Чанд сухан перомуни масоили таълифи китоби дарсӣ ва роҳҳои ислоҳи камбудиву норасоиҳо
Таълифи китоби дарсӣ дар даҳсолаи охир дар кишвар нумуи тоза касб кард: аввал, тибқи лоиҳаҳо, баъдан, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ чопи босифати китобҳои дарсӣ, ба хусус, барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардид. Ҳанӯз чанд сол пеш собиқ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар як нишаст гуфта буд: “Дар назди олимон ду вазифаи муҳим меистад: Муайян кардани беҳтарин методикаи таълими фанҳо; Омода сохтани дастурҳои методӣ (раҳнамо)”.
Аз он вақт то ин дам чандин тадбир андешида шуд, методикаи таълим ҳам такмил ёфт, роҳнамои омӯзгор ҳам ба табъ расид. Вале ба назар мерасад, ки ҳанӯз дар масоили марбут ба таълифи китоби дарсӣ ба ҳадаф нарасидаем.
Агарчи талаби замон аст, чоп намудани китобҳои дарсӣ дар доираи муносибатҳои салоҳиятнокӣ, ки солҳои охир пеш гирифта шуд, кори саҳл нест. Ба андешаи рӯзноманигор Шодӣ Раҷабзод (“Мактаби муаллифони китоби дарсӣ” — №32, 2021 — “Омӯзгор”), вақти он расидааст, ки шакл ва мундариҷаи китобҳои дарсӣ аз ҳама фанҳои мактабӣ бо дарназардошти муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим ва ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ аз нав таълиф гардад.
Бояд гуфт, ки ин кори мушкил ва ҳанӯз ҳам баҳсталаб буда, масъулияти муаллифонро бамаротиб зиёд намуд. Дар масъалаи таълифи китоби дарсӣ андешаву баҳсҳо гуногунанд. Ба баҳс кашидани ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба чашм мерасад. Масалан, нигаронии Мирзоалӣ Миралиев, омӯзгори забони англисӣ дар гурӯҳи “Маорифи Тоҷикистон” дар Фейсбук аз он ки китобҳо тез-тез иваз мешаванд, баҳси зиёдро ба миён овард. Ӯ таъкид мекунад, ки масъаларо мавриди муҳокима гузоштани ман на танҳо ба хотири аз нав нашр шудани китобҳои дарсӣ, балки бо мақсади беҳтар шудани мазмуну мундариҷаи китобҳо ва сифати онҳо низ мебошад.
Бале, ӯ ҳақ дорад, нигаронӣ кунад, зеро омӯзгор аст, падар аст, бобо аст ва вақте бо китоб сарукор мегирад, ё бо фарзанду наберааш аз китоб истифода бурданӣ мешаваду ғалатҳоро мебинад, ором буда наметавонад. Ба андешаи ӯ, китобро бояд омӯзгорони таҷрибадори мактабҳои миёна нависанд, на профессорон. “Муаллимони одӣ унвон надоранд, аммо аз олимон дида хонанда, мактаб ва муҳити онро садҳо бор беҳтар медонанд, – мегӯяд ӯ. – Онҳое, ки имрӯз муаллифи китобҳоянд, ман сад фисад мутмаинам, ки онро аз ҷое рӯбардор кардаанд ва ё ба ягон шогирди унвонҷӯяшон супориш додаанд, ки маводҳоро ҷамъоварӣ намоянд ва онро дар шакли китоб дароранд, дар гумон аст, онро худ боре аз назар гузаронда бошанд. Агар ҳамин гуна китобнависӣ ва муаллифӣ бошад, ҳар сол мо китобҳоро дигар кардан мегирем ва пулу моли миллату давлатро ҳайф ва аз ҳама асосиаш, миллатро бесаводу роҳгум месозем.”
Аммо Шодӣ Раҷабзод чунин мепиндорад, ки омӯзгор аз китоб истифода бурданро медонад, на таълифи онро, аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори муаллифони олим будани худро таъкид мекунад.
Устоди дар ин самт соҳибмактаб Сайдамир Аминов бар ин назар аст, ки китоби дарсии мактабӣ маҷмуаи машқ набуда, ҷанбаҳои педагогӣ, психологӣ, дидактикӣ, тарбиявӣ, ахлоқӣ, гигиенӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад ва сенарияи ояндаи раванди таълим мебошад. Ба таъкиди ӯ, чунин сенария бояд ба талаботи педагогӣ ҷавобгӯй бошад: ба ҳадафҳои таҳсилот мувофиқат карда, дар он махсусиятҳои синнусолии хонандагон ва қонунияти таълим ба ҳисоб гирифта шаванд.
Дар баҳси китоби дарсӣ Суҳроб Шаъбонов дар гурӯҳи “Маорифи Тоҷикистон” менависад, ки хуб мешуд, ду ва ё се муаллиф китобҳояшонро пешниҳод намоянд, баъд аз онҳо беҳтаринашонро интихоб намоем, ҳамонеро, ки ба манфиатҳои милливу давлатӣ ҷавобгӯ бошад.
Тавре дар боло зикр шуд, ҷомеа ба интихоби муаллифон кор мегирад, чун китоби дарсӣ барои фарзандону наберагони онҳо навишта мешавад. Дар хусуси он ҳам, ки китобро муаллим нависад ё олим, гап зиёд аст. Ба пиндори мо, нафаре ба китобнависӣ даст зада метавонад, ки қобилияти дарки талаботи онро дорад, дигар, муҳтавои стандарту барномаи таълимиро хуб медонад, аз дидактика, педагогика, психология хуб огаҳ ҳаст. Ба хотире ки муаллифон (ё муаллим ё олим) мавқеи яктарафа надошта бошанд, вазорат тасмим гирифт, принсипи муаллифони гурӯҳиро ба роҳ монад. Дар ҳақиқат, дар ин маврид назарияву амалия бо ҳам омезиш ёфта, мумкин аст, китоби хуб таълиф ёбад. Дар ҳар сурат, ба таъкиди С. Аминов: “Ҳар шахсе, ки муаллифи китоб шуданӣ бошад, қабл аз ҳама, стандарту барномаи фанро хуб омӯхта, мазмуни таҳсилотро бояд пурра фаро бигирад. Сипас, адабиёти психологию дидактикии фаровонеро бояд мутолиа намояд ва усули таълимро донад. Дар акси он китоби навиштааш ба дарди хонандаю ҷомеа даво намешавад. Танҳо назарияи забонро донистан ҳанӯз маънои онро надорад, ки ин ё он олими назариётчӣ ба таълифи китоби дарсии мактабӣ қодир аст.”
Устоди ДДХ Алиҷон Бойматов бар ин назар аст, ки муаллифи ҳар як китоби дарсӣ аввал дар назди Шӯрои олимон муаррифӣ гардад. Чопи китобҳои алтернативӣ, ки мутаассифона ё хушбахтона, дар мо роиҷ нест, пешниҳоди дигари ӯст.
Ду омили дигар барои бехато чоп шудани китоби дарсӣ таъсиррасонанд: яке, интихоби муҳаррир, дигаре муқарриз. Мутаассифона, бо он ки ҳаққи пардохти ин нафарони масъул хеле кам ҷудо гаштааст, аксаран ба дурустӣ интихоб намешаванд. Онҳое, ки воқеан, донишу малакаи хуби таҳрир кардану тақриз доданро доранд, бо маблағи кам қаноат намекунанд ва онҳое, ки корманди нашриётанд, бе он ки китобро хонанду таҳрир кунанд, мешаванд муҳаррир ё муқарриз. (Яъне, дар асл ин вазифаҳоро шахсони дигар иҷро мекунанд, маблағро асосан инҳо мегиранд.)
Оё дар мо ин паҳлуҳо дуруст ба назар гирифта мешаванд? Чаро бо вуҷуди эълон додан, дар озмуни муаллифони китобҳои дарсӣ довталабон иштиёқманд нестанд? Амали муқарризон ва муҳаррирон чандон назаррас наменамояд, чаро? Вақт кам аст ё ҳавасмандӣ? Иддаои онҳое, ки мегӯянд: “китобро монополия кардааанд” воқеият дорад ё дарёфти муаллифони сазовор душвор аст? Таълифи китоби босифати дарсӣ чӣ мушкил дорад? Чӣ бояд кард?
Дар ҳақиқат, дар муқоиса бо даҳ сол пеш вазъият фарқ мекунад, дар хусуси бист соли пеш ҷойи гап нест. Аммо боз ҳам наметавон қонеъ шуд. Ба чӣ далел? Ба он далел, ки пиршавии муаллифони китоби дарсӣ зиёд мушоҳида мешавад. Аз мушоҳидаву суҳбатҳо бармеояд, ки замони эълони озмун касе хоҳиш ё ҷуръати ба китобнависӣ даст задан намекунад, вале вақте муаллифони воқеӣ дастбакор мешаванд, эрод ва сангандозӣ зиёд мегардад.
Ин дар ҳолест, ки дар вақташ, аз ноилоҷӣ тадбирҳои ҷалби муаллифон ба андозаи зарурӣ андешида нашудаанд. Акнун, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз пайи ислоҳи камбуди ин кор аст, дар қатори насли калонсол, кам ҳам бошад, муаллифони ҷавон ба чашм мерасанд. Мушкили дигар, кам будани муаллифон аз ҳисоби бонувон аст, ки барои ислоҳи ин ҳолат ҳам лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ пеш гирифта шудаанд. Айни ҳол барои интихоби муаллифони сазовор эълон ҳам дода шуд, муҳим пешниҳод ва интихоби дуруст аст. Профессори ДМТ Нарзулло Саидов, ки аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоист, пешниҳод дорад, ки барои ичрои ин кор Вазорати маориф ва илм бояд рӯйхати олимони махсусро барои навиштани китоб дошта бошад. Албатта, чунин рӯйхат дар Вазорати маориф ва илм ҳаст, аммо масъалаи нигаронкунанда ҳавасманд набудани муаллифон аст. Ин масъала бояд ҳар чӣ зудтар ислоҳ ёбад, вагарна баъди сари ин муаллифон таълифи китоб барои мо душвор мегардад.
Дар ҳоле ки дар назди вазорат Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва илмӣ фаъолият мекунад, баъзеҳо зарурати иқдоми дигар гирифтанро барои ислоҳи ин кор медонанд. Чунончи дар баёни андешаҳо Раҳматулло Абдуллоев, як корбари дигари Фейсбук изҳор медорад, ки барои беҳтар кардани мазмуни китобҳои дарсӣ дар мадди аввал дар Душанбе Маркази китобҳои дарсӣ бояд ташкил дод. Аз нигоҳи ӯ, кори арзёбӣ ва аз лиҳози илми муосир омода намудани пешниҳодҳо барои таҳияи китобҳои дарсӣ бояд вазифаи ин марказ гардад.”Дар ш. Брауншвейги Олмон Институти байналмилалии тадқиқоти китобҳои дарсӣ ба номи Георг Еккерт фаъолият менамоянд, ки дар китобхонаи он китобҳои дарсии 140 давлати ҷаҳон ҷамъоварӣ гардиданд, – менависад ӯ. – Дар кишварҳои назди Балтика низ чунин марказҳо вуҷуд доранд. Ояндаи миллати мо аз сатҳи дониш ва малакаи наслҳои ҷавон вобаста аст. Имрӯз бинобар омилҳои иқтисодӣ рушди китобхонаҳои электронӣ ва дастрасӣ ба онҳо барои мактабҳои мо кори душвор аст. Барои ҳамин китоби дарсии чопӣ воситаи муҳимми расонидани донишу малакаи муосир ба фарзандону набераҳои мо аст. Агар Вазорати маориф ва илм дар ин самт тадбирҳои амалӣ меандешид, хеле муфид мебуд.”
Ин пешниҳод қобили дастгирист, аммо дар ҳоле ки чунин марказ ҳаст, беҳтар он аст, ки шароити кору фаъолияти он мукаммал гардад. Агар бинои мувофиқ ва воҳиди кор дар ин марказ васеътар гардад, аз уҳдаи ин рисолат албатта, мебароянд. Чун дар ин идора мутахассисони беҳтарин гирд омадаанд, ба назар чунин менамояд, ки мушкил бори зиёди масъулияти эшон ва кам будани воҳиди корист.
Ҳамин тариқ, дар таълифи китоби дарсӣ ба назар гирифтани чанд омил муҳим аст: талабот оид ба дидактикаи дастурҳои таълимӣ; ороишоти китобҳои дарсӣ; раванди омодакунии дастури таълимӣ; маҳаку меъёри баҳодиҳии дастурҳои таълимӣ, инчунин, ҷалби муаллифон, раванди кор, ба назар гирифтани мундариҷаи китоб ва мувофиқати он ба талаботи стандарту барномаи таълимӣ, интихоби муқарризон, муҳаррирон, баҳогузорӣ ба китоби дарсӣ…
Таҷрибаву мушоҳидаҳо хулосаеро ба миён овардаанд, ки дар таълифи китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” бояд чанд нуктаи муҳим ба назар гирифта шавад. Масалан, меъёрҳое чун аз сода ба мураккаб (аз амалия ба назария); муттасилӣ (пайдарпайии мавзуъ); хусусиятҳои иртиботӣ ва дидактикӣ доштан. Ин корро тавассути машқҳои гуногун, нақшаву аксҳои мувофиқ, саволу супоришҳо амалӣ гардондан мумкин аст. Ҳамчунин, дар баёни мавзуъҳо ва анҷоми китоб мутаносибан феҳристи тавсиявии нақшаи таҳлил ва ёддошти мавзуъҳо (намунаи алфавит, воҳидҳои забонӣ, ҳиссаҳои нутқ, калима ва таркиби он, ибора, ҷумла ва хелҳои онҳо, тартиб ва намунаи таҳлили овозӣ, луғавӣ, сарфиву наҳвӣ…), овардани фарҳанги имло, фарҳанги тафсирӣ-луғат (синонимӣ, антонимӣ), эзоҳ, ишораҳои орфографӣ илова шаванд, бар суди кор аст.
Дар таълими забони тоҷикӣ, ки дар муқоиса ба даҳ соли пеш талаботи кам кардани саҳифаҳои китоб ва вақти таълиф ба миён омадааст, аз иқдоми дигаре кор гирифтан ба самаранокии таълим таъсир мерасонад. Масалан, барои сари вақт ва босифат таълиф ёфтани китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” зарур аст, ки дар ихтиёри муаллифон теъдоди зиёди асарҳои адибон доир ба адабиёти бачагона гузошта шавад. Ин амал аз он ки дастури алоҳидаи матнҳо аз эҷодиёти адибони гузашта ва муосир мувофиқ ба талаботи грамматикии мавзуъҳо тартиб дода шавад, хубтар аст. Дар акси ҳол, вақти зиёди муаллифон ба ҷустуҷӯи матн сарф мегардад, ки ин ҳолат мушкили дигареро дар рӯй додани ғалатҳо бештар рӯ ба рӯ месозад. Чунин тадбир ҷустан барои ҳарчи зудтар ва босифаттар анҷом ёфтани кори муаллифон кумак менамояд.
Яке аз омилҳои дигар барои рушди босифати таълим, ба баёни мавзуъҳое, ки доир ба жанрҳои нутқ нигаронида шудаанд, вобастагӣ дорад. Дар таълими ин мавзуъҳо талаботи технологияи инноватсионӣ ва истифода аз он ба назар гирифта шавад, хубтар аст. Масалан, дар таҳияи нома имрӯз аз почта дида, одамон бештар ба паёмакҳои телефонӣ ё интернетӣ рӯ меоранд.
Муҳимтарин омил ҳавасмандгардонист, ки мутаассифона, алҳол ба таҷдиди назар ниёз дорад. Мусаллам аст, ки қонунгузорӣ дар масоили марбута ҷой дорад, ба мисли қонуну қарор, конвенсияву созишномаҳои гуногуни байналмилаливу дохилӣ. Аммо бояд иқрор шуд, аз замони тасдиқи Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт ва санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ, барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» (аз 01 августи соли 2006, №37) 15 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат сабади истеъмолӣ тағйир ёфт ва номувофиқатӣ ба меҳнату ҳаққи қалами муаллифон ҳам бештар гашт, аммо ҳаққи қалами муаллифон ва тиме, ки китобро ба чоп омода мекунанд, боло нарафт. Пас, чаро сари ин масъала тадбир наандешем? Магар ин муносибат беэътиноӣ ба заҳмату моликияти зеҳнии қишри боэътимоди ҷомеа нест? Дар робита ба ин маънӣ Азим Байзоев, устоди ДМТ барои ба назар гирифтани меҳнати муқарризон дар мақолаааш дар рӯзномаи “Омӯзгор” (“Мактаби муқарризони касбӣ зарур аст”) дуруст қайд карда буд, ки дар ин самт бояд ду кори наҷиб ба роҳ монда шавад: яке, аз ҳисоби мутахассисони варзида таъсис додани гурӯҳи муқарризони касбӣ бо ташкили семинару тренингҳо оид ба арзёбии китобҳои дарсӣ; дигаре, муайян намудани ҳадди ақали ҳаққи қалам барои арзёбии китобҳои дарсӣ, яъне ба назар гирифтани пардохти маблағи муайян ба заҳмати муқарризон.
“Пас, месазад, ки ҳангоми ба тендер пешниҳод кардани китоби дарсӣ ноширон дар баробари ба назар гирифтани пардохти ҳаққи муаллифону муҳаррирон ва дизайнерон ҳаққи қалами муқарризонро низ ба назар гиранд”, – навиштааст ӯ.
Аз муҳимтарин омилҳои пешрафти кор ҳамҷоя кор кардани муаллиф, муқарриз, муҳаррир, мусаҳҳеҳ, чопгар ҳавасмандгардонии муаллифон ва масъулин мутаносибан ба ҳар васила, масалан, маблағи кофӣ ва додани ягон имтиёз маҳсуб меёбанд. Дар ин сурат сифати чопи китоби дарсӣ ва мазмуни он хубтар мешавад.
Ба ин тариқ, бо назардошти чанд омил метавон аз камбудиҳо раҳоӣ ёфт ва дар ин роҳ муваффақ шуд: аввалан, интихоби муаллифон, муҳаррирон, муқарризон, мусаҳҳеҳон, ҳуруфчинҳо ва баъдан ҳавасмандгардонии онҳо. Дигар, вақт ва шароити мувофиқ ҷудо кардан ба муаллифон.
Агар ба таълими босифат умед дорем, мебояд, ки бо назардошти гуфтаҳои боло, қабл аз таълифи китоби дарсӣ барномаи таълимӣ таҷдиди назар гардад, зеро чунин ҳолатҳо зиёд рух дода, дар пай ташвиши зиёд овардаанд.
Расман ташкил кардани вохӯриҳои омӯзгорону муаллифон низ баҳри ислоҳи камбудиҳо нақши муҳиме дорад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар семинари илмию машваратӣ ва таҳлилию методие, ки моҳи ноябри соли 2020 дар толори мактаби №65 бо номи “Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат” баргузор гардид, барҳақ иброз дошт, ки асоси ҳама гуна ислоҳоту навгонӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таълим ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи стандарти таҳсилот мутобиқ вобаста аст.
– Дар замоне, ки давлату ҳукумат ба илму маориф ва таълиму тарбия ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ ва манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус доранд, таъмини муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа маҳсуб меёбад, – таъкид кард вазир.
Пас, замоне расидааст, ки мо барои пурқувват гардондани мактаби муаллифону муқарризони касбӣ аз фаъолияти донишмандону мутахассисони мавҷуда ҳадафмандона кор барем, муаллифону муқарризонро аз ҳисоби насли ҷавони боистеъдод, онҳое, ки аз уҳдаи дарки масъалаҳои назариву амалии мактаб, омӯзгор, хонанда бохабаранд, қаламу дониши қавӣ доранд, ҷалб намоем; барои ба ҳадаф расидан масъулини табъу нашри вазоратҳои фарҳангу маориф ва илм пайи афзудани ҳаққи қалами масъулин ба таҷдиди назари Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамоҳангӣ намоянд. Дар он сурат мо аз эроду накуҳиши аҳли ҷомеа ҷилавгирӣ карда, барои мустаҳкам гаштани донишҳои босалоҳияти хонандагон мусоидат карда метавонем. Он гоҳ бо дилпурӣ метавон гуфт: Хонанда медонад ва дониши худро дар амал татбиқ карда метавонад!
Саида НАБИЗОДА – муаллифи
китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 5
“Минбари халқ”, №45, 10 ноябри соли 2021