Дар тӯли 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, махсусан, дар соҳаи маориф ислоҳоти куллиро ба миён овард. Ислоҳот самтҳои гуногун, аз ҷумла, таҷдиди назар намудани мазмуни таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим ва омӯзишро дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим фаро гирифт ва имрӯз он бомаром идома ёфта истодааст.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, тавассути таъмини механизми татбиқи дониши назариявӣ дар амал, бештар рӯ овардан ба такмили маҳорати омӯзиши мустақилона, бедор намудани шавқу завқи худомӯзию худташаккулдиҳӣ таъмини ҳамкории судманди мактаб, оила ва ҷомеа, ки дар маҷмуъ, ба рушди шахсияти комил нигаронида шудаанд, чораҳои зарурӣ андешида истодааст (нигаред ба татбиқи ислоҳот дар самти гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим (соли таҳсили 2020-2021), таҷдиди назар ва таҳия намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилот (стандарт, нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ) ва ба талаботи замони муосир, дархости хонандаю ҷомеа, меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ ва мутобиқ намудани он, ноил гардидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта шуда дар шароити тағйирпазирии талаботи бозори меҳнат).
Гузашта аз ин, баъди гузариши пурра ба муносибати босалоҳият ба таълим, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ, ки заминаи воқеӣ барои таҳияи асосҳои баҳодиҳӣ (бисёрхола) ба натиҷаҳои таълимии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо дарназардошти ворид гардидан ба системаи муосири таҳсилот, ҳалли масъалаҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳа, таҳким бахшидан ба сифати таҳсилот ва таъмини рушди босуботи он фароҳам гардид, зарурати коркарди баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои фаъолияти таълимии муосир (бисёрхола)-ро наздик ва ҳатмӣ мегардонад.
Дар ин робита, Пешвои миллат зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (01.09.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муваффақият ва камбудиҳои соҳаи маориф, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар қаламрави кишвар ҳамаҷониба таҳлил намуда, аз ҷумла, дар самти воридшавӣ ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ, махсусан, гузариш ба низом ва меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон дастур ва ҳидоятҳои арзишманд пешниҳод намуданд: «Дар кишвар Низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад”.
Мусаллам аст, ки системаи арзёбии амалкунанда (инъикоси рақамии он) талаботи стандарти фаннӣ, барномаҳои таълимӣ ба ташаккули салоҳиятҳои хонандагон нигаронидашударо дар самти баҳодиҳии воқеӣ ба дастовардҳои таълимӣ, камолоти маънавӣ ва пешрафти муваффақонаи хонандагон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим қонеъ карда наметавонад ва ин омил аз мутассаддиёни он муносибати ҷиддиро дар самти роҳандозии таҳқиқот, омӯзиш, натиҷагирӣ ва баровардани хулосаҳои асосноки илмӣ тақозо дорад, то ки коркарди меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ ба ташаккули самараноки фаъолияти таълимӣ ва такмили салоҳиятҳои бунёдӣ ва фаннии хонандагон мусоидат карда тавонад. Шакл ва тарзи татбиқи меъёрҳои баҳодиҳии муосир низ ҳангоми арзёбии сатҳи рушди салоҳиятҳои фаннии хонандагон дақиқ муайян нашудаанд, махсусан, дар зинаи якуми таҳсилот (синфҳои 1-4). Масалан, сатҳи ташаккули салоҳиятҳои хониши ифоданок, навиштан (тарзи дурусти навишти шакли ҳарфҳо), риояи фосилаи байни ҳарфҳо дар дохили калимаҳо ва байни калимаҳо, яклухтии навишти калимаҳо, хушнависӣ, сатҳи саводнокии хаттӣ…, дарки моҳияту муҳтавои калимаҳои душворфаҳм, маҳорати хониш ва дарки маънои матн, суръати хониш ва ғайра дар раванди таълим бояд чӣ тавр арзёбӣ карда шаванд, ба таври маҷмуӣ ё ҳар як салоҳият дар алоҳидагӣ ҳанӯз мавриди омӯзиш қарор дорад ва ин гуна норавшаниҳо дар арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон аз фанҳои алоҳида ба назар мерасанд.Албатта, зарурати таҷдиди назар ва такмили омилҳои ба сифати таҳсилот таъсиррасон, бахусус, системаи арзёбии мавҷуд баҳри муайян намудани сатҳи воқеии дарки мазмун ва муҳтавои мундариҷаи таҳсилот, маҳорати амалии истифодаи он аз ҷониби хонандагон ба миён омадааст ва он, дар навбати худ, омода кардани омӯзгоронро ба таври ҳадафманд гузаронидани арзёбии муосир водор месозад. Дар робита бо ин, коркарди низом ва меъёрҳои арзёбии муосир барои муассисаҳои таълимии кишвар дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим яке аз иқдомҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф пазируфта мешавад. Зеро самаранок гардонидани раванди таълим, дарёфти маълумоти воқеӣ дар бораи муваффақиятҳои таълимии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ва ташкили механизми арзёбии муосир барои мониторинги иҷрои талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва фаннӣ вазифаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Азбаски нишондиҳандаи асосии сифати таҳсилот натиҷаҳои таълимии (назариявӣ ва амалӣ) хонандагон маҳсуб меёбад, арзёбии ин натиҷаҳо сарчашмаи боэътимод ва воқеии муайянсозии дараҷаи сифати таҳсилот пазируфта мешавад. Низом ва меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ мустақиман (бевосита) бо стандарт, барномаҳои давлатии таълими ба тозагӣ таҳияшуда (муносибати босалоҳият ба таълим) алоқаи ногусастанӣ дошта, дар асоси талаботи онҳо таҳия гардидаанд. Таҳияи восита, механизмҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ ва татбиқи он марҳилаи навбатӣ дар тамоми қаламрави кишвар ба ҳисоб меравад. Системаи баҳодиҳии бисёрхола омили муҳимми якпорчагии фазои таҳсилот дар кишвар пазируфта шуда, воситаи асосии ташхис ва ислоҳи вазъиятҳои проблемавӣ ва ташкили равобити мутақобила дар таълим, инчунин, татбиқи принсипҳои бунёдии таҳсилот маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим, коркарди меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака, маҳорати хонандагон оид ба ҳар як фанни таълимӣ бештар зарурати воқеӣ пайдо мекунад. Системаи бисёрхолаи баҳодиҳӣ бояд таъмин созад:— пешниҳоди иттилооти боэътимод (дақиқ) дар бораи “натиҷаҳои таълимии хонанда”- маҳаки асосии таъмини таҳсилоти босифат; таҳлили дастовард ва мушкилоти хонанда дар раванди таълим ва дарёфти роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида; ворид сохтани тағйироту иловаҳои асоснок ва дахлдор ба стандарт, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ вобаста ба муваффақият ва мушкилоти таълимии хонандагон (дар сурати зарурат); назорати мақсаднок ва идораи босуботи сифати таҳсилот ва фаъолияти самарабахши хонандаю омӯзгор; ҳавасмандсозии хонанда ба донишомӯзии мақсадноку ташаккулдиҳанда; назорати иҷрои талаботи стандарт ва барномаҳои таълимӣ; ҳамкории васеи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва падару модарони онҳо баҳри баланд бардоштани шавқу завқи донишомӯзии хонандагон; худбаҳодиҳии хонанда ва омӯзгор дар раванди таълим бо мақсади ворид сохтани тағйирот ба фаъолияти хеш ва ғайра.Мусаллам аст, ки арзёбии амалкунанда имконоти дақиқ арзёбӣ намудани раванди таълимро кайҳо аз даст дода, дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим дар таълимгоҳҳои кишвар ба «буҳрони шадид» дучор гардидааст, зеро дар системаи мазкур имконоти риояи меъёрҳои (стандартонидашуда) дақиқи баҳодиҳӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, онҳо, якум, аз ҷониби омӯзгорон на ҳамеша риоя карда мешаванд, дуюм, талаботи стандарт, барномаҳои таълими ба ташаккули салоҳият нигаронидашударо пурра таъмин карда наметавонанд.
Проблема ва мушкилотеро, ки ҳангоми таҳлили системаи баҳодиҳии амалкунанда муайян карда шудаанд, метавон ба таври зерин гурӯҳбандӣ намуд:
— риоя нагардидани принсипҳои арзёбӣ бо сабабҳои назорати нокифояи иҷрои меъёрҳои стандартонидашудаи баҳодиҳӣ; дар сатҳи нокифоя таҳия намудани тавсифот (муқаррарот), воситаҳои арзёбии муқарраршуда ва дақиқ набудани шарҳи меъёрҳои асосии дараҷаҳои арзёбӣ (хеле наздик будани онҳо ба ҳамдигар); асосноккунии ғайривоқеии натиҷаҳои фаъолияти хонандагон дар раванди арзёбии муваффақиятҳои таълимӣ; таҷрибаи маҳдуди истифодаи усулҳои муосири арзёбӣ, сатҳи пасти омодагии мутахассисони ин соҳа; надоштани робитаҳои мутақобила байни мутахассисон-таҳиягарони барномаҳои таълимӣ ва омӯзгорон-масъулини арзёбӣ намудани фаъолияти хонандагон; мавҷуд набудани шаффофият дар тартиботи маъмурӣ ва кафолати қонунии фаъолияти арзёбӣ; мавҷуд набудани таҳлили асосноки натиҷаҳои арзёбӣ ва омода кардани ҳисоботи дахлдор. Ҳамзамон, дар давоми солҳои зиёд бартараф накардани мушкилоти мазкур ба пайдо гардидани камбудиҳои зерини ҷиддӣ дар механизми баҳодиҳии амалкунандаи кишвар заминаи устувор гузоштааст:- дар сатҳи зарурӣ равона нагардидани механизми амалкунандаи баҳодиҳӣ ба талаботи раванди таълим,табдил наёфтани он ба қисмати таркибӣ ва мусоидат накардан ба таҳкимбахшии сифати таҳсилот; характери субъективӣ доштани механизми номбурда ва чун қоида, равона сохтани фаъолияти бештари хонандагон ба омӯзиш баҳри баҳогирии рақамӣ; дар раванди таълим танҳо арзёбӣ кардани дониши назариявӣ (қоидаҳо), дар аксар ҳолатҳо маҳдуд намудани мақсади арзёбӣ ва маҳрум кардани хонандагон аз имконияти худбаҳодиҳӣ; барқарор набудани алоқаи мутақобилаи самарабахши омӯзгор бо хонандагон дар давоми таълим; дар шакли маҳдуд таъмин карда тавонистани имконияти истифода бурдани технологияҳои нави таълим; таҳлили маҳдуди дастовард ва мушкилоти раванди таълими хонанда ва омӯзгор ва пешбинии чораҳои бартарафсозии мушкилот ва ғайра. Гузариш ба меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар марҳилаи кунунӣ аз чанд ҷиҳат зарур шуморида мешавад, зеро:
- меъёрҳои арзёбии амалкунандаи мавҷуд рушди қобилияти зеҳнии хонандаро таъмин карда наметавонад (таҳлили асоснок ва бартарафсозии мушкилоти муайяншуда аз ҷониби хонанда ва омӯзгор); низоми арзёбии амалкунанда ба омӯзгор имкон намедиҳад, ки ба натиҷаи ниҳоӣ ва комёбиҳои фардии хонанда баҳои воқеӣ диҳад (дастовард ва мушкилоти пешрафт); самараи нокифояи он дар ташаккули инфиродии қобилиятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташаббускорӣ, эҷодкории хонанда.
Меъёрҳои бисёрхолаи арзёбии натиҷаҳои таълимии хонанда ҷузъи муҳимми раванди педагогӣ пазируфта мешавад. Он бояд сатҳи муваффақиятҳои таълимӣ — шаклгирии дониш, маҳорат, малака, салоҳиятҳои асосии хонандагон, дараҷаи рушди онҳо, хусусияти инфиродӣ ва ташаккули шахсиятро муқаррар намуда, ба интихоби доираи фаъолияти таълимии минбаъдаи ҳар як хонанда замина мегузорад. Қайд намудан зарур аст,ки дар замони муосир дар системаи таҳсилоти кишварҳои зиёд ислоҳоти васеъ дар самти коркарди моделҳои нави арзёбӣ, бақайдгирии дастовардҳои таълимии хонандагон ва ташкили аттестатсияи хатмкунии зинаҳои таҳсилот гузаронида мешавад. Хусусиятҳои асосии ин раванд инҳо мебошанд:
— истифода ва ташаккули роҳҳои муосир дар сиёсати арзёбӣ ва таҳсилот, дар ин робита даст кашидан аз усулҳои амалкунандаи куҳнашуда; интихоби усулҳои нисбатан пешрафта баҳри гузаронидани арзёбии ташхисӣ, ташаккулдиҳанда, ҷамъбастӣ (фосилавӣ ва ниҳоӣ), аттестатсияи (имтиҳоноти) одилона ва шаффоф; назорати самарабахши татбиқи механизмҳои бисёрхолаи арзёбӣ дар доираи системаи таҳсилот; баррасии системаи арзёбии натиҷаҳои таълимии хонандагон ва пешбинии он дар муносибат ба сиёсати омодасозии барномаҳои муосири таълим. Вазифаҳои системаи арзёбии нави дастовардҳои хонандагон:— Сохтори пурраи системаи арзёбии миллӣ – ҳамоҳангсозии омода намудани стандарт, барномаҳои таълимӣ ва фаъолияти самарабахши арзёбӣ; истифодаи арзёбӣ барои қонеъ сохтани талаботи омӯзиш ва таълим; бунёди системаи арзёбии дохилимактабӣ ва миллӣ бо мақсади дарёфти иттилооти дақиқ дар бораи сифати таҳсилот ва идораи босубот, таъмини иштироки кишвар дар таҳқиқотҳои арзёбии байналхалқӣ. Барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд ба самтҳои зерин таваҷҷуҳ намуд:- коркарди меъёрҳои дарозмуддати арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон, меъёрҳои арзёбии дохилимактабӣ ва миллӣ; такмили системаи арзёбии дохилимактабӣ, миллӣ ва системаи нави аттестатсия (имтиҳонот); омода намудани шаклу усул ва воситаҳои самарабахши арзёбӣ дар доираи ислоҳоти стандарт, нақшаю барномаҳои таълим, омода намудани омӯзгорон ба истифодаи онҳо; таъмини ташхиси арзёбӣ барои муайян намудани сатҳи базавии дониш ва маҳорати хонанда; таъмини асоснокӣ ва шаффофияти арзёбӣ дар ҷараёни таҳсилот; таъмини баэътиборгирии омодагии инфиродии шахс ҳангоми арзёбии дастовардҳои таълимӣ; ташкили фазои мусоиди равонӣ дар ҷараёни арзёбӣ; гузаронидани таҳқиқоти васеъ ва озмоиш оид ба такмили роҳҳои таъмини арзёбии самарабахш ва технологияи педагогӣ барои рушди системаи арзёбии сифати таҳсилот; гузаронидани таҳлили натиҷаҳои арзёбӣ, таҳияи ҳисобот ва такмили системаи арзёбии сифати таҳсилот дар кишвар.
Хусусиятҳои асосии меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ. Яке аз ҳадафҳои асосии меъёрҳои бисёрхолаи арзёбӣ, муайян намудани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар доираи талаботи стандартҳои фаннӣ аз ҷониби хонандагон буда, таҳлили асосноки натиҷаи он баҳри пешрафти таълим, ноил шудан ба дастовардҳои таълимӣ, ҳавасмандӣ дар таълим ва бартараф намудани норасоиҳо дар азхудкунии барномаи таълим фазои мусоидро фароҳам меорад. Дар сурати арзёбӣ муваффақият ва мушкилоти таълимии ҳар як хонанда ва фаъолияти омӯзгор дар маркази диққат ва мавриди таҳлилу хулосабарориҳо қарор мегирад ва барои пешрафти муваффақона ва ҳалли мушкилоти муайянгардида замина гузошта мешавад. Қафомонии ҳар як хонанда аз барномаҳои таълим баъди муайян намудани мушкилоти таълимии ӯ бояд дар раванди таълими минбаъда ва давоми соли таҳсил бартараф карда шавад ва ба пешрафти таълимии ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Дар ин росто, арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон раванди тӯлонӣ, муътадил ва ғайрирасмӣ ҳисобида мешавад. Дар ҷараёни мазкур мушоҳидаи омӯзгор нисбат ба фаъолияти хонандагон, бахусус,иҷрои супоришҳои синфӣ ва хонагӣ, ҷавобҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳо хеле муҳим дониста мешавад. Натиҷаи арзёбии воқеӣ шароити мусоидро барои муайян намудани самараи фаъолияти омӯзгор ва мувофиқати он ба талаботи хонандагон, қабули қарорҳо фароҳам меорад ва дар сурати зарурат воридсозии тағйироти дахлдорро ба стандарт, нақша, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ таъмин месозад.
Намудҳои арзёбӣ. Дар азхудкунии талаботи стандартҳои таълимӣ асосан намудҳои зерини арзёбӣ истифода бурда мешаванд:1. Арзёбии ташхисӣ – сатҳи ибтидоии ташаккули дониш, малакаю маҳорат ва салоҳиятҳои хонандаро муайян мекунад ва ба омӯзгор дар ташкили раванди таълими босифат кумак мерасонад. Арзёбии ташхисӣ, одатан, дар оғози соли таҳсил ё дар машғулияти аввали омӯзиши мавзуъ, фасл ва боби таълимӣ гузаронида мешавад.
2.Арзёбии ташаккулдиҳанда — раванди доимии ҷамъ овардан, коркарду таҳлили маълумоти сифатӣ оид ба сатҳи дарк, азхудкунии масъалаҳои таълим (ниёзи таълимии хонанда) ва мутобиқ сохтани фаъолиятҳои таълиму омӯзиш ба ниёзи фардии (индивидуалии) хонанда арзёбӣ мегардад.Ин навъи арзёбӣ хонандаро водор месозад, ки сатҳи инкишоф, дастоварду мушкилоти худро муайян кунад ва барои пешрафту бартарафсозии мушкилоти муайяннамуда шароити мусоид фароҳам орад. Арзёбии ташаккулдиҳанда ба омӯзгор низ имкон медиҳад, ки баҳри дарки норасоиҳо дар таълим ва ворид кардани дигаргуниҳо ба фаъолияти минбаъдаи худ (интихоби методҳои нав, технологияи таълим, тақсимоти самарабахши вақти дарс ва ғ.) маълумот ба даст орад.
Ба воситаи арзёбии ташаккулдиҳанда самти дурусти таълим муайян ва талабот ба шавқмандии иловагии хонанда (донишҷӯ) барои истифодаи шаклу усули алтернативӣ ва манбаъҳо барои амалиёти фаъол муайян ва ба онҳо кумаки иловагӣ баҳри пешравӣ дар таълим расонида мешавад. Арзёбии ташаккулдиҳанда, инчунин, бо мақсади омӯзиши мувофиқати дастовардҳои толибилмон ба талаботи стандартҳои фаннӣ гузаронида мешавад. Дар ин раванд иттилооти ҷамъоваришуда барои танзими раванди таълим аҳамияти махсус пайдо мекунад.
3. Арзёбии ҷамъбастӣ сатҳи муваффақият, пешрафти хонандагонро дар азхудкунии талаботи стандартҳои фанни мушаххас ва гурӯҳи стандартҳои фаннӣ муайян ва баҳогузорӣ мекунад. Ин навъи арзёбӣ дар охири чоряк, нимсола, солона ва аттестатсия мувофиқи муқаррароти муайяншуда анҷом дода мешавад. Хусусияти асосии арзёбии ҷамъбастӣ муайян кардани қобилияти хонандагон дар истифодаи маводи дарккардашуда дар амал мебошад. Натиҷаи арзёбии ҷамбастии хонанда нишондиҳандаи боэътимод ва муносиби дараҷаи азхудкунӣ ба ҳисоб меравад. Намудҳои мазкури арзёбӣ (сифатӣ ва рақамӣ) хонандаро ба комёб гардидан ба дониш ва қобилиятҳои асосии дар мундариҷаи стандартҳои ҳар як фанни таълимӣ нишондодашуда таъмин месозанд.
Давлатназар ИМОМНАЗАРОВ –
мудири шуъбаи омӯзиши стандарт, нақшаю
барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони
Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон