Мавсума МУИНӢ –
муовини Раиси шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои таърих
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” иқдоми навбатӣ ва наҷибтарин дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ мебошад. Рушди илмҳои табиӣ, аз ҷумла, риёзиёт, табиатшиносӣ, кимиё, ҷуғрофия, ҳандаса, тиб аз омӯзиш ва таҳқиқи осори як зумра донишмандони бузурги гузаштаи мо, чун Хоразмӣ, Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ ва дигарон маншаъ гирифта, ба таври васеъ мавриди таваҷҷуҳи олимони ҷаҳонӣ истифода қарор гирифт. Президенти кишвар барҳақ қайд намудаанд: «Кашфиёту дастовардҳои илмии онҳо дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд.»
Ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва диқиқ аҳамият дода шуда, самтҳои афзалиятноки илмҳои табиӣ муайян ва неруҳои илмӣ ва воситаҳои моддию техникӣ дар ин самт мутамарказонида шавад. Ташкил намудани шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқот аз рӯйи ин самтҳо муҳим арзёбӣ гашта, ба рушди пояҳои моддию техникии илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ мусоидат менамояд. Таъсиси маҷаллаҳои илмию бачагона, нашри асарҳои илмӣ, китобҳои бачагона, китобҳои дарсӣ, адабиёти иттилоотӣ оид ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ муҳим буда, барои татбиқи ҳадафи мазкур мусоидат менамояд. Аз ҷумла, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиӣ ва таваҷҷуҳ намудан ба рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ва ба фаъолияти инноватсионӣ ҷалб намудани онҳо дар маркази фаъолияти кормандони маориф дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Таҳким ва азнавсозии (модернизатсияи) заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва илмию таҷрибавӣ ва таъмин намудан бо асбоб, таҷҳизот, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ тибқи нақшаи татбиқи барнома дар шаҳри Душанбе давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Бо мақсади пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии интернет ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагию рушди хонандагони болаёқат тадбирҳо андешида мешаванд. Барои иҷрои ин мақсад зарур аст, ки мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои зертобеъ бо қадри зарурӣ бо компютер ва техникаи муосири иттилоотӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ таъмин карда шаванд. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва зертобеи он барои тақвият додани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳои ихтироъкориву навоварӣ, таъмини иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дастовардҳои онҳо қадршиносӣ мешаванд. Барои анҷоми чунин корҳои муассир тамоми шароити зарурӣ дар шаҳри Душанбе муҳайё буда, аксари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва дастгоҳҳои техникиву технологияи муосир таъмин мебошанд. Зеро парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу «Маорифи Тоҷикистон» – №12, декабри соли 2020 10 соҳибмаърифат бо истифода аз технологияи муосир ва таъмини шароиту имкониятҳои хуби таълимӣ вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди пайвастаи мактабу маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир намуда, дар Паёми гузаштаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 баён доштанд: “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”. Дар пойтахт бо роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра чораҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тадбирҳои зарурӣ татбиқ шуда истодаанд. Бо мақсади ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили низоми иттилоотии соҳаи маориф бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2018, таҳти №122 “Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022” қабул гардидааст, ки бомаром татбиқ мегардад. Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо 12030 адад компютер, 1463 адад тахтаҳои электронӣ ва 1572 адад проектор таъмин гардиданд, ки ба 10 хонанда як компютер рост меояд. Тибқи нишондоди Барнома харидории 3861 адад компютер ва 1044 адад тахтаи электронӣ пешбинӣ гардида, дар давраи татбиқи барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба муассисаҳои таълимӣ 2740 адад компютер ва 510 адад тахтаи электронӣ дастрас карда шудааст. Иҷрои нақшаи тадбирҳои барномаи мазкур имкон дод, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе элементҳои муосири идоракунии иттилоотӣ, аз қабили китобҳои электронӣ ва интерактивӣ, сомонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва барномаҳои махсус барои татбиқи таҳсилоти фосилавӣ рӯи кор омада, аксарияти омӯзгорони пойтахт дар курсҳои махсуси омӯзишӣ истифодаи самараноки техникаву технологияҳои муосири таълимиро аз худ намуданд. Истифода намудани имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ дар низоми маорифи кишвар айни замон масъалаи асосии соҳа мебошад. Таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ муҳимтарин омили баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дараҷаи азхудкунии хонандагон аз фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2018, №120 “Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” ба тасвиб расидааст, ки тибқи он дар давоми се сол харидории 111 адад кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шуд. Давоми се соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 161 адад кабинети фаннӣ, аз ҷумла дар соли 2018 44 адад, дар соли 2019 60 адад ва дар соли 2020 57 адад кабинети фаннӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимии пойтахт дастрас карда шуд. Дар ин давра муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо 1811 адад кабинети фаннӣ мавҷуд аст, ки аз он 992 адад ба фанҳои табиӣ – риёзӣ рост меояд. Аз ҷумла, 145 адад кабинети физика, 134 адад кабинети химия, 137 адад кабинети биология, 161 адад кабинети математика, 99 адад кабинети география, 287 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ва 29 адад кабинети санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ таъмин мебошанд, ки аз ин 392 ададашон бо озмоишгоҳҳои таълимӣ аз фанҳои химия, биология ва физика муҷаҳҳаз мебошанд. Рушди мактабу маориф пеш аз ҳама, ба омӯзгорони касбӣ вобаста мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 2886 нафар омӯзгор, аз ҷумла фанҳои дақиқ (физика, химия) 998 нафар, фанҳои табиатшиносӣ (зоология, ботаника, биология, география) 801 нафар ва фанҳои риёзӣ (математика, геометрия, алгебра, нақшакашӣ) 1087 нафар фаъолият намуда, ба 5781 нафар хонандагон дар 197 адад синфҳо аз равияи фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва риёзӣ таълим медиҳанд. Тибқи “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар нимсолаи якуми соли 2020 36 курси такмили ихтисос бо фарогирии 845 нафар омӯзгорон гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 5 курс оид ба фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ бо фарогирии 119 нафар омӯзгор ташкил медиҳад. Барои густариш пайдо намудани омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагии шаҳри Душанбе фаъолияти 544 маҳфил (“Физикони ҷавон”, “Робототехника”, “Барномасози наврас”) ва 63 иттиҳодияи таълимӣ роҳандозӣ карда шудааст. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ҳамасола тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” эълон ва баргузор мегардад. Дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” чорабиниҳо ва маҳфилҳои гуногуни оммавӣ ҷиҳати илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣтаҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ бо иштироки наврасону ҷавонон дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, 444 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 16 самти илм худро муаррифӣ намуданд ва 134 нафар беҳтаринҳо бо шоҳҷоиза ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Бо дарназардошти вазъи баамаломада, яъне пандемияи COVID-19 соли ҷорӣ чорабиниҳои “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” тавассути сомонаи интернетӣ (ictweek.tj) дар шакли фосилавӣ эълон гардида, аллакай хонандагон 145 лоиҳаи илмӣ-эҷодӣ ва техникиву ихтироъкории худро тариқи фосилавӣ пешниҳод намуданд. Яке аз омилҳои асосӣ дар рушд ва омӯзиши фанҳои дақиқу табиташиносӣ дастгирии иҷтимоиву моддии омӯзгорону хонандагон ба шумор меравад. Бо ин мақсад бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 октябри соли 2019, таҳти №597 «Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 52 нафар омӯзгор (ҳар кадом ба маблағи 3000 сомонӣ) дар умум 156 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуда, 12 нафар бо мукофотҳои соҳавии маориф ва фарҳанг сарфароз гардонида шуданд. Инчунин барои 200 нафар хонандагону донишҷӯёни аълохону соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳри Душанбе стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 300 сомонӣ (барои 9 моҳи соли хониш) муқаррар шудааст, ки баҳри ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба азхудкунии илму донишҳои замонавӣ руҳбаланд месозад. Фароҳам овардани шароити муосири донишомӯзӣ, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос, таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мактабҳо ва робитаи доимӣ бо падару модарон, ба баланд шудани сатҳи сифати таҳсилот ва иштироки фаъоли хонандагон дар олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ мусоидат карда истодааст. Соли 2019 дар панҷ даври олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 129 нафар ва дар дар соли 2020 дар ду даври олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 58 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ба дарёфти ҷойҳои фахрӣ мушарраф гардида, 43 нафар хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ҳамин тариқ, баҳри таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас аз ҷониби давлату ҳукумат ба соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва муассисаҳои ба он вобаста тамоми шароити кору фаъолият фароҳам оварда шуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани он таҳти роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои наву тоза рӯи даст гирифта мешаванд. Бо назардошти ин масъулину кормандони соҳа тарбияи насли ватандӯсту ояндасозро рисолати худ дониста, дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки беш аз пеш заҳмат бикашанд.