Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА –
омӯзгори кафедраи методикаи
таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ
ба номи Носири Хусрав
Андешаҳо перомуни «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»
«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 ба тасвиб расидааст, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим дар коргузории мо ба ҳисоб меравад.
Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тарзи навишти мушаххаси номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаҳои нутқ, махсусан, навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли «ал», якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номҳои ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо ва пешванду пасвандҳо нишон дода шудааст. Агар мо ба фарқи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и соли 2011 ва соли 2021 назар андозем, мебинем, ки дар матни охирин баъзе носаҳеҳиҳои дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара мавҷудбуда рафъ гардида, матни нав нисбатан фаҳмотару равшантар гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ҳолатҳо қоидаҳои овардашуда баҳсбарангез аст. Чунончи, ҳарфи «ъайн»-ро, ки собиқаи ҳазорсола дорад, бо номи «сакта» овардаанд. Хуб мебуд, ки онро дар ҳамон шакли таърихиаш ҳарфи «ъайн» номгузорӣ мекарданд.
«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 17 бобу 57 банд иборат буда, матлаб қариб дар ҳамаи бобҳои он возеҳу равшан баён гардидааст. Мушкилии омӯзиш ва дар амал татбиқи намудани он фақат дар фаслҳое ба назар мерасанд, ки дорои эзоҳанд. Яъне дар баъзе ҳолатҳо бар замми қоидаҳои нишондодашуда, инчунин, истисноҳое оварда шудаанд, ки барои дарки онҳо каме диққати ҷиддитаре мебояд. Масалан, дар боби 2, ки «Имлои садонокҳо» ном дорад, чунин эзоҳ мавҷуд аст: «Дар калимаҳое, ки бо садонокҳои а ва о анҷом меёбанд, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ (-гӣ, -вӣ) чунин навишта мешаванд:
– агар калима бо садоноки а (ё йотбарсари я) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -гӣ (-вӣ) навишта мешавад: хонагӣ, бачагӣ, оворагӣ, бечорагӣ, нокорагӣ, дилбастагӣ, бандагӣ, хастагӣ, даниягӣ, соягӣ, ҳамсоягӣ, алоҳидагӣ, дусолагӣ, дуҳуҷрагӣ, барномавӣ, садамавӣ, мафкуравӣ, оммавӣ, оперативӣ ва ғайра;
– агар калима бо садоноки о (ё йотбарсари ё) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ навишта мешавад: доноӣ, дороӣ, ошноӣ, тавоноӣ, овоӣ, ёбоӣ, зебоӣ, бобоӣ, устоӣ, зиёӣ ва ғайра».
Бо вуҷуди ин, баъзеҳо ин қоидаро риоя накарда, калимаҳоро дар шакли нодурусту носаҳеҳи: доногӣ, дорогӣ, ошногӣ, тавоногӣ, овогӣ, зебогӣ, бобогӣ, устогӣ менависанд, ки зишту гӯшхарош менамояд.
Дар банди 2-юми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и соли 2011 дар ин маврид чунин оварда шуда буд: «Ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд», вале дар матни нав ҳарфи «у»-ро сарфи назар кардаанд. Мебоист, ки дар қоидаҳо бо ҳарфи у ҳам мисолҳо оварда мешуд. Чунончи, катбонугӣ, шафтолугӣ, паҳлугӣ, доругӣ, хушрӯйӣ, хушбӯйӣ ва ғайра.
Мураттибони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» доир ба ҳарфҳои «у» ва «ӯ» истилоҳоти у-и ноустувор, у-и устувор ва у-и устувори дарозро истифода кардаанд, ки аз инҳо фақат ҳангоми омадани у-и устувори дароз ҳарфи ӯ-ро менависем. Доир ба ин масъала чунин мисолҳо оварда шудааст: «кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра».
Дар банди 3-юми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар мавриди бо ҳарфи у навишта шудани калимаҳо чунин мисолҳо оварда шудааст:
«-дар ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра ва ғайра;
«-дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: «таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра».
Тавре ки мебинем, дар калимаҳои арабии дар боло овардашуда низ ҳарфи у-и ноустувор пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ омадаанд, мебоист, ки ин чиз ҳам дар банди болоии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» зикр мегардид. Зеро дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2013) калимаҳои «шурӯъ», «тулӯъ», «мавзӯъ», «вуқӯъ», «маҷмӯъ», «вузӯ», «нумӯъ» ва ғайра бо ҳарфи «ӯ» (у-и устувори дароз) навишта мешуданд ва инак пас аз 10 сол боз тарзи дигари навишт пеш омад, ки тибқи он дар навишти чунин калимаҳои арабӣ у-и устувори дарози онҳо (ӯ) ба у-и устувор (у) табдил ёфтаанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара (2011) кунияҳои адибони классикӣ, ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва калимаҳои «пажӯҳиш», «пажӯҳишгар» ва ғайраро, ки бо ҳарфи ӯ-и устувори дароз менавиштанд, акнун тибқи «Қоидаҳои…» нав (2021) исму кунияи адибон ва калимаҳои дар боло овардашуда бо у-и устувор дар шакли Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино ва «пажуҳиш», «пажуҳишгар» ва ғайра навишта мешаванд. Аз омӯзиши тарзи навишти ҳарфи «ӯ»-и устувори дароз дар калимаҳо маълум мегардад, ки он фақат дар се маврид навишта мешаванд:
- «- барои ифодаи овози устувори ӯ-и дароз: кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра».
- «- дар ҳиҷои дуюми калимаҳои навъи фурӯғ, дурӯғ, гурӯҳ, шукӯҳ, афрӯз ва ғайра».
- «- дар калимаҳое, ки таърихан дар решаашон ҳамсадои й доранд: рӯй, сӯй, ҷӯй, шӯй, бӯй, мӯй ва ғайра».
Мураттибони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар банди 4 мавридҳои навишти ҳарфҳои и ва ӣ-ро нишон додаанд. Эшон ҳарфи и-ро ноустувор ва дар ҷойи дигар онро устувор гуфтаанд, ки ин дар муқоиса бо ҳарфҳои у ва ӯ мувофиқат намекунад, зеро дар мавриди баёни ҳарфи ӯ-и устувор онро дар шакли ӯ-и устувор ва ҳангоми тавзеҳи ҳарфи ӣ-и устувор онро дар шакли и-и устувор нигоштаанд, ки дуранг менамояд. Мебоист, ки онро ҳам мисли ӯ-и устувор ӣ-и устувор менавиштанд, вале ҳар куҷо сухан дар бораи ҳарфи ӣ-и устувори дароз равад онро дар гунаи и-и устувор нигоштаанд.
Дар ин боб ҳам доир ба табдили ӣ-и устувори дароз ба и чунин эзоҳ дода шудааст: «Дар мавриди калимаву иборасозӣ овози ӣ бо и навишта мешавад: моҳӣ – моҳиҳо, моҳиён, моҳигир, моҳии бирён, моҳиро бо шаст гирифтан; кӣ? киҳо?, кист?, киро?, киям?; ободӣ – ободии кишвар, сӣ – сиюм, сисола; шолӣ – шоливу гандум ва ғайра».
Дар банди 12-и боби 3-юм чунин эзоҳе оварда шудааст: «Дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳарфи русии ц ҳарфҳои с ва т дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
– дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент – цемент, сирк – цирк, ситрон – цитрон ва ғайра;
– дар дохили калима пас аз ҳамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: консерт – концерт, конференсия – конференсия – конференция ва ғайра.
Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки мо калимаҳои хориҷии консерт, конференсия ва сиркро тавонистаем, ки бо замони худамон мувофиқ кунему нависем. Чаро дар мавриди калимаҳои иқтибосии Леонардо да Винчи, Индира Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Батуми, Миссисипи чунин накунем? Ҳол он ки мо и-и охири ин гуна калимаҳоро дар шакли заданок талаффуз мекунем. Ин гуна тафовути талаффузу имлоро чӣ гуна ба мардум шарҳ медиҳем?
Дар банди 9 чунин омадааст: «Ҳамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шавад ҳам, аммо тибқи меъёр н навишта мешаванд: анбор, анбур, гунбаз, занбар, тунба, сунбул, санбуса, танбал, ҷунбиш, ҷанба, анбар, шанбе ва ғайра». Ин масъала хеле нозук буда, риояаш муҳим аст.
Ҳарфи «ъайн» дар Қоидаҳо бо номи сакта омада, дар охири калимаҳо навишта мешавад. Ҳангоми қабули пасвандҳои -ан, -от, -ӣ, -а, -ият ва дар байни садонокҳо ояд, навишта намешавад: Чунончи, бадеъ – бадеӣ; воқеъ – воқеӣ, воқеа, воқеият, воқеан, воқеот; монеъ – монеа, монеӣ; моеъ – моеӣ, моеот ва ғайра.
Ҳамчунин, дар Қоидаҳо омадааст, ки ҳарфи «ъайн» дар байни ду садонок ба истиснои калимаҳои фаъол, таъин навишта намешавад: маориф, таом, лаин, манбаи ҳаёт, аҳволи иҷтимоӣ, мавзуи баҳс, тулуи офтоб, шуруи кор, маҷмуи ашъор ва ғайра;
Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки ҳарфи «ъайн» дар мобайни садонокҳои калимаҳои фаъол ва таъин омада метавонаду дар дигар калимаҳо не. Чаро Қоидаҳо ба ин ду калима иҷозат додаву ба дигар калимаҳо не? Касе ҷавоби аниқ дода наметавонад. Мебоист, ки Қоидаҳо барои тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ як хел таъсир расонанд.
Ин ҷо як нукти дигарро низ бояд иброз дошт, ки дар қоидаҳои имлои пештара, дар аксарияти фарҳангу луғатҳо ва дигар дастурҳо ва осори бадеию илмӣ калимаҳои мавзуъ, маҷмуъ, шуруъ, муъмин ва ғайра ҳарфи ӯ навишта мешуданд, вале дар Қоидаи имлои нав ин қабил калимаҳо бо ҳарфи у-и ноустувор навишта мешаванд.
Дар бораи навишт ва хондани ҳарфҳои «у» ва «ӯ» бисёр гуфтанду пешниҳодҳои судманд низ ба миён омадаанд, вале то ҳанӯз перомуни ин масъала тасмими ҷиддие гирифта нашудааст. Гузаштагони мо ҳарфҳои «у» ва «ӯ»-ро ба се навъ ҷудо кардаанд: «у»-и пеш (замма) – садоноки кӯтоҳе, ки дар аввали калима бо ҳарфи алиф, дар мобайни калима ҳамчун аломати пеш (замма) навишта шуда, дар охири калима ба сифати пайвандаки пайвасткунанда бо ҳарфи «вов» меояд, яъне бо ҳарфи «у» навишта мешавад. Аз ин бармеояд, ки «у»-и кӯтоҳ фақат дар охири калима ба сифати пайвандаки пайвасткунандаи «ва», «-ву», «-у», «-ю» навишта шуда, дар аввалу мобайни калимаҳо навишта намешаванд. Масалан: булбул, сунбул, Бобул, Кобул, гул, дулдул ва ғайра.
Дар ду мавқеи дигар ҳарфи «вов»-ро «вов»-и маъдула ва «вов»-и маъруф меноманд, ки дар ҳарду ҳолат ҳам навишта мешаванд. «Вов»-и маъдуларо дар баъзе калимаҳо менависанд, вале хонда намешавад. Масалан: х(в)оҳар, х(в)ондан, х(в)ониш, х(в)об, х(в)обидан, х(в)оҳиш, устух(в)он, х(в)еш, х(в)ештан, х(в)он, дастурх(в)он, х(в)оҷа, х(в)оҷагӣ, х(в)остан, х(в)орузор ва ғайра.
«Вов»-и маъруф дар ҳама ҳолат навишта ва хонда мешавад: орзӯ, орӯ, гесӯ, бонӯ, зонӯ, дӯр, шӯр, зӯр, Тӯр, занбӯр, анбӯр, ангӯр ва ғайра.
Вале мураттибони «Қоидаи имлои забони тоҷикӣ» «вов»-и маъдулаву маъруфро бо номҳои у-и ноустувор, ӯ-и устувор ва у-и устувори дароз ҷудо карда, хонандаро ба сардаргумӣ бурдаанд. Омӯзгоронро лозим аст, ки сари ин нуктаҳои Қоидаҳои имло нағз андеша карда, баъд онро таълим намоянд. Мақоли хуби халқӣ вуҷуд дорад, ки мегӯяд: “Ҳафт бор чен куну баъд бибур.” Мураттибони Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таклифу пешниҳодҳои судманди донишмандони соҳаро ба назар нагирифта, саросемавор онро барои тасдиқ пешниҳод кардаанд, ки дар натиҷа чунин гуногунхонию гуногуннависӣ ба миён омадааст.
Дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ баъзе бандҳои он зидди банди дигари он низ оварда шудаанд. Чунончи, дар банди 22 омадааст, ки ҳарфи аввали исмҳои хоси ҷирмҳои кайҳонӣ: Офтоб, Моҳ ва Замин, Зуҳра, Зуҳал ва ғайра бо ҳарфи калон навишта мешаванд, вале дар банди 11 худи мураттибони Қоидаҳо ибораи тулуи офтобро бо ҳарфи хурд нигоштаанд, ки хонанда инро хонда ҳайрон мешавад, ки кадомашро қабул намояд. Ҳамин аст, ки дар коргузории идорӣ, матбуот ва осори илмӣ ин банди Қоидаи имло қариб ки риоя намегардад. Дар ҳама ҷо калимаҳои Замин, Моҳ, Офтобро бархилофи Қоидаҳои имло бо ҳарфи хурд менависанд.
Дар мавриди бо ҳарфи калон навишта шудани ном ва сифатҳои Худо «Қоидаҳои…» нав (2021) аз пештарааш бартарӣ дорад. Зеро дар «Қоидаҳои…» соли 2011 доир ба ин масъала чунин оварда шуда буд: «21) Бо ҳарфи калон навишта мешаванд:
а) номҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Яздон, Аллоҳ».
Дар «Қоидаҳои…» соли 2021 ин банд васеътар шарҳ дода шудааст: «Ҳарфи калон дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
— ҳарфи аввали ном ва сифатҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Кирдигор, Яздон, Эзид, Аллоҳ, Раб, Холиқ ва ғайра».
Бартарии нашри охирин дар он аст, ки ном ва сифатҳои Худоро, ки дар шаклҳои гуногуни он меоянд ва мардум дар ин гуна ҳолатҳо ба ҳамон калимаҳои дар «Қоидаҳои…» соли 2011 нишондодашуда қаноатманд шуда, дигар номҳои дар он ҷо зикрнагардидаи Худоро (ба монанди Ҳақ, Борӣ, Додор, Таоло, Кайҳонхудой ва ғайраро) бо ҳарфи хурд менавиштанд.
Акнун тибқи «Қоидаҳои…» соли 2021 ибораи «ва ғайра» он нофаҳмиҳои дар навишт рухмедодаро бартараф намуд.
Ҳамчунин, дар «Қоидаҳои…» соли 2021 дар мавриди бо ҳарфи калон навишта шудани ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси мақомоти худидоракунии маҳаллӣ чунин омадааст:
«- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси дохили таркибии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Шинг ва ғайра».
Доир ба овардани номи мақомот ҳаминро илова карданием, ки хуб мебуд, дар таркиби он калимаи маҳаллӣ низ илова мегардид, зеро дар тамоми ҳуҷҷатгузориҳо номи мақомот чунин оварда шудааст: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ғайра.
Мардум то ин вақт исми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Ҷамоати деҳотро гоҳ бо ҳарфи калон ва гоҳе бо ҳарфи хурд менавиштанд. Акнун тибқи «Қоидаҳои…» соли 2021 мардум ҳарфи аввали ин мақомотро бо ҳарфи калон менависанд. Ин банди Қоидаҳо… низ баҳсбарангез аст. Чаро калимаи вилоят, ки дар ҷумҳуриамон ба ҷуз ВМКБ, дутост бо ҳарфи хурд ва ҷамоат, ки шумораашон хеле зиёд аст, бо ҳарфи калон навишта мешавад?
Дар банди 13-и «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» омадааст: «Ҷинсияти грамматикии калимаҳои иқтибосӣ дар имлои забони тоҷикӣ корбурд намешавад: муҳтарам, раис, шоир, адиб, муаллим, котиб, магистрант, аспирант ва ғайра». Ин банд дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара мавҷуд набуд ва ин дар имлои кунунӣ падидаи тозаест ва минбаъд ҳангоми навиштани даъватномаҳо барои омезиш ёфтани ҷинсияти ашхос баҳсу мунозираҳо ба амал намеояд. Минбаъд муаллим, раис, котиб, шоир, мударрис ва ғайраро, хоҳ зан бошад хоҳ мард, бо як истилоҳ ном мебаранд.
Дар банди 17-и «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и соли 2011 омада буд:
«Дар номҳои осори классикӣ артикли ал тибқи қоидаи маъмул бо нимтире ҷудо карда мешавад: «ал-Қонун»-и Ибни Сино, «ат-Тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор ва ғайра».
Акнун ин банд дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и нав ба ин тарз омадааст: «Дар аввали номи одамон артикли ал (ва гунаҳои он) бо ҳарфи калон навишта шуда, бо нимтире ҷудо карда мешавад: Ал-Мутанаббӣ, Ал-Форобӣ, Ал-Ҳайсом, Ал-Киндӣ ва ғайра».
Агар мо тибқи қоидаи пештара номи ҷуғрофии Сарихосорро дар шакли ҷудо Сари Хосор менавиштем, инак дар қоидаи нав онро дар шакли якҷояи Сарихосор менависем.
Дар Қоидаи нави имло дар навишти баёнияҳо низ тағйирот ба амал омадааст. Пештар мо агар баёнияҳои Аҳмад-махдум, Салим-паҳлавон, Ҳошим-корвон, Қорӣ-ишкамба ва ғайраро дар шакли якҷо менавиштем ва инак дар Қоидаҳои имлои нав онҳо дар шакли ҷудо, бо нимтире навишта мешаванд.
Боби 5, банди 16 чунин эзоҳ оварда шудааст: «истифодаи калимаи иҷро, ки маънои иҷрои амалро дорад, дар шакли иҷроиш нодуруст аст.»
Ҳамчунин, бартарии «Қоидаҳои…» соли 2021 дар он зоҳир мегардад, ки ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» замима гардидааст, ки ин ҳам дар тарзи дурустнависии шаҳрвандон ёрӣ мерасонад. Дар «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» мавқеи гузоштани аломатҳои нуқта, суол, хитоб, вергул, нуқтавергул, баён, тире, қавс, қавси мураббаъ, сенуқта, нохунак, сархат, нимтире ва рамзҳои ишоратӣ шарҳу тафсир ёфтааст.
Хуб мебуд, ки аломати китобати «савол», ки шакли вайроншудаи «суол» аст, дар шакли саҳеҳу дурусти он, яъне «суол» оварда мешуд, зеро шакли ҷамъи он ҳам дар гунаи «суолот» меояд, на дар шакли «саволот».
Ағлаби толибилмон, омӯзгорон, адибону рӯзноманигорон дар навиштаҳои хеш ба аломатҳои китобатӣ чандон диққат намедиҳанд ва пас аз таърихи рӯз ва ё баъди имлои сарлавҳа, номи китоб ва ғайра санадҳо нуқта мегузоранд ва мавқеи нагузоштани он дар банди 4-и «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» возеҳан зикр гардидааст:
«Нуқта дар мавридҳои зерин гузошта намешавад:
— дар охири сарлавҳаҳо…
— дар муқоваи китобҳои илмӣ, бадеӣ, дарсӣ, маҷалла, ва дигар нашрияҳо баъд аз насаби муаллиф ва унвони онҳо…
— дар охири номи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ…
— дар байн ва охири ҳарфҳои калимаҳои ихтисоршудаи номҳои ҷуғрофӣ…
— дар охири таърихи рӯз.»
Бо вуҷуди баъзе эродҳои ҷузъии дар боло зикргардида, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (2021) назар ба нашрҳои пештараи он хеле суфта ва такмил ёфтааст ва шоистаи арҷгузорист. Хуб мебуд, ки лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» пеш аз ба тасвиб расиданаш ба муҳокимаи умумихалқӣ вогузошта мешуд ва мардум нисбат ба лоиҳаи он фикру мулоҳизаҳои худро иброз медоштанд. Он вақт баъзе носаҳеҳию ноҷӯриҳои он бартараф мегардиданд ва мардум дигар раҳи хаторо намепаймуданд.