Натиҷа ва таҳлил аз тадқиқоти ташкилоти ҷамъиятии “Маориф ва иқтисод”
Аз ҷумлаи масъалаҳое, ки дар робита ба шинохти мавқеи ақаллиятҳо дар кишварҳои ҷаҳон баррасӣ мегарданд, рӯ овардани баъзе коршиносон ба сатҳи фарогирии фарзандони онҳо ба таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон иқдоми хуб аст. Чунки дар натиҷаи чунин пажӯҳишҳо баробарӣ дар масоили гуногуни иҷтимоӣ миёни халқу миллатҳо ва баробарарзишии инсонҳо таъмин мегардад. Чунончи, ба наздикӣ ташкилоти ҷамъиятии “Маориф ва иқтисод” дар робиат ба ин масоил тадқиқоте гузаронд, ки натиҷаи онро дар зимн баррасӣ менамоем. Дар робита ба мавзуи матраҳ миёни 100 нафар омӯзгорону намояндагон суҳбат баргузор гардид, ки муҳтавои онро ин маврид мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем.
Аз ин миқдор дар шаҳри Душанбе 13 нафар намоянда ва 28 нафар омӯзгор, мутаносибан дар НТМ 3 нафар ва 23, вилояти Хатлон 32 ва 18, Суғд 51 ва 29, ВМКБ 1 ва 2- нафарӣ мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Аз ин миён пурсидашудагонро аз миллатҳои рус, ӯзбек, қирғиз, туркмен, дигар ва шахсони аз 29 то 60 –сола болотар ташкил медод. (Расмҳои 1-2).
Ба саволи “Шумо дар кадом намуди муассисаи таҳсилоти касбӣ кор мекунед?” посухҳо далолат мекарданд, ки 26 нафар омӯзгор дар литсейҳои касбӣ-техникӣ, 68 нафар дар коллеҷ, 6 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ кор мекардаанд. Аз ин теъдод асосан ё аксаран дар муассисаи таҳсилотии тоҷикӣ кор мекунанд. Масалан, аз русҳо танҳо 5 нафар, туркменҳо 1 нафар, омехта 23 нафар кор кунанд, ӯзбекҳо ва туркменҳо сад дар сад дар муассисаҳои тоҷикӣ кор мекунанд. (Расми 3)
Ба ҳамин монанд савол аз намояндагони ақаллиятҳо чунин савол пешниҳод гашт: “Фарзандони Шумо дар кадом муассисаи таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд (карданд)?”
Ба ин савол шаш нафар посух доданд, ки фарзандонашон дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касб таҳсил кардаанд (ё мекунанд), 18 нафар дар литсейҳои касбӣ-техникӣ, 17 нафар дар коллеҷи касбӣ, 50 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Панҷ нафар баъд аз мактаби миёна таҳсилоти касбӣ накарда, чор нафари дигар фарзанди хонанда надоштаанд. (Расми 4).
Ба саволе, ки фарзандони Шумо, бо забони модариашон таҳсилоти касбӣ мекунанд (ё карданд), 35 нафар аз русҳо, 11 нафар ӯзбекҳо, 2 нафар қирғизҳо ҷавоби мусбат доданд, вале қисме иброз доштанд, ки фарзандонашон аз ноилоҷӣ бо забониғайримодарияшон таҳсил мекунанд. Масалан, 35 нафар аз ноилоҷӣ бо забони тоҷикӣ, 9 нафар бо ӯзбекӣ, 1 нафар қирғизӣ мехонанд.
Дар ҳамин ҳол назари намояндагон ба саволи “Ба андешаи Шумо, оё фарзандони ақаллиятҳои миллӣ барои таҳсилоти касбӣ бо забони модарии худ маҳдудият доранд?” гуногун буд. Масалан, 47 нафар ҷавоб доданд, ки ҳеҷ маҳдудият нест, 11 нафар мегӯянд, ки маҳдудият нест, аммо сифати таҳсил қонеъкунанда нест, барои 17 нафар дур будани манзили истиқоматӣ аз муассисаи таҳсилотӣ монеа ворид мекардааст, 16 нафар мутмаинанд, ки набудани муассисаи таҳсилоти касбии бо забони лозима дарсдиҳанда маҳдудиятро ба миён овардааст. Барои 9 нафар намояндагони ақаллиятҳо имкониятҳои давом додани таҳсил бо забони модарӣ дар Тоҷикистон нест ва таҳсилро танҳо дар хориҷа давом додан мумкин аст. (Расми 5).
Барои тай кардани масофаи хона то мактаб барои 23 нафар аз 5 то 20 дақиқа лозим аст, вале барои 21 нафар бо нақлиёт рафтан лозим меояд. 9 нафар иброз доштанд, ки муассисаи таҳсилотие, ки фарзандонашон дар он таҳсил мекунанд, дар ноҳияи дигар ва ё дар гӯшаи дигари шаҳр воқеъ аст. 47 нафар баён доштанд, ки муассисаи таҳсилотии фарзандонашон дар минтақаи дигар, тамоман берун аз шаҳр ё ноҳияи онҳо ҷойгир аст. (Расми 6). Барои муайян кардани мушкилоти таъминоти кадрӣ, таҷҳизоти таълим ва шароити таҳсил ба намояндагон чунин савол пешниҳод гардид: “Сатҳи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти касбии ақаллияти миллиро, ки Шумо намояндаи он ҳастед, бо омӯзгорон, китобҳои дарсӣ, маводи методӣ, таҷҳизоти техникӣ, гармӣ дар зимистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?”
72 нафар аз масъалаи таъминоти омӯзгорон изҳори қаноатмандӣ намуданд, 25 нафар сатҳи таъминоти омӯзгоронро миёна ва 1 нафар бад арзёбӣ карданд.
Аз миёни худи омӯзгорон 46 нафар пурра ва 48 нафар қисман таъмин будани муассисаи таълимиро бо омӯзгорон шарҳ доданд. Барои 2 дарсад кофӣ набудани шумораи омӯзгорон ва барои 4 нафар набудани онҳо боиси нигаронӣ зикр шуд.
Масъалаи таъминоти китоби дарсӣ бошад, барои 49 нафар намояндагон хуб, барои 30 нафар миёна ва барои 21 нафар бад таъкид шуд. Мавҷудияти маводи методӣ барои 56 нафар қаноатбахш, барои 22 нафар миёна ва барои 22 нафар ғайриқаноатбахш шарҳ дода шуд.
Барои омӯзгорон ин ду паҳлуи масъала дар якҷоягӣ пешниҳод гашт ва аз миёни онҳо 26 нафар пурра таъмин будани китоби дарсӣ ва маводи методиро зикр карданд, барои 57 нафар ин масъала қисман ҳалталаб ба назар мерасад, 13 нафар аз набудани маводи методӣ шикоят карда, 4 нафар мустақилона тартиб додани чунин маводро таъкид карданд. Барои нисфи пурсидашудагон аз миёни намояндагон таъминоти таҷҳизоти техникӣ хуб дониста мешавад, барои 35 нафар миёна, аммо барои 15 нафар вазъ аз ин ҷиҳат нигаронкунанда аст. (Расми 7) Масъалаи муҳимми дигар ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ рабт дорад, ки аз ин ҷиҳат 39 нафари ин гурӯҳ вазъро хуб, 25 нафар миёна ва 36 нафар бад арзёбӣ карданд. (Расми 8).
Гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос аз беҳтарин омилҳои рушди фаъолияти омӯзгорон аст. Вақте дар робита ба ин масъала саволгузорӣ шуд, 52 нафар маҳз дар курсҳои такмили ихтисос омӯзиш гирифтани худро дар 5 соли охир изҳор намуданд. 22 нафар тавассути иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ (тренингҳо) ихтисоси худро такмил додаанд. 1 нафар тавассути иштирок дар сафарҳои омӯзишӣ ба хориҷа ва 6 нафар тариқи худомӯзӣ такмили ихтисос намудаанд. Барои сатҳи баргузории чунин курсҳо 15 нафар тавзеҳ доданд, ки ҳамасола аз курс мегузаранд, аммо 57 нафар дар се сол, 19 нафар дар панҷ сол як маротиба зарурати иштирок дар курсҳоро таъкид карданд. (Расми 3)
Барои донишҷӯён — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо забони модарӣ таҳсил карда, дар муассисаи таҳсилоти касбӣ бо забони дигар таҳсил кардан мушкилӣ ба бор меорад. 23 нафар ба ин фикр розӣ нестанд, барои 27 нафар аз омӯзгорон ҷавоб гуфтан мушкилӣ овард, 50 нафар ба ин назар мутақоиданд. Ба андешаи он ки суҳбат кардан дар муассисаи таълимӣ бо забони модарӣ барои аз худ кардани забони давлатӣ монеа меорад, 45 нафар аз намояндагон розӣ нестанд, 22 нафар шубҳа дошта, 33 нафар розиянд.
20 нафар омӯзгор ва 8 нафар намояндагони ақаллиятҳои миллӣ бар ин назаранд, ки ба донишҷӯён — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки забонашон аз забони расмии аксарият фарқ мекунад, бояд имконияти таҳсил бо забони модарии худ фароҳам оварда шавад. Барои 42 нафар омӯзгор ва 16 нафар аз намояндагон ҷавоб додан ба ин савол душворӣ овард. 38 нафар омӯзгор ва 76 нафар намояндагон бошанд, ҷонибдори ҳамин иқдоманд.
Бубинед, ки дар робита ба ҳамин мавзуъ 56 нафар ризоият зоҳир карда, барои донишҷӯен нисбат ба забони модарии худ, беҳтар аз худ кардан забони давлатиро муҳимтар медонанд, аммо 24 нафар аз намояндагон ҷонибдори ин андеша набуданро изҳор карда, 20 нафар аз ҷавоб додан худдорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол 64 нафари онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон дар муассисаи таълимӣ озодона бо забони модарии худ суҳбат намоянд, 12 нафар розӣ нестанд, 24 нафар дар ҷавоб додан шубҳа доштанд.
Барои ҳамин аст, ки 72 нафар мехоҳанд, интихоби муошират дар муассисаи таълимӣ ба ихтиёри худи донишҷӯён гузошта шавад, беҳтар аст. 17 нафар хилофи ин амал буда, 11 нафар ҷавоб дода натавонистанд. (Расми 9) Аз намояндагони ақаллиятҳои миллӣ пурсида шуд, ки оё падару модарон дар таҳия ва муайян намудани мазмуни барномаи таълимии омӯзиши касб дар муассисаи таълимӣ имконияти иштирок кардан доранд. Ба ин савол 80 нафар ҷавоби рад ва 20 нафар ҷавоби мусбат доданд. 68 нафар иброз доштанд, ки фарзандонашон аз руйи барномаҳои давлатии тасдиқшуда таълим мегиранд, аммо барои 32 нафар мушкил ҷой дорад. Ба гуфти 12 нафар намояндагон падару модарон фақат дар ташкили чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар муассисаи таълимӣ иштирок мекунанд, 88 нафар иқрор шуданд, ки иштирок намекунанд, ҳатто 99 дарсад иштирок накарданро таъкид намуданд. (Расми 10).
77 нафар омӯзгорон ҷонибдори онанд, ки донишҷӯён — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ бояд дар муҳити бисёрфарҳангӣ (муассисаҳои таълими бисёрзабона) таҳсил кунанд, 10 нафар розӣ нестанд ва 13 нафар дар ҷавоб додан мушкилӣ кашиданд.
Ба гуфти 70 нафар аз омӯзгорон, фаъолияти омузгорӣ дар фазои бисёрфарҳангӣ бояд дар доираи тайёрии касбии омӯзгорон ба роҳ монда шавад, 9 нафар дар ҷавоб мушкилӣ кашида, 21 нафар розӣ набуданашонро иброз намуданд.
Таҳлилу суҳбат бо намояндагон нишон дод, ки барои таъмини дастрасии бемонеа ба таҳсилоти касбӣ барои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон омилҳои гуногуни муҳим ҷой доранд. Масалан, 88 нафар афзоиши шумораи муассисаҳои таълимӣ бо забони модариро омили муҳим медонанд, 12 нафар тарафдори ҳамин амаланд. Барои 59 нафар афзоиши шумораи муассисаҳои таълимии омехта (дузабона, сезабона) муҳим бошад, 41 нафар ин тадбирро муҳим намедонанд. 70 нафар аз пурсидашудагон баланд бардоштани сифати таҳсилотро асос намедонанд, аммо 30 нафар фикр доранд, ки ба назар гирифтани ин паҳлуи кор шарти муҳим аст. Ба таъкиди 98 нафар фароҳам сохтани имконияти идомаи таҳсил бо забони модарӣ муҳим нест, танҳо ду нафар ин тадбирро муҳим меҳисобанду халос. 92 нафар ягон омилро муҳим надониста, 8 нафар омилҳои дигарро муҳим донистанд. (Расми 11).
Аз омӯзгорон пурсида шуд, ки имконияти дарёфти кор барои фарзандони ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Ба андешаи 46 нафар, барои фарзандони ақаллиятҳои миллӣ бемалол кор ёфтан мумкин аст, 20 нафар кор ёфтанро дар ташкилоти ғайридавлатӣ осонтар медонанд, зеро дар сохтори давлатӣ бе донистани забони давлатӣ ба кор қабул карда намешаванд, танҳо 4 нафар имконияти дарёфти кор дар Тоҷикистонро дида наметавонанд.
Айнан ба ҳамин савол намояндагон мутаносибан чунин ҷавоб доданд: бемалол кор ёфтан мумкин аст: 24 нафар; корро дар ташкилоти ғайридавлатӣ ёфтан осонтар, зеро ба сохтори давлатӣ бе донистани забони давлатӣ намегиранд- 27 нафар; дарёфти кор дар хориҷа осонтар аст- 24 нафар; имконияти дарёфти кор дар Тоҷикистон тамоман нест-16 нафар; ба худи одам вобастагӣ дорад -1 нафар.
Маҳз ба сабаби ба андозаи кофӣ надонистани забони давлатӣ донишҷӯён — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар таҳсилоти касбӣ ва оянда дар дарёфти кор дучори монеа мегарданд. Ба ин фикр 48 нафар ҷавоби мусбат доданд, 24 нафар ҷавоби рад дода, 28 нафар дар ҷавоб мушкилӣ кашиданд. (Расми 12).
Омӯзгорон дар масъалаи бартарияти гуногунии фарҳангӣ дар синф (муассисаи таълимӣ) дар робита ба ташкили фазои мусоид барои фаъолияти эҷодӣ, хуб шудани муносибатҳои байнишахсӣ ва рушди инфиродии ҳар шахс 68 нафар ҷонибдоранд, 18 нафар хилофи назар дошта, 14 нафар бетарафиро интихоб карданд.
Аз теъдоди муайяншуда кор бо намояндагони ақаллиятҳои фарҳангиро 9 нафар ҳар рӯз, 18 нафар зуд-зуд, 9 нафар хеле кам ва 59 нафар баъзан мақбул мешуморанд, вале барои чунин иртибот 5 нафар ҳеч гоҳ хушоянд набуду нест. Ин аст, ки теъдоди зиёд (45 нафар) муомила бо намояндагони ақаллиятҳои фарҳангиро кори мушкил меҳисобанд. 6 нафар хеле кам, 24 нафар баъзан, 15 нафар зуд-зуд, 10 нафар ҳар рӯз бо чунин мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳатто кор бо намояндагони ақаллиятҳои фарҳангиро ин қабил барои худ хастакунанда шарҳ медиҳанд. Масалан, 18 нафар ин ҳолатро хеле кам, 19 нафар зуд-зуд, 4 нафар ҳар рӯз эҳсос мекунанд. Аммо аҷиб он ки барои 43 нафари дигар хастакунанда наменамояд. Ҳамин барин 57 нафар кор бо намояндагони ақаллиятҳои фарҳангиро беҳуда ва бе ягон натиҷа тавзеҳ намедиҳанд. Барои 15 нафар хеле кам, барои 19 нафар баъзан, барои 7 нафар зуд-зуд, барои 2 нафар ҳар рӯз ин маънӣ дуруст менамояд.
Дар рафти пурсиш чунин савол ҳам пешниҳод гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили донишҷӯён — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ вазифаи кист: давлат, кишварҳои дигар, ҷамъияту намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ва ё дигар созмонҳо? Аз омӯзгорон 4 нафар давлатро муваззаф намедонанд, 34 нафар дар ҷавоб додан мушкилӣ кашида, 62 нафар ба ин андеша мувофиқ буданро иброз доштанд.
Хулосаи тадқиқоти мазкур масъалаҳои матараҳро пешорӯи мо қарор дода, зарурати таваҷҷуҳро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, коршиносонро мебояд сари масоили мазкур андешаронӣ намуда, баҳри рафъи мушкилоти таҳсили ақаллиятҳои миллӣ дар ҷараёни таҳсилот, аз ҷумла, таҳсилоти миёнаи касбӣ тадбирҳо андешанд.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳлили дастрасӣ ба таҳсилот барои ақаллиятҳои миллӣ», ки онро Иттиҳодияи ҷамъиятии «Иқтисод ва маориф» амалӣ менамояд, омода карда шудааст.
Саида НАБИЗОДА – сармуҳаррири
маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”,
Нурулло ҒАФУРИЁН – муҳаррири
техникии маҷалла