Саидаи ФАЗЛ,
“Маорифи Тоҷикистон”
Тавре дар Википедия омадааст, дар сиёсати ҷаҳонӣ муносибат бо ақаллияти миллӣ асосан дар доираи «Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои шахсоне, ки ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ тааллуқ доранд», комиссия оид ба ҳуқуқи инсони СММ соли 1992 ва «Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳимояи ақаллиятҳои миллӣ», ки Шӯрои Европа соли 1994 қабул кардааст, муайян карда мешавад.
Дар Тоҷикистон муносибати давлату ҷомеа бо ақаллиятҳои миллӣ бад нест. Аммо бе мушкилӣ ҳам нест. Масалан, таҳсилоти касбии ақаллиятҳои миллӣ аз бисёр ҷиҳат мушкилиҳо дорад, бахусус, фарогирии онҳо бо таҳсилоти касбӣ. Он чи ки мавриди таваҷҷуҳи мо қарор мегирад, дар доираи ҳамин мавзуст. Ба наздикӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Маориф ва иқтисод” тадқиқоте гузаро
нда шуд, ки он барои муайян кардани монеаҳои ҷойдошта чанд пурсишро дар бар мегирифт. Муҳимтарин хулосае, ки аз натиҷаҳои пурсиш бармеояд, ин аст, ки дар кишвар рӯз то рӯз ҷонибдорони ҳарчи бештар ҷалб кардани бачагон-намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба муассисаҳои таълимашон ба забони расмӣ (тоҷикӣ) меафзояд. Чунончи, дар суҳбат бо мо собиқадори маориф аз шаҳри Душанбе Матлуба Тошева иброз намуд, ки бо як соат дарси забони давлатӣ мушкили омӯхтани забони давлатӣ барои ақаллиятҳо ҳал намешавад.
- Зеро баъди хатми мактаби миёна онҳо наметавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ таҳсил намоянд ва соҳиби маълумоти миёна ва олии касбӣ гарданд, – мегӯяд ӯ. – Пас, беҳтар ин аст, ки таҳсил бо забони тоҷикӣ бошад.
Табиист, ки чунин муносибат, яъне фароҳам овардани шароити таҳсил дар мактабҳои тоҷикӣ ба ташаккули шахсияту маърифати бачаҳо таъсири хубтар мерасонад. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муҳите, ки
дигар забони модарии онҳо ба кор намеояд, худро озодтар ҳис кунанд. Вақте аз ин ҷиҳат онҳо рушд мекунанд, донистану суҳбат кардан бо забони модарӣ дар муҳити хонаводагӣ маҳдуд мешавад. Бубинед, ки аз 56 нафар (аз сад нафар) омӯзгор, аз ҷумла, 35 нафар ӯзбекзабон, 8 нафар туркманзабон, 7 нафар қирғиззабон ва 2 нафар русзабон ҳамагӣ бар он андешаанд, ки ҳамаи намояндагони ақаллиятҳои миллӣ беҳтар аст бо забони тоҷикӣ (давлатӣ) ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Таваҷҷуҳи онҳо то ҳаддест, ки аксарияти кулли пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили бачагон – намояндагони ақаллиятҳои миллӣ вазифаи фақат давлат нест. Ба гуфти онҳо, доир ба ин масъала кишварҳои дигар, ҷамъияту намояндаҳои ақаллиятҳои миллӣ ва дигар созмонҳо низ бояд чораҳо андешанд. Тадқиқоте, ки ТҶ “Маориф ва иқтисод” баргузор намуд, ба чанд шакл сурат гирифт. Аз ҷумла, бо омӯзгорон ва бо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар масоили гуногуни вобаста. Зимнан, мо масъалаҳоеро матраҳ мекунем, ки натиҷаҳои умумии пурсишро нишон медиҳанд.
Бояд гуфт, ки пурсиш миёни сад нафар гузаронида шуд.
Аз миёни пурсидашудагон 15 нафар розӣ нест, ки бачагон — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар мактабҳои маъмулӣ таҳсил карда, забон ва фарҳанги аксариятро, ки барои онҳо зарур аст, қабул кунанд. 21 нафар дар ҷавоби ин савол дудилагӣ зоҳир карданд. Аммо аксарияти боқимонда, яъне, 64 нафари дигар зарурати ин тадбирро ҷонибдорӣ карданд ва шарҳ доданд, ки чун дар ин муҳит зиндагӣ мекунанд, барои онҳо ба назар гирифтани ин масъала муҳим аст.
Бачагон — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ бояд дар муҳити бисёрфарҳангӣ (муассисаҳои таълимии бисёрзабона) таҳсил кунанд. Андешае, ки 1 нафар розигӣ нишон надода, 2 нафар дар ҷавоб душворӣ кашиданд, аммо 97 нафари дигар тарафдори ин андеша будани худро тасдиқ карданд. Ин далели он аст, ки шавқи забономӯзӣ барои ақаллиятҳои миллӣ зиёдтар ҷой дорад.
Аз пурсидашудагон 4 нафар розӣ нест, ки фаъолияти омӯзгорӣ дар фазои бисёрфарҳангӣ дар доираи тайёрии касбии омӯзгорон ба роҳ монда шавад, 4 нафари дигар аз ҷавоби ин пурсиш худдорӣ карданд. Аммо 92 нафар ба тарафдории ин андеша овоз доданд. Яъне, ақаллиятҳо рушди фарзандони худро дар чунин фазо мебинанд.
Барои 11 нафар муҳим нест, ки бачагон — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ малакаҳои донистани забони аксариятро нисбат ба забони модарии худ бештар инкишоф диҳанд. 18 нафар дар шарҳи ин андеша чизе гуфта натавонистанд ё нахостанд, аммо 71 нафар зарурати ин тадбирро ҷонибдорӣ карданд. Ин бартарӣ бозгӯи он аст, ки намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба омӯзиши забони давлатӣ ва роҳ ёфтан ба муҳити аксарият ниёзманданд.
Аз пурсидашудагон 6 нафар розӣ нест, ки ба бачагон — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки забонашон аз забони расмии аксарият фарқ мекунад, имконияти таҳсил бо забони модарии худ фароҳам оварда шавад. Барои 15 нафар шарҳи ин маънӣ нофаҳмо намуд. Вале 79 нафар бар ин назаранд, ки ин масъала бояд ба назари эътибор гирифта шавад. Мушоҳидаҳои ҳаётӣ ин қишри ҷомеаро водор мекунад, ки ҳарчи бештар дар ҷомеа ба аксарият бипайванданд, чун таҳсил дар мактабҳое, ки забони давлатӣ дар он ҷорист, бартарӣ дорад.
23 нафар муҳимтарин омили паст будани сатҳи дониши бачагон – намояндагони ақаллиятҳои миллиро дар надонистани забони давлатӣ ба андозаи кофӣ медонанд. Барои 23 нафар ҷавоб додан душ
ворӣ овард, аммо 70 нафар тасдиқ карданд, ки мушкили асосии паст будани дониши ин гурӯҳи хонандагон дар ҳамин аст. Ин ҳам далели он аст, ки онҳо бартариро ба забони давлатӣ дар таҳсил медиҳанд.
48 нафар бар ин назар розӣ нестанд, ки таълими якҷояи бачагон – намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар мактабҳои маъмулӣ барои бачагони намояндагони аксарият барои гирифтани таълими босифат халал мерасонад, интизом ва муҳити психологиро дар синф/мактаб бад мекунад. 25 нафар дар посухи ин савол ҷавоби аниқ дода натавонистанд. 27 нафари дигар ба дурустии ин ақида бовар доранд. Яъне, аксарият дар ин маврид бовар доранд, ки таҳсили якҷоя кардани фарзандони онҳо бо намояндагони аксарият бар салоҳи онҳост.
Ба назар гирифтани тафовутҳои фарҳангӣ ҳангоми ташкили ҷараёни таълим ва истироҳат дар мактаб маъно надорад, зеро бачагон – намояндагони фарҳангҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ намекунанд. Ба дурустии ин ақида 30 нафар ихтилофи назар ва 21 нафар бетафовутӣ зоҳир карданд, аммо 49 нафар ҷонибдории худро ба ин андеша тасдиқ намуданд. Аз ин посухҳо бармеояд, то ҳанӯз миёни аксарият ва ақаллият тафовутҳои фарҳангӣ ҷой доранд ва ин ҷиҳатҳо бояд дар ташкили ҷараёни таълим ба назар гирифта шаванд.
Барои 20 нафар ин ақида дуруст нест, ки таълими бачагон – намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар муассисаҳо ва синфҳои махсус (таълим бо забони модарӣ) барои ҳифзи фарҳангу забони онҳо мусоидат мекунад. 12 нафар дар ҷавоби ин савол андешаи равшан баён надоштанд. Вале 68 нафар бар ин назар мутақоид аст. Ин натиҷа далели он аст, ки ташкили мактабҳои алоҳида барои ақаллиятҳо зарурат надорад.
13 нафар аз пурсидашудагон барои бо забони давлатӣ таҳсил кардани ба бачагон – намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ розӣ нестанд, яъне онҳо розиянд, ки аз хизматрасониҳо истифода бурда, бачаҳо бо забони модарияшон таҳсил кунанд. Барои 31 нафар, ки дар ҷавоб оҷизӣ кашиданд, шояд ин масъала бефарқ бошад, аммо барои 56 нафар муҳим ин аст, ки бачаҳо бояд ба забони давлатӣ таҳсил кунанд, барои онҳо хизматрасониҳои таҳсилотӣ пешниҳод кардан муҳим нест.
7 нафар розӣ нест, ки фарзандонро барои бо забони давлатӣ суҳбат кардан водор намоем, 8 нафар бетафовутиро интихоб кардан. Вале 85 нафар
бар ин назаранд, ки падару модарони намояндагони ақаллиятҳои миллиро водор кардан мебояд, ки бо фарзандони худ бештар бо забони давлатӣ суҳбат кунанд.
Аз миёни пурсидашудагон дар масъалаи он ки гуногунии фарҳангӣ дар синф (муассисаи таълимӣ) барои фаъолияти эҷодӣ муҳити мусоидро фароҳам месозад, муносибатҳои байнишахсиро беҳтар мекунад ва барои рушди инфиродии ҳар шахс мусоидат мекунад, 16 нафар норизоӣ нишон дода, 23 нафар ҷавоби аниқ дода натавонистанд. 61 нафари дигар мувофиқ будани худро дар ин маврид иброз намуданд.
14 нафар розӣ нестанд, ки ҳангоми машварат бо падару модарони бачагон – намояндагони ақаллиятҳои миллӣ хусусиятҳои фарҳангии хонавода ба назар гирифта шавад. Дар шарҳи ин пурсиш 14 нафар аз ҷавоби равшан додан худдорӣ карданд, аммо 67 нафар ҷонибдории худро таъкид намуданд.
Хулоса ин ки дар Тоҷикистон ҷонибдорон барои фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилотӣ таълими якҷояи ақаллиятҳо бо аксарият бештаранд. Ба андешаи аксарияти пурсидашудагон, ҳалли монеаҳои мавҷуда бо ин роҳ мусоидтар аст.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳлили дастрасӣ ба таҳсилот барои ақаллиятҳои миллӣ», ки онро Иттиҳодияи ҷамъиятии «Иқтисод ва маориф» амалӣ менамояд, омода карда шудааст.