Дар ин матлаб, пеш аз ҳама, ба мафҳуму моҳияти терроризм ва намудҳои он мепардозем, зеро барои дарки маънӣ шарҳу тавзеҳи вожаҳои калидӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳанӯз соли 2014 Содиқ Сабо, раиси бахши форсии BBC дар матлабе таҳти унвони “Чаро BBC касеро террорист намегӯяд?” изҳор дошта буд, ки дар ҷаҳони модерн таърифи дақиқе аз “терроризм” матраҳ нагардидааст, ки қобили қабули ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бошад.
Вале бо баррасӣ ва омӯзиши сарчашмаҳои гуногун ба ин натиҷа мерасем, ки таърифҳои мухталиферо аз мафҳуми “терроризм” ироа кардаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ин мафҳум чунин тавзеҳ дода шудааст: “Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин, нобуд сохтани (зарар расондан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расондани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин, бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор, бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин, сӯиқасд ба ҳаёт, расондани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расондани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин, ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад”.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, “Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расондани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин, таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо” шарҳ ёфтааст.
Ин мафҳум дар асари устодони Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (воқеъ дар ИМА) Ҷек Си Плано ва Рой Олтон “Фарҳанги равобити байналмилал”, ки ҳанӯз соли 1969 интишор ёфта буд, чунин тавзеҳ ёфтааст: “Терроризм фаъолиятҳои афроди давлатӣ ё ғайри давлатие, ки дар кишварҳояшон барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ аз равишҳо ва воситаҳои хушунатомез истифода мекунанд. Шеваҳои корбурдашуда аз тарафи террористҳо иборатанд аз: ҳавопайморабоӣ, гаравгонгирӣ, харобкорӣ, бомбгузорӣ, бонкзанӣ, одамрабоии сиёсӣ ва одамкушӣ. Созмонҳои террористӣ саъй мекунанд, ки вобаста ба иқдомҳояшон таваҷҷуҳи расонаҳои гурӯҳӣ ва мардумро ҷалб кунанд. Аксари созмонҳои террористӣ намояндаи мавозеи сиёсии ифротӣ ҳастанд, ба ин маъно, ки гурӯҳҳои чап ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст мезананд, то сабаби шуруи инқилоб ё ҷанги дохилӣ шаванд”.
Агар ба этимологияи вожаи терроризм назар афканем, дармеёбем, ки он аз вожаи фаронсавии “Terrorisme” гирифта шудааст ва муодили тоҷикии он ҳаросафканӣ, даҳшатафканӣ ва ваҳшатафканӣ мебошад. Аввалин корбурди вожаи “террор” ва “терроризм” ҳамчун истилоҳ дар замони муосир аз Инқилоби Кабири Фаронса (1793-1797) сарчашма мегирад. Маврид ба зикр аст, ки ин истилоҳ дар оғоз бар хилофи мафҳуми имрӯзии худ бори маънии мусбат доштааст. Деҳхудо дар луғатномаи камназири хеш мафҳум ва сарчашмаи “террор”-ро чунин таъриф кардааст: ““Террор” маъхуз аз “terreur” ва ба маънои қатли сиёсӣ ба василаи аслиҳа дар форсӣ мутадовил шудааст ва тозиёни муосир “иҳроқ”-ро ба ҷойи террор ба кор мебаранд; ва ин калима дар Фаронса ба маънои ваҳшату хавф омада ва ҳукумати террор ҳам усули ҳукумати инқилобиест, ки пас аз суқути Жирундҳо (аз 31 майи 1973 то 1974) дар Фаронса мустақар шуд ва эъдомҳои сиёсии фаровонеро мутазамин буд”.
Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, ҷараёне гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои ҳаросафкан бо истифода аз зӯровариву хушунат ё таҳдид ба ҳадафҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва ё идеологии худ расидан мехоҳанд. Мақсади ибтидоии терроризм, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Мақсади ниҳоии чунин ҳаракатҳо бошад, маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист. Ба ибораи дигар, терроризм мактабест, ки асоси онро равиши таҳмили ақидаҳо ба дигарон фақат аз тариқи зӯроварӣ, террор, ҷанг, ҳаросафканиву ваҳшат, ошӯб, кушторҳои ҷамъӣ, шиканҷа, қатли ом, амалиёти чирикӣ ва инқилоб ташкил медиҳад. Пайравони ин мактабро, ки онро пазируфта ва барои расидан ба ормону ҳадафҳояш аз он истифода карда бошанд, “террорист” (terorist) меноманд. Террорист метавонад фард, гурӯҳ ва ё давлат бошад. Ҳукуматҳоеро, ки бо ин равиш ҳокимияти худро пеш мебаранд тоталитар (тамомиятхоҳ) меноманд. Тоталитаризм гунае аз режимҳои сиёсӣ мебошад, ки бо истифода аз қудрат ва бо асли эҷоди ваҳшат дар ҷомеа, дар ҳамаи корҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ ба шакли инҳисорӣ ва бо эҷоди фазои хафақон дахолат мекунанд. Режимҳои тоталитар бар асоси қонуне, ки худ қабул мекунанд, дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии мардум ва ҳарими хусусии афрод дахолат намуда, онро таҳти назорат ва иқтидори худ қарор медиҳанд.
Таснифи терроризм
Бо дарназардошти падидаи хушунатбор ва таҳдидомез будани терроризм, ба осонӣ метавон гуфт, ки дар ҳар кадом аз давраҳои таърихӣ терроризм шакли хосе ба худ гирифтааст, ҳар чанд ҳар кадом аз он шаклҳо ҷойи баҳс, баррасӣ ва нақди худро доранд. Тақсимбандие, ки дар ин матлаб пешниҳод мешавад, нисбат ба тақсимбандиҳое, ки то ба ҳол дар мавриди навъҳои терроризм ироа шудаанд, аз айният ва таърихияти бештаре бархӯрдор аст. Аз ин ҷиҳат, метавон терроризмро ба равандҳои таърихии зерин тақсимбандӣ намуд:
- Терроризми суннатӣ. Терроризм як падидаи сиёсии буда, дар рӯзгори қадим бо дарназардошти системҳои сиёсии ҳоким дар он замон самтҳои густурда надошт ва танҳо дар доираи маҳдуди қудратҳои сиёсӣ мавҷуд буд, ки бештар аз тариқи соҳибони қудрати сиёсӣ бар зидди якдигар истифода мешуд. Дар натиҷа дар низоми суннатӣ падидаи терроризм бештар дар доираҳои маҳдуд рух медод ва пойи мардуми одӣ дар байни чунин моҷароҳои террористӣ камтар кашида мешуд. Дар ин давра мумкин буд, афроди ғайрисиёсӣ вориди амалиёти террор бишаванд, вале дар ниҳоят терроризм марбут ба қудратмандон ва ё муддаиёни қудрати сиёсӣ дар ҷанги расидан ба қудрат бо якдигар буд. Агарчи дасисачинӣ ва террори давлатмардон дар хонадонҳои салтанатӣ зиёд рух медод, аммо бо ин вуҷуд дар ин муборизаҳо мардум ба таври дастаҷамъӣ гирдиҳам намеомаданд. Ба ҳар ҳол, дар терроризми суннатӣ рӯйдодҳои террористӣ доманаи хеле густурдае пайдо намекарданд ва асосан бар акси терроризми муосир дар сатҳи ҷомеа зиёд эҳсос намешуданд ва бештар як омили изтироб дар арсаи қудрати сиёсӣ буданд. Бо ин ҳол терроризми суннатӣ нисбат ба замони муосир падидаи хеле нодире буд.
- Терроризми модерн. Бо таҳаввули низомҳои сиёсӣ аз низоми идории қудратхоҳона ба низоми идории демократӣ мардум таҳти унвони миллат “nation” яке аз бозигарони арсаи қудрати сиёсӣ шуда, интиқоли қудрат дар равандҳои сиёсӣ нақш ифо карданд. Дар замони муосир ба даст овардани қудрати сиёсӣ мисли замонҳои қадим бо зӯрӣ муяссар намешавад ва содаву осон ҳам нест. Муҳраҳои арсаи қудрати сиёсиро зарур аст, ки дар рафторҳои худ аксуламалҳои мардумро ба инобат бигиранд. Бинобар ин, кашида шудани мардум ба саҳнаи ҷанги қудрат ва истифода аз онҳо дар амалисозии ҳадафҳои мустақиму ғайримустақим барои расидан ба қудрат ва имтиёз аз ҷумлаи махсусиятҳои терроризми даврони модерн аст. Ҳадафҳои мустақим тавассути маҳви физикии муҳраҳои қудрати сиёсӣ ва ҳадафҳои ғайримустақим аз тариқи ҳаросафканӣ ва таҳдиди мардум ба террор ва баъзан бо анҷоми чанд иқдоми террористии маънодор (ба ин маъно, ки дар сурати бароварда нашудани хостаҳо, иқдомҳои террористии бештаре хоҳад шуд) мардумро водор мекунанд, ки бар давлатҳои худ фишор биёваранд, то ин кишварҳо дар барорбари ҳалли мушкилоти терроризм чораҷӯӣ намоянд, вагарна эътибор ва машруияти мардумии худро аз даст хоҳанд дод. Терроризми модерн анҷоми иқдомҳои террористӣ на танҳо дар доираи маҳдуди мақомоти давлатӣ бо мақсади ба даст овардани қудрату имтиёзи сиёсӣ сурат мегирад, балки он дар сар то сари як системаи демократӣ ва умдатан бо истифода аз ду абзор – расонаҳои гурӯҳӣ ва таблиғот роҳандозӣ мегардад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон равандҳои (падидаҳои) гуногуни хатаровар авҷ гирифта истодааст, ки терроризм аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбад. Ин падидаи номатлуб аз давраҳои дури таърихӣ шуруъ шуда, дар замони муосир хусусияти глобалиро ба худ касб кардааст ва таъсироти манфиашро тамоми кишварҳои ҷаҳон эҳсос намуда истодаанд. Амалиёти террористӣ, махсусан, дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI хеле афзоиш ёфтанд. Агар аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта бошад, аз соли 1980 то 1986 шумораи онҳо ду баробар афзуд. Террористон одамонро медузданд, дар ҷойҳои таҷаммуи серодам бомба метарконанд, ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ даст мезананд.
- Терроризми пасомодерн. Терроризми пасомодерн дар воқеъ, решадору печида шудани рӯйдодҳои террористӣ дар ҷомеа мебошад. Ба ин маъно, ки шаклҳои суннативу модерни ҳаракатҳои террористӣ дар ҷомеа идома пайдо мекунанд ва идома хоҳанд ёфт. Дар айни ҳол як бахши дигаре аз самтҳои мухталифи иҷтимоӣ даргири ин падида шудааст. Дар ҷаҳони муосир ба далели тавсеаи алоқа ва табодули иттилоот марзҳои миллии кишварҳо убур шудааст. Созмону ниҳодҳои фаромиллӣ қудрати бештаре ёфтаанд ва ба ҳамон андоза ҳавзаи иқтидори давлатҳои миллӣ коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа фазо барои зуҳури созмонҳо ва гурӯҳҳои хусусӣ боз шудааст. “Ҷаҳонишавӣ” низ фурсати бештареро бар террористҳо барои расидан ба ҳадафҳояшон фароҳам кардааст. Онҳо ба таври махфиёна ва дур аз чашми мардум ва давлатҳо метавонанд идомаи фаъолият диҳанд ва ҳатто дар ин давра террористҳо аз тариқи ғайр аз роҳи куштани одамҳо ба аҳдофи худ расанд. Масалан, террористҳо метавонанд тавассути ба уҳда гирифтани суқути як ҳавопаймо, (ки дар воқеъ ба далели нуқсони техникӣ суқут кардааст) ва таблиғи он аз тариқи расонаҳо ва таҳдиди тарафҳои муқобил ба эҷоди ҳодисаҳои ҳамсон, хостаи худро аз тарафҳои муқобили худ бигиранд ва ғ.
- Терроризми маҷозӣ (кибернетикӣ). Дунёи имрӯзи олами расонаҳо, шабакаҳои интернетӣ ва компютерӣ аст. Миллатҳо ва сохторҳои ҳаётии онҳо ҳамарӯза беш аз пеш ба шабакаҳои компютерӣ вобаста мешаванд ва ҳеҷ ҷомеа ё гурӯҳе наметавонад бидуни дастрасӣ ба компютерҳо баробари ҷомеаи дигаре пешрафт кунад. Мардум ҳатто дар зиндагии рӯзмарраи худ бо истифода аз расонаҳо ва компютерҳо ниёзҳои худро бароварда мекунанд. Бо ҳамдигар иттилоотро додугирифт менамоянд, манфиат ба даст меоваранд, тиҷорат мекунанд ва ғ. Аммо ҳамон андоза, ки компютерҳо дар некуаҳволиву коҳиши ранҷи мардум дар зиндагияшон мусбат ва коршоям ҳастанд, ҳамон андоза ҳам заминае барои иқдомоти террористии вайронгар ҳастанд, ки онро “терроризми маҷозӣ (кибернетикӣ)” мегӯянд. Ҳамзамон, бо рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ, густариши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ терроризми маҷозӣ ё кибертерроризм таҳдиди ғайрианъанавиест ба амнияти афрод, давлат ва созмонҳо. Ин падида яке аз навъҳои хатарноки терроризми байналмилалӣ буда, террористон барои расидан ба аҳдофи ғаразноки худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, технологияи муосири иттилоотӣ ва компютерӣ васеъ истифода мебарад. Кибертерроризм бештар ба маънои ҳамла ё таҳдид алайҳи компютерҳо, шабакаҳои компютерӣ ва иттилоотии захирашуда фаҳмида мешавад.
Гурӯҳҳои мухталифи террористӣ интернетро ба мақсадҳои ғайриқонунии хеш истифода бурда, ҳар чӣ бештар ҷавононро ба фаъолияти ғайриқонунии таҷовузкорона ҷалб менамоянд. Дар ин хусус муҳаққиқи рус А.Г. Александров барҳақ қайд менамояд, “… Воридшавии ташкилотҳои экстрмистӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет бидуни ягон мушкилӣ анҷом дода мешавад, чунки муҳити иттилоотии зикршуда дорои дараҷаи пасти бехатарӣ аст. Сомонаҳои иҷтимоӣ қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ё телекоммуникатсионӣ гардидааст. …Ин масъала айни замон низ хеле ташвишовар буда, захираҳои иттилоотии сомонаҳои иҷтимоӣ гирифтори фаъолияти ҷинояткорона қарор гирифта, ба сифати воситаи ташвиқот ва паҳнкунии идеологияи экстремистӣ истифода бурда мешаванд”.
Терроризмро вобаста ба фарогирӣ ба ду навъи умда тақсимбандӣ мекунанд:
- Терроризми дохилидавлатӣ. Фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ ва террористони алоҳида, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал мебароранд, терроризми дохилидавлатӣ номида мешавад.
- Терроризми байналмилалӣ. Дар банди 9-и моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ин мафҳум чунин тасниф ёфтааст: Терроризми байналмилалӣ – терроризме, ки амалҳои он дар ҳудуди бештар аз як давлат содир шудаанд, дар як давлат содир шуда, аммо тайёрӣ, банақшагирӣ, роҳбарӣ ё назорати онҳо асосан дар давлати дигар сурат гирифтаанд, дар як давлат содир шуда, вале бо иштироки гурӯҳи террористӣ ё ташкилоти террористӣ, ки фаъолияти ҷиноятиро дар ҳудуди на камтар аз як давлат амалӣ мегардонад, содир шудаанд, дар як давлат содир шуда, оқибатҳои ҷиддии онҳо дар давлати дигар ба вуқуъ омадаанд. Фаъолияти террористии байналмилалӣ бошад, фаъолияти террористие, ки аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар ҳудуди зиёда аз як давлат амалӣ гардонида мешавад, ё ба манфиатҳои зиёда аз як давлат зарар мерасонад, аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбат ба шаҳрвандони давлати дигар ё дар ҳудуди давлати дигар содир мегардад, берун аз ҳудуди давлатҳое содир шудааст, ки ҳам террорист ва ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ин давлатҳо мебошанд.
Дар миқёси сайёраи мо ҳаракатҳои террористӣ гуногун буда, шаклҳои гуногуни он вуҷуд дорад, аммо онҳоро унсурҳои умумии халалдор сохтани амнияти ҷомеа, ҳаросафканӣ, эҷоди тарсу ваҳшат ва фалаҷ сохтани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар як раддабандии умумӣ қарор медиҳад. Бинобар ин, дар адабиёти илмӣ терроризмро аз ҷиҳати таърихӣ, фарогирӣ, моҳият ва ғояҳояшон гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризмро вобаста ба моҳият ва амалкардашон ба терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, миллатгароӣ, ҷудоихоҳӣ (сепаратизм), ҷиноӣ, биологӣ, иттилоотӣ ва ғайра ҷудо кардаанд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ, терроризм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад ва пайравони худро ба тарс аз дӯзах ва умедвор кардан ба биҳишт даъват мекунад, реша давондааст. Дар бисёр мавридҳо чунин ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ равона шуда, бо сӯистифода аз шуури динии мардум амалӣ мегардад, ки дар асл ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад.
Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан, кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва паёмадҳои нохуши он, қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда аст. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динию сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, рушди техникаю технология ва вусъат ёфтани доманаи фарогирии шабакаҳои интернетӣ, ҷабру зулм ва сиёсати нодурусти идоракунӣ дар миёни кишварҳои олам, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошанд.
Ифротгароӣ дар тамоми дину оинҳо, аз қабили динҳои масеҳӣ, яҳудӣ, буддоӣ, ислом ва ғайра ба назар мерасад ва фаъолияти ифротгароёнаи гурӯҳҳои террористии динии гуногунро мо дар ҳама кишварҳои олам мушоҳида мекунем. Аммо дар замони муосир ифротгароии динӣ аз ҳама беш дар миёни пайравони дини ислом мушоҳида мешавад. Солҳои охир дар миёни кишварҳои исломӣ гурӯҳҳои зиёди ифротии динӣ, ба монанди гурӯҳҳои ба ном Давлати исломӣ (ДИИШ), Толибон, Ал-қоида, Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ансор-ул-лоҳ, Аҳрор-уш-Шом, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҲНИТ ва ғайра фаъолияти ифротгароёнаи худро ба роҳ монда, аз номи дини ислом баромад намуда, мардумро ба самти ифроту ваҳшоният мекашонанд.
Зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар кишварҳои мусулмонӣ, ки аксаран дар пайи бозиҳои сиёсии абарқудратони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, афроди алоҳида ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба вуҷуд омадаанд, дар тафаккури бархе аз муҳаққиқони ғарбӣ андешаи ботилеро ҷой додааст, ки гӯё дини мубини ислом сарчашмаи ҳама гуна ифротгароии динӣ ва терроризм бошад. Аммо ин андешаро Пешвои миллат ҳанӯз соли 2003 чунин маҳкум намуда буданд: “Имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона, дар тафаккури доираҳои муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё экстремизм хоси табиати дини ислом — яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯйи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест. Инро бояд ҳама дарк намоянд”.
Дар рӯзгори мо, ҳама шаклу намудҳои терроризм омили умдатарини таҳдид ба амнияти ҷомеа буда, мутобиқ ба қонунгузории аксарияти кулли кишварҳои олам ҷиноят маҳсуб меёбад. Дар замони муосир, дар шароити ҳассосу зудтағйирёбандаи низоми ҷаҳонӣ таҳдиду чолишҳо (ба вижа террорризм) ба амнияти ҷомеаи башарӣ ба таври бесобиқа дар шаклу намудҳои гуногун рушд ёфтааст. Кишварҳои олам дар алоҳидагӣ ва ҳамбастагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи хатарзо чораҳои амалиеро рӯи даст гирифтаанд. Бо мақсади муқовимат бо терроризм ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста талош менамояд, ки мизони матлуб аз ҷониби кишварҳои алоҳида ба роҳ монда шавад, зеро ин падидаи манфӣ барҷастатарин таҳдид алайҳи суботу амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Табиист, ки чунин фазои ғуборолуду норавшани арсаи байналмилаӣл ба имрӯзу фардои кишварҳои минтақа, ба хусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд.
Мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар алайҳи терроризм аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мушаххас буда, дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ мавзеъгирии оштинопазиронаи кишвар дар баробари терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили зидди башарӣ пайваста таъкид шудааст.
Бо мақсади мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динӣ андешида шудааст. Заминаи асосҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризмро асноди меъёрӣ-ҳуқуқии зайл ташкил медиҳанд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”; Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025; Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ); Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030; Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003.
Бо ин вуҷуд, мусаллам аст, ки кишваре дар танҳоӣ тавоноии мубориза бо терроризми байналмилалиро надорад ва ин чиз боис мешавад, кишварҳо дар сатҳи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иқдомҳои муассиру дастаҷамъонаеро рӯи даст бигиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина кишвари пешгому фаъол муаррифӣ гардидааст ва саҳми он дар самти мубориза бо террорризм дар миқёси созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ хеле назаррас аст. Тоҷикистон ҷонибдори қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ дар бораи мубориза бо терроризм буда, аз стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ пуштибонӣ менамояд.
Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва СҲШ дар ростои мубориза бо терроризм қобили таъкид аст. Тоҷикистон ҳаммуалиф ва ҷонибдори иқдомҳои шоиста дар арсаи байналмилаӣ дар заминаҳои таъмини амният, бехатарӣ, мубориза бо терроризму эстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб будааст. Аз ҷумла, “Пешгирии зӯроварии тундгароӣ ва ифротгароии ба терроризмбаранда” яке аз лоиҳаҳои муҳиме дар ин самт буд, ки соли 2010 дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амалӣ гардид.
Вобаста ба мубориза бо терроризм агарчи чораҳо дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, минтақавӣ ва дохилидавлатӣ андешида шудаанд, ҷиҳати пешгирӣ аз хатару таҳдидҳои он, таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз шомилшавии қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ бояд тадбирҳои муассир андешида шавад. Дар ростои таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ чораҳои мушаххас рӯйи даст гирифта шавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки иддае аз наврасону ҷавонон дур аз арзишҳои ахлоқию ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамарӯза даст ба ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои мухталиф мезананд ва аз ҳама ҳолати нигаронкунанда шомил шудани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ аст. Хусусан, тайи даҳсолаи охир шомил шудани теъдоди зиёди ҷавонон ба ҳаракати террористии ДИИШ нигаронкунанда буда, он аз сатҳи пасти маърифатнокии ҷавонон дарак медиҳад. Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои камхарҷ ва муассир баланд бардоштани маърифатнокии динии ҷомеа, тақвият бахшидани зиракии зиёсӣ, шинохти саҳеҳи арзишҳои волои фарҳангӣ ва ҳақиқати динӣ мебошад, то аз майлу рағбат ба гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ шавад. Дар ин росто, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи таълимӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа бояд дар байни наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд.
Санҷар АМРИЕВ –
магистранти соли аввали
ихтисоси сиёсати беруна ва дипломатияи
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон