
Яке аз муҳаққиқони заҳматкаши донишманду фозил, ки бо мӯшикофона омӯхтани офаридаҳои шоирони форсу тоҷик дар шинохту муаррифии намояндагони ин адабиёт корҳои зиёди мондагорро анҷом додааст, Евгений Эдуардович Бертелс ба шумор меравад. Шоҳасари ӯ «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» солиёни тӯлонист, ки ҳамчун маъхаз ва заминаи судманду муассири илмӣ барои муҳаққиқон, адабиётшиносон ва омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ хидмати бузургеро анҷом медиҳад.
Чунонки дар муқаддимаи нашри тоҷикии асари мазкур шоир ва адабиётшиноси соҳибназар, шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ зикр мекунад, ин донишманди бузург (Бертелс) дар маънои асли калима хидматҳои пурарзише дар бахши таърих ва адабиёти ақволи эронитабор анҷом додааст. Бояд қайд кард, ки Е. Бертелс таҳқиқоти фарогири адабиётшиносони Аврупо, амсоли Г. Брокгауз, Г. Эте, Э. Браун, Т. Нёлдеке, Ҷ. Рив ва ғайраро амиқ омӯхта, ҳамзамон, перомуни таълифоти онҳо андешаҳои вижаи худро баён дошта, бо таҳлили амиқ равандҳои адабӣ, маърифатӣ, тарбиявию ахлоқии адабиёти форсу тоҷикро мавриди натиҷагирӣ қарор медиҳад. Нуқтаи назари ин донишманд дар мушаххас намудани муҳтаво, ҷанбаҳои ахлоқию гуманистӣ, аҳдофи осори ин адибон ва интиқоди онҳо аз сохтори иҷтимоию сиёсии ҳукуматҳои замони худ дар уқдакушоии масоили печидае, ки атрофи ҳаёт ва осори шоиру нависандагони форсу тоҷик мавҷуд аст, хос буда, хулосабарориҳои олимони Аврупоро гоҳе рад мекунад, гоҳе зери суол мебарад, гоҳи дигар бо онҳо ҳамраъйӣ зоҳир мекунад. Шурӯъ аз мақолаи нахустини китоб, ки «Ёдгориҳои адабии рӯзгорони куҳан» унвонгузорӣ шудааст, Бертелс ба таври муфассал дар бораи оини Зардушт маълумот дода, андешаҳояшро перомуни ин паёмбари донишманд бо далоилу собит баён намуда, ба он тахмини адабиётшиносону муарррихон, ки Зардуштро соҳиби уштури пир зикр кардаанд, зид баромада, аслан як чунин пиндори аз воқеият дурро қабул надорад. Донишманди тавоно пас аз таҳлилу бардоштҳои фаровони илмӣ, ки аз омӯзиши сарчашмаю мадорики таърихию адабӣ ва нусхаҳои бозмондаи «Авасто» ба даст овардааст, хотирнишон месозад, ки ҳатто то ҳол зодгоҳи Зардушту оини вай саҳеҳу дақиқ набуда, он чи ки дар ин боб олимон гуфтаанд, тахминию безамина мебошанд. Дар ҳар сурат, аз нигоҳи ӯ, муҳим таълимоти Зардуштия мебошад, ки мавсуф онро бо далели қотеъ маънидод намудааст. Шарҳе, ки Бертелс дар хусуси оини Зардуштӣ баён кардааст, ба хусус, дар бораи неруи некӣ-Аҳуро Маздо ва шаш дастёри ӯ, минбаъд заминаи боэътимод барои муҳаққиқони тоҷик дар масъалаи пажӯҳиши амиқтари таълимоти Зардушти гардидааст. Бертелс ҷустуҷӯҳои олимонро дар боби омӯзиши шахсияти Зардушт ва оини ӯ рақамзанӣ намуда, ба навиштаҳои Г. Лорд «Дини порсиён», Т. Хайда — «Дини порсоён», портҳо ва модҳои бостон» ва таҳқиқоти Анкетил де Перрон, У. Ҷонс, Р. Раск, Э Бюрноф, Ҳ. Бартоломе, К. А Коссович, А. А. Фрейман ва чанд нафари дигар ишора мекунад. Баъдан атрофи зодбуми Зардушт сухан ронда, ақидаи ин олимонро бозгӯйӣ мекунад, ки яке зодгоҳи Зардуштро Эрон (вале аз куҷои Эрон, номаълум), дигаре шаҳри Хоразм меҳисобад. Донишмандоне, амсоли А. Мейл, П. Тедеско, Э. Маркворт, Ҳ. Нюрберг ва А. Бенвенст ба он назар будаанд, ки Зардушт дар шимолу шарқии Эронзамин таваллуд шудааст. Баъзеҳо маҳалли таваллуди ӯро шарқи Эрон ва гоҳе ҷануби он донистаанд. Ҳатто адабиётшиноси озарбойҷонӣ М. Рафиалӣ зодгоҳи ӯро Озарбойҷон меҳисобад. Чунонки зикр шуд, муҳим нақшу аҳамияти асари
Зардушт-«Авесто» ба шумор меравад, ки баъдтар асоси ғоявию маърифатии осори таълифкардаи шоирони форсу тоҷикро ташкил додаст. Бертелс дар боби «Адабиёти тираҳои мардумони Эрони Шарқӣ дар садаҳои панҷуми солшумории милодӣ то нуҳум ва пас аз он» ба таври боварбахш, бо далоили бешумор аз хусуси ёдгориҳои фарҳангӣ, забонҳои мавҷуда (аз ҷумла, забони хоразмӣ), ёдгориҳои портӣ, асарҳои «Аёткори Зарирон», «Дарахти Осурик» андешаронӣ мекунад ва моҳияти андарзбори ин осорро бо овардани матнҳои то ба мо расида шарҳу тавзеҳ мебахшад. Ҳамин тавр, олими забардаст дар боби «Чира шудани тозиён ва паёмадаш барои мардумони Осиёи Миёна ва Эрон», дар бораи намояндагони адабиёти индавра, ки бо забони арабӣ эҷод мекарданд, амсоли Алҷарир, Алхатал, Умар ибни Абдуллоҳ ибни Абурабеа, Абунувос, Абул ат Тоҳия, Абул ал-Ало-ал Муъарӣ ва ғайра маълумот медиҳад. Дар боби шашуми асар- «Шукуфоии адабиёт дар садаи даҳуми милодӣ» Бертелс мавқеи илму донишро вобаста ба таълифоти Форобӣ, Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино таҳлил намуда, мавҷудияти шароити созгорро, ки ба ин олимон ҷиҳати офаридани асарҳои барҷастаи илмӣ дар риштаҳои тиббу ситорашиносӣ, фалсафа, ҳандаса ва монанди инҳо имконият дод, муҳим мешуморад. Бояд қайд кард, ки муҳаққиқи саршинос баъд аз шарқшиноси олмонӣ Г. Эте, аз донишмандоне маҳсуб меёфт, ки ҳаёт ва марҳалаҳои эҷодии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакиро мавриди пажӯҳиши доманадор қарор додаст. Дар ҳамин навишта Бертелс муайян мекунад, ки Г. Эте ба пиндору фаҳмишу худ баъди ковишҳо девони Рӯдакиро дарёфтааст. Аммо, ба таъкиди адабиётшинос, Г. Эте ба сардаргумӣ мувоҷеҳ шуда, аксари ашъореро, ки моли Қатрони Табрезӣ мебошад, ба Рудакӣ нисбат додаст. Ҳамин иштибоҳро муҳаққиқи эронӣ Ризоқулихони Ҳидоят низ такрор кардааст. Хидмати мондагорро дар ин ҷода, ба қавли Бертелс, адабиётшиноси Аврупо Э. Денисон Росса анҷом дода, девони шубҳаоварро зери суол бурда таъйид кард, ки аз Рӯдакӣ байтҳои парокандае расидаанду халос. Ҳамин олим бори нахуст матни яке аз беҳтарин қасидаҳои Рӯдакӣ-«Модари май»-ро чоп кард. Таҳқиқи осори Рӯдакиро баъдтар олими Эрон Саид Нафисӣ идома дода, ин осорро дарёфт ва нашр кард. Дар Тоҷикистон аввалин иқдомро дар шинохти шахсияти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва осори ӯ устод Садриддин Айнӣ ва шогирдашон Абдусалом Деҳотӣ анҷом дода, соли 1940 вижаномаи хурде дар бораи Рӯдакӣ чоп карданд. Пас аз таҳлили шеърҳои Рӯдакӣ, Бертелс доир ба нобино гардидани шоир андешаҳояшро баён дошта, зикр мекунад, ки «оё метавон пиндошт, ки ин ҷавони зиндадил ва бофарҳангу адаб, ки гӯшаи чашме ба маҳрӯён дошта, кӯри модарзод аст?” … Ва Нафисӣ бозкушоии ин муамморо дар тафсири шайх Манайни бар таърихи «Утабо» ёфтааст, ки дар он гуфта мешавад: «ва чашмонашро дар куҳансолӣ аз коса бадар оварданд. Бертелс мураттабан дар бораи рухдодҳое, ки ба зиндагӣ ва эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ марбут аст, аз ҷумла, сафари амир Наср ба мавзеи Бодғис ва таъсири шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» ба подшоҳу атрофиёнаш, офарандаи жанри рубоӣ будани ӯ (ба тасдиқи Шамс Қайси Розӣ), вазни ашъори шоир, марсияи (ё қасидаи) «Шикоят аз пирӣ» ва ғайра маълумоти муфассал медиҳад. Ашъори Рӯдакиро мавриди баррасӣ қарор дода, Бертелс андешаҳои фалсафию ҳакимона ва пандуахлоқиро дар онҳо ҷуё шудааст. Воқеан, дар шеърҳои Рӯдакӣ масъалаи таблиғи хираду дониш, инсондӯстӣ, ҷавонмардию ростқавлӣ, накукорию хайрхоҳӣ бозтоби баланди худро ёфтаанд. Аммо, дар ин баробар, ба андешаи Бертелс, дар қисмате аз ашъори ӯ оҳангҳои рӯҳафтодагию ноумедӣ, андуҳу дилшикастагӣ ба мушоҳида мерасанд, ки шояд ин ашъор дар охирҳои умри шоир иншо шудаанд. Олими заҳматкаш ҳамин гуна пажӯҳишро дар бораи зиндагиномаи Абулқосим Фирдавсӣ ва шоҳкори бегазанди ӯ-«Шоҳнома» анҷом дода, зинаҳои омӯзиш ва ба даст расидани нахустин дастхатҳои «Шоҳнома»-ро ёдоварӣ мекунад. Аз қавли Бертелс, нахустин кӯшиш барои падид овардани матне наздик ба сурудаи аслӣ, ё чунонки имрӯз мегӯем, омода кардани матне интиқодӣ аз «Шоҳнома» барои чоп, дар соли 1425-и масеҳӣ дар дарбори Бойсунқари Темурӣ (вафоташ бар соли 1433/44-и милодӣ) анҷом гирифтааст. Баъдан иқдомҳои зиёде дар дарёфти матни аслии «Шоҳнома» дар Аврупою Ҳинд, Эрону Россия вусъат гирифт. Бузургию шавкати асари Бертелс дар он аст, ки ӯ тамоми пажӯҳишгарони ҷаҳониро, ки дар муаррифии зиндагию эҷодиёти Фирдавсӣ, хусусан, чопи «Шоҳнома»-и шоири ҳамоасасаро заҳмат кашидаанд, як-як номбар ва дар бораи кори эшон маълумоти муфассал медиҳад. Бертелс ба он фикр аст, ки огоҳиҳои дақиқ
дар бораи зиндагии Фирдавсӣ хеле каманд, ҳатто номи ӯ ба дурустӣ маълум нест. Ҳарчанд, ба гуфтаи Давлатшоҳи Самарқандӣ, номи комили Фирдавсӣ Ҳасан ибни Исҳоқи Шарафшоҳ аст, аммо ин фарзия асоси воқеӣ надорад. Дар бораи таърихи навишта шудани «Шоҳнома» баҳс ороста, Бертелс нақли тазкираҳоро атрофи солиёни дароз навишта шудани асар ва онро ба Султон Маҳмуд пешниҳод намудани ӯ ба хотири симу зар, чун вай духтаре дар бисот доштаасту халос ва ривояти қадри ҳунари Фирдавсиро надонистани подшоҳи турк ва амсоли ин носаҳеҳ мешуморад. Воқеан, ин фикр хатост, ки Султон Маҳмуд ба ҳаким Фирдавсӣ супориш дода будааст, ки манзумае барои ӯ бинависад. «Ба сухане дигар, Фирдавсӣ корашро ҳангоме оғоз кардааст, ки Маҳмуд на ҳамин Султон, балки ҳатто фармонравон Хуросон ҳам набуд ва ин мақом дар соли 371, 991/992-и милодӣ тавассути Нуҳ бини Мансури Сомонӣ ба ӯ дода шуд Пас, Султон Маҳмуд наметавониста сурудани ин манзумаро ба Фирдавсӣ супориш дода бошад ва бунёди ҳамаи ин достон фурӯ мепошад», — менависад Бертелс. Ба ақидаи Бертелс, Маҳмуд дар тасаввуру фаҳмиши бахши аъзами ховаршиносон, турке золиму ҷоҳил буда, бад-ин ваҷҳ ба қадри заҳматҳои Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» нарасидааст. Аммо, менигорад донишманди пурхонда, гумон намеравад ин андеша ниёзе ба гуфтан бошад, ки чунин дидгоҳи бинише фоқиди арзиши илмӣ бошад. Султон Маҳмуд на танҳо порсии дарӣ, балки тозӣ (арабӣ)-ро ҳам медонист. Гоҳ-гоҳ гӯё ба порсии дарӣ шеър ҳам мегуфта ва дар замони фароғат тафсири бузурге бар «Қуръон» менавиштааст. Аз ин афкори Бертелс бармеояд, ки Султон Маҳмуд огоҳонаю ҳушмандона
«Шоҳнома»-ро қабул надоштааст. «Шоҳнома» таърихи салтанату давлатдорӣ ва қаҳрамониҳои дорандагони фарри каёнӣ»-ро инъикос намудааст, ки ба Султон Маҳмуд писанду мақбул наомадааст. Бамаврид аст, хотирнишон намоем, ки он чи Бертелс дар бораи зиндагии Фирдавсӣ, достонҳои шоир ва Султон Маҳмуд, таърихи офариниши «Шоҳнома», ҳаҷви Султон Маҳмуд, вопасин солҳои зиндагӣ ва марги Фирдавсӣ, сохти чеҳраҳо ва сабки «Шоҳнома», достони «Юсуф ва Зулайхо ва амсоли ин масоил баён доштааст, айнан ва гоҳе бо андак тағйироту дигаргунӣ ба китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» дар мактабҳои миёна дар солҳои гуногун гузаштааст. Ин равиши илмӣ ва таҳлилу баррасиҳо дар бобҳои «Сарнавишти достонҳои паҳлавонӣ пас аз Фирдавсӣ» «Адабиёти нимаи нахусти садаи ёздаҳум», «Адабиёти нимаи дувуми садаи ёздаҳум»,
«Адабиёт дар қаламрави Қарахониён», «Адабиёти солҳои саёдати (ҳукмронии) Салҷуқиён» равшан ба чашм мерасад, ки дар солҳои минбаъда манбаи асосии омӯзишу таҳқиқи адабиётшиносон қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар бораи зиндагӣ ва эҷодиёти шоири мадҳиясарои асри ХI Унсурӣ фикрҳои аҷибе баён карда, Бертелс бо истинод ба гуфтаҳои шарқшиноси Аврупо Эдуард Браун мегӯяд, ки зиндагиномаи Унсурӣ ба таври дақиқ таҳқиқ нашудааст ва ҳатто таърихи вафоти ӯ маълум нест. Ҳамчунин, дар хусуси қасидаю манзумаҳои иншонамудаи Унсурӣ, ки теъдоди онро 30 адад медонанд, баҳс ва андешаҳои зидду нақиз мавҷуданд ва Бертелс низ чунин як фикрро баҳсбарангез меҳисобад. Ӯ мегӯяд: «Пеш аз бозковии қасидаҳои Унсурӣ ба манзумаҳояш менигарем. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки номи манзумаҳои Унсурӣ чунин будааст:
«Вомиқ ва Узро», “Ҷанги Бут ва Сурхбут», «Шодбаҳр ва айнулҳайва». Донистаниҳои мо аз манзумаҳои дувум ва савум баробар аст бо ҳеҷ аз он ҷо, ки метавон устуворона гуфт, ки чанд сатре аз ин манзумаҳоро дар ихтиёр дорем…» Чунин фикр дар бораи ҳаёт ва осори адабии Фаррухӣ — бузургтарин қасидасарои асри ХI ҳам мавҷуд буда, таърихи таваллуд ва вафоти ӯ равшан нест.
Бояд зикр намуд, ки асари бузургҳаҷми адабиётшиноси донишманд Евгений Эдуардович Бертелс-«Таърихи адабиёти форсӣ тоҷикӣ» дар таълими мавзӯъҳои дарсӣ аз фанни адабиёти тоҷик ба ҳар як омӯзгори мактаби миёна сарчашмаи илмии судманд мебошад ва месазад, ки китоби мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо теъдоди зиёд чоп ва дастраси омӯзгорон гардонда шавад. Ин ки асари зикршуда аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо теъдоди 172 (!) нусха соли 2015, зери назари академик Носир Салимӣ ва дар таҳияи шоиру олими нуктасанҷ Муҳаммадалии Аҷамӣ ба нашр расидааст, ба таври фарогир коми ташнагони илму адабро шодоб карда наметавонад.
Шодӣ РАҶАБЗОД –
адиб