Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН –
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
Дар тӯли зиёда аз сӣ соли тантанаи Истиқлоли давлатӣ низоми маорифи мамлакат то андозае вориди фазои таҳсилоти байналмилалӣ гардида, дар ин замина барои рушду такомули бештари маорифи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Ба мазмуни таҳсилот дар ин давра чандин маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардида, барномаву стандарт ва китобҳои дарсӣ дар асоси дастовардҳои замони нав таҷдиди назар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуданд.
Дар ин самт дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия, ки дар аксари суҳбату мулоқотҳояшон бо аҳли маориф ва зиёиёни кишвар медиҳанд, мавқеи хоса доранд. Шароити кунунии рушди маориф ва ҷаҳонишавии раванди таълиму тарбия ҳар яки моро водор месозад, ки тарбияи насли наврасро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию арзишҳои давлатӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ ба роҳ монем. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳадафи асосии дидактика таълиму тарбия аст. Яъне ин ду мафҳум дар раванди таҳсил бояд ба рушди дониш ва маҳорату малакаҳои кӯдакон баробар мусоидат намояд. Ба андешаи донишманди муҳтарам, профессор С.Ятимов, “…вақте сухан дар бораи тарбия (донишманди муҳтарам нахуст тарбия гуфтааст –М.С.) ва таълим меравад, маънои омӯхтан, омӯзонидан, роҳнамоӣ, сарварӣ, ғамхорӣ ва ҳимоя кардани ҳамватанро дорад. Чунин ҷараён бояд тамоми ҳаёти инсонро фарогир бошад. Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст”.
Зимнан, бо таъкид овардани мафҳуми тарбия аз ҷониби ин донишманд низ бесабаб нест, зеро тарбияи насли наврас танҳо вазифаи мактабу омӯзгор нест. Ба ин раванд падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа масъуланд. Маҳз бетарафии баъзе падару модарон ва нафарони масъули ҷомеа нисбат ба тарбия аст, ки ҷавонон гирифтори андешаҳои ифротгароёна ва вобастаи гурӯҳҳои террористию иртиҷоӣ мегарданд.
Воқеан, ба омилҳои зикркардаи донишманди муҳтарам С. Ятимов, ки рушди онҳо дар ниҳоди насли наврас аз мактаб оғоз гардида, тавассути дониш ва маҳорату малакаҳои педагогиву психологии омӯзгор боиси инкишофи тафаккури хонандагон мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир намудани масъулони соҳаи маориф, олимону мактабшиносон ногузир аст, зеро бунёди асосии онҳо, рушд ва инкишофи ин омилҳо ба мақом ва мавқеи мактабу омӯзгор иртботи ногусастанӣ дорад. Дар баробари ин, мазмуни таҳсилот, ки раҳнамои асосии омӯзгор дар тамоми раванди таълиму тарбия мебошад, хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Бе стандарти ҷавобгӯйи талаботи замон ва мутобиқ ба арзишҳои миллӣ, дунявӣ, умумибашарӣ таҳия ва таълифи китобҳои дарсии рушддиҳандаи тарбияи фикрӣ ва таҳлилии хонанадагон ғайриимкон аст. Хонанда донишу саводро аз китоб тавассути омӯзгор аз бар менамояд. Таҳлилҳо ва эродҳо аз ҷониби Пешвои миллат оид ба мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ далели он аст, ки бо вуҷуди нашри қариб тамоми китобҳои дарсӣ ба мазмуну мундариҷа ва мутобиқати онҳо ба талаботи сиёсати замони нав, идеологияи миллӣ ва арзишҳои миллӣ чандон таваҷҷуҳ зоҳир нашудааст. Тамоми моҳияти таълим ва тарбия дар мазмуну мундариҷаи матнҳои китобҳои дарсӣ инъикос меёбад. Китоб дар баробари пешниҳоди маводи таълим додани саводу дониш инчунин хонандаро тарбия менамояд. Яъне тарбияи инсони солим ба мазмуни китоби дарсӣ ва муаллифи он иртибот дорад. Китоби дарсӣ на танҳо махзани илму дониш, роҳи аз худ кардани асосҳои илмҳои гуногун, балки василаи муҳимми ташаккули шахсият дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳо ва фарҳанги миллӣ аст. Ба ибораи дигар, муаллифи китоби дарсӣ низ дар амалӣ сохтани сиёсати Ҳукумат дар соҳаи маориф масъулияти баланд ба дӯш дорад.
Мазмуну мундариҷаи китоби дарсӣ ба ҳама таъсиргузор аст, зеро ҳамаи кӯдакони мо аз он истифода мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳар камбудиву норасоие, ки дар китоби дарсӣ ҷой дорад, метавонад оқибатҳои ногувореро ба бор оварад. Пешвои миллат доир ба мазмуни китобҳои дарсӣ ва моҳияти онҳо дар таълиму тарбияи кӯдакон чунин таъкид кардаанд: «Сатҳу сифати дониши хонандагон, пеш аз ҳама, аз мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ вобаста аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксари китобҳои дарсӣ хислати маълумотӣ доранд ва барои бедор намудани фикрронии мустақилонаи кӯдакону наврасон маводи нокифоя пешниҳод мекунанд.”
Дар ин росто, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои муассир дар самти баланд бардоштани сифати китобҳои дарсӣ, ба ислоҳоти соҳаи маориф ҷалб шудани шарикони рушд аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи муаллифон ҳоло низ дар атрофи китобҳои дарсии ҷорӣ андешаҳои гуногуни танқидӣ ва эродҳои зиёде аз ҷониби аҳли ҷомеа ва мутахассисони соҳа ҷой дорад.
Бо ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ дар низоми таълиму тарбия падидаи наве бо номи муносибати босалоҳият ба таълим роҳ ёфт. Ин падида ба таври бояду шояд дар раванди таълим татбиқ нашуда бошад ҳам, моро водор месозад, ки стандарту барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина китобҳои дарсиро тибқи талаботи он таълиф намоем. Муносибати босалоҳият ба рушди зеҳнии хонанда, мустақилияти фикрронӣ ва фаъолиятҳои эҷодкории хонанда мусоидат карда, салоҳияти касбии омӯзгорро дар раванди таълим такмил медиҳад. Бартараф кардани норасоиҳои мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамеша зери назари Вазорати маориф ва илм қарор дорад. Дар ин росто, бо дастури вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода барои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба раванди таълифи адабиёти таълимӣ гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисон таъсис дода шуд. Зимни баррасӣ ва таҳлилҳо гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки дар баррасии адабиёти таълимӣ тӯли ин солҳо на ҳамаи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адабиёти таълимӣ” риоя гардидааст. Яъне китобҳои дарсӣ танҳо аз ташхиси ҷамъиятӣ гузашта, аз ташхиси касбӣ нагузашта, танҳо бо тақризи як ду нафар ба чоп тавсия мегардиданд. Чунин муносибат роҳбарияти вазоратро водор сохт, ки барои беҳтар гардидани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро амалӣ гардонад. Китоби дарсӣ бояд ба таври ҷиддӣ аз ташхиси касбӣ ва ҷамъиятӣ гузарад. Дар ин росто, бо дастури вазири маориф ва илм дар назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф раёсати ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шурои ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис дода мешавад, ки ҳадафи асосии ин ниҳодҳо боз ҳам беҳтар гардидани мазмуни китобҳои дарсӣ ва ба талаботи кунунии сиёсати давлату Ҳукумат, арзишҳои миллии таърихию фарҳангӣ мутобиқ сохтани онҳо мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир таҳрир, ташхис, тақриз ва арзёбии китоби дарсӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа дар баланд бардоштани сифати китоби дарсӣ ва мутобиқ сохтани он ба стандарту барномаҳои таълим ва талаботи қонунгузории ҷорӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, ин масъала ба таҳлили ҷиддӣ ва холисона ниёз дорад.
Агар омилҳои асосии норасоиҳои китоби дарсиро таҳлил кунем, мебинем, ки дар ин самт чанд масъалаи муҳимме ҳаст, ки бевосита ба сифати китоби дарсӣ таъсир мерасонад. Табиист, ки роҳҳои баланд бардоштани сифати китоб низ ба бартараф намудани ин омилҳои таъсиррасон вобаста аст. Гузашта аз ин, муайян намудани масъулияти ҳар яке аз ҷонибҳо – муаллифон, муҳаррирон, муқарризон, ниҳодҳои дахлдори таҳия, арзёбӣ ва нашри китобҳои дарсӣ низ хеле муҳим аст. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба баъзе санадҳои меъёрии соҳа доир ба адабиёти таълимӣ гурӯҳи корӣ пешниҳод намудааст, минбаъд экспертизаи касбӣ аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз ҷиҳати мутобиқати мазмуни он ба илми муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот, ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ, хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон мебошад. Экспертизаи касбии сифати нашрияҳои таълимие, ки дар раванди таълим ба сифати адабиёти таълимии асосӣ истифода бурда мешаванд, дар асоси меъёрҳои зерин гузаронида мешавад:
— мутобиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф; мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот; мутобиқат ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ; риояи қоидаҳои имло; арзиши ғоявӣ доштан; сохтори комил доштан; фаҳмову даркшаванда будан; мутобиқат ба талаботи усули баёни маводи таълимӣ; мавҷудияти робитаи мутақобила бо фанҳои дигари таълимӣ; мутобиқат ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон; ба инобат гирифтани талаботи муносибати босалоҳият ба таълим ва махсусиятҳои таҳсилоти фарогир; имконпазирии инъикоси масъалаҳои баробарии гендерӣ; санҷиши натиҷаҳои таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Меъёрҳои иловагии экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби фармоишгар ва (ё) шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниҳод карда мешаванд.
Ҳангоми экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимии электронӣ меъёрҳои зерин низ ба назар гирифта мешаванд:
— иҷрошаванда будани ҳамаи ҷузъиёти барномаҳои компютерӣ, гузариш аз як барнома ба барномаи дигар, иқтибосҳо ва дигар амалҳое, ки барномаи компютерӣ пешбинӣ намудааст; бенуқсон кор кардани барномаи компютерӣ; амалӣ шудан дар ҳама навъи таҷҳизоти электронӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои адабиёти таълимии электронӣ пешбинӣ шудаанд; мураттабӣ ва сохтори муназзами маводи таълимӣ; имкониятҳои мустақилона кор кардани таълимгиранда.
Дар маҷмуъ, дар самти таълифи адабиёти таълимӣ мушкилоти зерин ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия ва омода кардани афроди ояндасози кишвар мусоидат хоҳад кард:
- Ҷалби донишмандону муҳаққиқони ҷавон ба таълифи китобҳои дарсӣ. Муаллифони китобҳои дарсиеро, ки собиқаи хеле зиёди омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ доранд, зарур аст, ки шогирдони худро дар самти таълифи китобҳои дарсӣ омода карда, мактаби муаллифии худро бунёд намоянд.
- Ба назари мо, ба нақша гирифтани таъсиси Маркази таълиф ва ҳамоҳангсозии муаллифони китобҳои дарсӣ дар назди АТТ барои сифатан беҳтар гардидани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ба мақсад мувофиқ аст.
- Ҳавасманд гардонидани муаллифони китобҳои дарсӣ, муқарризон, муҳаррирон, тарроҳон, рассомон ва ташхисгарони китобҳои дарсӣ боиси сифатан беҳтар гардидани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ хоҳад шуд.
- Дар сурати таҷдиди назар шудани стандарт ва барномаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат борҳо таъкид шудааст, нашри такрории адабиёти таълимӣ сарфи назар ва барои аз нав навиштани он озмун эълон карда шавад.
- Дар раванди таълифи китобҳои дарсӣ тибқи сатандарту барномаҳои таълимӣ бояд талаботи муносибати босалоҳият ба таълим, ки барои тарбияи фикрӣ ва рушди зеҳнии хонанда ва касбияти омӯзгор мусоидат менамояд, ба инобат гирифта шавад.
- Барои ғолибони озмуни муаллифони китобҳои дарсӣ гузаронидани омӯзишҳои серӯза бо ҷалби олимону методистон ва мутахассисони ниҳодҳои гуногун ба мақсад мувофиқ аст.