Ҳамасола моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад. Ба хотири рушди илми тоҷик Ҳукумати мамлакат мунтазам чораҳои амалӣ меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёму суханрониҳои хеш пайваста илм, ҳамгироии он бо истеҳсолот, тақвият бахшидани раванди омӯзиши самтҳои мухталифи он, пурзӯргардонии азхудкунии донишҳои замонавӣ, ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодӣ, таваҷҷуҳ ба фарогирии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дар умум, нақши калидии илм дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии малакатро муҳим арзёбӣ мекунанд.
Сарвари давлат ба омӯзиши соҳаҳои мухталифи илм, бахусус, илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани равандҳои омӯзиши он пайваста ташаббусҳои бунёдиву созанда нишон медиҳанд. Зеро омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва дақиқ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушду тараққии бемайлони техникаву технология барои тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ҳамқадами замон омили хеле муҳим аст. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 2019 Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба ин самт солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда, моҳи январи соли 2020 ҷиҳати амалисозии ин иқдоми наҷиби худ ниҳодҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, муваззаф сохта буданд, ки нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд. Бо мақсади амалисозии ин тадбир ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт номинатсия – математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар чор давр байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, ихтироъкорон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Баргузории ҳамасолаи озмуни мазкур иқдоми наҷибест, ки суннати неки ниёгон — омӯзиши илмро эҳё намуда, дар тарбияи ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир нақши муассир мегузорад. Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ дар чунин сатҳ таҷрибаи нахустин буда, баргузорӣ ва сатҳу сифати он давра ба тавра ташаккул меёбад. Узви ҳайати котиботи озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ходими илмии Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи С.Умаров Ризо Баҳромзод вобаста ба бартарию имтиёзҳои озмуни мазкур изҳор менамояд, ки то ин озмун дар соҳаи фанҳои дақиқ ягон озмуни дигаре набуд, ки бо ҷалби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо дар ҳамбастагӣ гузаронда шавад ва тавассути ВАО, махсусан, телевизиону радио инъикос ва тарғиб шавад. Доир ба раванди баргузорӣ ва шартҳои он мавсуф таъкид менамояд, ки дар дигар озмуну олимпиадаҳо саволу супоришҳо танҳо дар шакли хаттӣ ё ба таври шифоҳӣ матраҳ мегардиданд, аммо дар озмуни мазкур қисми назариявӣ, амалӣ ва озмоишии санҷиши дониши довталабон вуҷуд доранд.
Аз соли 2021 инҷониб озмуни мазкур баргузор гашта, натиҷаҳо баёнгари онанд, ки он ба ҳадафи асосии худ – ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир даст ёфтааст. Тайи ду соли сипаригардида озмун завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву фановарӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Далели ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва густардаи хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аст. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии озмун дар соли 2021 беш аз 320 нафар ва дар соли 2022 бошад, 376 нафар довталаб аз рӯи ҳафт номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар соли 2022 мутаносибан. аз теъдоди умумии 376 нафар довталаб 211 хонанда ва 146 донишҷӯ ва 19 нафар намояндаи касбу кори гуногун (танҳо дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ) иштирок намуданд, ки дар умум 12 ҷойи якум, 30 ҷойи дуюм, 30 ҷойи сеюм ва 45 ҷойи ифтихорӣ дода шуд. Ғолибони даври ниҳоии озмун бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 15 то 35 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Барои ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза, инчунин, омӯзгорони ғолибон як қатор имтиёзҳо ба назар гирифта шудааст, ки баёнгари таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат ба насли илмдӯсту пажӯҳишгар ва навовару ихтироъкор аст. Аз ҷумлаи чунин имтиёзҳо қабули хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон мебошад. Инчунин, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 мегарданд, соҳиби нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” мегарданд. Дигар аз имтиёзҳои наҷиби озмуни мазкур ин аст, хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи намоён мегарданд, устодонашон бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Низомномаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” барои соли 2023 такмил ёфта, он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331 тасдиқ гардид. Дар он доираи имтиёзҳо ва имконоти довталабон васеъ гардид. Аз ҷумла, бори нахуст озмун миёни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Дар робита шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад афзуда, он 132 адад мерасад. Инчунин, теъдоди ғолибони ҷойҳои сеюм аз ду ба се нафар зиёд гардид, ки дар натиҷа теъдоди омӯзгорони қадрдонишаванда низ мутаносибан афзуд ва ба 84 нафар расид. Агар хароҷоти марбут ба ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар солҳои 2021 ва 2022 2 345 000 сомониро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2023 1 740 000 сомонӣ зиёд карда шуд ва ба 4 085 000 сомонӣ расонида шуд. Ёдовар мешавем, ки маблағи мазкур аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад, ки далели ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ҷавону илмдӯст аст.
Санҷар АМРИЕВ –
“Маорифи Тоҷикистон”