Амиршоњ ЁРМУҲАММАДОВ –
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
Олими барҷаста ва шуҳратманди рус, собиқ раиси филиали Академияи илмҳои СССР дар Тоҷикистон Евгений Никанорович Павловский (1884 1965) гуфта буд: «Устод С.Айнӣ оғозгари таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи улуми иҷтимоӣ дар қарни бист дар Тоҷикистон аст.» Воқеан, С.Айнӣ муаллифи аввалин асарҳои таҳқиқии таърихшиносӣ, нахустин адабиётшинос ва мунаққид, якумин шахсиятест, ки дар асарҳояш матолиби муҳимми иқтисодиро баррасӣ намудааст. (Садои Шарқ, 2003, №4, 6 С. 120).
Дар бораи аҳамияти публитсистикаи С.Айнӣ фарзанди устод, олими маъруф Камол Айнӣ махсус қайд кардааст: «…аҳаммияти публитсистикаи С.Айнӣ бениҳоят бузург буда, ҳамчун асноди пурқимати таърихи пурифтихори муборизаи халқ ва партия барои сохтмони рӯзгори нави советӣ пазируфта шудаанд. Бо илова, ин навиштаҳои С.Айнӣ аз фаъолияти нооромонаи вай дар роҳи муборизаи халқаш ва барои бедории он шаҳодат дода, то ҳол аҳамияти худро нигоҳ доштаанд. (Айнӣ Садриддин, Осори баргузида дар ду ҷилд. Тартибдиҳанда ва муаллифи сарсухан К. Айнӣ). Душанбе, «Ирфон», 1977, Ҷилди 1, Акнун навбати қалам аст. С. 7, Минбаъд Айнӣ С., Осори баргузида, Ҷ.1).
Бо забт ва ҳамроҳкунии Осиёи Миёна ба Россия дар кишвари мо матбаа ва нашрияҳои расмӣ пайдо шуданд. Намунаи чунин нашрияҳо «Туркестанские ведемости» ва «Туркестанская туземная газета» («Туркистон вилоятининг газетаси») маҳсуб меёфтанд. Ин нашрияҳо дар назди худ мақсад гузошта буданд, ки моро ба намунаи адабиёти рус ва мардуми русро ба намунаи адабиёти халқҳои Осиёи Миёна шинос кунанд. Нахустин тарҷумони асарҳои адибони мо ба забони русӣ шарқшиносони рус буданд. Минбаъд бо таъсири ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар дар Бухоро низ нашрия пайдо мешавад. Намунаи он «Бухорои шариф» буда, аз 11 марти соли 1912 то 2 январи соли 1913 дар ҳаҷми чаҳор саҳифа, ҳамагӣ 153 шумора чоп шуд. «Бухорои шариф» дар атрофи худ беҳтарин равшанфикрони тоҷик, аз қабили Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзо Муҳиддин Мансуров, Абдурауфи Фитрат ва дигаронро гирд оварда буд. Ноширони «Бухорои шариф» аҳолии ӯзбекзабони гирду атрофи шаҳрро ба назар гирифта, чун замима чопи рӯзномаи «Тӯрон»-ро ба роҳ монданд.
Ҳамин тавр, «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» дар бедории шуури сиёсии мардуми мо хизмати калон кардаанд. Мутаассифона, фаъолияти ин ду рӯзнома дер давом накард. 2 январи соли 1913 бо хоҳиши амири Бухоро, сафоратхонаи рус нашри ин рӯзномаҳоро баст. Минбаъд то соли 1919 рӯзномае ба забони тоҷикӣ нашр нашуд. Ҳарчанд баъзе нашрияҳои дузабона низ дар кишвари мо дида мешуданд. Эҳёи нашрияҳои тоҷикӣ бо ғалабаи Инқилоби Октябр ва барқароршавии Ҳукумати Шуроӣ дар кишвар зич алоқаманд аст. Намунаи аввалини он нашрияи «Шуълаи инқилоб» аст. Доир ба фаъолияти ин нашрия байни муҳаққиқони тоҷик фикрҳои мухталиф мавҷуданд. Аз ҷумла академик З. Ш. Раҷабов онро дар тадқиқоти хеш (К характеристике первого советского журнала на таджикском языке «Пламя револютсии». Сталинобод, 1959) ҳамчун журнал ном бурдааст. Муҳаққиқи машҳури таърихи матбуоти тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор И. Усмонов дар мақолаи илмияш исбот кардааст, ки аз рӯйи мазмун,фаъолият ва мундариҷа «Шуълаи инқилоб» ҳамчун як ҳафтанома аст. Зеро амалан он дар фаъолияташ нақши газетаро иҷро мекард. Ба ақидаи мо низ, «Шуълаи инқилоб» ҳамчун як ҳафтанома аст. Фақат ноширони «Шуълаи инқилоб» онро маҷалла номбар карда, бо ин олими маъруф З. Раҷабовро ба иштибоҳ оварда буданд. Нашри «Шуълаи инқилоб» 10 апрели соли 1919 оғоз ёфт. Нашрияи мазкур дар марҳилаи хеле ҳассос ва тақдирсози миллати тоҷик ба фаъолият шуруъ карда, дар ҳаёти минбаъдаи мардуми мо нақши калон гузошт. Зеро дар он марҳала масъалаи будан ва ё набудани миллати тоҷик ба миён омада буд. Туркгароён ба ҳамлаи рӯирост гузаштанд. «Шуълаи инқилоб» дуюмин нашрияи тоҷикӣ ва аввалин нашрияи шуравӣ ба забони тоҷикӣ буда, ҳафтаномаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва оммавӣ ба шумор мерафт. Он ҳамчун органи Комитети партиявии вилояти Самарқанд аз 10 апрели соли 1919 то 8 декабри соли 1921 ҳафтае як бор, мунтазам 92 шумора нашр шуд. Адади нашри он то ба 4 ҳазор нусха мерасид. Фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии нашрия дар марҳалаи вазнинтарини кишвари мо оғоз ёфт. Ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд, ба муқобили Ҳукумати Шуроӣ ва ҳизби болшевикон фаъолияти ҳар гуна ҷараёнҳои сиёсии аксулинқилобӣ аз тарафи душманон ва руҳониёни мутаассиб торафт авҷ мегирифт. Ташаббускори нашри «Шуълаи инқилоб» ва муҳаррираш Саидризо Ализода (1887 1945) буд. Саидризо Ализода ҳамчун яке аз поягузорони матбуоти тоҷик, рӯзноманигор, адиби маорифпарвару навҷӯ ва публитсисти оташинсухан дар таърихи маданияти аввли асри бисти тоҷик мақоми калон дорад. Маҳз бо кӯшиш ва заҳмати вай аввалин нашрияи шуравии тоҷик «Шуълаи инқилоб» ба фаъолият сар кард. Дар ин миён ба ғайр аз заҳмату фаъолияти эҷодии муҳаррири нашрия Саидризо Ализода, саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ хело калон аст. С.Айнӣ дар мақолаи «Танвири афкор» мардуми тоҷикро ба хондани газета, пеш аз ҳама, нашрияи «Шуълаи инқилоб» даъват кард. Устод ба як ҷаҳон умедворӣ ва рӯи худро ба тарафи бародарони тоҷикзабон карда мегӯяд: «Бародарон! Ҳар ҳафта як соат умратонро ба хондани ин рӯзнома сарф кунед, ба қадри иқтидоратон аз ҷаридае, ки ба забони худатон нашр мешавад, истифода намоед, дар бадали ин як соат, умреро, ки ба бехабарӣ гузарондед, талофӣ намоед. Ҳар фоидае, ки аз рӯзнома мегиред, бо бародарони бесаводатон ба ҳам бинед…. Ҳеҷ гоҳ аз хондан зарар намебинед, балки фоида мебинед. («Шуълаи инқилоб», соли 1919, 7 декабр). С.Айнӣ дар «Шуълаи инқилоб» қариб бо зиёда аз даҳ имзо мақолаҳо нашр кардааст. Ин хизматҳои С.Айнӣ дар нашрия дар мақолаи «Аз тарафи идора» махсус қайд карда шудаанд. Идора ба хизмати шоистаи вай аз таҳти дил изҳори ташаккур карда мегӯяд: «Зинда бод ходимони матбуот!». («Шуълаи инқилоб», соли 1919, 7 декабр). Миқдори мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ дар нашрияи мазкур ба 169 адад мерасад. Агар мо ба мақолаҳои С.Айнӣ дар «Шуълаи инқилоб» бо диққат назар кунем, пайваста дар онҳо масъалаи маорифи мардуми тоҷик ба ҷойи аввал мебарояд. Ин сабаби худро дошт, зеро устод ба арсаи сиёсат ва фарҳанг ҳамчун як ходими маорифи мардуми тоҷик ворид шудааст. Дар тақдири С.Айнӣ шогирд, пайрави Аҳмади Дониш маорифпарвари машҳур Садри Зиё саҳми калон гузоштааст. Шарифҷон Махдуми Садри Зиё дар симои як ҷавони ёздаҳсолаи деҳотӣ нобиғаи ояндаи миллатро пайдо кард. Садри Зиё асари машҳури Аҳмади Дониш «Наводир ул вақоеъ»- ро бо таври махфӣ ба даст оварда, ба С.Айнӣ ва дӯсташ Абдулвоҳиди Мунзим барои нусхабардорӣ месупорад. Мутолиаи асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» дар ақидаи сиёсӣ ва ҷамъиятии С.Айнӣ инқилоб ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, С.Айнӣ Садри Зиёро ҳамчун устоди маънавии худ медонист. С.Айнӣ дар пайдоиш ва ташаккулёбии маорифи муосири мардуми тоҷик мақоми хоса дорад. Дар Бухоро маркази инкишофи афкори ҷадид, мактаб, мадраса, ҷараёнҳои сиёсӣ, аз ҷумла, маорифпарварӣ ва маҳфилҳои гуногун мавҷуд буданд. Ҳаракати ҷадидияи Бухоро соли 1910 ба таври мукаммал ташаккул ёфта, бо номи «Тарбияи атфол» ҷамъияти махфӣ таъсис дод, ки он ҷамъият маркази идоракунии ҳаракати ҷадидон дар аморат буд. Ҷадидон ба азнавсозӣ ва ислоҳоти мактаб далерона даст заданд. Дар саргаҳи ин ҳаракат С.Айнӣ меистод. Дар ташкили мактабҳои усули нави Бухоро тоторҳо, ки табааи Русия буданд, ташаббусро ба даст гирифтанд. Дар мактаби тоторҳо тоҷикон низ таҳсил мекарданд, С.Айнӣ борҳо ба мактаби тоторҳо рафта, ба тоҷикон кумак мекард, зеро онҳо забони тоториро намедонистанд. Амалан нахустин мактаби нав дар Бухоро бо кӯшиши С.Айнӣ ва А. Мунзим 5 ноябри соли 1908 ба фаъолият сар кард. Дар муддати кӯтоҳ барои мактаб С.Айнӣ китобҳои дарсии «Таҳзиб-ус-сибён», «Зарурияти динӣ,» «Тартил-ул-Қуръон», «Баҳори дониш», «Холида»-ро таълиф кард. 26 сентябри соли 1909 бо фармони қӯшбегӣ Остонақул, қозикалон Бақохоҷа ва раиси шаҳри Бухоро Бурҳониддин мактаби С.Айнӣ ва А. Мунзим баста шуд. (Ҳарчанд талабагони мактаби мазкур аз имтиҳонҳои расмии санҷишӣ хело бомуваффақият гузашта буданд). С.Айнӣ ҳама вақт мактабро ҷои муқаддас, махзани илму маърифат дониста, кӯдаконро ба хондан даъват мекард. Аз С.Айнӣ як шеърро мисол меорем:
Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб,
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Ибтидои мактабҳои муосири мо низ бо фаъолияти С.Айнӣ зич алоқаманд мебошад. Зеро вай дар марҳалаи шуравӣ низ фаъолияти омӯзгории худро идома медиҳад. Устод Садриддин Айнӣ ҳама вақт барои саводнок кардани қавми мо заҳмати зиёде анҷом медод. Мо инро аз мақолаҳояш дар нашрияи «Шуълаи инқилоб» барало мушоҳида мекунем. Дар мақолаи «Ҳукумати Шуроӣ ба мо чӣ дод? («Шуълаи инқилоб», соли 1919, 15 декабр), С.Айнӣ чунин таъкид мекунад: «Масалан, барои зиндагии як қавм лузуми илму маориф мисли лузуми обуҳавост. Чунончи, ҳеҷ ҷондоре бе обу ҳаво зиндагӣ карда наметавонад, инчунин, фарзандони одам низ беилму маърифат зиндагӣ карда наметавонанд. Қавми беилм, имрӯз ё фардо маҳкуми завол аст. Мо бояд ҷавонони боҳушамонро дар курси омӯзгорон давомот кунем. Онҳое, ки ба коре машғуланд, хатту савод надоранд, ё ки хатту саводу маълумоти дуруст надоранд, ба курсҳои бегоҳӣ ва шабона давомат кунонем ва фарзандони ҳафтсола то ҳафдаҳсолаамонро ба мактабҳои ибтидоӣ даъват кунонем.» С.Айнӣ дар мақолаи «Сайфу Қалам» («Шуълаи инқилоб» соли 1920, 17 июн) махсус таъкид кардааст, ки дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст! Дар як ҳайати иҷтимоӣ агар «сайф» (шамшер) ба манзили ҷисм бошад, «қалам» ба масобаи ҷон аст. Ҳамчунон ки ҷисми беҷону ҷони беҷисм масдари коре шуда наметавонанд, инчунин, ҳайати иҷтимоия, ки яке аз сайфу қаламро доро нест, кореро пеш бурда наметавонад… Мақола бо чунин даъват хотима меёбад. «Бародарон! Агар ҳаёт ҷӯед, ба даст гиред сайфу қаламро». Зеро дар тамаддун, ба ақидаи устод Садриддин Айнӣ, қалам мавқеи шамшерро дорост.
С.Айнӣ дар силсиламақолааш «Акнун навбати қалам аст», ки дар нашрияи «Шуълаи инқилоб» (соли 1920, 26 июл) чоп шудааст, бори дигар аз мақолаи собиқаш дар газетаи мазкур «Сайфу Қалам» ёдовар шудааст. Ба таъкиди устод, масъалае, ки ҳал шуданаш хеле мушкил аст, масъалаи қалам аст. «Қалам» иборат аз хондан, навиштан, хонондан, мусоҳибаҳои адабӣ кардан… ва нашр кардан аст. «Билҷумла, тамоми илму маорифро метавонем ба таҳти унвони «Қалам» дохил намоем». Мақолаи мазкур чунин хулоса карда мешавад: «Агар мо чанд соли дигар дар ғояти ҷидду ҷаҳд дар роҳи маориф саъй намоем, умед аст, ки «масъалаи қалам» ҳал карда мешавад. Зуд ба кор бошед, бародарон! «Акнун навбати қалам аст.»
Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи «Масъалаи маориф ва китоб» («Шуълаи инқилоб» соли 1921, 8 август) қайд кардааст, ки асоси тараққӣ ва тамаддуни ҳар миллат ва қавм вобаста бар маориф ва мактаб аст. Кишвари мо, ки солҳои тулонӣ боз ба ғафлат ғунудааст, зиёдтар аҳаммият дорад. Дар ин ҷода муаллиф саҳми Ҳукумати Шуроиро махсус қайд кардааст. Чунки ҳукумати мазкур «ҳама чиз барои мактаб аст»- ро ба худ шиор қарор дода, дар нашри маориф кӯшиш намуд ва менамояд. Ҳукумат дар бораи таъсиси макотиб ва бунёди асбоби он мисли курсӣ ва лавҳаи таълим ва расондани муаллим хеле кӯшишҳои ҷиддӣ ба кор бурд ва мебарад.»
Ба мушоҳидаи касбии С.Айнӣ, дар инкишофи маорифи кишвар ду сабаб таъсири манфӣ мерасонд: «Ба ин ду сабаб ҳаст: яке камтаҷрибагии муаллимон, дувум, бекитобӣ.»
Камтаҷрибагии муаллимон ба таъкиди устод, амри табиист, ки ба мурури айём кам-кам зоил хоҳад шуд. «Таҷриба ба қонуни тадриҷ вобаста аст». Яъне, бо гузашти вақт муаллимон соҳибтаҷриба мегарданд. Аммо сабаби дувум, яъне, бекитобӣ монеаи асосии инкишофи сусти маорифи кишвар аст. «Ҳар сол дар бораи ин масъала музокираҳо мешаванд, қарорҳо пазируфта мегарданд, ҳайатҳои таълиф ва тарҷима ташкил меёбанд… Ҳанӯз як асари намоён ба майдон намеояд». («Шуълаи инқилоб» соли 1921, 8 август).
Дар фароварди мақолаи мазкур С.Айнӣ таклиф мекунад, ки ба шуъбаҳои маориф ва ҳамаи маорифхоҳон лозим аст, ки ин масъаларо аз ҳама масоил боаҳаммияттар дониста, дар ин бора кӯшиши ҷиддӣ ба кор бурда, то сари таҳсили оянда, кам ҳам бошад, як қисм китоби мактабиро ҳозир намоянд.
Дигар мақолаи устод Садриддин Айнӣ «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ» ном дошта, дар нашрияи «Шуълаи инқилоб» (соли 1921, 22 сентябр) ба табъ расидааст. Ба гуфти С.Айнӣ, Ҳукумати Шуроӣ барои барҳам додани бесаводӣ кӯшишҳои фавқулода дорад. Ҳукумат барои барҳам додани бесаводӣ комиссияҳои фавқулода ташкил дода, ҳазорҳо китоби алифбо нашр ва миллионҳо пул сарф карда омодагӣ мебинад. Аз ҷумла, дар вилояти Самарқанд комиссия ташкил ёфта, дар пайи кор ва омодагист. Ба таъкиди С.Айнӣ, «ин қазия аз офтоб равшан аст, ки то кас соҳиби хатту савод ва дороии дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳад монд. («Шуълаи инқилоб», соли 1921, 22 сентябр). Устод дар мақолаи дигараш дар «Шуълаи инқилоб»(соли 1920, 26 июл) «Акнун навбати қалам аст» бо таври хеле масъулиятнок масъалаи маорифи мардуми моро ба миён мегузорад. Бо таъкиди устод, «билҷумла, тамоми илму маорифро метавонем ба таҳти унвони «қалам» дохил намоем. Аз рӯзе ки дар Туркистон Ҳукумати Шуроӣ ташкил ёфт, масъалаи маориф дар майдон гузошта шуда, ба таълим ва нашри илм ва маърифат ғояти ҷаҳд ба кор бурда шуд ва ба кор бурда шуда истодааст. Дар Туркистоне, ки қабл аз инқилоб даҳ мактаби мунтазами бобадал ва як мактаби мунтазами маҷҷонӣ ёфт намешуд, ҳазорҳо мактаби маҷҷонии ибтидоӣ, садҳо ҳар гуна курс ба вуҷуд оварда шуд» («Шуълаи инқилоб», соли 1921, 22 сентябр). Минбаъд дар ин мавзуъ ақидаашро идома дода, устод махсус таъкид мекунад: «Муттаасуф, мо аз ин неъмат баҳра намебардорем ва аз ин хирман хӯшворе намечинем ва ҳол он ки мо, мусулмонон ба илму маърифат аз ҳамаи милал, ки ба Туркистон сокинанд, муҳтоҷтар ва мустаҳқиқтар ҳастем. («Шуълаи инқилоб»,соли 1921, 22 сентябр).
Устод Садриддин Айнӣ барои мактабҳоро бо китоби дарсӣ, дафтару қалам ва дигар асбобу анҷоми хониш таъмин кардан пайиҳам дар мақолаҳояш пешниҳодҳои судманд мекард. Дар мадди назар мактабҳо бояд бо омӯзгорони босавод таъмин карда мешуданд. Инчунин, биноҳои мактаб бо гармӣ ва ашёи таълимӣ ҷиҳозонида мешуданд, то ин ки талабагон дар зимистон аз хунукӣ азият накашанд. Мақолаи устод бо чунин даъвати шуълавар хотима меёбад: «Агар мо чанд соли дигар дар ғояти ҷидду ҷаҳд дар роҳи маориф саъй намоем, умед аст, ки «масъалаи қалам» ҳал карда шавад. С.Айнӣ дар мақолааш дар нашрияи «Шуълаи инқилоб» (соли 1920, 7 ноябр) бо номи «7-уми нуябр» (ба ҳисоби кӯҳна 25-ӯктабр!) пешравиҳои маорифро дар марҳилаи Ҳукумати Шуроӣ махсус зикр кардааст. Бо таъкиди С.Айнӣ, неъмати бузурге, ки Инқилоби Ӯктабр ба мардум дод, неъмати маориф аст. Дар шаҳрҳо ва қишлоқҳо мактабҳои маҷҷонӣ кушоданд. Ҳатто китоб, қалам, дафтар, пӯшок ва хӯроки хонандагонро тамоман аз хазинаи ҳукумат таъмин карданд. Барои бузургони бесавод мактабҳо кушода, эшонро ба ҳар гуна имтиёз ноил гардонданд. «Дар дунё ҳеҷ ҳукумате нест ва набуд, ки дар роҳи маориф ин қадар аҳаммият бидиҳад ва дода бошад. Инқилоби Ӯктабр маорифро аз асорати назариёт бароварда, ба озодии амалиёт оварда мактабҳоро иборат аз як корхона сохт.» («Шуълаи инқилоб», соли 1920, 7 ноябр).
С.Айнӣ дар мақолааш «Масъалаи маориф ва китоб» (Шуълаи инқилоб», соли 1921, 1 август) махсус қайд мекунад, ки асоси тараққӣ ва тамаддуни ҳар миллат ва қавм вобаста бар маориф ва макотиб аст. Аз таҳлили мухтасари мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ дар нахустин нашрияи Шуроии тоҷик «Шуълаи инқилоб» ба мо як чиз мисли офтоб аён шуд, ки мақсади асосияш ба маориф бештар ҷалб кардани мардуми тоҷик буд. Ба маориф ҷалб кардани тоҷикони кӯҳистон ҳама вақт барои устод Садриддин Айнӣ коре буд муҳим ва муқаддас. Инро вай борҳо ба таври махсус таъкид кардааст. Ҳама фаъолияташ дар нашрияи мазкур бештар ба масъалаҳои маориф вобаста буд. Устод ҳама вақт қавми моро барои саводнок шудан даъват мекард. Барои ҳалли ин масъала маслиҳатҳои судманд низ медод. Бо гузаштани солҳои зиёд маслиҳатҳои С.Айнӣ аҳамияти худро гум накардаанд.
Нашрияи «Шуълаи инқилоб» моҳи декабри соли 1921 баста шуд. Ин албатта, якчанд сабаби объективӣ ва субъективӣ дошт. Агар яке аз ин сабабҳо нарасидани коғаз, таҳҷизоти полиграфӣ ва мутахассисон бошад, сабаби дигар ба мақомоти роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Туркистон сар даровардани баъзе миллатчиёни туркгарои буржуазӣ буд. Онҳо ба нашрияҳои тоҷикӣ муқобил буданд.
Хушбахтона, бо истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон соҳаи маориф самти афзалиятнок эълон карда шуд.