
Мирзоалӣ СОДИҚОВ –
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
омӯзгори мактаби №26, шаҳри Душанбе
Баҳри фардои азизони дилу ҷонат фузун,
Мактаби нав сохтӣ, омӯзгори нав бисоз!
Чанд сол муқаддам дар нашрияи “Омӯзгор” ду мақола: “Дарси андешаи миллӣ-1” ва “Дарси андешаи миллӣ-2”-ро навишта будам. Инак, баъди таҳқиқи паҳлуҳои дигари масъалаи мазкур мехоҳам, андешаҳои худро таҳти унвони “Дарси андешаи миллӣ-3”, ки давоми мантиқии мавзуи аввала аст, пешкаши хонандагон гардонам.
Дар мақолаҳои қаблӣ навишта будам: “Чаро андеша ва чаро миллӣ? Дарси андеша бад-ин сабаб аст, ки хонанда мустақилона фикру андеша карданро ёд гирад. Миллӣ барои он ки дарси муосири тоҷикӣ хонадагонро дар руҳияи ғурур ва ифтихори миллӣ тарбия кунад.”
Ҳар як давру замон талаботи худро дорад. Замони мо низ. Асри нав (асри ХХI) асри ниҳоят мушкил, пурмуаммо ва печида мебошад. Асри ХХI-ро асри босуръати рушди илму техника, асри ҷаҳонишавӣ, асри иттилоот ва инноватсия меноманд. Феълан ҳаллу фасли даҳҳо ва садҳо мушкилоти аср, ки ҷомеаи инсонӣ ба он рӯ ба рӯ шудааст, боиси нигаронии олимону донишмандон гаштааст. Мутахассисон пешгӯйӣ мекунанд, ки дар ояндаи наздик шаҳрҳоро технологияи муосир (роботҳо) идора мекунанд, ки ин боиси аз касбу кор маҳрум шудани садҳо ва ҳазорон одам мегардад. Он замон афроде ба зиндагии шоиста ва босаодат даст меёбанд, ки дорои тафаккури бонизом ва интиқодӣ бошанд. “Аз ин рӯ,- менависад Нусратуллои Назариён, — дар раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад. Ба ҳамин хотир, мумкин аст, дар чанд даҳсолаи оянда дар бисёр соҳаҳо технология ҷойи инсонро иваз намояд.”
Хулоса, моро боястӣ дар асри ҷадид ба таълиму тарбия муносибати нав дошта бошем, зеро муносибатҳои қаблӣ дигар ба талаботи замони нав ҷавобгӯ намебошанд.
Бахши якум. Дарси муосир чист?
Барои ба ин савол ҷавоб додан ба педагогикаи ҷаҳонӣ муроҷиат мекунем. Педагогикаи ҷаҳонӣ баъди таҳқиқотҳои зиёд ва мушоҳидаҳои чандинсола ба чунин хулоса омад: ҳаштод дар сади (80%) донишҳое, ки дар ёди хонанда ҳифз мешаванд, ҳамон донишҳое мебошанд, ки онҳоро мустақилона аз бар намудааст. Ногуфта намонад, ки баъди кашфи ин андешаи беназир дар бахши маорифи аксарият давлатҳои пешрафтаи дунё як инқилоби маънавӣ рух дод:
- Муносибат ба таълим ва тарбия дигар шуда, қолабҳои қаблӣ шикаста шуданд;
- Моделҳои мухталифи маориф ба вуҷуд омаданд (муносибати босалоҳият дар таълим яке аз онҳост);
- Дар низоми маорифи бисёре аз мамлакатҳои дунё ислоҳоти куллӣ ворид карда шуд;
- Хонанда акнун бояд аз объекти раванди таълим ба субъекти раванди таълим табдил ёбад. Яъне ки аз объекти ғайрифаъол ба субъекти фаъол табдил ёбад: Ба омӯзгор баҳс кунад, проблема гузорад, ғояи нав пешниҳод намояд ва эҷодкорияшро нишон диҳад.
Аз ин рӯ, ин кашфиётро метавон бузургтарин кашфиёти педагогикаи ҷаҳонӣ дар асри ХХI номид. Дар зимн, ба чунин хулоса омадам: хонанда бояд мустақилона фикр карданро ёд гирад, вагарна 80%-и донишҳоро мустақилона аз худ карда наметавонад. Дар мавриди фикр кардан бошад, диққати хонандаро ба се иқтибоси ҷолиби ҷалб мекунем:
- Донишманди эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ фармудааст: “Ман қурбони он касам, ки ба ман фикр карданро омӯзад.”
- Эдисон чунин фармудаст: “Умдатарин рисолати тамаддун фикр карданро ба инсон ёд додан аст.”
- “Одам бояд барои он хонад, ки дар худ қобилияти фикррониро инкишоф диҳад. Дар акси ҳол вақтгузаронии беҳуда ба кӣ лозим аст?”(Аз суханронии як академики машҳури Шуравӣ)
Дар зимни ин андешаҳои боарзиш ба суоли асосии бахши аввал ҷавоб мегӯям: Дарсе, ки андешаро ба таҳрик меоварад, дарси муосир номида мешавад.
Ҳамчунин, барои амалӣ шудани ҳадафҳои мазкур моро боястӣ корро аз кӯдакистон оғоз намуда, то зинаи якуми таҳсилот идома диҳем. Бо кадом роҳҳо? Маълум аст, ки кӯдакон дар олами афсона ва бозӣ бузург мешаванд. Он чӣ кӯдак мебинад, калонсол намебинад. Ба қавли шоир:
Тифлро бар кулли ашё диди махсусе бувад,
Чунки тифлон одамони бас наҷибанду аҷиб.
(Расул Ғамзатов)
Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии кӯдакон ва рушди тафаккури онҳо дарсро бо истифода аз бозиҳои шавқовари дидактикӣ гузаштан, ҷавобгӯ ба талаботи асри ХХI мебошад. Таҷрибаи давлатҳое, ки маорифи пешрафта доранд, ба таври эътимодбахш собит мекунад, ки истифода аз бозиҳои шавқовари дидактикӣ, бахусус, дар зинаи якуми таҳсилот, талаботи замон буда, ба рушди қобилияти фикрронии хонандагон нақши босазо мегузорад.
Аҳамияти маърифатӣ ва тарбиявии усули мазкур:
- Хонанда маводи таълимиро бе душворӣ аз худ мекунад;
- Хонанда ҳам дарс мехонад, ҳам истироҳат ва ҳам бозӣ мекунад;
- Хонанда дарсро бо шавқ гӯш мекунад ва хастагиро ҳис намекунад;
- Қобилияти фикрронии хонанда бедор мешавад;
Хулоса, истифодаи усули бозиҳои шавқовари дидактикӣ дар таълим, ба назарам, кашфиёти беназир буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, саҳми басе бузург хоҳад гузошт!
Хулосаи бахши якум.
- Вазифаи ҷонии мактаби миллӣ ба хонанда фикр карданро ёд додан аст.
- Ба хонанда дарс надиҳед, ба хонанда фикр карданро ёд диҳад.
Бахши дуюм: Талаботи дарси муосир
Талаботи якуми дарси муосир қолабшиканист. Дигар дар қолаби маъмулӣ кор кардан нашояд! “Муаллими қолабӣ,-мегӯяд Саидҷаъфар Қодирӣ,-шогирди қолабиро тарбия мекунад.” Ва истилоҳи “қолабизм”-ро дар педагогикаи миллии мо мавриди истифода қарор медиҳад, ки ба назарам, бамаврид хоҳад буд! “Қолабизм” маънои онро надорад, ки мо аз усулу методҳои замони Шуравӣ комилан даст кашем. На, ҳаргиз чунин нест! Моро боястӣ, аз таҷрибаи ғании замони Шуравӣ бамавриду бамавқеъ истифода карда, онро ба талаботи замони нав мувофиқ кунонда, ҳарчи бештар истифода барем. “Қолабизм”, қабл аз ҳама, рабт дорад ба омӯзгори замони нав. Пас, симои маънавии омӯзгори асри ХХI чӣ гуна бояд бошад? Ба ин суол беҳтарин посухро шоири маъруф Низом Қосим додааст:
Баҳри фардои азизон дилу ҷонат фузун,
Мактаби нав сохтӣ, омӯзгори нав бисоз!
Хулоса, омӯзгори асри ХХI, омӯзгори дорои тафаккури нав, дорои тафаккури ба асри ХХI созгор бояд бошад, вагарна дар рушди камолоти маънавии толибилмон муваффақ нахоҳад шуд!
Талаботи дуюм: Хонандаро ба мустақиломӯзӣ ҳидоят намуда, аз додани донишҳои тайёр даст кашед!
Солҳои ҳаштодуми асри ХХ файласуфони Шуравӣ аз баъзе усулҳои таълими Шуравӣ интиқод намуда, дар бахши маориф ислоҳотро талаб мекарданд. Онҳо иброз медоштанд, ки қисме аз хонандагони мактабҳои миёна маводи таълимиро қориазёд (ба русӣ зубрежка) намуда, аз омӯзгорон баҳои қаноатбахш мегиранд. Ва аз омӯзгорон бо исрор талаб мекарданд, ки аз ин шеваи тадрис комилан даст кашанд. “Чунин усули таълим, — мегуфтанд онҳо, — зеҳни бачаро кунд намуда ва асаби хонандаро “маъюб” мекунад”.
Баъдан, ба ин эроди файласуфон педагогҳо ва равоншиносон пайравӣ намуда, чунин тавсия медоданд: Хонандагонро зарур аст, ки мазмун ва муҳтавои мавзуъҳои таълимиро пурра дарк намуда, баъдан дар майнаашон ҳифз кунанд. Маводеро, ки ба мазмуну муҳтавояш сарфаҳм намераванд, беҳтараш, ёд нагиранд. Аз қориазёд даст кашанд ва беҳуда майнаи худро “маъюб” накунанд, вагарна дар ҷомеа муваффақ нахоҳанд шуд!
Талаботи сеюм: Риояи меъёри иттилоот
Моро мебояд ду паҳлуи ин масъаларо ба риштаи таҳқиқ кашем:
- Иттилооти тайёр;
- Иттилооти аз меъёр зиёд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи муосирро ҷомеаи иттилоотиву инноватсионӣ меноманд. Тибқи омори расмӣ ҳаҷми иттилоот дар муддати ҳар ду сол ду баробар зиёд шуда, 90%-и он иттилооти ғайриилмӣ мебошад. Феълан, ҷавонону наврасони мо аз ҳазору як манбаъ иттилоот дарёфт мекунанд. “Тибқи тадқиқоте, ки дар Олмон ва Амрико миёни хонандагон гузаронда шуд, аён гашт, ки 90%-и мактаббачагон фанҳои физика ва математикаро куллан хуш надоранд ва омӯзиши ин фанҳоро бағоят мушкил медонанд” (маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, 2020 с.). Ин посухи хонандагон далели он аст, ки интернет онҳоро танбал намуда, эшонро аз фикр кардан дур намудааст. Дар воқеъ, табиати инсон чунин аст: чун роҳи осонро пайдо кард, ба роҳи мушкил нахоҳад рафт! Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои раҳоӣ аз ин мушкил, қобилияти зеҳнӣ, таҳқиқотӣ ва таҳлилии хонандагонро бедор намуда, тадриҷан тафаккури интиқодии онҳоро рушд диҳем ва ҳангоми таҳияи нақшаи дарси муосир ба ин паҳлуи масъала аҳамияти ҳамаҷониба диҳем. Ба ибораи дигар, агар дониш ба қудрати маънавии хонанда табдил ёбад, ӯ соҳиби сертификати “калиди муваффақият” мегардад. Баъдан, “маҳсулот”-и мо бозоргир шуда, ба талаботи асри ХХI ҷавобгӯ мешавад.
Дар зимни ин андешаҳо, ба чунин хулоса омадам: ҷомеаи инсонӣ дар баробари рушду тараққиёт, дар баъзе бахшҳо таназзул ҳам мекардааст.
Хулоса
- Иттилооти тайёр хонандаро танбал намуда, ӯро аз фикр кардан дур мекунад.
- Иттилооти тайёр барои рушди қобилияти фикрронии хонанда монеа эҷод намуда, ӯро дар ҷомеа ба шахси ноқобил табдил медиҳад.
Ҳамчунин, қабл аз он, ки дар бораи иттилооти аз меъёр зиёд сухан ронам, ба як андешаи ҷолиби таваҷҷуҳи Алберт Эйнштейн таваҷҷуҳ кунед: Аз Эйнштейн суол карданд: “Аз Нюйорк то Чикаго чанд километр аст?” Олими тавоно посух додааст: “Ба маълумотномаи “Роҳи оҳан” нигаред. Физики бузург дар замони иттилоотиву инноватсионӣ зиндагӣ накардааст, аммо хуб медонист, ки маводи дуюм ва сеюмдараҷа майнаи инсонро хароб намуда, қобилияти эҷодии онро кунд мекунад. Афзун бар ин, мутахассисони соҳаи тиб исбот кардаанд, ки ҷавонону наврасон ба уқёнуси бетаги ҷаҳони иттилоот ғарқ шуда, ба бемории “неврози иттилоотӣ” гирифтор шудаанд.
Хулоса, агар иттилооти тайёр хонандаро аз фикр кардан дур карда бошад, иттилооти аз меъёр зиёд онҳоро ба “неврози иттилоотӣ” гирифтор намудааст.
Пас, чӣ бояд кард? Барои ҳалли ин масъала хонандагонро зарур аст, ки иттилооти асосиро аз иттилооти ғайриасосӣ, маводи асосиро (манзур: маводи таълимӣ) аз маводи ғайриасосӣ фарқ карда тавонанд ва танҳо иттилооти асосиро (салоҳиятҳои асосӣ) дар майнаи худ ҳифз кунанд. Иттилооти ғайриасосиро бошад, дар дигар василаҳои иттилоотҳифзкунанда ба мисли компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, маълумотномаҳо ҷойгир намуда, дар мавридҳои зарурӣ аз онҳо бамавриду бамавқеъ истифода баранд.
Хулоса, қабл аз ҳама, муаллифони китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ, омӯзгорону методистон, коршиносону мактабшиносонро зарур аст, ки дар раванди иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ, риояи меъёри иттилоотро ба таври ҳатмӣ иҷро кунанд!
Талаботи чорум: Ба таври ҳатмӣ барқарор намудани робитаи мутақобилан судманд миёни омӯзгор ва хонанда.
Ба ҳамагон маълум аст, ки омӯзгор ва хонанда дар робитаи доимӣ қарор доранд. Аммо ҳадафи мо робитаи “мутақобилан судманд” мебошад. Хонанда вақте ки ҷавҳари дарси муосир-фикр карданро ёд гирифт, дигар ӯ хонандаи қаблӣ нест. Ҳамакнун, ӯ бо устодаш баҳс мекунад, проблема мегузорад ва ҳатто ғояи нав пешниҳод мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгорро зарур аст, ки барои қонеъ кардани талаботи толибилмон пайваста донишашро такмил дода, барои баланд бардоштани маҳорати касбии худ саъйю талош намояд. Ба ибораи дигар, саъйю талоши пайвастаи шогирд, боииси баланд гардидани маҳорати касбии устод мегардад. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки барқарор намудани робитаи мутақобилан судманд дар байни устоду шогирд чизи нав набуда, дар таърихи маорифи мо ҷо-ҷо вомехӯрад. Бигирем, мактаби Абдураҳмони Ҷомиро (асри ХV). Ҷомӣ бо чаҳор нафар шарикдарсаш ба мустақиломӯзӣ машғул шуда, дониши худро пайваста такмил медод. Баъдан дар назди мударрис-Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ китобҳои Алии Қушчиро оид ба ҳисоб, касрҳои одиву ашъорӣ (даҳӣ) мехонданд. “Ин гурӯҳи панҷнафара чунон пурқувват буданд, ки мударрисашон наметавонист, ба онҳо ягон дарсро то ба охир бирасонад; чун аввали масъаларо ба онҳо мегуфт, охирашро худашон бе кумаки ӯ ҳал мекарданд.Устод аз ин рафтори шогирдон ба андеша афтода, шабе аз хаёли худ гузаронд, ки агар ҳол ба ҳамин минвол давом кунад ва дар шаҳр овоза шавад, ки мударрис аз уҳдаи дарсгӯйӣ ба шогирдон намебарояд, ин боиси шармандагӣ ва расвоӣ мешавад.” (Аълохон Афсаҳзод)
Баъдан мударрис ноилоҷ худро мариз вонамуд намуда, ба рухсатии чиҳилрӯза рафта, ба омӯзиш машғул мешавад. Сипас, боз ба назди шогирдон баргашта ба тадрис машғул мешавад. Дар рӯзи аввали дарс “ҳар саволе муаллим медод, шогирдон даррав ҷавоб мегуфтанд, ҳар масъалае ӯ пеш мегузошт, онҳо зуд ҳал мекарданд. Мударрис мутаҳайир шуда гуфт: — Эй азизон, табл пинҳон чӣ занам, ташти ман аз бом афтод. Маро ҳеҷ маризе набуд, аз ҷавоб додан ба саволҳои шумо оҷиз мондам ва аз уҳдаи ба шумо сабақ додан набаромадам.” (Аълохон Афсаҳзод, Абдураҳмони Ҷомӣ, 1978, “Маориф” )
Хулоса. Барқарор намудани робитаи мутақобилан судманд дар байни устоду шогирд яке аз талаботҳои асосии дарси муосир буда, риояи он ҳатмист!
Бахши сеюм. Андешаҳо роҷеъ ба модели нави маорифи миллӣ
Банда борҳо гуфта будам, боз мегӯям, ки мо ба як модели нави маорифи миллӣ, ки ба давлати миллии мо созгор бошад, ниёз дорем. Ба назари мо ҷавҳари ин моделро бояд таълими тафриқа ташкил диҳад.
Таълими тафриқа чист? Хонандагонро мувофиқи майлу рағбаташон, қобилияташон, синну солашон ба гурӯҳҳои алоҳида ҷамъ оварда, таълим доданро таълими тафриқа меноманд. Педагоги машҳури Олмон Г.Гербер фармудааст: “Таълим дар мактаб бе тафриқа маънӣ надорад, ҳатто хонандагони як синф ва як синну сол ба шаклҳои гуногуни тафриқа эҳтиёҷ доранд.” “Дар мамлакатҳои пешрафтаи Ғарб ба таълими тафриқа аҳамияти ҳамаҷониба медиҳанд. Дар ин давлатҳо 70%-и мактабҳои таълими тафриқа фаъолият мекунанд ва ба онҳо 15-20%-и иловагӣ маош дода мешавад. Шогирдони ин мактабҳо бе аттестатсия (имтиҳон) ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд”. (Убайд Зубайдов).
“Вақте ки хонандагон бо ихтиёри худ равияҳоро интихоб мекунанд,-навиштааст Убайд Зубайдов,- ва ба он бо майлу хоҳиши том менигаранд, шавқу ҳавас ва қобилияти онҳо инкишоф меёбад.”
Хулоса, таҷрибаи давлатҳое, ки маорифи пешрафта доранд ва дар низоми таълими тафриқа фаъолият мекунанд, ба таври эътимодбахш собит мекунад, ки маҳз таълими тафриқа ба талаботи асосии дарси муосир, ки фикр карданро ба хонанда омӯзонидан аст, ҷавоби муносиб дода метавонад. Зимнан, бояд бигӯям, ки таълими тафриқа низоми нав набуда, унсурҳои он дар таърихи маорифи миллии мо аз худ дарак медиҳанд. Ҳанӯз ҳазор сол муқаддам Абуали ибни Сино фармуда буд: “Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат (фан) омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи матлуб намедиҳад.”
Агар ин андешаи боарзиши Синоро сода намуда, тавзеҳ диҳем, чунин мешавад: Охир, то ба кай ҳамаи хонандагонро бо як “говрона” ҳай карда то ба синфи ёздаҳ мебарем?! Ин андешаи педагогии Ибни Сино дар асри ХХI ба талаботи асосии дарси муосир комилан мувофиқ мебошад. 800 сол муқаддам Ҷалолиддини Румӣ низ гуфта буд:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Муаллими ахлоқ – Саъдӣ андешаи Синоро возеҳу равшан баён намудааст:
Бӯрёбоф агарчи бофанда аст,
Набарандаш ба коргоҳи ҳарир.
Дар зимни ин андешаҳо бояд бигӯям, ки давлатҳои пешрафтаи Ғарб бо зиракии хос андешаҳои педагогӣ ва психологии классикони бузурги моро сармашқи кори худ намуда, ба давлатҳои дорои маорифи пешрафта табдил ёфтанд. Ҳалолашон бод! Аммо, мо-ворисони Синою Мавлоно, ҳанӯз дар хоби ғафлатем. Тибқи маълумотҳои оморие, ки банда даҳ сол муқаддам дар ихтиёр доштам, феълан дар ҷумҳурӣ дар зиёда аз чаҳорсад (400) муассисаи таълимӣ низоми таълими тафриқа ба роҳ монда шудааст. Аммо, аксарияти ин муассисаҳо ба низоми мазкур ҷавобгӯ нестанд. Махсусан, таълими тафриқа дар синфҳои 10-11 ба роҳ монда шуда, қариб ба ягон талаботи таълими тафриқа ҷавобгӯ нест. Махсусан, хонандагони синфи нуҳум, ки ба синфи даҳум қабул карда мешаванд, бе супоридани корҳои хаттию шифоҳӣ ва аттестатсия ба равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ қабул карда мешаванд. Тибқи барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таълими фанни математика дар равияи табиӣ-риёзӣ ва ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ баробар — панҷсоатӣ дар як ҳафта ҷудо карда шудааст. Оё чунин шуданаш мумкин аст? Агар дар равияи ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ панҷ соат дар як ҳафта ҷудо карда шавад, бояд дар равияи табиӣ-риёзӣ на кам аз 6-7 соат дар як ҳафта ҷудо карда шавад. Аз ин рӯ, масъулини Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки низоми таълими тафриқаро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дуруст ба роҳ монда, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон озмоишгоҳи (лаборатория) таълими тафриқа амал мекард. Феълан, озмоишгоҳи номбурда ё барҳам хӯрдааст ё фаъолияти кориаш ба саҳлангорӣ ва хунукназарӣ мувоҷеҳ шудааст, вагарна дар амалӣ намудани таълими тафриқа дар муассисаҳои таълимӣ ба чунин камбудиҳо роҳ дода намешуд.
Хулоса, ба ин камбудиҳо нигоҳ накарда, ҷанбаҳои назариявии таълими тафриқа аз ҷониби олимони соҳа: академикҳо – Убайд Зубайдов, М.Лутфуллозода, Ф.Шарифзода ва номзадҳои илм — С.Алимов, Л.Назирова, Хушназарова, Д. Саидамадова мавриди таҳлили ҷиддии илмӣ қарор дода шудаанд. Дар байни номбурдагон шодравон Убайд Зубайдов рисолаи докторӣ ва дигарон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Аммо, ҷанбаҳои амалии таълими тафриқа ба таври бояду шояд мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд. Аз ин рӯ, лабораторияи таълими тафриқаи Пажуҳишгоҳи рушди маорифро (Агар озмоишгоҳи мазкур фаъолияташро қатъ накарда бошад) зарур аст, ки ҷанбаҳои амалии таълими тафриқаро ҳаллу фасл намуда, механизми тадбиқи онро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ кор карда бароянд ва тавсияҳои худро ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ирсол намоянд.
Афзалиятҳои таълими тафриқа:
- Низоми нав боиси ба вуҷуд омадани фазои солим дар муассиса ва ҷомеа мегардад;
- Дониши хонандагон дар низоми таълими тафриқа ба талаботи дарси муосир ҷавобгӯ мегардад;
- Теъдоди фанҳои таълимӣ кам карда шуда, соатҳои дарсӣ зиёд карда мешаванд;
- Дар низоми таълими анъанавӣ омӯзгор усулан бо 5-6 нафар хонанда кор мекунад. Дар низоми таълими тафриқа бо ҳамаи хонандагон кор мекунад. Чаро? Чунки дар низоми нав хонандагон мувофиқи майлу рағбат, хоҳиш ва қобилияташон гирд оварда шудаанд. Дигар дар якҷоягӣ таълим додани хонандагони гуногунқобилият ва майлу рағбаташон тафовутдошта ба талаботи дарси муосир ва замони муосир ҷавобгӯ нахоҳад буд!
- Хонандагоне, ки дар низоми таълими тафриқа таҳсил мекунанд на танҳо дониши комил мегиранд, балки инчунин, меҳнатдӯсту масъулиятшинос, таҳаммулпазир, зирак, мушоҳидакор, ватандӯсту зебоипараст тарбия меёбанд.
Хулоса, рушди маорифи миллии мо бе тадбиқи амалии таълими тафриқа ғайриимкон аст!
Чанд пешниҳод ба ҷойи хулоса:
- Моро зарур аст, ки дар бист соли оянда (солҳои 2023-2043) ҳадди ақал дар 30%-и муассисаҳои таълимии мамлакат низоми таълими тафриқаро ҷорӣ кунем;
- Таълими тафриқа дар муассисаҳои таълимие ба роҳ монда шавад, ки шароити созгор доранд;
- Ба омӯзгороне, ки дар низоми таълими тафриқа дарс медиҳанд, 15-20%-и иловагӣ маош дода шавад;
- Теъдоди хонандагоне, ки дар гурӯҳҳои тафриқавӣ омӯзиш мегиранд, аз 18-20 нафар зиёд набошанд;
- Муассисаҳои таълимие, ки дар низоми таълими тафриқа фаъолият мекунанд, хонандагонро аз синфҳои 7-8 сар карда, ба омӯзиш фаро гиранд;
- Таҷрибаи давлатҳое, ки дар низоми таълими тафриқа фаъолият мекунанд, ҳамаҷониба омӯхта шавад!