои мусбати кӯдакон ва дар баробари ин, барои барҳам додани сифатҳои манфии онҳо кӯшиш ба харҷ дода, роҳҳои гуногунро истифода мебаранд. Аксаран волидон мекӯшанд кӯдакони онҳо дорои сифатҳои хуби инсонидошта ба воя расанд, омӯзгорон мекӯшанд шогирдони онҳо намунаи ибрат ва босалоҳият бошанд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки бештари кӯдакон бар рағми кӯшишҳои мо баъзе амал ё аксуламалҳои манфӣ ба монанди инҷикию якравӣ ва худсарию беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Бисёре аз мутахассисон ин амалҳоро ба зуҳурёбии мустақилият дар хонандагон вобаста медонанд. Бояд қайд намуд, ки мувофиқи тадқиқоту омӯзишҳои олимони соҳа дар давраи тифлӣ дар кӯдакон инкишофи эмотсионалӣ-иродавӣ ба вуқӯъ омада, он маҳз дар ҳамин сифатҳои манфӣ, ба монанди якравӣ, инҷиқӣ, худбинӣ, рашку ҳасуд зоҳир мешавад. Дар маҷмӯи сифатҳои шахсии манфии кӯдакон беш аз ҳар чизи дигар итоатнопазирию беэътиноӣ ё инҷиқию якравӣ волидону мураббиёнро бештар ба изтироб меорад. Инҷиқиву якравии кӯдакон ва афзудани ин одат дар онҳо мавзӯест, ки ҳамчун ҷузъҳои рафтори манфӣ ҳамеша дар маркази диққати волидону мутахассисони соҳа қарор дорад. Аломат ва нишонаҳои инҷиқиву якравӣ дар кӯдакон аз чунин ҳолатҳо иборат мебошад:
— Хоҳиш ва талаби қатъӣ дар давом додани амали оғозкарда, ҳатто дар он ҳолатҳое ҳам, ки ин кораш бефоида буда, натиҷае намедиҳад;
— Ҳамчун ҳимояи психологӣ амал намудан. Яъне кӯдак дарк менамояд, ки ӯ хато кардааст, вале намехоҳад, ки хатои худро эътироф кунад. Бинобар ин, дар талаботи худ қатъӣ буда, барои даст ёфтан дар он талош менамояд;
— Гапнодаро будан (гарданшах, беитоат, барқасдона кардани амале, гапногирӣ). Мехоҳанд алорағми хоҳиши волидону калонсолон амал намоянд;
— Чизеро аз ягон сабаб ё бесабаб қабул накардан ё майлу хоҳиш надоштан дар иҷрои амале;
— Талаби озодии худ дар тасмим гирифтану иҷро намудани амалу ҳаракатҳои дилхоҳ;
— Интизом надоштан;
— Бесабаб ё ба андак сабаб даст кашидан аз нӯшидану хӯрок хӯрдан ва суҳбат намудан;
— Бесабаб ё андак сабаб қаҳр кардан ҳамчун фишор барои бароварда гардондани хоҳиши худ;
— Қасдан амалеро бар хилофи калонсолону атрофиён анҷом додан ё ба намоиш гузоштан;
— Пофишорӣ намудан барои анҷом додани амалҳои хоста;
— Хоҳиши доимии баён кардани фикри худ;
— Ҳисси хоҳиши гузаронидани фикри шахсии худ ба волидону дигарон;
— Иҷро накардан ё бо асабоният иҷро кардани хоҳишу супориши волидону калонсолон;
— Хафагию дилшикаста буданро нишон додан;
— Гирифторӣ ба одатҳои баде, ба монанди сарҳои худро ба девор ё фарши хона задан, чизеро қасдан шикастан, даррондани китобу дафтарҳо, чаппа намудани ашё ва ба воситаи ин амалҳои худ маҷбур намудани калонсолон барои иҷрои хоҳишҳояшон;
— Хафаю хаста вонамуд шудан ва ғайраҳо.
Дар ҳақиқат, агар мо амалҳои зикргардидаро таҳлил намоем, то ҷое манфӣ будани ин рафторҳоро эҳсос менамоем. Дар маҷмӯъ, тамоми шаклҳои номбаршуда ҳамчун рафтори ғайриқабул ҳисобида мешаванд. Мафҳумҳои «инҷиқӣ» ва «якравӣ» дар назари аввал ба ҳам хеле алоқаманд бошанд ҳам, байни онҳо тафовути зиёде дида мешавад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мафҳуми «инҷиқ» ба маънои зудранҷ, сернозунуз, дилтангу нозуктабиат ва мафҳуми «якрав» ба маънои гапнодаро, гарданшах, боисрор, истодагарӣ ва инодкор оварда шудааст. Яъне ҳолатҳои равонӣ, рафтори хоси манфӣ ва бепояи кӯдаконест, ки дар муқобили талабот, хоҳишу дархост ва маслиҳати дигар одамон, махсусан, волидон рух медиҳад. Ҳарчанд якравию инҷиқии кӯдаконро бисёр вақт калонсолон ба синнусоли томактабии онҳо вобаста медонанд, аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин раванд бештар аз рафти муоширату муносибати калонсолон сарчашма мегирад. Аз таҳлили тадқиқоти донишмандони ватаниву хориҷӣ, мушоҳидаи ҳолати кӯдакон ва фикру ақидаи волидон ба хулосае омадан мумкин аст, ки сабабҳои асосии инҷиқиву якравӣ дар кӯдакон инҳо буда метавонанд:
Ивазшавии ҳолат. Масалан, вақте ки кӯдак бародар ё хоҳари аз худаш хурдтар дорад. Вобаста ба муносибати калонсолон кӯдак ҳис мекунад, ки муҳаббати волидон ба каси дигаре (бародару хоҳар ё ягон нафари дигар) дахл дошта, ӯ то ҷое танҳо мебошад. Роҳи ягонаи бартараф намудани ҳисси танҳоиро кӯдак дар эътироз намудан, қаҳру ғазаб ва дигар амалҳои манфӣ нишон медиҳад. Яъне норасоии муҳаббати волидайн ё назари ягонаро ҳис намудани кӯдакон дар амалу муносибати волидон яке аз сабабҳои асосии фармонноравоӣ, инҷиқии беохир дар кӯдакон шуда метавонад.
Нишона ё натиҷаҳои норасоиҳои ҷисмонӣ.
Кӯдакон метавонанд инҷиқӣ намоянд, агар онҳоро ягон чиз нороҳат намояд, барои мисол бемор будан, ки худи кӯдакон наметавонад инро дарк намоянд. Илова бар ин, кӯдакон наметавонанд он чизеро, ки дар вуҷудашон мегузарад (мисли ягон намуд дарду норасоӣ), монанди калонсолон ҳис намоянд. Ин ҷо бояд ёдовар гардид, ки инҷиқӣ метавонад ҳангоми аз ҷиҳати ҷисмонӣ сиҳат будани кӯдакон низ ба вуқӯъ ояд. Барои мисол, ҳангоме ки ӯ мехоҳад дар рафти бозӣ иштироки фаъолона дошта бошад, аммо бо сабабе ин барои онҳо аз ҷониби калонсолон то ҷое номумкин ҳисобида мешавад (монанди ҳанӯз пурра шифо наёфтан). Табиист, ки дар натиҷа кӯдак ин талаби волидонро қабул накарда, инҷиқӣ менамояд.
Эҳсос накардани таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ аз ҷониби калонсолон.
Кӯдак мехоҳад, ки ба худ таваҷҷуҳи бештарро ҷалб кунад. Ин роҳро барои он интихоб мекунад, ки ба ӯ ғамхорӣ ва муҳаббати волидон намерасад. Махсусан, аксар вақт ин ҳолат дар кӯдаконе рух медиҳад, ки онҳоро таваҷҷуҳ ва ғамхории зиёде иҳота кардаанд. Ин кӯдакон қаҳру ғазабро аллакай дар сатҳи баланд оғоз мекунанд.
Вокуниш ба маҳдудиятҳои волидон. Барои мисол, кӯдак мехоҳад, ки ба чизи дилхоҳаш ноил гардад: гирифтани туҳфаҳо, иҷозат гирифтан барои сайругашт, бозӣ намудан бо сагча ё дигар ҳайвонот, ки волидон барои ӯ ин амалҳоро манъ намудаанд. Дар натиҷа муносибати манфии кӯдакон метавонад ба вуҷуд ояд, ё метавонад ба ягон маҳдудияти дигар вобаста ба озодии кӯдак бошад.
Худшиносӣ. Эътирози ба муқобили андозаҳои муаяйншуда ва ба намоиш гузоштани хоҳишҳои мустақилонаи худ. Кӯдак бояд эҳсос кунад, ки на танҳо ба ӯ ғамхорӣ мекунанд, балки ҳамчунин, ҳуқуқи интихоби озодонаи худашро диҳанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ӯро фаҳмида эҳтиром намоянд. Ҳамзамон, сабабҳои зерин низ ба оғози инҷиқию якравӣ дар кӯдакон асос шуда метавонанд:
— Зиёда аз майлу хоҳиш, завқу ҳавасмандӣ ва малакаву қобилияти кӯдакон аз онҳо талаб намудани иҷрои амалҳо;
— Намунаи ибрат набудани худи волидону калонсолон ба кӯдакон. Ё аз онҳо талаб намудани иҷрои амале, ки худ дар пеши чашми кӯдакон онро риоя намекунанд ё дидаву дониста иҷро менамоянд;
— Доимо маҳдуд кардани мустақилият ва ҳуқуқҳои кӯдакон дар доираи муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва иҷтимоӣ. Маълум аст, ки яке аз омилҳо дар кори тарбиявӣ мувофиқат кардани талабот ва ҳурмату эҳтироми шахсияти инсон аст, ки дар навбати худ кӯдаки томактабӣ низ шахсияти инкишофёбанда, ташаккулёбанда ба ҳисоб меравад;
— Алорағми хоҳиши кӯдак муносибат намудан ва вокуниши манфӣ нишон додан дар баробари хостаҳои ӯ;
— Ба ин восита аз волидону дигар калонсолон қасос гирифтан ё изҳори норизоӣ намудани кӯдакон ба амалкарди онҳо; — Дар рӯҳия ё муҳити ғайрисолим зиндагӣ кардан ё ба воя расидани кӯдакон. Мисли дар хонадоне зиндагӣ намудан, ки миёни падару модар, амаку падару модар ё бародару хоҳарон гуногунандешӣ вуҷуд дорад;
— Муносибати бепарвоёна ва беэътиноӣ ба хоҳишу талаботи маънавию моддии кӯдак;
— Аз ҷониби кӯдакон эҳсос кардани ҳисси танҳоӣ, нодаркор будан, беҳимоя будан ва маҳбуб набудан;
— Худро мустақил нишон додану нишон додани тавонистани анҷоми коре. Бисёр мушоҳида мегардад, ки волидон мехоҳанд кӯдакро бо дасти худ хӯрок диҳанд, аммо кӯдак саркашӣ намуда, мехоҳад худаш мустақилона хӯрок хӯрад;
— Аз дигарон худро боло ё донотар нишон додан;
— Аз ҳад зиёд дилсӯзӣ намудан ба кӯдак новобаста аз синну солаш. Дар ҳақиқат, кӯдаке, ки тамоми хоҳишаш бе чуну чаро қабул шуда, тамоми хостаашро метавонад ба ҳар восита ба даст орад, ин равандро хело душвор паси сар менамояд; — Муносибати начандон хуби волидон. Бисёрҳо мушоҳида шудааст, ки волидон бо фарзандони худ на ҳамчун инсони комил, балки як навъ назарногирона муносибат менамоянд, ки ин амали онҳо низ метавонад ба кӯдакон таъсири манфӣ расонда, то ҷое ба дағал гардидани кӯдакон асос гардад;
— Аз ҳад зиёд таърифу тавсиф намудани сифатҳои шахсӣ ва имкониятҳои ақлию зеҳнии кӯдаки алоҳида. Таҳлилҳои соҳа бозгӯи он аст, ки ин амали онҳо боиси мағруру ҳавобаланд гардидани кӯдакон мегардад;
— Қонеъ нагардидани майлу рағбат ва талаботи кӯдак барои иҷрои «Ман мехоҳам», «Ман метавонам». Бисёре аз ҷанбаҳои масъалаи мавриди назар – роҳҳои бартараф намудани инҷиқию якравӣ дар кӯдакон аз ҷониби олимони ватанию бурунмарзӣ мавриди омӯзишу тадқиқ қарор гирифта бошанд ҳам, мутаассифона, доираи тадқиқоти мазкур фарогири тамоми паҳлуҳо набуда, хулосаҳои онҳо ками андар кам дастраси волидону хоҳишмандон шудааст. Омӯзиши адабиёти илмӣ ва мушоҳидаи рафтору кирдори кӯдакону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа бозгӯи он аст, ки дар ин самт нахуст волидону калонсолон бояд муносибатро бо кӯдакон ҷиддӣ ба роҳ монда, худ намунаи ибрат бошанд. Дар баробари хостаҳои кӯдакон бепарво набуда, ба масъалаҳои пайдогардида ба таври бояду шояд расидагӣ намоянд.