Асри 21 дар баробари асри илму техника ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ, асри пур аз ҳодисаву ҳаракатҳои мухолифи якдигар ва зиддиятҳои зиёди гурӯҳҳо ва равияҳои ба ҳам дар рақобат, афзоиш ва густариши амалҳои ғайриинсоние, аз қабили экстремизм, терроризм ва дигар падидаҳои хатарафзо ва номатлуб дар олам гардидааст.
Махсусан, 10 соли охири сайёра, ки дар гирдоби оташи хусуматҳо печида, ҳаракату равияҳои динӣ-экстремистӣ фаъол шуда, доманаи ин ҳаракатҳо фарохтар ва то кишварҳои орому пешрафта ҳам сироят шудан доранд, аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, дуруст тарбия намудани фарзандон, маҳдуд намудани вақти холии кӯдакону наврасон тариқи ҷалби онҳо ба таҳсилоти иловагӣ, дарк намудан ва ба мардум фаҳмонидани ҳодисаҳои нанговари тахрибкоронаи гурӯҳҳои динӣ-экстремистию террористӣ вазифаи ҳар як зиёӣ ва махсусан, кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар дарозои таърих ин зуҳурот дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва ҳатто қабилаҳои ваҳшитабор ҳам арзи ҳастӣ намуда, доманаи хусумату бадбиниҳоро доман задааст. Ҳамин зуҳуроти номатлуб дар асри бист боиси террор шудани президенти Амрико Ҷон Кеннеди, сарвазирони Ҳиндустон, Исроил, Покистон, собиқ Президенти Афғонистон, доктор Наҷибулло, собиқ Президенти Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, Президенти Либия Муаммар Кадафӣ, Президенти Ироқ Саддам Ҳусейн ва даҳҳо чеҳраҳои сиёсии кишварҳо ва тахриб гардидани ҳазорон намунаҳои таърихӣ ва қатлу ғорат шудани миллиардҳо нафар одамон дар кураи замин гардидааст. Кишварҳое бо иқтисоди бузург, оромию субот ва зиндагии осудаи мардум ба майдони ҷангу хунрезиҳо табдил ва дарбадару овора шудани аҳолии осудаашон гардиданд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки ҳанӯз ҳангоми дар Афғонистон ҳузур доштани Артиши Шӯравӣ омодагириҳо ва ноором сохтани фазои Афғонистон ва кишварҳои атрофи он то Чин ва Россия аз ҷониби хадамоти ҷосусии кишварҳои абарқудрат тарҳрезӣ гардида буд. Бо мусоидати бевоситаи кишварҳои исломие, аз қабили Покистон, то имрӯз ба ҷойи илму ҳунаромӯзӣ дар садҳо мадраса ва мактаби махсуси динӣ омода кардани беш аз даҳҳо ҳазор ҷавони аз 17 то 20-сола ва баъдтар, ҷавонони то 17-сола барои ҷангидан идома дорад. Бештар аз 40 сол боз дар қисматҳои гуногуни Покистон дар доираи ҳамон нақшаи қаблии кишварҳои абарқудрат омӯзиши ҷавонони паштунтабори Покистон ва Афғонистон, инчунин, ҷавонони Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Яман, Сурия, Алҷазоир, Либия, Марокаш, Филиппин идома ёфта, ин фанатҳои манқуртшуда аз номи ислом ва ҷиҳоди бофтаву сохтаи ба мағзи онҳо воридкардашуда дар гӯшаҳои мухталифи дунё ба қатлу ғорат ва даҳшатафканӣ машғул мебошанд. Солҳои 90-ум бо хиёнати ватанфурӯшони Ҳизби наҳзати исломӣ як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ҳам гумроҳ карда шуда, ба ин урдугоҳҳо ҷалб шуда буданд. Ақли солими мардуми азизи кишвар ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баргардонидани кулли гурезаҳо аз Афғонистон ва сулҳи сартосарӣ дар кишвар нақшаи бадхоҳонаи як ҷараёни террористии дар Тоҷикистон амалнамударо бар бод дод.
Роҳбарони ҳаракатҳои террористии байналмилалӣ Абдулло Иззом, Усома бини Лодан ва Айман Завоҳирӣ хатмкардаи ҳамин мадрасаҳои террористӣ буда, нақшаҳои гуногуни хунталабонаи хоҷагонашонро дар кишварҳои зиёде амалӣ ва барои расидани онҳо ба ҳадафҳояшон хизмат намудаанд. Ҷиҳодҳои дурӯғини ин гурӯҳҳо дар Кашмири Ҳиндустон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Яман, Судон, Нигерия, Сомалӣ ва чандин кишвари дигар бо шаклҳои гуногун идома дошта, аз ҳама нанговараш, теъдоди зиёди ин гурӯҳҳо дар Покистон сабабгори дар дохили ҳамин кишвар сар задани террору инфиҷорҳо, қатлу ғорат дар масҷиду мадрасаҳо ва мактабу донишгоҳҳо гардидааст. Маҳз дар кишварҳое, ки бештар аз 40-50 фоизи кӯдакони синни мактабии онҳо ба таҳсил ҷалб намешаванд, терроризм реша давонида, манбаи ҷабру озори мардум ва инфиҷори ҳаррӯза қарор гирифтани мардуми бегуноҳ гардидаанд, Экстремист бо амалу зуҳуроти пасти худ фаъолияти якравӣ дошта, ҷонибдори ақидаҳои якравию тундравӣ ва дар доираи мафкураи заъифи худ ҳақ донистани ақидаи ботили ба сараш омада мебошад. Аз ҳама нанговараш ин аст, ки ин падидаи номатлуб дар доираҳои ҷосусии кишварҳои манфиатдор ва лӯхтаккишварҳои исломӣ чун бозичаи дасти ин кишварҳо бо номи террористи исломӣ, экстремизми динӣ ва ғайра ёд шуда, баъдан бо омода намудани ҳамин гуна террористону экстремистон дар кишварҳои исломӣ вожаи экстремисти исломӣ ва динӣ ба мардуми мусулмон марбут дониста ва маҳз бенизомиҳо ҳам дар кишварҳои бештари мардумашон мусулмон бо дасти ҳамин афроди бегонапарасту нохудогоҳ рӯи кор меоянд.
Дар ҷодаи пешгирӣ аз ифротгароӣ, терроризм ва хушунатафганӣ миёни ҷомеа дар ҷаҳони имрӯз ҳеҷ сиёсатмадоре, чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид накардааст. Нақши бузурги ӯро дар пешниҳоди идеяҳои олӣ ҷиҳати оромии вазъи ҷаҳони имрӯз беинтиҳо метавон арзёбӣ намуд. Дар Тоҷикистон маҳдуд намудани имконияти убури сарҳадҳо ва роҳ накушодани гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ аз нодиртарин иқдомоти сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон буда, омили асосии сироят наёфтани амалҳои террористӣ дар кишварҳои пасошуравӣ, бахусус, Тоҷикистон гардидааст. Пешвои миллат даҳҳо маротиба таъкид намудаанд, ки аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ ва ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Таъкиди Пешвои миллат бузургтарин таъкиди як сиёсатмадор маҳсуб меёбад, ки ақидаҳои ботили хоҷагони пасипардагии террористону экстремистонро ошкор ва барои маҳдуд намудани фаъолияти ин гурӯҳҳо шароит фароҳам меорад. Ҳеҷ миллат ва ё қавме ба муқобили гурӯҳҳову равияҳои дар асрҳои гуногун дар байни мусулмонон пайдошуда ба мисли гузаштагони боору номуси мо он қадар мубориза набурда ва ҷиҳати саркӯб намудани онҳо чораҳои қатъӣ наандешидааст. Ақидаҳои дурӯғини даҳшатафканӣ ва ҷиҳодҳои бофтаю маккорона тариқи зурӣ, ваҳшат, додани туҳфаву маблағҳо ва дигар омилҳои ба ин монанд дар мафкураи ҷавонон ҷой карда шуда, барои даст задан ба амалҳои пасти инсонӣ раҳнамун мешаванд. Андешаи ғалати таҳмилшуда оид ба ҷиҳод дар роҳи ҳақ, баргузор намудани хилофати исломӣ, баргаштан ба амалҳо ва рафторҳои асримиёнагӣ, нафрат ба пешрафти ҷомеа ҳеҷ иртиботе ба ягон дину оин ва махсусан, ислом надошта, аҳкоми шариат, ҳадисҳои Паёмбари ислом, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, дар он сулҳ, ризоият ва таҳаммул дар дини ислом асли мақсади инсон будан ва инсонвор зиндагӣ кардан талаққӣ шудааст. Дар аввалин ояти нозилшудаи Қуръон, ки Сураи Иқра (бихон) аст, аслу мақсади дини Ислом ҳамчун тарғибгари илму дониш ва хондану босавод будан таҷассум ёфтааст. Вале ба ин ҷоҳилоне, ки аслу поя ва мақсаду мароми дину оин ва мазҳабу кеши худро намедонанд, фаҳмонидани сухани ҳақ ва ошкор сохтани ботил афсона менамояд. Аз ҳама бадбахтияш ин аст, ки ба ин амали шуму тахрибкорӣ кӯдаконро низ ҷалб намуда, аз хондан ва савод омӯхтан, ки асоси назарияи ҳамаи дину оин ва равияву ҷараёнҳои инсонпарварӣ мебошанд, маҳрум месозанд ва ҷаллодону хунхорони манқуртро, ки аз куштани падару модари худ ҳам даст намекашанд, омода месозанд. Дар ҳамаи он кишварҳои исломие, ки ин тоифаи ҷаллоду хунхор тарбия карда мешаванд, аз 40 то 50 фоизи кӯдакони синни мактабӣ аз гирифтани хатту савод ва мактаб рафтан маҳруманд. Чун яке аз омили манқуртсозӣ дар асри ҳозир бемактабӣ ва бесаводии ҳамин ҷавонон буда, аз онҳо сохтани робот ва манқуртҳо ҳеҷ мушкиле надорад.
Дар ҷаҳони имрӯз бештар аз 80 ҳизбу гурӯҳи гуногуни исломӣ фаъолият дошта, ҳар кадом бо истифода аз манфиатҳои доштаашон дар ин ё он кишвар оятҳои «Қуръон» ва ҳадису гуфтаҳои паямбари Ислом ва пешвоёни дини исломро таҳриф намуда, ба ғорату истилои мардум, куштору даҳшатафганӣ ва паҳн намудани ақидаҳои ботили ғайриинсонӣ машғуланд. Яке аз ин гурӯҳҳо гурӯҳи террористии «Ҳизб-ут- таҳрир» буда, дар бештари кишварҳои исломӣ фаъол ва тариқи махфӣ барои аз байн бурдани шахсиятҳои маъруф ва зиёд намудани даҳшатафганӣ миёни мардум тибқи дастури хоҷагони пасипардагияшон амалиёт мегузаронанд, ки донистан ва дар муқобили онҳо амалкард нишон додани ҷомеаҳои солим ва пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба он, вазифаи ҳар як инсони солимфикр ва бохирад мебошад. Мутаассифона, дар ин гурӯҳу ҷараёнҳо ҷавонони фиребхӯрдаи тоҷик ҳам ҳастанд, ки аз бесаводию бехирадӣ, тарбияи суст ва дарк накардани марому мақсади ин гурӯҳҳо шомили онҳо шуда, қисмате аз онҳо қурбон ва иддае дигар ғуломи дасти ҷаллодони ин равияву ҷараёҳо гардида, дар зиндагӣ роҳгум задаанд. Дар айни замон усул ва методи даҳшатафгании гурӯҳҳои террористӣ дигар ва шаклҳои мубориза бар зидди мардуми солимфикр тағйир дода шудааст. Онҳо аз усули гурги танҳо (одинокый волк), ки аз ҳамлаи ғофилгир иборат аст, харобкорӣ карда, мардумро нобу мекунанд. Махсусан, ҳуҷум бо корду дирафш, воситаи нақлиёт ва ё оҳану металли буррандаи тез ба одамон дар ду соли охир дар кишварҳои гуногун аз шеваҳои навини онҳост. Метавон ҳуҷум ба сайёҳонро дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ин гурӯҳҳо аз ҳамин шеваю усули навини онҳо донист.
Яке аз гурӯҳҳои дигари тахрибкору террористӣ мазҳаби Салафия мебошад, ки дар шакли либоспӯшӣ, мондани ришу мӯйи сар, суханронию миёни мардум нишон додани худ ва тарзи ибодат намудан дар чанд соли охир дар Тоҷикистон пайдо ва тарғибу ташвиқи ғояҳои зиддимардумиро доман задан мехостанд. Бо қарори Суди Олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудани равияи мазкур таъмин шуда бошад ҳам, вале дар либоси дигар пайдо шудани онҳоро метавон мушоҳида намуд. Зери назорати доимӣ қарор гирифтани ин афрод ва маҳдуд намудани имконияти таблиғотии онҳо вазифаи аҳли ҷомеа аст. Махсусан, ҷиҳати пешгирии ба доми ин даллаҳо наафтидани кӯдакону наврасон, ҷавонон ва онҳое, ки дар ягон ҷой кору фаъолият наменамоянд, муассисаҳои таълимӣ, кумитаҳои падару модарон, фаъолони маҳалла ва деҳот, ходимони дин, зиёиён ва оилаҳо бояд дар ҳамкорӣ фаъолият намуда, бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати кушодани марому мақсади ин гурӯҳҳо кор баранд. Махсусан, бо ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳоҷират мераванд, падару модарон, аҳли ҷамоатчигии маҳал ва омӯзгорон бояд суҳбат ороста, марому мақсади ин равияву ҷараёнҳо ва оқибатҳои нанговари бо онҳо пайвастанро фаҳмонанд. Гурӯҳҳои мазкур бештар ба намояндагон ва ходимони дин, ки аз ақидаҳои ботили онҳо пайравӣ накарда, ба муқобили онҳо бармехезанд, хусумат варзида, дар мадди аввал ҷиҳати саркӯб намудани онҳо чораҳо меандешанд. Таҷрибаи талхи террору ғорат ва даъват ба куштору қатли мардум дар солҳои навадуми асри гузашта ва баъдан, дар либоси дигар ҷилва намудани роҳбарон ва пешвоёни Ҳизби наҳзати ислом пеши чашми мардуми кишварамон буда, бояд панде барои ояндаҳо дар ин самт гардад. Шикаст хӯрдани ДИИШ дар Сурия ва ба Ироқ ва интиқол ёфтани теъдоде аз ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба Ҷумҳурии Афғонистон падидаҳои номатлуберо барои минтақа метавонад ба дунбол дошта бошад. Аз ин лиҳоз, огоҳӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии мардуми кишвар ва махсусан, ҷавонон амри замон аст.
Тарбияи насли наврас ва ҷомеа раванди муҳимест ва вобаста ба талаботи ҷомеа, омӯзгор ҳамчун тарғиботчӣ бояд дар вақти гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон ва дарсҳои кураторӣ ба хонандагону донишҷӯён моҳияти масъалаҳои доғро таҳлил ва фаҳмонида тавонад. Маҳз ҳамин омил барои дониши васеъ доштан ва ҳамеша дар омӯзиш будани омӯзгор вобаста ба масъалаҳои доғи ҷомеаи имрӯз бояд ӯро таҳрик диҳад. Мактаб омили асосии тарбияи дуруст ёфтани насли наврас буда, бедонишӣ метавонад боиси ҳама гуна каҷравиҳо дар зиндагӣ гардад. Ягона манбаи тарбия ёфтани инсонҳо мактаб буда, барои ҳамчун инсон камол ёфтани мо шароит фароҳам меорад. Устод Айнӣ нақши мактабро дар тарбия ёфтан инсонвор зиндагӣ намудани мардум ин самт хеле хуб таъкид намудааст:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷутааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям,
Одам нашавад, магар касе аз мактаб.
Ҷалолиддин АМИРОВ - сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон