Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар дар даврони истиқлоли давлатӣ ба таври рӯзафзун рушд кард, ки дар таърихи миллат бесобиқа ва беназир арзёбӣ мешавад. Такомули соҳаи маорифи мамлакат дар даврони истиқлол аз ислоҳоти соҳа оғоз гардид. Дар тӯли 30 соли соҳибихтиёрӣ 3 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия шуд.
Дар 30 соли истиқлоли давлатӣ беш аз 400 санади меъёрии ҳуқуқии танзимдарорандаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ қабул шудааст, ки 14 маротиба аз замони шуравӣ бештар аст. Яъне, муҳимтарин омили рушди маориф дар даврони истиқлоли давлатӣ ислоҳоти соҳа буда, дар заминаи он мактабҳои сохти нав: литсей ва гимназияҳо, мактаби Президентӣ, муассисаи таълимии хусусӣ ба вуҷуд омаданд, ки на танҳо дар тамоми даврони шуравӣ, балки дар таърихи мактабдории тоҷикон зуҳури ин падида бори нахуст дар соҳаи маориф ба шумор меравад.
Дар суханронии Президенти кишвар омадааст, ки «имрӯз дар мамлакат 75 гимназия ва 75 литсей, 9 мактаби Президентӣ, 6 литсей барои хонандагони болаёқат ва 63 муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият дорад. Пешвои миллат дар суханронии худ ба муносибати Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз доштанд, ки «маблағгузории соҳаи маориф дар замони истиқлоли давлатӣ садҳо баробар афзуда, беш аз 3 ҳазор бинои нави таълимӣ барои 1 миллиону 270 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуд».
Яке аз муҳимтарин омили рушди маориф, ки дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар самти такомули маорифи кишвар сурат гирифтааст, афзоиши сол ба соли маблағгузории ин соҳаи аҳамияти стратегидошта мебошад. Дигар омили муҳимми рушди маориф дар замони истиқлоли давлатӣ бунёди биноҳои нави таълимист. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ 3 ҳазор бинои нави таълимӣ сохта шудааст, ки нисбат ба 70 соли замони шуравӣ 5 маротиба зиёд аст.
Боло бурдани сатҳи маърифатнокию саводнокии аҳолии кишвар аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ барои Президенти маҳбуби мо масъалаи аввалиндараҷа буда, аз ҷониби Пешвои миллат афзалиятнок донистани соҳаи маориф гувоҳи ин гуфтаҳост. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 109 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва дар низоми таҳсил ва барномаҳои таълимӣ низ тағйироти куллӣ ворид шудааст. Айни ҳол 15 барномаи давлатӣ танҳо ба рушди соҳаи маориф бахшида шуда, ҷавҳари асосии онҳоро тарбияи меҳанпарастӣ, худогоҳӣ, интизоми қавӣ, меҳнатдӯстӣ, гуманизм, зиракии сиёсӣ ва забондонӣ ташкил менамояд.
Пешвои миллат ба зикри ин масъала таъкид варзиданд, ки мо дар замони истиқлол ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал, русиву англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ додем ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардидем. Имрӯз беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон, ки донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар 33 давлати пешрафтаи ҷаҳон ва зиёда аз 100 ҳазор нафар, ки ҳамчунин, донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар дохили кишвар таҳсил карда истодаанд». Аз ин ҷо бармеояд, ки омили дигари муҳимми ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон, ки боиси рушди соҳа шудааст, дар рӯҳияи забондонӣ тарбият кардани насли наврас ва ба ин васила ошно шудани онҳо ба фарҳанги халқу миллатҳои гуногун буда, яке аз принсипҳои асосии маорифи миллии мо ба шумор меравад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон айни замон 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87 000 нафар донишҷӯ фаъолият доранд, ки мутаносибан ба ҳар як шаҳр ё ноҳия 1 ё 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ рост меояд. Дар соли 1991 дар кишвари мо 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, солҳои 2010-2011 ин рақам ба 49 ва соли 2021 ба 78-то расид.
Дар муассисаҳои таълимии мазкур вобаста ба талаботи бозори меҳнат аз рӯйи равияҳои гуногун мутахассис тайёр карда шуда истодааст, ки дар баробари шаҳодатномаи хатми муассисаи таҳсилоти миёна имрӯз ба ҷавонон шаҳодатномаи касбу корҳои гуногун низ дода мешавад. Дар тамоми даврони шуравӣ (яъне дар зарфи 70 сол) дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи олӣ (бо фарогирии 70 ҳазор донишҷӯ) вуҷуд дошт. Аммо дар тӯли 30 соли замони соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо 41 мактаби олӣ (бо фарогирии 245 ҳазор донишҷӯ) мавҷуд аст, ки мутаносибан ба шумори макотиби олӣ 3,15 маротиба, ба шумори донишҷӯён 3,5 маротиба афзун аст.
Хусусияти дигари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар самти маориф дар он зоҳир мегардад, ки солҳои мушаххас ба унвони рушди маориф (масалан, “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”, эълон доштани солҳои 2020 – 2040 ба унвони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф») эҳдо мегарданд ва ин афзалият тамоми аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки ба маориф аз диди тоза назар кунад, кумак намояд ва дар татбиқи сиёсати давлатӣ саҳм гузорад.
Омили дигари рушди маорифи кишвар дар даврони истиқлоли давлатӣ маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат таъсис додани квотаҳои Президентӣ аст, ки ҳамасола ҷавонони зиёд тибқи ин квотаҳо ба муассисаҳои олӣ, аз ҷумла, омӯзгорӣ дохил мешаванд. Яке аз самтҳои ислоҳоти соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсиси стипендияи «Дурахшандагон» аст, ки довталабон аз зинаҳои гуногуни таҳсилот дар озмун ғолиб омада, тавассути бурсияҳо дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд. Шумораи онҳо дар тамоми даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 50 ҳазор нафар аст, ки албатта, ин рақам андак нест.
Бо ташаббуси Пешвои миллат бо ҳадафи ҳарчи бештар ҷалб намудани насли наврас, ҷавонон ба мактабу моариф, донишандӯзӣ ва соҳибмаърифатӣ дар кишвари мо озмунҳои – «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ шудааст, ки дар он ҳазорон толибилми муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва волидони онҳо ҷалб шуда истодаанд.
Хулоса, дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо роҳбарии оқилона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат ислоҳоти куллие ба вуқуъ пайваст ва дар низоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешрафти бемисл ба миён омад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва мутамаддин собит намудааст, ки таваҷҷуҳ ба маориф ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва рушди давлат аст. Аз ҷониби Пешвои миллат додани мавқеи меҳварӣ ба соҳаи маориф ҳамчун механизми ҷомеасоз мебошад. Ҷомеаи бомаърифат ба рушди давлати тавоно ва муқтадир замина мегузорад.
Адабиёт:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ».
- Раҳмонов А.А., Расулов А.Б., Қодиров Қ.Б., Афзалов Х.С. Дирӯз ва имрӯзи маорифи Тоҷикистон. –Душанбе, 2011. – 184 с.
- Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ
- Суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ. 09.2021 11:40, шаҳри Душанбе
АБРОР НАЗИРОВ –
аспиранти бахши сотсиологияи идоракунии
Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии
назди Президенти Федератсияи Россия