Устод Садриддин Айнӣ ҳамчун олим, нависанда, муаррих, адабиётшинос бо асарҳои баландмазмун ва гуногунжанри худ барои рушду нумуи минбаъдаи Тоҷикистони азиз ва тарбияи инсони созанда дар оғози фаъолияти худ таъсири бузург расондааст. С. Айнӣ ба офаридани асарҳои публитсистӣ оғоз кард, зеро ин талаби замон буд. Олими барҷастаи рус, собиқ раиси филиали Академияи илмҳои СССР Евгений Никанорович Павловский (1484-1965) гуфта буд: “Устод С. Айнӣ оғозгари таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи улуми иҷтимоӣ дар қарни XX дар Тоҷикистон аст. Воқеан, С. Айнӣ муаллифи аввалин асарҳои таҳқиқии таърихшиносӣ, нахустин адабиётшинос, мунаққид ва адибест, ки дар асарҳояш матолиби муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро баррасӣ намудааст.
Садриддин Айнӣ фаъолияти маорифпарварии худро дар ҷабҳаҳои гуногун вусъат бахшида, барои низоми ислоҳи мактабу мадраса кӯшиши зиёде кардааст. Бо ташаббуси ӯ ҷамъияти махфии «Тарбияи атфол» ташкил гардид, вале пурра фаъолият карда натавонист, чунки ба он таҳдидҳо зиёд буданд. Аз асарҳои Садриддин Айнӣ маълум мегардад, ки худи ӯ 75 калтак хӯрда зиндонӣ шудааст. Сипас ӯро аскарони инқилобӣ аз маҳбас озод намуданд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки 25 октябр (7- ноябр) –и соли 1917 дар маркази Русия — шаҳри Петроград Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ғалаба кард ва Садриддин Айнӣ ба ғояи озодихоҳии он эътимод баста, онро ба хурсандӣ пешвоз гирифт. Устод Садриддин Айнӣ дар асари “Таърихи Инқилоби Бухоро” доир ба масоили мактаб ва маориф андешаҳои худро баён карда, қайд менамояд, ки он замон дар мадрасаҳои Бухоро, дар баробари илмҳои динӣ, илмҳое, аз қабили ҳисоб, ҳандаса, таърих, тиб, мантиқ, шеър ва адабиёт низ омӯхта мешудаанд. Дар байни мусулмонони Русия, аз соли 1883, аз ибтидои нашри газетаи «Тарҷумон» масъалаи мактаб ба майдон баромада, то соли 1908 дар гӯшаҳои гуногуни Русия аз тарафи мусулмонони тараққипарвар мактабҳои усули нав (ҷадидия) кушода шуда бошанд ҳам, то соли 1908 дар Бухоро сухане дар бораи мактаб ва ислоҳи низоми мактабҳо дар миён набуд. Аз маълумоти Садриддин Айнӣ маълум мешавад, ки дар аввалҳои соли 1900 мулло Ҷӯрабой ном шахс мактабҳои нави Русияро дида омада, дар гузари Пӯстиндӯзони Бухоро мактаби хусусӣ кушода, тамоми толибилмонро барои донишандӯзӣ даъват менамуд, вале касе ба суханаш аҳамият намедод. Мулло ташаббус нишон дода, бо кумаки Низом Собитов ном тотор дар хонааш барои тоторбачагон мактабе кушод, ки соли аввал дар ин мактаб фақат 10-12 нафар тоторбача таҳсил мекарданд. Сипас Садриддин Айнӣ дар асараш дар бораи аз тарафи бухориён кушода шудани мактаби махсус нақл мекунад. Аз ҷумла, ӯ менависад, ки соли 1908 бо шарикдарсаш Ҳомидхоҷаи Меҳрин ба саёҳати Самарқанд мераванд. Пас аз зиёрати оромгоҳи амир Темур бо мулло Иброҳими Саидкамолзода, шоир ва маорифпарвари Самарқанд вохӯрда,дар хонааш меҳмон шудаанд. Иброҳими Саидкамолзода писари худ Шамсиддин ва Тоҷиддин ном бародарзодаашро барои имтиҳон ба назди онҳо даъват кардааст. Ин писарон аз ҳисоб, ҷуғрофия, хат, имло ва аз масъалаҳои динӣ маълумот додаанд. Айнӣ аз он дар тааҷҷуб мешавад, ки дар 25 соли таҳсил дар мадраса чунин маълумотеро ба даст наоварда буданд, чуноне ки ин писарони 10-12- сола дар ин бора медонанду нақл мекунанд. Баъд ба мактабе, ки ин толибилмон таҳсил мекарданд, ташриф меоваранд. Ин «Мактаби Шакурӣ» буд, ки соли 1903 бо ташаббуси мулло Абдулқодири Шакурӣ кушода шуда буд.
Аз маълумоти С. Айнӣ бармеояд, ки онҳо дар талоши ташкил кардани мактаби усули нав мешаванд. Ёдовар шудан лозим аст, ки он сол дар Туркия табаддулоти сиёсӣ ба амал омада, султон Абдулҳамид ба халқ ҳуқуқ ва ихтиёр дода, бо усули конститутсионӣ идора шудани мамлакатро эълон кард. Ба ин муносибат рӯзномаҳои мусалмонони Русия дар бораи инқилоби Туркия дуру дароз мақолаҳо менавиштанд ва дар маркази хилофат (Истамбул) рӯзнома ва маҷаллаҳои озодфикронаи динӣ-сиёсӣ нашр менамуданд, ки ба тамоми олами ислом паҳн мешуданд. Маълум аст, ки ин рӯзномаҳо ба Бухоро ҳам омадаанд ва дар афкори равшанфикрон тағйироти ҷиддие ба вуҷуд оварданд. Тавре ки дар боло зикр гардид, мактаби ташкилкардаи мулло Ҷӯрабой ва кушода шудани мактаби тоторҳо дар Бухоро натиҷае набахшиданд. Ба ақидаи устод Садриддин Айнӣ, якумин мактаби усули нав дар Бухоро мактаби дар хонааш ташкилнамудаи Мирзо Абдулвоҳид маҳсуб меёбад. Аз маълумоти дастрасшуда равшан гардид, ки асоси усули нав баробар малака пайдо кардани хондан ва навиштан будааст. Мирзо Абдулвоҳид дар баробари ин ки аз усули нав тамоман бехабар буд, хост ба як тоторбачае бо номи Хидир хату савод омӯзад, вале натиҷае набахшид. Минбаъд Мирзо Абдулвоҳид ба воситаи рӯзнома ва китобҳо як андоза аз қоидаҳои нав хабардор шуда, умеде ба муваффақият пайдо карда буд. Моҳи октябри соли 1908 дар дохили шаҳри Бухоро, дар гузари Саллоҳхона, дар ҳавлии Мирзо Абдулвоҳид, махсус барои бухориён ба забони форсӣ аввалин мактаби усули нав кушода шудааст, ки шумораи шогирдонаш ба 12 нафар расида буд. Аммо тартиби таълим дар ин мактаб ҷавобгӯи талабот набуд. Бинобар ин, барои маслиҳати дуруст гирифтан Садриддин Айнӣ ба назди мулло Низом Собити тотор меравад. Вай нависандаро ба хонаи Холид Бурношов мефиристад. Сипас ӯ бо муаллим Абдураҳмон Саудӣ вохӯрда, нависандаро ба синфхонаҳо дароварда бо усули нав шинос намудааст. Бародарони худро низ ба ин мактаб бурдааст. Дар натиҷа аз ин мактаб таҷриба пайдо карда, онро дар мактаби худ ҷорӣ кардаанд. Нависанда дар хусуси робитаи наздик пайдо кардан бо муаллим Абдураҳмон Саудӣ ба таври муфассал дар асар ҳикоят менамояд. Ӯ иброз медорад, ки ба воситаи Абдураҳмон Саудӣ ба мутолиаи маҷмӯаи туркии «Сироти мустақим» муваффақ шудааст, ки баъди инқилоби Туркия нашр мешуд. Ин маҷмӯаи динӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва адабӣ буда, бо иштироки бузургтарин фозилони маркази хилофати Истамбул нашр мегардид. Пас аз ин, Садриддин Айнӣ ба ҳамватанони худ бо чашми дигар ва бо дили пур аз умед нигоҳ мекардагӣ шудааст ва умеди худро бештар на ба муллоёни мадрасаҳо, балки ба ҷавонон, ки мағзашон бо сафсатта ва хурофоти пур вайрон нашуда, аз хонадони авом баромадаанд, мебандад. Дар ин давра Садриддин Айнӣ, инчунин, бо бародари Абдураҳмон Саудӣ Карим ва писари Эшмуҳаммад, муллои мутаассиби машҳури Тунжорӣ, ки барои таҳсил ба Бухоро омадааст, шинос гардидааст. Нақиб соҳибмаълумот ва нисбат ба падараш ҷавони равшанфикре будааст. Ӯ ба нависанда маълумоти зиёдеро баррасӣ намуда, оид ба низоъҳои ҷадиду қадим ва таъкид бар эҳтиёкориро дар Бухоро тавсия кардааст. Аз асари Садриддин Айнӣ маълум мегардад, ки дар масъалаи ислоҳи мактабҳо ва ҷорӣ кардани ислоҳи тарзи таълим аз тарафи мусулмонон муқобилияте нахоҳад шуд. Лекин ҳайфо, ки манфиатпарастҳое, ки дар Русия боиси низои ҷадиду қадим шуда буданд, дар Бухоро низ зиёд вуҷуд доштанд. Садриддин Айнӣ арз менамояд, ки онҳо маҷбур буданд, ки чигунагии мактаби навро ба мардум фаҳмонда, ба қадри имкон муҳаббати онҳоро ба мактаб ҷалб ва одамони дағалро бо нармӣ ва хушрафторӣ ором намоянд. “Дар ҳақиқат, ин кори душвор буд, вале мо маҷбур будем, ки таваккалан ҳам бошад, бояд ин корро сар кунем”, -иброз доштааст нависанда. Маълум мегардад, ки Садриддин Айнӣ ва ҳамсабақонаш кӯшиши зиёдеро ба харҷ доданд ва нафарони бештарро ба мактаб ҷалб намуданд. Теъдоди хонандагони мактаби навро ба сӣ нафар расониданд. Лекин аз ҷиҳати таъмин бо муаллим ва китобҳои дарсӣ ин мактабҳо танқисӣ мекашидаанд. Бинобар ин, барои омода кардани китобҳои дарсӣ ширкати «Бухорои Шариф» ташкил шудааст. Ин ширкат якчанд китобро ҳам нашр кардааст.
Чи тавре ки зикр шуд, баъд аз сар шудани таълим дар мактаби тоторҳо, дар мактаби Мирзо Абдулвоҳид ҳам таҳсил давом мекард, вале гурӯҳҳои бадхоҳ ва куҳнапараст ба зарари мактаб воситаҳо омода менамуданд.1 Ба ин фикри муфсидонаи онҳо, пеш аз ҳама, раиси Бухоро Бурҳониддин ҳамроҳ шуд. Ин вазъияти душвор талаб мекард, ки шогирдони мактаби Мирзо Абдулвоҳид тезтар имтиҳони умумиро супоранд. Падару модарон даъват шудаанд ва имтиҳони умумӣ доир гардидааст. Садриддин Айнӣ менависад, ки падару модарон аз таҳсили дарсҳои фарзандонашон дар мактаби шакли нави таҳсил қаноатманд гашта, фикри ёфтани ҷойи муносиберо барои мактаб ба миён гузоштаанд. “Мутаассифона, баъзе уламо, мисли Мулло Холмуроди тошкандӣ, Нуъмон – махдум ва раис Бурҳониддин дар фикри бастани мактаби шакли нави таҳсил буданд”, -менависад устод Айнӣ. — Онҳо маслиҳат ва розигии қозикалон ва раисро оид ба бастани мактаб фаҳмидан мехостанд. Вале қозикалон ҷонибдори ин мактаби усули нав буданд. Он гоҳ душманон ба муқобили қӯшбегӣ ва қозикалон маҷлисҳо барпо карданд ва ошкоро мегуфтанд: «Агар он мактаб баста нашавад, шӯриш мекунем, ба қӯшбегӣ ва қозикалон ҳуҷум мекунем, муаллими мактабро мекушем.
Кор, ки ба ин дараҷа расид, қозикалон ва қӯшбегӣ фармони бастани мактабро муҳр ва имзо карданд”, — омадааст дар асари нависанда. Мутаассифона, душманон ҳамаи ин амалро аз номи шариат мекарданд. Нависанда афсӯс аз он мехӯрад, ки касе ёфт нашуд ба муқобили ин гурӯҳи бадкор баромада, ҳуқуқи худро ҳимоя карда тавонад. Пас аз он ки мактаби бухороиён баста ва бухороибачагон аз мактаби тоторҳо ҳам ронда шуданд, рӯзнома ва маҷаллаҳои мусулмонони Русия ба танқиди ҳукумат ва уламои Бухоро пардохтанд. Садриддини Айнӣ менависад, ки уламои мағрури Бухоро ба ин танқидҳо тоб наоварда, роҳи фитнаву фиребро пеш гирифтанд. Онҳо байни мардум ҳар гуна суханони бадбинонаро нисбат ба мактаби Бухороиён ва тоторҳо паҳн менамуданд. Касе, ки дар ин мактабҳо таҳсил кардан мехост, ӯро «кофир» эълон менамуданд. Дар асл ин масъала баръакс буд, аниқтараш, касоне, ки дар ин мактабҳо таҳсил карданд, соҳиби дониши пурра гардиданд. Аз асари «Таърихи инқилоби Бухоро» инчунин, бармеояд, ки дар вақтҳои охир бо таъсири рӯзномаҳо дар натиҷаи инқилоби Русия ва Туркия касони зиёде пайдо шуданд, ки ба аҳволи илмӣ ва иҷтимоии Бухоро ва ба зулму разолатҳои доираҳои давлатӣ бо назари танқидӣ менигаристанд. Баъди дар Бухоро кушода шудани мактаби нав ва шуҳрат пайдо кардани он, як гурӯҳ рӯшанфикрон атрофи мактаб ҷамъ шуданд. Онҳо дар як ҷо ҷамъ шуда, доир ба мақсади худ нақшаи мушаххасеро тартиб доданд. Аниқтараш, мақсади онҳо, пеш аз ҳама, барҳам додани бесаводӣ дар байни мардум, кушодани мактаби усули нав, паҳн кардани адабиёт ва матбуоти усули нав дар байни аҳолӣ, мубориза бо уламои камфикр ва бедониш, зулм ва фасоди арбоби ҳукуматро ба халқ нишон додан ва ғайра буд.
Ҷавонон ва ҷавонфикрон мувофиқи барнома амал карда, дар байни халқ ақидаи тозаро паҳн менамуданд. Аз муҳтавои асар бармеояд, ки ҷавонон дар охир хуб дарк карданд, ки барангехтани фитнаи мазҳабӣ пайдо шудани фасоду фоҷиаҳо, талаву тороҷ, қатлу ғорат тарзу шеваи нодурусти идоракунии ҳукумат аз ҷониби амирони камандеша будааст. Ҷавонон ва ҷавонфикрон хуб дарк карданд, ки агар чунин аҳвол идома ёбад ва танзим нагардад, агар мактабҳои ибтидоӣ зиёд шуда, илму дониш миёни мардум паҳн нагардад, агар мадрасаҳо ислоҳ нашаванд, ба ҳаёти илмӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии Бухоро хатар таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, С. Айнӣ лозим донистааст, ки ба Бухоро ҳайати махсус фиристонда, вазъиятро тафтиш кунанд. Дар натиҷа аз Тошканд ҳайате омада масъалаи мактабро тафтиш намудааст. Сардорони ин ҳайъат баъди тамом кардани кори худ аз Насрулло Қурбонбек рухсат гирифта, аз уламо бо домулло Икром ва Ғиёс-махдуми аъзам мулоқот кардаанд ва дар бораи масъалаи мактаб ва хироҷ нуқтаи назари шариатро пурсиданд. Домулло Икром дар бораи мактаб аз рӯйи шариат зарур ва лозим буданро изҳор намудааст. Аммо Ғиёс-махдум ҷавоби пурра ва саҳеҳ надода, ба ҷустуҷӯи роҳи фитнаву фасод даромадааст. Онҳое, ки масъалаи мактабро пурсида буданд, худашон ба фитна роҳ кушоданд. Масъалаи мактабро бо масъалаи ҳизбӣ омехта намудаанд. “Мутаассифона, — менависад Садриддин Айнӣ, — Насрулло қӯшбегӣ дар асл ҷонибдори уламо буд ва дар масъалаи кушодани мактаб он қадар шитоб надоштааст. Нависанда аз он бештар норозигӣ баён кардааст, ки ҳукумати Россия чаро ба фитнае, ки ба сабаби муфаттишони вай сар зада буд, бетараф монд? Зеро онҳо ҳам дар зери дасти амир монда, ислоҳ шудани низоми маорифро дар Бухоро намехостанд.” Ба ақидаи Садриддин Айнӣ, агар ҳукумати Россия ҳақиқатан ислоҳ шудани Бухороро мехост, ба ҳукумати Бухоро лоиҳае тақдим карда, барои татбиқи он амри қатъӣ талаб карда метавонист. Дар натиҷаи аз Бухоро ронда шудани фитнакоре, чун Бурҳониддин, ба Қаршӣ фиристонидани муллоҳои дигар ҳавасу ҳавсалаи фитнаангезӣ намонда буд. Баръакс, бо шарофати нашри рӯзномаҳо на танҳо ҷавонон, балки шогирдони мадраса ҳам ба инқилоби илмӣ ва фикрӣ омода шуда буданд. Мувофиқи маълумоти С. Айнӣ, аз моҳҳои майи соли 1914 Бурҳониддин боз муборизаро бар зидди мактабҳо сар кардааст. Қозикалон ба муаллимҳо мансабҳои гуногунро ваъда мекард, ба шарти тарк намудани мактабҳо. Сипас, ӯ ба аҳли дарбор ба қасди зарари мактабҳо ба ҳукумат ва аҳли дарбор маълумоти пешакӣ ҷамъ намудааст. Соли 1914 бо имзои номаълуме ба амир аризаи сохтае тақдим намудааст. Дар ин ариза ҷадидон танқид шуда, мактабҳои усули нав чун макони фасоду фитна тасвир гардидаанд. “Агар амир ин мактабҳоро набандад, мулло ва муллобачаҳо ба мубориза бармехезанд”, — омадааст дар аризаи сохта. Хулоса, дар натиҷаи ҳамин ариза, амир дар бораи бастани мактабҳо ба қушбегӣ ва қозикалон фармон дод. Бинобар ин, муаллимон корро бас карданд ва хонандагонро ҷавоб доданд. Хонандагони калонсол ҳақиқати ҳолро фаҳмиданд. Лекин мардуми одӣ ва фарзандонашон ба ҷуз гиря кардан амали дигаре нишон надодаанд. С Айнӣ қайд менамояд, ки дар Аморати Бухоро кори мактаб ва тамоми системаи таълим ҳамон қисми маданият ҳисоб мешуд, ки дар он мавқеъҳои синфҳои доро мустаҳкам ва таъсири рӯҳониёни иртиҷоӣ хеле пурзӯр будааст. Умуман, устод шароити мактабу маорифро дар асараш «Таърихи инқилоби Бухоро» хеле хуб тасвир намудааст. Далелҳои хеле қотеъона овардааст, ки симои асосии ҳукумати Бухороро фош месозад. Нависанда ба ҷавонбухориён умеди зиёде дошт, ки онҳо соҳиби илму дониш гардида, ҳукумати тираву тори амирии Бухороро пароканда месозанд ва дар охир ин орзуи ӯ амалӣ гардида буд.
Сироҷиддин НAБИЕВ –
директори мактаби №90,
Сироҷиддин AШӮРИЁН –
омӯзгори таърих, ноҳияи Сино