Сайдамир АМИНОВ
Вақтҳои охир перомуни ҳифзу нигаҳдории муҳит бисёр мегӯянду менависанд, ки басо муҳим ва мубрам аст. Инсон ҳар қадар оид ба муҳит ва дурнамои он маълумоти бештареро касб намояд ва дар асри рушди бемислу монанди технологияҳои нав умр ба сар барад ҳам, муомилаю муносибати банӣ одамӣ ҳамон андоза коҳиш ёфтааст. Ба андешаи мо, замоне расидааст, ки аз экологияи муомила бояд ҳарф занем ва ҷанбаҳои онро омӯзем, сабабҳои бештар зоҳир гаштани муомилаи манфиро ошкор созем ва ҷиҳати пешгирии равандҳои номатлуб тадбирҳои мушаххас биандешем. Зеро дар ҷомеаи имрӯзаи мо муомилаи дурушт мисли вабо доман паҳн кардааст, ки қариб ҳар рӯз ба иллати муносибати дурушти баъзе аз афроди ҷомеа, хусусан роҳбарони муассисаю ташкилотҳо одамон ҷаҳони ҳастиро падруд мегӯянд.
Ин нукта моро вазифадор менамояд, ки дар ташаккули фарҳанги иртиботии насли наврас икдоми ҷиддӣ гузорем. Дар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташаккул додани фарҳанги муомила, аз як тараф, супориши иҷтимоӣ буда, аз дархости ҷомеаи кунунӣ бармеояд ва, аз тарафи дигар, новобаста ба он ки дар иртибот ба ин нукта омӯзгорон корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд, аксаран, хонандагон муомилаи дурушт зоҳир менамоянд. Мутаассифона, ин муомилаҳои дурушту таҳқиркунандаи хонандагон нисбат ба муаллимон ва муомилаи беназокатонаи баъзе роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ба кормандон беҷазо мемонанд. Ҳамин далел имкон намедиҳад, ки мактаб вазифаи оид ба ташаккули фарҳанги муомила гузоштаи ҷомеаро амалӣ намояд. Гумони ғолиб он аст, ки ин на танҳо ба таҳаввулоти дар ҷомеа рухдода ва супориши ҷомеа, балки ба коркард нашудани нуктаи мазкур то имрӯз ва ҷустуҷӯ накардани роҳу воситаҳои нави таълиму тарбия иртибот дорад. Дар шароити комилан нав зиста, бо усули куҳна кор кардан номумкин аст. Чунин амал барои ҷомеаи навин корношоям буда самаре намедиҳад. Як нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки фарогирии қоидаҳои рафтору гуфтор дар тамоми давраи зиндагӣ идома меёбад. Одоби муомиларо ба воситаи ду-се соати дарсӣ дар мактаб пурра амалӣ сохтан ғайриимкон аст. Бадеҳист, ки синни томактабию мактабӣ давраҳоеанд, ки заминаи асосии арзишҳои маънавӣ дар хонандагон ташаккул дода мешавад. Дар робита ба тарбияи одоби муомила ва таълими хушмуомилагӣ, риояи меъёрҳои гуфтору рафтор ва навиштор, яъне нутқи саҳеҳи шифоҳӣ ва хаттӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18- уми майи соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар ифтитоҳи мактаби рақами 8-уми деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара оид ба вазифаи мактаби имрӯза чунин фармудаанд: «Мактаби имрӯза вазифадор аст, ки бо дарназардошти таъминоти пурраи воситаҳои таълиму тарбия на танҳо ба донишомӯзӣ, балки ба ахлоқу рафтори насли ҷавон аҳамияти асосӣ диҳад. Яъне устодону омӯзгорон бояд ба хушахлоқӣ, покизагии забони хонандагон, санъати сухан, тарзи баёни фикр ва одоби муошират эътибори ҷиддӣ диҳанд»(«Ҷумҳурият» 12.05.2017). Ин таъкиди Сарвари муаззами кишварамон заминаи воқеӣ доранд, зеро ҳанӯз дар кори таълиму тарбия пешрафту дастовард кам ба назар мерасад. Роҳҳои нави таълиму тарбия ҷустуҷӯ карда намешаванд. Масалан, оид ба таълими муносибати боназокатонаю муаддабонаи муомила ҳанӯз дар макотиб заминаи қавӣ мавҷуд нест. Аввалан, омӯзгорон зимни гузарондани дарсҳо ба хушмуомилагӣ эътибор намедиҳанд. Омӯзгоре ба ин нукта таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки худ хушмуомила буда, бо суханҳои малеҳу намакин хонандаро ба хушмуомилагӣ ҳидоят мекунад. Алъон чунин омӯзгорон ба нудурат пайдо мешаванд. Сониян, нуктаи зикршуда дар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳа зикр шуда бошад ҳам, дар муҳтавои маводи таълиму васоити дидактикӣ ҳанӯз ба таври зарурӣ инъикос наёфтааст. Дуруст аст, ки дар баъзе китобҳои дарсии забони тоҷикии синфҳои болоӣ матнҳо ва саволу супоришҳо доир ба одоби муомила пешниҳод шудаанд. Азбаски омӯзгорон оид ба ин нуктаҳо, яъне муносибати иртиботӣ (на муносибати босалоҳият!) аз омӯзишҳо нагузаштаанд, ба тартиби коркарди татбиқи муносибати иртиботӣ балад нестанд. Ин нукта, яъне таълим ва тарбияи хушмуомилагӣ танҳо марбути китобҳои дарсии забони тоҷикӣ набуда, балки ба муҳтавои тамоми маводи дигари фанҳои таълим низ иртибот мегирад. Бемуболиға, панду андарзе, ки дар адабиёти тоҷику форс мавҷуданд, дар ягон адабиёти ҷаҳон дида намешавад. Вале онҳо таъсири чандон муассир надоранд. Чаро? Ба назари мо, сабабаш ин аст, ки гуфтору рафтори аҳли ҷомеа аз ҳам фарқ дорад, яъне гап дигар асту амал дигар. Махсусан, дар шароити кунунӣ чунин аст. Ҳақ ба ҷониби академик А. Раҳмонзода аст, ки дар мавриди бепарвоии калонсолон нисбат ба одоби ҷавонон дар дастури таълимӣ -ахлоқии «Одоби салом» (2011) мефармояд: «Мутаассифона, алҳол дар ҷомеаи мо таъсири калонсолон хеле кам шудааст. Дар кӯча, маҳаллаҳо, ҳатто дар деҳот касе ба касе эрод намегирад ва касе дар пайи ислоҳи ҳамдигар, ба хусус наврасону ҷавонон нест. Аз ин наврасону ҷавонон истифода карда, худро ниҳоят озод мегиранд ва ба салом додан ҳатто хуш надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо ба роҳгузар ҳатто писханд мезананд ва ҷамъият низ ба ин парвое надорад. Дар чойхонаҳо, маҷлисҳои маҳалла ва ҷамоатҳо ин масъала таҳлил намешавад ва ҳама ин нуқсонҳоро ба мактаб ва омӯзгор ҳавола менамоянд, ки ин нодуруст мебошад. Кори тарбиявӣ, ба пиндори мо, кори умум мебошад» (саҳ.6). Муомилаи ҷомеа ва рафтору гуфтори мардум пӯшида намемонад ва аз тамоми корҳои дар ҷомеа рухдода ҳама, ба хусус ҷавонон зуд огаҳӣ меёбанд. Одоби муомила маҷмӯи қоидаю тартиботи муомилаи байни одамон мебошад, ки дар муомилаи ҳаррӯза зоҳир мегардад. Он маърифату маданияти шахсро ошкор сохта, вобаста ба сохтори ҷомеа тағйир меёбад. Муомила меъёр ва қоидаҳое дорад, ки хоси ин ё он миллат мебошад, ки риояи онҳо ҳатмист. Навъҳои одоби муомила, ки дар замони кунунӣ маъмуланд, инҳоянд: одоби муомилаи дарборӣ (дар Арабистони Саудӣ, Япония, Англия…), одоби муомилаи дипломатӣ; одоби муомилаи низомӣ ва одоби муомилаи шаҳрвандӣ. Ҳар кадом дорои қоидаҳои махсус ва меъёрҳо буда, риояи онҳо ҳатмист. Аслан одоби муомилаи муосир дар заминаи таълимоти башардӯстона, баробарию хайрхоҳӣ, муомилаи боназокатонаю эҳтироми тарафайн ва хушмуомилагӣ бояд ташаккул ёбад. Вақте ки дар мавриди одоби муосир ҳарф мезанем, бояд меъёру қоидаҳои муомилаи умумибашарӣ ва эҳтироми анъанаву одоби миллатҳои дигар риоя карда шаванд. Чунон ки ишора кардем, одоби ягонаи муомилаи ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Ҳар миллату кишваре расму анъанаҳо ва одоби муомилаи ба худ хос дорад. Масалан, дар Япония ҳатто мактубҳои расмӣ чунин оғоз меёбад: «Айни замон шамоли сахт мевазад ва мо боварӣ дорем, ки ин ҳавои номуносиб ба саломатии Шумо осебе намерасонад». Ва сипас оид ба моҳияти мактуби расмӣ сухан меравад. Тибетиҳо ҳангоми салом додан ба якдигар нӯги забонашонро ба шахси саломдиҳанда нишон медиҳанд. Мардуми маҳаллӣ бар ин боваранд, ки чунин усули саломдиҳӣ маънои «Ҳолатон хуб?» ва «Ташаккур, Шумо чӣ ҳол доред?» -ро дорад. Мардуми Сомали тавассути якдигарро бӯидан бо ҳам салому алейк мекунанд ва ғайраҳо. Мо дар поён чанд вазъияти проблемавиро дар робита ба рушди нутқи шифоҳию хаттӣ, ки ба мақсади амалӣ сохтани муносибати иртиботӣ (на муносибати босалоҳият) дар дарсҳои забони тоҷикӣ таҳия шудаанд, манзур менамоем, то ки хонандагон онҳоро шифоҳӣ ва ё хаттӣ ба муҳокима карда ва дар охир ба хулосаи дуруст оянд. Ҳадаф аз ин кор рушди малакаҳои коммуникативӣ дар ҳолатҳои муроҷиат бо ҳамсуҳбат ё мусоҳиб, истифода бурда тавонистани ифода ва қолабҳои муроҷиату баён, муроҷиат, салому алейк, хайрухуш, хоҳишу таманно, даъват, табрикот, узр хостан, рад кардан, изҳори миннатдорӣ, ёд додани дуруст ба роҳ мондани баҳс, таҳлил карда тавонистани асари бадеӣ аз нуқтаи назари махсусияти нутқи перонажҳо дар муколама, таҳияи матн дар услубҳои нутқ бо истифодаи қолабу ифодаҳои ифодакунандаи одоби муомила ва воситаҳои забонӣ, ки бо ёрии онҳо метавон робитаи хайрхоҳонаро дар вазъиятҳои гуногун ба роҳ модан мумкин аст. Масъала – супориш: Мафҳумҳои ифодакунандаи нуқтаи назари худро номбар кунед. Чаро ҳангоми суҳбат муодилҳои гуногуни онро истифода мебаред? Ман фикр мекунам (гумон, мекунам, тахмин мекунам), ки… Ба назарам… Ба назари ман, ки… Маълум аст, ки… Нуқтаи назари ман… Ман мехоҳам… Мехоҳам диққати шуморо ба… Зикр кардан мехоҳам, ки… Дар ин масъала андешаи ман ин аст, ки … Норизоии шумо дар чӣ зоҳир мегардад? Дар мавриди мувофиқ (розӣ) будан, такя ба андешаи бузургон, сарчашма ва манбаи аниқ сохтани фикри мусоҳиб, норозӣ ва мувофиқ набудан, ҷудо кардани нуктаи асосӣ, аниқсозӣ, илова кардан, шубҳа ва нобоварӣ зоҳир кардан суҳбат ва баҳс кунед, вале ҳамдигарро наранҷонед. Калимаю ифодаҳои муаддабона кадомҳоанд? Онҳо барои чӣ лозиманд? (салому алейк, ташаккур, раҳмат, марҳамат, лутфан, то боздид, ба некӣ бубинем, хайр то вохӯрӣ, бисёр хуб, бубахшед, узр мехоҳам, шаб бахайр, хуш бошед). Мо ин ифодаҳоро дар ҳолатҳои гуногуни ҳаётӣ истифода мекунем. Инҳо ифодаҳои боодобона мебошанд, онҳоро шахсе истифода (мегӯяд) мебарад, ки меҳрубону хушмуомила, тарбиядида ва бодиққату илтифоткор аст. Дар байни калимаю ифодаҳои боодобона ифодаҳои марбути вохӯрӣ монанди ассалому алайкум, рӯз ба хайр, дуруд, ман шуморо шод бош мегӯям, ифтихори мо, саломи пагоҳирӯзӣ, саломи бегоҳирӯзӣ ва ғайраҳо мебошанд. Масъала — супориш: Пешниҳод мекунем, ки вазъиятҳои зеринро баррасӣ кунед ва баҳо диҳед: • Шумо бо рафиқонатон дар кӯча рафта истодаед. Рафиқатон бо шахси ба шумо ношинос вохӯрӣ кард. Оё Шумо ҳам бояд истода вохӯрӣ намоед? • Шумо аз дари ақиби нақлиёт савор шудед. Дидед, ки дар назди дари пеш дӯстонатон истодаанд. Бо онҳо салому алейк кардан шарт аст? Чӣ тавр? • Бо Шумо чунин ҳодиса рух дод: шахсеро аксаран дар гулгашт ҳангоми мактабравӣ мебинед. Як одами ношинос бо ӯст. Дар ин гуна ҳолат чӣ тавр салом мекунед? • Ба ҷойи «Ассалому алайкум» «салом» гуфтан мумкин аст? Дар кадом ҳолат? • Дар даҳлез омӯзгорон суҳбат доштанд. Қиём ҳангоми аз назди онҳо гузаштан роҳбари синфашро дида, «Салом, Раҳмон Алиевич» — гуфт. Магар ӯ кори дуруст кард? Гӯед, ки луқмапартоии зерин ба киҳо тааллуқ дорад? — Рафиқ Салоҳиддинов! — Воҳид Салоҳиддинов! — Воҳид! — Воҳиди Салоҳ! Бале, шумо дуруст гуфтед. Ин муроҷиат ба як нафар тааллуқ дорад. Ному насаби пурраи ӯ Воҳид Салоҳиддинов аст. • Шумо тасаввур кунед, синну соли амакатон аз 40 болост. Гӯед, ки аҳли оила, хешовандон ва дӯстон бо ӯ чӣ тавр муомила мекунанд? * Зан; Падар; Модар; Фарзандон; Ҷиянҳо; Ҳамкорон; Ҳамсинфон; Ҳамсояҳо. Масъала- супориш: Чаро кампир аз хаткашон ранҷид? Хаткашон номаю рӯзномаҳоро хона ба хона тақсим мекард. Рӯзе дари хонаеро чанд маротиба тақ-тақ кард, то ки ҳар чӣ зудтар барқияро биспорад. Кампир бо андаке таъхир дарро боз кард ва дар рӯ ба рӯяш хаткашонро дид. Хаткашон ба кампир чунин гуфт: «Эй кампир, ҳанӯз зиндаӣ!? Кампир мактубро гирифтан замон дарро ба рӯи хаткашон басту то аз кор баргаштани писараш ғамгин нишаст. Баъд ҳодисаро ба писараш нақл кард ва гуфт, ки дигар дарро ба рӯи хаткашон боз намекунад. Натиҷа?? Барои чӣ модар хафа шуд? Камола ба дугонааш — Азиза телефон кард. Гӯшаки телефонро модари Азиза бардошт. Камола: — Алло, Азиза, ин туӣ? Модар: — Не, ман Азиза не! Кӣ мепурсад? Камола: — Ҳа, як шиносаш. Азиза дар куҷост? Модар: — Ӯ дар хона нест, Ба ӯ чӣ хабар расонам? Камола: — Ҳа, бузе, ваъда дода буд, ки маро дар хона интизор мешавад, вале худаш ба куҷое ғайб задааст. Модар: — Бубахшед, ман дигар намехоҳам, ки бо шумо бо ин оҳанг суҳбат намоям ва гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошт. МАСЪАЛА-СУПОРИШ: Тасаввур кун, ки дар мактаб рӯзномаи мактабӣ ташкил карда шудааст ва ту муҳаррири он таъйин шудаӣ. Муаллифони мақолаҳоро даъват кардаӣ, то ки бо онҳо суҳбат намоӣ. Камбудию нуқсонҳои мақолаҳояшонро ошкор сохта, ба мухбирон маслиҳатҳо дқҳӣ. Аз кадом воситаҳои одоби муомила истифода мебарӣ, ки мухбирон наранҷанд. МАСЪАЛА- СУПОРИШ: Тасаввур намо, ки туро роҳбари гурӯҳи сайёҳҳон интихоб карданд. Пеш аз ба саёҳат баромадан бояд дастур диҳӣ, ки ҳамаи хонандагон қоидаю талаботро риоя кунанд. Ин корро тавре иҷро кардан лозим аст, ки сайёҳҳон наранҷанд. Чӣ кор мекунӣ? МАСЪАЛА-СУПОРИШ: Муаллим хоҳиш кард, ки барои дарси «Нутқи мураттаб» яке аз беҳтарин ашёи хонаро бо худ ба мактаб биёред. Ҳама бозичаи ба худаш писанд омадаро бо худ овард. Ин бозичаҳоро омӯзгор дар назди тахта ба намоиш гузошт. Супориш дод, ки бозичаи овардаатонро чунон тавсиф намоед, ки- ин сифатҳо танҳо хоси бозичаи овардаи шумо буда, бо ин хусусиятҳояш аз дигар бозичаҳо комилан фарқ мекунад. Вазъиятро амалӣ намоед. Чунон ки мебинем, масъалаҳои коммуникативӣ (иртиботӣ) аз машқҳои китоби дарсӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо водор месозанд, ки хонандагон бо ҳам суҳбат кунанд. Ин гуна масъала- супоришҳо талаб мекунанд, ки хонандагон дониши фарогирифтаашонро ба хотир оварда, дар шароити нав онро татбиқ намоянд. Маълум аст, ки хонандагон зимни ҳалли масъала-супоришҳои пешниҳодшуда, аз як тараф, изҳори андеша мекунанд ва, аз тарафи дигар, ба одоби муомила таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҳамин тариқ, масъала-супоришҳои дорои хусусияти коммуникативӣ вазифаи таъпимӣ, шарҳдиҳӣ ва назоратӣ касб карда, имконияти рушди шахсият, худтатбиқкунии хонандагонро таъмин сохта, маҳорати мустақилона кор карданро ташаккул медиҳад, хушодобиро дар доираи муносибат бо одамон тарбия менамояд ва ҷиҳати ёд додани муколамаи қобили қабул ёрӣ мерасонд. Ин гуна корҳоро аз ҳисоби соатҳои «Нутқи мураттаб» ба роҳ мондан мумкин аст.