Дар таълимоти Пешвои миллат нақши сиёсатмадорон, олимон, шоирон, нависандагон, мутафаккирон ва умуман, зиёиён дар ташаккули халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мубориза барои истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати тоҷикон дар тӯли таърих – аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир ба таври хосса таъкид мегардад. Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» (Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. – 364 с.) ва дигар асарҳои таърихии Роҳбари давлат бузургтарин шахсиятҳои миллӣ бо таҳлил ва арзёбии хизматҳои онон барои миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон қадршиносӣ карда шудаанд.
Услуби нигориш ва хулосабарориҳои Пешвои миллат дар бораи шахсиятҳои барҷастаи миллӣ омӯзанда ва намунавӣ буда, аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва ҳидояткунанда доранд. Роҳбари давлат симоҳои таърихии бузургони миллатро ҳамчун намояндаи фардии ҷомеаи замони худ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳамзамон бо ин, нобиғагӣ ва иродату садоқат ба халқ, мардонагӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ дар роҳи амалӣ кардани идеалҳои пешқадами ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистани онҳоро дар ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ махсус таъкид кардааст. Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад. Пешвои миллат омилҳои аслии нигоҳ доштан ва неруманд гардонидани забони тоҷикиро дар принсип ва аломатҳои субъективӣ дар фазои объективӣ, аксиденталӣ ва пешгӯинашаванда ба хотири таъмини манфиатҳои миллӣ ва ниёзҳои ҷамъиятӣ мебинад ва онро чунин тафсир менамояд: «Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих, бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон, мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Ҳамин хизмати бузурги фарзонагони миллат аст, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 167).
Таърихи забон – таърихи тафаккури инсон аст. Мавзуи мантиқи диалектикиро илм дар бораи шаклҳои рушди тафаккури одам аз сода ба мураккаб, ки ҳаракати абадиву беохири дарки воқеият мебошад, ташкил мекунад. Бешубҳа, чунин ҷараён аз шароити фаъолияти иҷтимоӣ, дараҷа ва имконоти фикрронии падидаи соҳибшуур вобастагӣ дорад. Таҳаввулоти диалектикӣ бошад, сарчашмаи аслии рушди забон аст. Пешвои миллат чунин тағйироти ногузирро маҳз тавассути ба эътибор гирифтани хусусияти диалектикии забони модарӣ таъкид мекунад: «Қонунияти инкишофи забон чунин аст, ки вай, мисли як ҷисми зинда, бояд ба маҷрои зиндагӣ − таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мутобиқ шуда, имконоти ифодаи мазмунҳои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад. Яъне калимаву истилоҳотеро, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иқтисодиёту техника падид меоянд, дар худ ғунҷонида тавонад ва ҳамзамон асолати миллиашро гум накунад» (Ҳамон ҷо. – С. 157-158).
Пешвои миллат ҷонибдори асили неруманд гардонидани забони модарӣ тавассути ба он ворид кардани истилоҳ, мафҳум, маъно ва мантиқи илмӣ мебошад. Онро на танҳо вазифаи илми забоншиносӣ, балки масъулияти муҳимми сиёсати давлатӣ мешуморад, зеро муътақид аст, ки «Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад» (Ҳамон ҷо. − С. 117).
Ба хотири инкишофи забони модарӣ, Роҳбари давлат дар назди олимон вазифаҳои мушаххас мегузорад ва онро бо мантиқи қавӣ асоснок мекунад: «Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он, аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама, китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад» (Ҳамон ҷо. − С. 191-192).
Мутаассифона, фоҷиаи бузурге, ки дар замони истиқлолият ба сари миллат омад, ба тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла ба илм ва маориф, ба мундариҷа ва сифати тарбияву таълим таъсири ниҳоят манфӣ расонид. Таҳти шиорҳои «милликунонӣ»-и васоити таълимӣ ба муҳимтарин соҳаи маърифат – таълифи китобҳои дарсӣ, баъзе шахсоне роҳ ёфтанд, ки муътақиди устувори таъсиси шуури миллӣ ҳамчун пойдевори давлати миллӣ дар ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон набуданд. Камбудиҳо аз мадди назари сохторҳои илму маориф, донишкадаҳои олӣ – кафедраҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо, ки беҳтарин устодон, олимони ин муассисаҳо ба мисли Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Холиқ Мирзозода, Мӯсо Диноршоев, Аълохон Афсаҳзод ва дигар муаллифони барҷаста ва хотирмони китобҳои дарсӣ буданд, дур монданд. Ба қавли яке аз олимони машҳур ва сиёсатмадорони барҷастаи олам, «Калимае, ки дар шакли нашр (китоб, маҷалла, рӯзнома – С.Я.) омадааст, меомӯзад, ки чӣ тавр зиндагӣ бояд кард ва чӣ тавр дунёро падруд гуфт».
Масъала таъҷилан бозбинӣ ва ислоҳро тақозо дорад. Ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл Аристотел (384-322 то мелод) бо эътиқодмандии маҳз таъкид карда буд: «Бисёр баид ба назар мерасад, касе шубҳа кунад, ки қонунгузор нисбат ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ба хотири он ки дар ҷое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат кунад; мансуб ба ҳар як сохти давлатдорӣ характер, ба тарзи одӣ, барои нигоҳ доштан, ҳифз кардани ҳамон сохт хизмат мекунад. Сифати шахсияти беҳтарин ба беҳтарин сохти давлатдорӣ мутобиқат менамояд» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 535-536).
Аристотел тарбияи фарзандро на кори шахсӣ, балки ҷамъиятӣ мешуморад ва таъкид мекунад: «Набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд худ ба худ арзи вуҷуд мекунад: не, ҳамаи шаҳрвандон мансуб ба давлат мебошанд, ба хотири он ки ҳар шаҳрванд ҷузъе аз давлат аст. Ва ғамхорӣ дар бораи ҳар як ҷузъ, табиатан, маънии ғамхорӣ, нигоҳубини томро дорад. Дар ин маврид амали лакедемониҳо (давлати қадим дар Юнон, ки бо номи Спарта ҳам машҳур буд – С. Я.) шоистаи таҳсин аст: онҳо нисбат ба кӯдакон бисёр ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва ин амали онҳо хосияти ҷамъиятӣ касб кардааст» (Ҳамон ҷо. − С. 536).
Беҳуда нест, ки кишварҳои хориҷӣ тавассути намояндагони дипломатиашон ҳамасола тамоми васоити таълимӣ ва тарбиявии боғчаҳои бачагона, китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олиро, сарфи назар аз шакли моликияташон дар доираи барномаи махсуси «Таърихи ташаккули афкори наврасон ва ҷавонон» («The history of youngster’s and young people’s mindset formation») дастрас мекунанд. Онҳоро ба марказҳои таҳлили стратегии худ интиқол медиҳанд. Дар асоси муҳтавои китобҳои дарсӣ хулосабарорӣ менамоянд, ки ин давлатро дар даҳсолаи наздик чӣ интизор аст. Ва аз ҳозир нисбат ба ин давлат чӣ гуна муносибатро тарҳрезӣ бояд кард. Мундариҷаи барномаҳои таълимӣ (ҳуҷҷати расмӣ дар бораи мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда) ва китобҳои дарсӣ (воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро пайдарҳам ифода менамояд – муқаррарот дар асоси моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», №1004 аз 22.07.2013) дар боғчаи бачагон, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, донишкадаҳои олӣ, аспирантура ва докторантура, ки сарфи назар аз шакли моликият, принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва маориф муайян менамоянд, бояд пурра ба меъёрҳои конститутсионӣ мувофиқат кунанд. Маҳз Конститутсия кафили озодиҳои инсон, амнияти ҷомеа ва сохти давлатдорӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақим амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Коститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд» (Моддаи 10. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Нашриёти «Ганҷ», 2016. – С. 7).
Ба сифати тафсир илова бояд кард, ки чунин талабот ба ҳама гуна ҳуҷҷатҳои расмӣ ва воситаҳои илмӣ – мутаносибан барномаҳо ва китобҳои дарсӣ низ мустақиман дахл дорад. Воқеан, дар омади сухан, хотирнишон бояд кард, ки Аристотел оид ба коркард ва қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар алоқамандӣ бо сохти давлатдорӣ масъулияти ниҳоят бузурги давлатмардонро таъкид месозад: «Нисбат ба қонунҳо… усулан мувофиқат кардани онон ба сохти давлатдорӣ таваҷҷуҳи эҳтиёткорона бояд кард. Қонунҳоро тарзе бояд қабул намуд…, ки барои истифодаи ҳамин сохти давлатдорӣ мутобиқ бошанд, на ба тарзе ки сохти давлатдорӣ ба қонунҳо мувофиқ карда шавад» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 250). Воқеияти чунин таҷриба (мувофиқат кунонидани сохти давлатдорӣ ба қонунҳо) ва оқибатҳои фоҷиабори онро миллати тоҷик баъди дувуним ҳазор соли ин ҳушдор, маҳз бо ташаббус, пофишорӣ, террори маънавӣ ва ҷисмонии аз ҷониби саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозишуда дид. Таҷрибаи давлатдории дунё нишонгари он аст, ки талаботи Аристотел дар бораи таносуби мантиқии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба сохти конститутсионӣ шарти ҳаётан муҳимми суботи низоми сиёсии мамлакат аст. Мактаб пойдевори аслии давлат ва амнияти миллӣ аст. Устувории бинои давлат аз мундариҷа, муҳтаво, сифати барнома ва васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, ҷаҳонбинӣ ва иродаи муаллим вобастагӣ дорад. Сохтори низоми сиёсиву ҷамъиятии ҳамсоякишвар ва фоҷиаи миллати он бо оқибатҳои мавриди назар дар гузашта ва даҳсолаҳои наздик натиҷаи фаъолияти ҳадафмандонаи бозигарони геополитикӣ тавассути мактаб – барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, интихоби муаллимон, дар маҷмуъ, натиҷаи воқеии он – мафкурасозии бунёдӣ аст. Ин амали душманона барои он кишвари мусибатзада, ки албатта, мардумаш дар як умри кӯтоҳи одамӣ мисли бозигарони геополитикӣ ҳаққи орому осуда зиндагӣ кардан дорад, мутаассифона, бо бадбахтии зиёда аз чилсола ва ояндаи фоҷиабори пешгӯинашаванда барои чандин насли дигар боқӣ хоҳад монд. Ин аст ҳикмати «зарурати гирифтани таҷрибаи рӯзгор баҳри дафъи ҳаводис».
Ояндаи ҳама гуна давлатдорӣ – сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, самтгирии маънавӣ, мафкуравӣ ва умуман тақдири миллат дар дохил ва ҷабҳаҳои геполитикӣ дар чаҳорчӯбаи низоми маориф ҳаллу фасл мегардад. Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад. Тибқи таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти зиндагӣ, на ҳар соҳибмаълумот мансуб ба табақаи зиёӣ (дурахшанда, нурбахшанда) аст. Вагарна шумораи ин гурӯҳи ҷамъиятиро аз ҳисоби, ақаллан, хатмкардагони мактабҳои олӣ, ҳамасола ба садҳо, ҳазорҳо расонидан ва ба омори умедбахши дастовардҳои миллӣ ворид ва эълон кардан мумкин аст. Диплом дар бораи хатми мактаби олӣ, унвонҳои илмиву махсус ва либоси аврупоӣ ҳанӯз нишонаи зиёӣ нест. Зиёӣ будан сифат ва хосияти ботинии инсон мебошад, ки ҳам дар сухан ва ҳам дар амал зуҳур меёбад. Ин шакли фаъолият аз аломати барҷастаи функсионалии шуур сарчашма мегирад. Ва бар он асос меёбад. Зиёӣ шахсест, ки қобилияти баланди дарк намудан, андешаи баробар ба воқеият доштан, тавоноии аз моҳияти масъала огоҳ шудан, соҳибмаърифат будан, зуҳуроти мушкилро бо таҳаммул ва таҳлили илмӣ арзёбӣ намудан, тибқи фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ ҷавонмардона рафтор карданро дорад. Масъулиятшинос ва ташаббускор аст. Аз худ дар ҷомеа қудрати таъсиррасонии ахлоқиву маънавии созгор нишон медиҳад. Роҳбари давлат ба ин табақаи ояндасози ҷамъият баҳогузорӣ мекунад. Дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас мегузорад: «Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯйи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 175-176).
Пешвои миллат ба мавзуи адабиёти бадеӣ, мундариҷа, моҳият ва забону услуби шоирону нависандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Маҳз тавассути нишон додани амалҳои ҷонфидоёнаи бузургони миллат мехоҳад, симои ҳақиқии қаҳрамонони худро ба хонанда муаррифӣ намояд. Онҳоро дар муқоиса бо дигарон гузорад. Афзалияти воқеии шахсияти мавриди таҳқиқ қарордодаашро ба оммаи мардум фаҳмонад. Ӯро ҳамчун намунаи олии ватандорӣ, ҷавонмардӣ, муҷассамаи меҳру садоқат ба ормонҳои миллӣ дар муқобили хатарҳои ҷонӣ ба сифати намунаи ибрат пешниҳод кунад. Омӯзиши китоби «Чеҳраҳои мондагор» тасдиқи ин гуфтаҳост. Асосгузори давлати тоҷикон, ки бо дастони худ аз хокистар шуъла офарида, сарзамини кӯҳистони худро бо нури он мунаввар сохтааст, тавассути таҳқиқоташ худро бузургтарин донандаи таърихи миллат, омилҳои бурду бохт, садоқату хиёнат, рушду рукуди миллӣ муаррифӣ кардааст. Ӯ маҳз дар асоси таҳлили таҷрибаи таърихи куҳан ва муосир менависад: «Боз як сабақи таърихиро аз худ кардани зиёиён, ба назарам, хеле муҳим аст. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад. Устод Айниро мисол мегирем. Мударриси забардаст буд, динро ба дараҷаи аъло медонист. Китоберо низ бо номи «Заруриёти диния» таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мубориза мебурд. Барои ба давлатҳои бедору пешрафта баробар кардани Ватанаш, то сатҳи миллатҳои мутараққӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқаш фидокорона ҷаҳду талош меварзид… Таҷрибаи чунин шахсиятҳои бузург барои ба маҷрои дурусти зиндагӣ ва самти солими рушди фарҳангӣ ҳидоят намудани ҷомеа хеле муҳим аст» (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. − С. 306).
Яке аз сабабҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ бетарафӣ ва гузашта аз он, хиёнат кардани қисмати муассири ба ном зиёиён ба манфиатҳои миллати тоҷик буд. Пайравони Садриддин Айнӣ, сарфи назар аз донишҳои назариявӣ, воқеияти ҳастӣ ва таҷрибаи зиндагӣ, ки сирф маънавиёт ва худшиносии миллиро дар назар дорад, аз камтаринҳо гардиданд. Мардум аз нури зиё бебаҳра монд. Раҳгум зад. Ба доми фитнаву фано афтод. Ҳангоми шиносоӣ бо ишораҳои Пешвои миллат ба сифатҳои шахсияти бузурги адабиёти ҷаҳонӣ Садриддин Айнӣ – ҷавонмардӣ (ба таъбири худи устод «шогирди чилсолаи инқилоб»), росткорӣ, ростгӯӣ, ҳақиқатнигорӣ, ҷасурӣ, далерӣ, шуҷоатмандӣ, сарфи назар аз қасд ва таҳдидҳои ҷонӣ нисбат ба ӯ, пеши назар муқоисаи чунин хислатҳо ба рафтори тоифаи зиёимаоби фурсатталаби солҳои 90-уми асри гузашта – таърихи нав ва баъзан таърихи навтарин ва муосир намудор мегардад. Мутаассифона, дар давоми солҳои истиқлолият, ки аз фоҷиаи бузурги миллӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид, ташаббускорони он, террористони собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун морони Заҳҳок ба хӯрдан ва несту нобуд кардани ақлҳои миллати тоҷик пардохтанд. Нахустин туъмаи ин морон дар саросари кишвар зиёиён, олимон, шахсони босавод, пешбарандагони ғояҳои илму маърифат – муаллимон буданд. Мақсади аслии наҳзатиён – нобуд кардани равшангарони миллат буд. Онҳо бояд насли мувофиқ ба маънавиёти заҳҳокии худ месохтанд. Аввалин ва бузургтарин хизмати таърихии Пешвои миллат – ҷони ҷавони худро ба гарав монда, ба ин қувваи аҳриманӣ зарбаи ҳалокатбор расонидан буд. Аммо тарсу ваҳми он рӯзҳо то ба имрӯз дар дили қисмати муаррифишудаи аҳли зиё ва шогирдони онон монд. Таҳлили муқаддимавии бисёре аз мавзуъ ва асарҳои илмӣ, илмии педагогӣ, илмии таърихӣ, адабӣ, адабии таърихӣ ва фарҳангии дар замони истиқлолият эҷодшуда ва ҳамчуноне хотирнишон гардид, китобҳои дарсӣ низ нишон медиҳад, ки муҳтаво ва мундариҷаи онон ҳанӯз ба ғояҳои марказии бар асоси равшангароӣ, зидди хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатпарастӣ, мазаммати ақибмондагии ақидатӣ, ки бисёре аз адибони бузурги асримиёнагӣ – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941), Абуалӣ ибни Сино (980-1037), Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020), Умари Хайём (1048-1131), Носири Хусрав (1004-1088), Убайди Зоконӣ (1301-1371), Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492), Абдурраҳмони Мушфиқӣ (1525-1588), Аҳмади Дониш (1827-1897), инчунин, дар замони шӯравӣ – Садриддин Айнӣ (1878-1954), Абулқосими Лоҳутӣ (1885-1957) ва дигарон таълиф намудаанд, на танҳо намерасанд, балки наздик ҳам намешаванд. Мавзуи меҳварии олам аз замони шакл гирифтани инсон – маҷмуи ҳама гуна муносиботи ҷамъиятиро зиддият ва муборизаи ду қувваи асосӣ – некӣ ва бадӣ, торикӣ ва равшанӣ ташкил мекунад. Кадом падидаҳо, шахсиятҳо, қаҳрамонҳо, образҳо, персонажҳо, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, қисматҳои таркибии онон, ҷаҳонбиниҳо, хабар ва маълумоти одӣ ифодаҳои номбаршударо таҷассум мекунанд, масъалаи дигар аст. Он ҷанбаҳои тахассусӣ, иҷтимоӣ, фардӣ, гурӯҳӣ ва табақавӣ дорад. Сухан дар бораи мавқеи фардии сиёсӣ, идеявӣ ва маънавии зиёӣ дар муносибат ба дарду ниёзҳои ҷомеа, масъалаҳои рӯзмарра, ояндаи наздик ва дури давлати миллӣ меравад. Зеро нақшҳои фардии асар гузоштан ба ҷаҳонбиниҳо, дар маҷмуъ, афкори ҷамъиятиро ташкил мекунад. Андешаи илмӣ, созанда, маорифпарварона, ватанхоҳона ва миллатдӯстонаи Садриддин Айнӣ, ки муҳимтарин омили истиқлоли давлатии тоҷикон гардид, падидаи тасодуфӣ ва ғайричашмдошт набуд. Он давоми силсилаи ҷаҳонбиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ниҳоят пешқадам ва устуворе шинохта мешавад, ки аз замонҳои қадим, насл ба насл, то дар харитаи олам падид омадани давлате бо номи Тоҷикистон идома ёфт.
Эҷодиёти бузургони илму адаб мавзуи таҳқиқоти илмӣ ва ба хонандагон муаррифӣ кардани он муҳимтарин талаботи иҷтимоӣ ва сохти конститутсионии мо – хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Воқеан, илм дар назди муҳимтарин санади ҳуқуқии сарнавиштсози миллат қарздор аст. Зеро шаш рукни аслии сохти конститутсионии давлатдории миллӣ (Боби 1, Моддаи 1) решаҳои амиқи таърихӣ доранд ва инъикоси ормонҳои аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида мебошанд. Бо иродаи мардум арзишҳои воло – ҳукми сохти давлатдории миллии моро гирифтаанд. Чунин орзуву омол дар санадҳои давлатдорӣ, сарчашмаҳои илмӣ, илмиву бадеӣ, адабиёт, фарҳанг, эҷодиёти халқ, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик дар шаклҳои гуногун ифода ёфтаанд. Маҳз барои ҳамин моддаи садуми Конститутсия муқаррароти моддаи якуми боби якуми ин ҳуҷҷати тақдирсозро тағйирнопазир меҳисобад. Чунин таҳқиқот посухи дандоншикан ба душманони сохти конститутсионӣ – интихоби миллати тоҷик хоҳад буд. Дар таълимоти Роҳбари давлат забони тоҷикӣ ҳамчун далели зиндаи қадимӣ будани миллат ва шаҳсутуни давлатдории миллӣ тавсиф карда мешавад.
Ҳамин тариқ, Сарвари кишвар ба муҳимтарин принсипҳои муносибат ба ин ганҷинаи бебаҳо ишора намуда, таъкид менамояд: «Вазифаи муҳимми олимони кишвар таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 185).
Назар ба ҳидояти Роҳбари давлат, зиёиён вазифадоранд, ки бо такя ба таърихи ташаккул ва рушди афкори пешқадами миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, дар шароити тираву тори асримиёнагӣ, фишорҳо ва вобастагии сиёсӣ ба даст овардаанд, бо заҳмати ватандӯстонаи худ ин анъанаҳоро на танҳо омӯзанд, балки ташаббускори пешрафти ҷаҳонбинии миллӣ дар шароити навини таърихӣ – замони истиқлол бошанд.
Саймумин ЯТИМОВ –
доктори илмҳои сиёсӣ,
узви вобастаи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон