Шароити ҷаҳони муосир муттаҳид намудан, ё худ интегратсияи неруҳои солиму созандаро дар тамоми самтҳо – иқтисод, сиёсат, илм, маориф, истеҳсолот тақозо мекунад. Вобаста ба ҳамин зарурат охири асри 20 ва аввали асри 21-ро замони интегратсия номидаанд. Бояд зикр намуд, ки дар равандҳои интегратсионие, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтаанд, илм ва маориф ҷойгаҳ ва мақоми хосса доранд, зеро ки маориф ва илм ягона аслиҳае мебошанд, ки метавонанд оламро дигаргун созанд
Бинобар ин, дар радифи интегратсияи самтҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ, интегратсия дар соҳаи илм, яъне муттаҳид намудани неруи зеҳнӣ ва самтҳои фаъолияти илмӣ аҳамияти муҳим пайдо мекунад ва ба ин хотир мо омӯзишу таҳлили зарурат, ҳадафҳо ва мушкилоти доир ба ин масъала ҷойдоштаро дар ин мақола ҳадафи худ қарор додаем.
Зарурат. Тавре ки медонем, пайдоиши илми муосирро одатан ба замони Юнони Қадим рабт медиҳанд ва бисёре аз фанҳои гуманитарӣ ва табиатшиносии муосир решаҳои худро маҳз дар осори файласуфони Юнон пайдо мекунанд. Дар он айём олим ё ҳакиму донишманд ҳама чизро дар доираи донишҳои он замон дарк мекард ва медонист, яъне энсиклопедист буд. Аммо, бо ҷамъ гардидани миқдори бебозгашти донишҳо ва далелу гипотезаҳо ин энсиклопедизм аз байн рафт ва донишҳои илмӣ аз натурфалсафаи ягона ба илмҳои алоҳида ҷудо карда шуданд. Дар тӯли таърих таснифоти илм дар замонҳои мухталиф ва аз ҷониби донишмандони гуногун, аз ҷумла Арасту, Ибни Сино, Ф.Бекон, О.Конт, Р.Декарт, Ф.Энгелс, олими рус Б.М.Кедров ва дигарон роҳандозӣ шудааст. Ҳоло тақрибан понздаҳ ҳазор фанҳои илмиро фарқ кардан мумкин аст, ки онҳо вобаста ба мазмуну мундариҷа ва махсусиятҳояшон дар самтҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои техникӣ муттаҳид карда шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба афзоиши ҳаҷми иттилоот самти таҳқиқот ва фаолияти касбию соҳавии олимон маҳдуд гардида, онҳо ба мутахассисони соҳаи маҳдуд табдил ёфтанд. Ҳамзамон, ҳамоҳангӣ ва ҳамгироӣ миёни самтҳои гуногуни илм коҳиш ёфта, корҳои таҳқиқотӣ ва натиҷагириҳо аз он бе назардошти таъсирот ва оқибатҳои чунин таҳқиқотҳо ба муҳити зист ва ҷомеа роҳандозӣ мешуд. Дар робита ба ин, башарият дар шароити муосир бо мушкилоти «буҳрони ҷаҳонии экологӣ» рӯ ба рӯ гардид, ки сабаби он маҳз фаҳмиши нодурусти таъинот ва мақоми инсон дар олам мебошад. Бояд гуфт, ки кашфиётҳо дар илмҳои табиатшиносӣ ҷаҳонбинии инсонро тағйир медиҳанд ва ба фанҳои гуманитарӣ низ таъсири қавӣ мерасонанд. Фанҳои гуманитарӣ бошанд, дар навбати худ ба илмҳои табиатшиносӣ таъсир расонида, барои дарки амиқтари моҳияти инсон ва нақши ӯ дар олам, инчунин барои амалӣ намудани иқтидори эҷодии ӯ мусоидат мекунанд. Яктарафа пеш бурдани илм ва ба эътибор нагирифтани ҳамоҳангӣ дар таҳқиқи масоили табиат ва ҷамъият боиси ба вуҷуд омадани буҳронҳои шадиди экологӣ гардид. Бинобар ин, ҳаёт энсиклопедистҳои нав – донишмандону мутахассисонеро тақозо мекунад, ки зимни таҳқиқоти илмӣ ҳамоҳангии илмҳои соҳаи табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ, дар маҷмуъ масъалаи ҳифзи ҳаёт дар сайёраро ба инобат гиранд. Имрӯз оқибатҳои номатлуби татбиқи амалии дастовардҳои нави илму техника дар ҳар як ҳолати мушаххас чӣ гуна хоҳанд буд, чандон аниқ нест, аммо барои пешгӯии эҳтимолияти пайдоиш ва омодагии рафъи онҳо таҷрибаи кофӣ вуҷуд дорад. Албатта, барои пешгуӣ ва пешгирии оқибатҳои номатлуби дастовардҳои илму техника ба маълумотҳо ва хулосаҳои маҷмуи илмҳо такя намудан лозим мешавад, ки ин дар шароити муосир бе интегратсияи илм комилан ғайриимкон маҳсуб мешавад.
Ҳадафҳо. Бояд зикр намуд, ки ҷаҳони муосир бо ҳама пуртаззодӣ, мухолифат ва дигар вижагиҳояш ба илму дониш ва мутахассисони болаёқат эҳтиёҷ дорад. Дар ин замина нимаи дуюми асри ХХ мафҳуми «бозори кадрҳои илмӣ» ба вуҷуд омад, ки айни ҳол дар бозори ҷаҳонии меҳнат барои ба даст овардани сарвати зеҳнӣ миёни кишварҳо рақобати шадиде вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки мубориза барои ҷалби донишмандон ва таҳкими иқтидори зеҳнии мамлакат дар тӯли таърих вуҷуд дошт ва ин ҳодисаи нав нест. Давлатдорон кӯшиш мекарданд, ки бо ҳар роҳу восита қудрати илму донишро дар кишварашон нигоҳ доранд. Масалан, ба хотири «қудрат» будани илм ҳанӯз дар асри ХVI Иван Грозний 19 нафар фарзандони дворянҳоро барои таҳсил ба хориҷа фиристода буд, зеро Россияи феодалӣ ба донишмандон эҳтиёҷ дошт, вале ягон нафари онҳо ба ватан барнагаштанд. Баъдтар ин иқдом аз ҷониби императори Россия Пётри I амалӣ гардид. Ӯ 200 нафар ҷавонони боистеъдодро ба Аврупо барои таҳсил фиристод, ки бозгашти онҳо ба рушди соҳаи илму фарҳанги Россия такони ҷиддӣ бахшид.
Охирҳои асри ХХ нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ҷомеашиносон ба масъалаи рушди инсон тагйир ёфт. Барои муайян намудани рушди ҷомеа соли 1990 аз ҷониби иқтисодшиноси покистонӣ Маҳбуб-ал-Ҳақ Индекси рушди инсонӣ(ИРИ) коркард ва пешниҳод гардид, ки гояи асосии онро арзёбии рушди ҷомеа, на танҳо аз рӯйи даромади миллӣ, ҳамчунин, аз рӯйи дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф ташкил медиҳад.
Яъне ҳадафи асосии интегратсияи илм ва неруҳои зеҳнӣ ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини рушди устувор ва ҳалли проблемаҳои глобалӣ, аз ҷумла буҳрони экологӣ, яъне наҷоти насли инсон аз амалҳои худи инсон, ки дар натиҷаи муносибати ғайриоқилона ва ғайриилмӣ ба табиат ба миён омадаанд.
Мушкилот. Дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ доир ба муттаҳид намудани иқтидори илмии мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар қатори дигар санадҳои дахлдор барои соҳаи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” қабул гардида буд[2], ки чун санади асосии раҳнамо дар ин аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ мавриди амал қарор дорад. Бояд зикр намуд, ки Барномаи мазкур чунин шаклҳои интегратсияро тавсия медиҳад:
А) Интегратсияи илми академӣ ва мактаби олӣ. Бояд зикр намуд, ки ҳамкории маориф, пеш аз ҳама, таҳсилоти олӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо илми бунёдӣ, имрӯз ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Аммо таҳлили асноди солҳои охир нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар рушди неруи илмӣ-техникии кишвар қатъи равобит байни таҳсилот ва илми фундаменталӣ, байни илми академӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ин ба пошхӯрии маблағ, ҷудоии олимон, коҳиши сифати таҳсилот оварда расонда, дастрасии донишҷӯён ва аспирантҳоро ба озмоишгоҳҳо ва дастгоҳҳои АМИТ ва академияҳои соҳавӣ мушкил месозад. Айни ҳол амалисозии консепсияи таҳсилоти муттасил беҳбуди таъминоти иттилоотии илм ва маориф, маҷмуи масоили вобаста ба баланд бардоштани сифати низоми таҳсилот дар ҷомеа, ташаккули комплексҳои бузурги таълимӣ-илмиро талаб мекунад.
Б) Интегратсияи илми фундаменталӣ ва мактаби олӣ. Дар робита ба мантиқи дохилии рушди дониши бунёдии илмӣ, ҳамгироӣ ифодакунандаи раванди қонунии бо ҳам наздикшавӣ ва воридшавии фанҳои илмӣ буда, масоили ягонагии табиат, ҷомеа ва тафаккурро аз паҳлуҳои гуногун баррасӣ менамоянд.
Аз ин нуқтаи назар, ҳамгироии илми фундаменталӣ (академӣ) ва таҳсилоти олӣ (ки мутаносибан ба истеҳсол ва интиқоли дониш машгуланд) чун соҳаҳои гуногуни фаъолият маънои чунин робитаро дорад, ки фаъолияти онҳоро ба ҳайси низоми ягонаи таркибии истеҳсол, интиқол ва таҷдиди босифати дониши илмӣ таъмин менамояд. Дар ҷараёни ҳамгироӣ, ҳам илми фундаменталӣ ва ҳам таҳсилоти олӣ аз талаботи рушди хусусӣ канор гирифта, воридшавӣ ба низоми якдигарро амалӣ намуда, унсурҳои нави таркибию ташкилиро ворид мекунанд ва ба ин восита барои гузаштан ба фаъолияти наву муназзам ва самаранок мусоидат мекунанд. Бояд зикр намуд, ки рушди илмҳои бунёдӣ бо илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ иртиботи ногусастанӣ дошта, бе мавҷудияти пояи зарурии илмӣ-техникӣ амалӣ намудани тадқиқот ва натиҷагириҳо дар ин самт ғайриимкон аст. Дар робита ба ин дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) омадааст: «Ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ…. таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд». [7]
В) Интегратсияи илм ва истеҳсолот. Дар санадҳои расмии давлатӣ муттаҳид намудани иқтидори илмӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ ҳамчун шарти муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар таъкид шудааст. Лекин дар ин самт чанд мушкилоте вуҷуд дорад, ки интегратсияи воқеии илму истеҳсолотро халалдор месозад. Набудани ҳамоҳангии мавзуъҳои тадқиқотӣ бо талаботи корхонаҳои саноатӣ ва вобаста ба ин, харидор пайдо накардани натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ аз мушкилотест, ки солҳои зиёд боз арзи ҳастӣ мекунад. Дар ин замина манбаъҳои иловагии маблаггузорӣ ба соҳаи илм маҳдуд мегарданд ва ё пурра аз байн мераванд, ки ин боиси комилан ғайриимкон гардидани интегратсияи илм ва истеҳсолот хоҳад гашт. Зеро шарти муҳимми ҳамгироии илму истеҳсолот, ин манбаъҳои маблаггузории иловагӣ аз ҳисоби корхонаҳои саноатии давлатию ғайридавлатӣ маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои соҳаи илм маблаги муайян пешбинӣ мешавад. Масалан, соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм тақрибан 117 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ маблаггузорӣ барои соҳаи мазкур амалӣ нагардидааст. Ҳол он ки маблаггузории соҳаи илм дар кишварҳои тараққикарда бештар ба корхонаҳои саноатӣ рост меояд. Барои муқоиса дар кишвари Япония хароҷоти солона барои соҳаи илм тақрибан 170 млрд долларро ташкил медиҳад, ки аз ин тақрибан 33 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва тақрибан 66 фоизи дигар аз ҳисоби корхонаҳои бузурги саноатӣ пардохта мешавад.[4, с.17] Ин аст нишонаи баланди интегратсияи илм ва истеҳсолот. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки ба кадом соҳае, ки маблаггузорӣ зиёд гардад, соҳаи мазкур рушду нумӯъ менамояд. Аз ҷумла, аз мушоҳидаю таҳлилҳо бармеояд, ки дар соҳаи маориф ва илм низ ҳамон кишварҳое муваффақанд, ки дар ин самт маблаггузории бештар доранд. Аммо дар Тоҷикистон хилофи ин ба назар мерасад. Маблаггузорӣ ба соҳаи маориф ҳоло аз ҳисоби буҷети давлатии соли 2021 20 фоизи буҷети давлатиро (5 миллиарду 597 миллион сомонӣ) ташкил медиҳад, ки он ба 6 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст. Таҳлил ва муқоисаҳо собит месозанд, ки маблаггузории соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар муқоиса бо кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон, ки дар рейтинги Индекси рушди инсонӣ пешсафанд, хеле назаррас мебошад. Чунончи, маблаггузории бахши маориф ба ҳисоби Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳои Дания — 8,4%, Шветсия — 7,8%, ИМА – 6,6% , Япония – 4,9% , Юнон – 2,4% -ро ташкил медиҳад. Яъне маблаггузории соҳаи маориф дар Тоҷикистон бо кишварҳои пешсафи олам баробар аст. Вале сифати таълим дар муқоиса ба ин кишварҳо муқоисанашаванда аст, ки ин таҳлили ҷиддиро мехоҳад.
Г). Интегратсия дар самти кадрҳои илмӣ ва муттаҳид намудани неруи зеҳнии кишвар. Муттаҳид намудани иқтидори илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии кишвар воситаи хуби ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 79 муассиса, аз ҷумла 41 мактаби олӣ ва 38 муассисаи илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ ба фаъолияти таҳқиқотӣ машгул буда, теъдоди олимони соҳибунвон дар онҳо тақрибан 4164 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 790 нафар доктори илм ва 3374 нафар номзади илм мебошанд. Муттаҳид намудани ин неруи бузурги зеҳнӣ барои ба соҳаи самаранок табдил ёфтани илм мусоидат мекунад. Тавре ки медонем, яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият, амалӣ намудани сиёсати мақсаднок оид ба тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ барои таъмин намудани талаботи муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад. Роҳбарияти давлату Ҳукумат хуб эҳсос намудаанд, ки дар замони муосир рақобатпазирии давлатҳо бештар аз рӯи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки донишҳои навро тавлид ва самаранок амалӣ месозад, муқаррар мегардад. Дар ин раванд илму дониш ба соҳаи муҳимме табдил меёбад, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ бошад, ин омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, нерӯи зеҳнии ҷомеа дар ҷаҳони муосир ба ченаки муҳим ва муайянкунандаи рушд табдил ёфта, заиф гардидани он дар мадди аввал ба амният ва истиқлолияти кишварҳо таъсир хоҳад расонд. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Вале бо вуҷуди ин, дар баъзе самтҳои илм шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ нокифоя буда, аксари муассисаҳо ба ходимони илмии болаёқат ниёз доранд. Аз ҷумла, иқтидори кадрии худи Академияи илмҳо имрӯз назар ба солҳои пештар хеле коҳиш ёфтааст. Вобаста ба ин, Академияи илмҳо вазифадор карда шуд, ки: “…бо ҷалби иқтидори илмии донишгоҳҳои мамлакат ва дигар муассисаҳои таҳқиқотӣ барномаи дарозмуддату фарогири тарбияи кадрҳоро бо дарназардошти ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ таҳия намояд ва дар самти тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои иловагӣ андешад”. [Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар. шаҳри Душанбе 18.03.2020.]
Вобаста ба мушкилоти сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ, ки дар шароити муосир арзи ҳастӣ доранд, самтҳои интегратсияи соҳаи илмро шартан ба се (гурӯҳ)зина ҷудо намудан мумкин аст. Зинаи якум аз мушкилоти мавҷудаи иҷтимоию иқтисодии сатҳи ҷумҳуриявӣ иборат буда, интегратсияи илм дар ин сатҳ, пеш аз ҳама, бояд ба ҳадафҳои стратегии мамлакат нигаронида шавад. Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳадафи стратегиро муайян намудааст, ки барои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Бинобар ин, самтҳои афзалиятноки илм низ бояд маҳз дар чаҳорчӯби ин ҳадафҳо таҳия гардида, неруи илмии тамоми муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ дар мадди аввал ба таҳқиқ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот равона карда шаванд. Бояд зикр намуд, ки дар қатори дигар масоили муҳимме, ки Президенти кишвар зимни суханрониашон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар зикр намуданд, ин андешаҳои Сарвари давлат доир ба муайн гардидани равияҳои афзалиятноки илм дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ таъкид намуданд, ки: “Самту равияҳои афзалиятнок дар ин марҳала бояд, пеш аз ҳама, ба навсозӣ ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд.” [9]
Воқеан, муайян гардидани ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат чун равияҳои афзалиятноки илм беҳтарин ва муҳимтарин василаи муттаҳид намудани неруи зеҳнии мамлакат, хотима бахшидан ба бисёрмавзуъгӣ, таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблагҳои буҷети давлатӣ дар самти илм ва таҳқиқотҳои илмӣ мебошад. Ин се самти муайяншудаи афзалиятноки илм имкон медиҳад, ки илм минбаъд дар ҳалли мушкилоти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муассир гузошта, ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёбад. Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: “Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки захираҳои зеҳнии мамлакатро ба самти таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар сафарбар карда, номгӯйи равияҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмиро дар муддати се моҳ аз нав таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.” [9]
Марҳалаи дигари интегратсияи илм ба мушкилоти сатҳи минтақавӣ ва кишварҳои ИДМ дахл дошта, бештар он масоили ҳалталаберо дар бар мегиранд, ки дар ҳудудҳои мазкур вуҷуд доранд. Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқ ва омӯзиши масоили мазкур маҳз тавассути муттаҳид намудани иқтидори илмии кишварҳои дахлдор бояд сурат гирад. Дар замони истиқлолият доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи илму техника бо кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки ҳадафи ҳамаи онҳо интегратсияи илм ё худ муттаҳид намудани иқтидори зеҳнии кишварҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти умумӣ мебошад. Омӯзиш ва таҳлили мушкилот ва ҳадафҳои стратегии кишварҳои минтақаи ҳамсояи Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ собит месозад, ки дар ин самт миёни кишварҳои номбурда умумиятҳо вуҷуд доранд. Масалан, соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ ва ғ. дар сиёсати давлатии кишварҳои Россия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон чун ҳадафҳои стратегӣ муқаррар гардида, самтҳои афзалиятноки илм низ маҳз ба таҳқиқ ва амалӣ намудани ин ҳадафҳо равона карда шудааст. Дар асоси созишномаҳое, ки доир ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишварҳо ба тасвиб расидааст, амалӣ намудани интегратсияи иқтидори илмӣ баҳри роҳандозӣ намудани таҳқиқотҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои умумӣ имконпазир аст.
Сатҳи сеюми интегратсияи илм, ин муттаҳид намудани иқтидори илмии кишварҳои сайёра баҳри ҳалли проблеммаҳои глобалӣ мебошад, ки ҷумҳурии мо низ аз ин раванд дар канор буда наметавонад. Бояд зикр намуд, ки мушкилоти сайёра – мушкилоти ҳамаи инсоният маҳсуб мешавад ва бинобар ин, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ тамоми неруи ақлонии инсонӣ бояд сафарбар карда шавад. Рушди босуръати илму техника, дар баробари ҳалли мушкилоти инсоният, барои аҳли сайёра мушкилоти нав, аз ҷумла гармшавии сайёра, норасогии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо, амнияти озуқаворӣ, муҳоҷират, мушкилоти демографӣ, бемориҳои гуногун ва ғайраро ба миён овард. Табиист, ки дар ин замина дар назди олимон вазифаҳои нав ба нав миён меоянд, ки ҳаллу фасли онҳо бе муттаҳид намудани иқтидори илмии кишварҳои олам ғайриимкон хоҳад буд. Дар ин самт барномаҳои зиёди байналмилалӣ дар марказҳои гуногуни илмии олам фаъолият дошта, таҳқиқотҳои муштарак амалӣ мешаванд. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳамкориҳо дар самти илму техника бо кишварҳои зиёди хориҷӣ созишномаҳо ба тасвиб расондааст ва ин ба олимони тоҷик имкон медиҳад, ки дар таҳқиқи проблеммаҳои глобалӣ ширкат варзида, дар ҳалли онҳо саҳмгузор бошанд.
Хулоса: Инсоният бо амалҳои ғайриоқилонаи хеш дар садсолаи охир, на танҳо барои худ, балки барои тамоми саёра, аз ҷумла барои олами набототу ҳайвонот мушкилот ва хатарҳои зиёдеро эҷод намудааст, ки имрӯз ҷомеаи илмӣ метавонад танҳо тавассути муттаҳид намудани иқтидори илмӣ ва эҳсоси баланди башардӯстӣ барои ҳаллу фасли онҳо мусоидат намоянд. Дар марҳилаи кунунии рушди инсонӣ мушкилоти бартараф намудани парокандагии фарҳангҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои таҳкими равобити байни намояндагони самтҳои гуногун ва намудҳои фарҳанг (аз ҷумла, самтҳои илм ва фалсафа) барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мубрам ва зарур маҳсуб мешавад. Дар заминаи ҳамгироии донишҳои илмӣ ва муҳиммияти масъалаи экологикунонии таҳсилот, дар низоми маорифи саросари ҷаҳон вобаста ба донишҳои консептуалии илмии экологӣ ва фалсафаи маориф ҳамчун методологияи омӯзиши соҳаи илмӣ-таълимӣ, тағйироти назаррас ва фарогир пешбинӣ мегардад, ки он барои таҳкими ҷаҳонбинӣ ва раванди ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба гуфтаҳои боло, ба хулосае омадан мумкин аст, ки масъалаи тағйир додани ҷаҳонбинии шахс дар асоси интегратсияи консептуалии ҳамаи донишҳои илмӣ вазифаи таъхирнопазири инсоният барои ҳифзи олами атроф ба шумор рафта, ҳамзамон муаммоҳо ва мушкилоте пеш меоянд, ки инсон онҳоро бояд ошкор ва ҳал намояд.
Абдураҳмон ҚУРБОНОВ –
доктори илми фалсафа,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
иҷтимоии МТС назди Президенти ҶТ