Дар шароити муосир низоми амнияти миллии ҳар кишвар бештар аз самаранокии сиёсати инноватсионӣ ва таҳсилотии амалишавандаи он вобастагӣ дорад. Ин вобастагӣ ҷанбаи дуҷониба ва бисёрҷониба пайдо кардааст. Таҳлили он собит месозад, ки тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа дар шаклҳои мухталиф ба амнияти миллӣ пайвастагӣ доранд. Аз ҷумла, маориф чун объекти амният, манбаъ ва воситаи таъмини амният, асос ва шарти таъмини шаклҳои гуногуни амният ва ҳамчунин, чун манбаи ноамнӣ эътироф мешавад.
Тавре ки медонем, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» элон шудани авлавияти соҳаи маориф, муаррифӣ кардани маориф чун раванди ҳадафноки тарбия ва таълим ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат нишон дода шудааст. Ҳуқуқ ба таҳсилот чун яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва ҷудонопазири конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар шароити субот ва амният метавонанд ба воқеият пайваста, ҳадафманду самаранок бошанд. Халалдор шудани амният дар ҷомеа, хоҳ дар натиҷаи офатҳои табиӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, нооромии иҷтимоӣ ва хоҳ дар натиҷаи фишори беруна, амалисозии онҳоро мушкил ва ҳатто имконнопазир месозад. Табиист, ки низоми таълим дар ҳолатҳои ҳассос ва мушкил низ фаъолияташро идома медиҳад. Аммо таҳти фишори вазъият он бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мегардад. Масалан, дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ё кишвар талабот ба мутахассисон ва ашхоси дипломдор коҳиш меёбад ва теъдоди муайяни хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар дар бозори меҳнат ҷойи кор пайдо карда наметавонанд.
Бояд гуфт, ки алоқамандии маориф ва амнияти миллӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки амнияти кишварро одамон таъмин мекунанд ва он (амният) комилан бо омили инсонӣ муайян карда мешавад. Зеро ки маҳз мактаб (мактаби миёна ва олӣ) манбаъ ва воситаи асосии шаклгирии шахсият ва ҷаҳонбинии ӯ маҳсуб шуда, неруи зеҳнӣ, ахлоқӣ, кории ҷомеа, инчунин, қобилияти онро барои таъмини рушди шахсӣ ва амният ташаккул медиҳад. Бинобар ин, бо эътимоди комил метавон таъкид кард, ки амнияти давлат аз нигоҳи стратегӣ бо вазъи низоми маориф муайян карда мешавад. Низоми маориф, муҳит ва фазои он муҳимтарин механизми рушди ҳамаҷониба, сафарбаркунӣ ва мубрамсозии иқтидори зеҳнӣ ва рушди инноватсионӣ маҳсуб мешавад. Бешубҳа, таъмини амнияти миллии Тоҷикистон низ аз он вобаста аст, ки ҷавонони кишвар бо чӣ гуна ҷаҳонбинӣ ва омодагии таълимӣ ба ин марҳилаи рушди ҷомеа ворид мешаванд ва идеалҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, арзишҳои иҷтимоӣ ва сатҳи фарҳанги умумӣ ва омодагии касбии онҳо чӣ гуна хоҳад буд. Маориф амниятро дар тамоми сатҳҳо: шахсият, ҷомеа ва давлат таъмин намуда, дар таҳкими тамоми шаклҳои он (амният) нақши муҳим дорад. Масалан, бе тарбияи кадрҳои баландихтисос таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳарбии давлат, ҳамчунин, амалӣ намудани технологияҳои амниятӣ бе таҳлил ва тадқиқоти илмӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар шароити муосир роҳи ягона ва муҳимтарини афзун сохтани қудрати мамлакат ҳифз, рушд ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии он мебошад. Ояндаи кишвар, бешубҳа, бо гузариш ба роҳи рушди инноватсионӣ вобаста буда, дар амалисозии он нақши маориф муҳим ва беназир аст. Бояд зикр кард, ки низоми маориф се вазифаи муҳимро ба манфиати амният иҷро мекунад:
Аввалан, он ҳар як одамро бо дониш, малака, қобилият мусаллаҳ месозад, ки ин ҳама барои таъмини амнияти шахсӣ заруранд ва фарҳанги амниятро ташаккул медиҳанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни таълим шахсро водор менамояд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои асосии хеш бомасъулият, босаводона ва бо назардошти манфиатҳои амнияти ҷомеа амал намояд. Ин, албатта, дар натиҷаи маърифати ҳуқуқӣ, экологӣ, сиёсӣ ва тарбияи дуруст ба даст омада, дар ташаккули шахсият нақши муҳим мегузорад. Агар дар раванди таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон заифии ҷомеаи кунунии кишвар дар самти тарбияи насли наврас ва ҳифзи арзишҳои ахлоқии барои ҷомеа зарур, аз ҷумла, ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият барои сарнавишти кишвар ошкор гардад, пас қисмати бештари гуноҳ ба дӯши низоми маориф ва аҳли маориф хоҳад буд.
Дувум, дар низоми маориф мутахассисони касбие тарбия меёбанд, ки ба таъмини шакл ва самти мушаххаси амният машғуланд. Маълум аст, ки ошкор намудани ин ё он намуди хатар, таҳия ва амалисозии тадбирҳо барои пешгирӣ ва бартарафсозии он донишу таҷриба, абзору воситаҳои мухталиф, ҳамчунин, сохтор ва шахсиятҳои гуногунро талаб менамояд. Масалан, таъмини арзёбӣ ва таъсиррасонӣ ба вазъи сейсмикӣ, беҳдоштӣ–эпидемиологӣ, ҳарбӣ–сиёсӣ, ҷиноятӣ ва ғайра аз ҷониби ҳамон як одамон ва як сохтор ғайриимкон аст. Кормандони хадамоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳифзи табиат, ҳарбӣ, наҷотдиҳӣ ва ғайра бо барномаҳо, методика ва алгоритмҳои комилан гуногун омода карда мешаванд. Аз ин рӯ, низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимии идоравиро низ фаро мегирад. Ба ибораи дигар, идораҳои гуногун дар назди худ муассисаҳои таълимӣ доранд, ки дар онҳо барои худ ва сохторҳои дигар, ки ба мутахассисони соҳаи дахлдор эҳтиёҷ доранд, кадр тарбия менамоянд.
Севум, тарбия ва бозомӯзии кадрҳо дар самти ташкил ва созмондиҳии низоми амният хеле муҳим аст. Сухан дар бораи мутахассисон ва мансабдороне меравад, ки вазифаи онҳо созмондиҳӣ ва таъмини бехатарии фаъолияти ин ё он объекти амниятӣ – хоҳ муассиса (корхона) ё гурӯҳи одамон ва хоҳ минтақа ва умуман, давлат бошад.
Нақш ва аҳамияти маориф дар низоми амнияти миллӣ бо он муайян карда мешавад, ки он восита ва механизми ҳифз, таҷдиди асолати миллии (шаҳрвандӣ ва этникии) ҷомеа, фардҳо ва гурӯҳҳо маҳсуб мешавад. Дар моддаи 5, сархати 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти миллӣ» омадааст, ки манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маънавӣ «аз ҳифз ва таҳкими арзишҳои ахлоқии ҷомеа» иборат аст.1 Бинобар ин, таҳдид ба ҷомеа дар ин самт арзишҳои маънавиро заиф сохта, неруи маънавию ахлоқии ҷомеаро коҳиш мебахшад. Инчунин, дар Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби II.б.2) дар ҷумлаи таҳдидҳо ҳамчунин, «вайроншавӣ ва харобшавии низоми ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ» зикр шуда, «қобилият надоштани ҷамъияти муосири шаҳрвандии Тоҷикистон дар таъминкунии тарбияи насли наврас ва дар ҷамъият нигоҳ доштани арзишҳои ахлоқии ба ҷамъият зарур, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои тақдири мамлакат» чун хатари ҷиддӣ арзёбӣ шудааст.
Дар ҳифз ва таҷдиди фарҳанги кишвари мо низоми таълим ва тарбия аз нигоҳи стратегӣ аҳамияти муҳим дорад. Он ба ашхоси омӯзанда на танҳо ҳаҷми муайяни иттилооти боарзишу беғаразонаи дар рӯҳияи детерминизми илмӣ–технологӣ ифодаёфтаро интиқол медиҳад, балки дар онҳо рӯҳияи эҳтиром ба кишвари худ, ба гузаштаи он ва ба насли калонсолро ташаккул бахшад. Ин вазифа боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобати геополитикӣ шакли муқовимати шадиди иттилоотӣ–равониро касб менамояд, ки дар он таърих, фарҳанг ва тарзи зиндагии мо мавриди ҳамлаи шадид қарор мегирад. Низоми маориф бо амали созандаи худ дар мавриди ташаккули шахсияти аз нигоҳи иҷтимоӣ фаъол ва масъул, ки эҳсоси баланди шаъну эътибори вай дар хидмат ва садоқати самимӣ ба Ватан амалӣ мешавад, чун механизми муҳимми бартарафсозии ин таҳдидҳо ва таҳкими амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилвагар мешавад. Боз як вазифаи муҳимми дигари низоми маориф ба нафъи амнияти миллӣ аз он иборат аст, ки дар шароити буҳрон ва шиддати вазъ дар бозори меҳнат, муассисаҳои олии таълимӣ ба як навъ «сандуқи иҷтимоӣ» табдил меёбанд, ки то андозае сатҳи бекорӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавононро коҳиш мебахшанд. Дар робита ба ин ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А.И. Герсени Россия Г.Бордовский хеле бамаврид таъкид намудааст, ки: «Ба ҷои пардохтани ҷубронпулии бекорӣ ба хатмкунандаи мактаб, бо стипендия таъмин намудан ва машғул сохтани онҳо арзонтар меафтад. Ба ҷои он ки ҷавонони ранҷидаю асабониро дар кӯчаҳои шаҳрҳои бузургу хурд дошта бошем, беҳтар аст, ки ягон фоизи маблағро ҷудо карда, чанд соли дигар онҳоро ройгон дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирем» .
Самти дигари алоқамандии падидаи баррасишаванда бо он муайян карда мешавад, ки худи низоми маориф объекти амният маҳсуб мешавад ва зимни шарҳи ин нукта се мавқеи асосиро ҷудо намудан мумкин аст.
Мавқеи аввал, таваҷҷуҳро ба амнияти физикии муассисаҳои таълимӣ барои ашхоси дар онҳо фарогирифта ҷалб менамояд. Дар санадҳои меъёрии соҳаи маориф амнияти муассисаҳои таълимӣ чун шарти ҳифзи ҳаёт ва саломатии хонандагон, тарбиягирандагон ва кормандон, ҳамчунин арзишҳои моддии муассисаҳои таълимӣ аз эҳтимоли ҳодисаҳои ногувор, сӯхтор, садама ва дигар ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ карда мешавад. Дар ин ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таълимӣ дар бораи бехатарии зиддисӯхтор, амнияти зиддитеррористӣ, ҳимоя аз ҷиноят бар зидди шахсият, дороӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди муассисаи таълимӣ, амнияти экологӣ, амнияти кор ва омӯзиш сухан меравад.
Мавқеи дувум, ба раванд ва низоми таълим, қабл аз ҳама, ба дастрасии маводи дарсӣ барои тамоми хонандагон дахл дорад. Мутаассифона, дар баъзе мавридҳо раванди таълим ба саломатии хонандагон ва донишҷӯён таъсири номатлуб мерасонад, чунки сарбории таълимии онҳо баъзан бо имкониятҳои синнусолии онҳо мувофиқат надорад. Аммо солҳои охир дар низоми маориф раванди тағйири парадигмаи таълимӣ ҷараён дорад. Дар парадигмаи нав аҳамияти асосӣ ба ҳифз ва таҳкими саломатии хонандагон дода мешавад, ки чун яке аз принсипҳои асосии маориф баррасӣ мешавад.
Мавқеи севум бошад, ба созмондиҳӣ ва фаъолияти низоми маориф чун ниҳоди иҷтимоӣ дахл дорад. Таҳдид ба он табиат, манбаъ ва шаклҳои гуногун дорад, ки аз инҳо иборатанд: буҳрон дар соҳаи маънавиёт; коҳиши эътибори таҳсилот; раванди шикасти пурраи низоми пешинаи маориф ва бо намунаи Ғарб созгор намудани он; кифоя набудани маблағгузорӣ; тиҷоратсозии таълим; сатҳи баланди коррупсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ. Ҳамаи ин зарурати ислоҳоти амиқи тамоми низоми маориф ва стратегияи нави таълимӣ, ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи маънавӣ ва ахлоқии аҳолиро талаб менамояд.
Тавре ки Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) таъкид намуданд: «…дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар».1 Бояд зикр намуд, ки дар баробари ин, ба андешаи мо, дар ин самт проблемаи сеюм, яъне проблемаи заминаи харобии моддию техникии муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ низ вуҷуд дорад, ки бе ҳаллу фасли он маориф ва раванди таълим натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Нарасидани китобҳои хуби дарсӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосир дар муассисаҳои таълмии ҷумҳурӣ айни ҳол ба мушкилоти ҷиддии соҳаи мазкур табдил ёфтааст. Проблемаи норасоии кадрҳои варзидаи омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро бояд чун таносуби сабабу натиҷа баррасӣ намуд. Дар ин маврид сифати таълим чун натиҷа ҷилвагар шуда, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва заминаи заифи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ (хусусан, дар самти фанҳои табиатшиносию дақиқ) чун сабаби асосии паст будани сифати таълим арзёбӣ мешавад. Бояд зикр намуд, ки таҳлили дақиқ ва фарогири ҳолати имрӯзаи муассисаҳои соҳаи маориф барои ошкор намудани манзараи воқеии раванди таълиму тарбия дар мамлакат ва омилҳои халалрасони он мусоидат менамояд. Таҳлили вазъи маорифи кишвар собит месозад, ки он воқеан, дар рӯ ба рӯи мушкилоти шадиди кадрӣ қарор дошта, аз ин ҳолати сангин раҳо ёфтан вақт ва заҳмати беандозаро тақозо мекунад. Зеро ки мушкилоти иҷтимоӣ дар тӯли солҳо боиси хароб гардидани пояи модию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таълимӣ гардид. Дар ин давра (аслан, аз миёнаҳои солҳои 90-ум) теъдоди муайяни омӯзгорон барои таъмини рӯзгор тарки мактаб намуда, муҳоҷирати меҳнатии беруна ё дохили худи ҷумҳуриро интихоб намуда, ба касбу кори дигар гузаштанд. Танқисии кадрии соҳаи маориф боиси боз ҳам заифтар гардидани сатҳу сифати таълим гардид. Хусусан, вазъи фанҳои эксперименталӣ дар ин самт хеле ташвишовар гардидааст. Зеро ки аллакай як насли омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар бораи таҷрибаҳои лабораторӣ тасаввурот надоранд. Онҳо мактаби миёнаро бе чунин таҷрибаҳо хатм намуда, ба мактабҳои олӣ дохил шуданд ва бинобар сабаби хароб будани озмоишгоҳҳои макотиби олӣ, ин муассисаҳоро низ бе гузаронидани таҷрибаи зарурӣ дар озмоишгоҳҳо хатм намуда, соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардиданд. Акнун мушкилӣ ин аст, ки худи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар бораи таҷрибаҳои лабораторӣ оид ба фанҳои физика, химия, билогия ва ғайраҳо дониши заиф доранд ё умуман тасаввурот надоранд.
Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 тасдиқ шудааст, қабул гардидааст, ки албатта, ҳаллу фасли масоили номбурда аз татбиқи саривақтӣ ва сифати иҷрои барномаи мазкур вобастагӣ дорад. Пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки мушкилоти мавҷуда марҳала ба марҳала ҳаллу фасли худро ёбанд, муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шаванд, барои такмили ихтисос ба баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гарданд. Тибқи таҳлилҳо ва омӯзишҳо айни ҳол проблемаҳои дигаре, аз қабили нокифоя будани самарабахшӣ ва шаффофии озмуни интихоби донишҷӯёни нав, ҳамчунин худи сифати таҳсилоти олии касбӣ арзи ҳастӣ доранд, ки омӯзишу баррасии махсусро талаб мекунанд. Дар мактабҳои олии мо зиёдатии ошкорои ҳуқуқшиносон, иқтисоддонон ва идоракунанадагони оянда бараъло ба мушоҳида мерасад ва чунин истеҳсоли барзиёди мутахассисон солҳост, ки идома дорад. Қисми муайяни хатмкунандагони мактабҳои олии ватанӣ, бинобар сабаби дар кишвари худ пайдо накардани шуғли мувофиқ дониши худро дар хориҷа ба кор мебаранд. Дар натиҷа, самараи фаъолияти низоми маорифи тоҷик ба манфиати «дигарон», аз ҷумла, барои ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ ва амнияти миллии онҳо истифода мешавад. Ва инро низ набояд истисно кард, ки шояд дар баъзе мавридҳо ин ҳатто ба зарари амнияти миллии мо анҷом ёбад.
Ҳамин тавр, маориф дар низоми амнияти миллӣ нақши азим ва афзоянда дорад, ҳамзамон, ҳамчун объект, манбаъ ва восита баромад карда, заминаи беҳбудии ояндаи миллат ва амнияти кишварро фароҳам месозад ва ба он тақвият мебахшад. Маҳз барои ҳамин рушди низоми маориф бояд муҳимтарин авлавияти сиёсати амнияти миллӣ бошад.
АДАБИЁТ
1. Закон Республики Таджикистан о безопасности (в редакции Закона РТ от 27.11.2014 г. №1137)
2. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон//Бо Фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №1175 тасдиқ шудааст.
3. Ниг.: Лаптев Л.Г., Бельков О. А. Образование и национальная безопасность. Электронный ресурс. Адрес доступа: https://cyberleninka.ru/article/n/obrazovanie-i-natsionalnaya-bezopasnost — санаи дастрасӣ 20.07.17.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 26.12.2018. Электронный ресурс. Адрес доступа: http://www.president.tj/node/19088.
Абдураҳмон ҚУРБОНОВ —
доктори илмҳои фалсафа, сардори
раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ