Ба диққати Кумитаи
забон ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назаре ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ
Тайи чанд соли охир имлои забони тоҷикӣ аз иштибоҳот раҳо ёфта наметавонад. Бисёриҳо мепурсанд, ки чаро замони Шӯравӣ саводи хаттии хонандагону донишҷӯён дар сатҳи баланд қарор дошт ва беҳтарин нависандагону олимону рӯзноманигорон ба майдони илму адаб баромадаву осори пурарзиш аз худ мегузоштанд, имрӯз не. Албатта, ҷавоб маълум аст: қоидаи ягона ҷорӣ буд, дастури таълими имло беғалат ва дастраси ҳамагон гашта буд, баъзе масъалаҳои баҳснок тавассути матбуот заминаи хулосаи асосӣ мегаштанд.
Мутаассифона, имрӯз акси ин ҳолат ба чашм мерасад. Пажӯҳиш аз ҷониби забоншиносон зиёд шуд ва назарҳо тағйир ёфтанд, вале хулоса ҳосил нашуд, ки нашуд. Бандаро ҳамчун собиқадори маориф ва мактаб шинохта, аз соли 2006 устодон ба гурӯҳи забоншиносон ҷалб карданд. Ҳамвора дар бораи мушкилоти имло ҳар сол дар арафаи Иди забон дар матбуоти ҷумҳуриявӣ мақолае менавиштам, ки ҳадафам на сангзанӣ, тамасхур ва мазаммат, балки ҷалби забоншиносон ба ҳалли мушкилоти имло буду бас. Борҳо бо аҳли назар суҳбатҳо ҳам кардем, мизи мудаввар ҳам ташкил намудем, дар муҳокимаи қоидаҳои имло ширкат кардаву пешниҳодҳо ҳам ироа кардем, аммо имрӯз вақте Қоидаҳои нави имлоро ба даст гирифтем, ҳайрон ҳам шудем, ки ба ҷойи раҳнамоӣ ба чунин тартиб мабодо “иштибоҳи мо ояндагонро саргардон кунад” (Д.С.)
Албатта, мо наметавонем бартариятҳои ин дастури навро нодида гирем, чунки дар ҳақиқат, он моро дар баъзе ҳолатҳо аз сардаргумӣ халос мекунад. Бахусус, пешниҳоди меъёр барои аломатҳои китобат дар ин дастур кори хубе шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» –ро қабул кард, ки тибқи он Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар ҷиҳати амалисозии қарори мазкур чораҳои дахлдор андешида, фарҳанги имло, дастурҳои методӣ, таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бояд ба нашр расонанд.
Пеш аз иҷрои ин амалҳо масъулинро мебояд дастури мазкурро бори дигар ҷиддӣ аз назар гузаронанд, то боз ба иштибоҳ наафтем ва боз мавриди эроду накуҳиш (ӯ) ҷомеа қарор нагарданд.
Аввалин чизе, ки дар ин тартиб оварда шудааст, Алифбои забони тоҷикӣ аст. Дар алифбо 35 ҳарф ва дар зери ҳар ҳарф овози он ба тарзи талаффузи пешина омадааст. Он чи диққатҷалбкунанда аст, ҳарфи Ӣ (ӣ-и калон) аст. Дар алифбои русӣ аломатҳои ь ва ъ ҳарфи калон надоранд, чун дар аввали калима намеоянд. Дар мо ъ ба сабаби мавҷудияташ дар калимаҳои таърихӣ як навъ, аммо ӣ набояд калон биояд. Модоме ки алифбои мо ба алифбои кириллӣ такя мекунад, чаро меъёри ин алифбо ба назар гирифта нашавад?
Масъалаи дигар ба имлои “ӯ” рабт дорад. Дар банди “Имлои садонокҳо” (3.2) мавридҳои истифодаи ҳарфи ӯ омадааст.
Бояд гуфт, ки пештар меъёри шинохти “ӯ”, агарчи ғалатҳо дошт, дар таълими забон равшан нишон дода шуда буд. Масалан, пеш аз “ҳ, ъ, й, ҳиҷоҳои –за, -ра, -ла, -са”. Баъди он ки донишманди маъруф, шодравон Додихудо Саймиддинов ба ибораи худаш, “иштибоҳи дирӯзиён”-ро собит кард, дар имлои калимаҳои “ӯ”-дор тағйирот ворид гардид. Пешниҳоди устод, воқеан, асоси илмиву таърихӣ дошт ва борҳо назари худро тавассути матбуот баён ҳам кард. Аз ҷумла, дар маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” (№1-2, 2014) дар мақолааш “Иштибоҳи дирӯзиён моро саргардон кард” хеле мӯшикофона андешаашро ба риштаи таҳлил кашид. Чунончи, дар ин мақола навишта буд: “Дар банди б-и §6 «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» (соли 1972) дар иртибот ба навишти ҳарфи ӯ чунин омадааст: б) дар ҳиҷои баста пеш аз ҳарфи ҳ ва аломати сакта (ъ): анбӯҳ, бӯҳтон, зӯҳра, мӯҳлат, сӯҳбат, шӯҳрат, мӯътабар, мӯътадил, мӯъҷиза ва ғ.” Ин меъёри навишти ӯ аз «Имлои забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 №355 тасдиқ гардидааст, хориҷ карда шудааст… Аммо ин меъёри аз имлои забони тоҷикӣ кайҳо хориҷшуда то ба имрӯз бар хилофи қоидаҳо ва муқаррароти имло бидуни ҳеҷ далел ва шарҳу тавзеҳ мавриди истифода қарор дорад.” Ва дар ин замина номгӯи калимаҳое, ки дар онҳо навиштани “ӯ” роиҷ нест, пешниҳод шуд. Дар ин рӯйхат ҳамагӣ 67 калима (36 –то пеш аз “ҳ” ва 31-то пеш аз “ъ”) оварда шудааст, ки ҳамагӣ вожаҳои арабиянд. Ба ин вожаҳо нигариста, мо бояд меъёри шинохти “ӯ”-ро ба хонандагон пешниҳод мекардем. Чунки то ҳанӯз дар шинохти он аз ҷониби ҳама иштибоҳ зиёд ба назар мерасад. Ҳатто мушоҳида мешавад, ки бисёриҳо дар дараҷаи хатокории солҳои 20-уми асри пор мақсадро фаҳмидаанд. Ба пиндори ин гурӯҳ, пеш аз “ҳ, ъ” ҳамеша бояд “у” бошад. Ин иштибоҳ дар Қоидаи нави имло ҳам роҳ ёфтааст (Дар банди 3.11 омадааст: мавзуи баҳс, тулуи офтоб, шуруи кор, маҷмуи ашъор ва ғайра).
Ба таъкиди омӯзгори собиқадор ва соҳибназар А.Холиқов, Қоидаи имло бояд саҳеҳу равшан, пурра, дар асоси меъёри муайян, мушаххас ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок бошад. Дар он ҳар як мавриди навишти ӯ бояд равшан нишон дода шавад. Қоидаи имло бояд осон ва ба фаҳми хонанда мувофиқ бошад. “Наход, ҳайати комиссия ва масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот боре ба худ саволе надода бошанд, ки хонанда ба кадом меъёр ва асос такя намуда, «ӯ» ё «у» нависад? Оё онҳо хусусияти психологии хонанда, раванди бахотиргирӣ, фаромӯшшавӣ ва боздошти хотирро ба инобат гирифтаанд? Имлои ӯ асосан дар синфи 5 дар ҳаҷми 1-2 соат таълим дода мешавад”, — менависад ӯ дар мақолааш “Имло андешаву хулосаи дақиқ мехоҳад” (“Маърифати омӯзгор”, №7-2017).
Ба назари мо, барои муайян кардани меъёри шинохти “ӯ” бояд дар хотир гирем ва инро ба шогирдон омӯзонем: 1) рӯйхати мазкур ба вожаҳои арабӣ тааллуқ дорад; 2) дар ҳиҷои “муҳ” ва “муъ” (дар аввали калимаҳои арабӣ) ва дар анҷоми калимаҳое ба мисли таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ “ӯ” навишта намешавад; 3) азёди калимаҳои буҳтон, буҳрон, зуҳд, зуҳр, Зуҳра, куҳл, куҳна, нуҳ, суҳбат, туҳмат, туҳфа, уҳда, шуҳрат, луъбат,шуъба, шуъла, ки аслан бо “ӯ” навишта намешаванд; 4) дар анҷоми калимаҳое ба мисли руҷӯъ, шурӯъ, мавзӯъ, мамнуъ “ӯ” навишта мешавад; 5) аксаран пеш аз ҳиҷоҳои -за, -ла, -ра, -са “ӯ” навишта мешавад.
Як нуқтае, ки дар истифода ҳар нафарро ба иштибоҳ меорад, яктарафа муайян кардани имлои калимаҳоеанд, ки ду тарзи навишт доранд. Дар забон баъзе вожаҳое ҳастанд, ки ду тарзи навишт доранд ва аз ин рӯ, дар баъзе ҳолатҳо бояд ба сабукии таълими он бартарӣ дода шавад. Масалан, доир ба ин масъала дар боби “Имлои исм” (5) омадааст: “- як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳарфи й доранд: рӯй//рӯ, мӯй//мӯ, кӯй//кӯ, ҷӯй//ҷӯ, пой//по, сарой//саро, шӯй//шӯ ва ғайра.” Аммо ҷое таъкид нашудааст, ки дар ҳолати бандаки изофӣ, пасванди “-ҳо” ва аломати номуайянии “е” гирифтан аз шакли дуюми ин калимаҳо (ба истисони калимаҳои “пай, най, чой, тӯй, бой”) истифода бурдан ғалат нест, чун бо афтидани “й” дар ин ҳолат ба мазмуни калима осеб намерасад ва ҳам шакли таълим содатар мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар банди 3, дар мисоли “Падар, то вақте ки чашмаш кор мекард… рег монанди борон борида, дар андак фурсат рӯйи заминро регфарш кард” (Садриддин Айнӣ), инчунин, дар боби “Имлои ҳамсадоҳо” (8) чунин таъкид омадааст: “ҳамсадои «й» дар ибора ва калимасозии вожаҳои решагӣ нигоҳ дошта мешавад: ба рӯйи миз, ба сӯйи хона, ба ҷойи муносиб, найистон, чораҷӯйӣ, ҷомашӯйӣ, раҳпойӣ, бӯйидан, рӯйидан, найи хушсадо, майи лаългун, пайи пой, донишҷӯйи фаъол, чойи сиёҳ, пайомад, пайопай ва ғайра.” Модоме ки калимаҳо ду тарзи навишт доранд, аз тарзи содаи талаффуз худдорӣ кардан чӣ зарурат дорад? Ҳол он ки бо мақсади дастрасии таълим, шакли содаи таълим бояд ба хонанда пешниҳод шавад ва аз истифодаи калимаҳое ба мисли “мӯй, ҷӯй…” ҳангоми иборасозӣ шакли содаи онро бояд ба кор бубарем.
Ёдовар мешавем, ки дар дастур шакли ғалати баъзе калимаҳо оварда шудааст, чунончи:
— истифодаи “й”: “Айюб” (Аюб), “таъин” (таъйин);
— ба ҷойи як ҳарф омадани ҳарфи дигар: таркишҳо (тарқишҳо), “санбуса” (санбӯса), солҳои фаромушнашуданӣ (солҳои фаромӯшношуданӣ), Баҳроми Гур (Баҳрои Гӯр), фуру ғалтид (фурӯ ғалтид), туб (тӯб), мавзуъ (мавзуи баҳс), тулуъ (тулуи офтоб), шуруъ (шуруи кор), маҷмуъ (маҷмуи ашъор), мамнуъ (суханони мамнуъ);
— афтидани ҳарф: санги панҷоҳграма (панҷоҳграмма);
— бо нимтире навиштани калимаҳо таъкид шуда, якҷо навишта шудаанд: вагонресторан (исми таркибӣ), АлМутанаббӣ (артикли Ал-), шилдиршилдири об, чирчири малах (калимаи тақлидӣ ва тасвирӣ), Салимпаҳлавон, №8уми.. (№8-уми.. ихтисораҳо), коғази рахрах (рах-рах), санги 50-грама (санги 50-грамма), роҳи 10километра (роҳи 10-километра), саддусад (сад-дусад), хандидахандида (хандида-хандида), ҳайҳайгӯён (ҳай-ҳайгӯён), тагтаги (таг-тагӣ), пешпеши (пеш-пеши), лангидалангида (лангида-лангида);
— номувофиқатии хабару мубтадо: Дар адабиёти тоҷикӣ жанрҳои зерини шеърӣ мавҷуд аст (мавҷуданд).
— аз аввал то охир дар муколамаҳо аломати тире наомадааст;
— ба ҷои аломати тире (–) истифодаи дефис (- нимтире);
— дар матн калимаҳое, ки мавриди таъкид қарор гирифтаанд, бо хатти мавҷнок ё дар нохунак ишора шаванд, беҳтар аст;
— умуман, тавзеҳи истифодаи аломатҳои китобат пурра ва дуруст наомадааст.
Воқеан, дар баъзе ҳолатҳо мо иқтибосро ба табиати забони худ мутобиқ мегардонем, ба мисли зада қабул кардани “туфлӣ, таксӣ..”, пас, чаро аз истифодаи калимаҳое ба мисли раиса, шоира, адиба, муаллима, котиба… худдорӣ намоем? Ин тарзи истифода ба ҷинсияти забон не, ба ҷинсияти инсон мутобиқ гардонда шудааст ва дар ҳолати ғайри он истифода бурданаш номувофиқ ҳам аст.
Хуллас, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ба мо, муаллимону муҳаррирон, муаллифону донишомӯзон, дар дарку шинохти дурусти имло ва пешниҳоди он ба ҷомеа мусоидат намоед.
Дастури нави имло, мутаассифона, наметавонад ба ин сурат раҳнамои кори муаллимону донишомӯзон, нависандагону журналистон ва ҳар нафари дигар гардад. Мо ба салоҳияти гурӯҳи корӣ бовар дорем ва умед мебандем, ки баъди ба назар гирифтани ин чанд ғалати имлоиву техникӣ, ки гуфтем ва чанд камбуди дигаре, ки нагуфтем, Қоидаҳои имло… чун раҳнамо ба истифода пешниҳод мегардад.
Бо эҳтиром:
Саида НАБИЗОДА —
сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”,
муаллифи китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 5,
муҳаррири чанд китоби дарсиву таълимӣ,
маъмури гурӯҳи маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”
дар Фейсбук (бо теъдоди 28 800 корбар зиёд),
Аълочии фарҳанг, матбуот ва маорифи Тоҷикистон