Оғоз
12-уми апрели соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид. Дар он Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, аъзои мушовара, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Комиссияи олии асттестатсионӣ, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда, нахуст, ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол» шунида шуд.
Муҳимтарин масъалаҳое, ки зикр шуданд, ба сиёсати маорифпарваронаи давлат, нақши Президенти кишвар дар рушди соҳа, мавқеи Вазорати маориф ва илм дар амалигардонии сиёсати давлат дар ин самт, фаъолияти зинаҳои таҳсилот ва тамоми сохторҳои Вазорат ва зертобеи он вобастагӣ дошатнад.
Дар самти таҳсилоти томактабӣ
Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фарогирии кӯдакони синни аз 3 то 6-сола ба таълиму тарбия бояд аз 15,6% то ба 40% расонида шавад.
Дар муқоиса ба соли гузашта 18 кӯдакистон (ҷамъ 696) ва 4006 нафар кӯдак зиёд (ҷамъ: 101 ҳазору 170 нафар) шудааст.
Дар робита ба «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» 46 Маркази инкишофи кӯдак (ҷамъ: 1810) ва 1933 нафар кӯдак зиёд (ҷамъ: 51 ҳазору 265 нафар) шудааст.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ
Таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби ташкили таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Тартиби баргузории дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва баррасии лоиҳаи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2026 дар вазорату идораҳо аз дастовардҳои муҳимми ин самт ба шумор меравад.
Он чи ки боиси нигаронист, ба иҷрои талаботи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо маводи зарурӣ дар қисман шаҳру навоҳист. Иҷрои нақша дар соли 2021 бо сабаби ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нурободу Сангвор таъмин нагардид.
Дар давраи ҳисоботӣ олимпиадаҳои фаннӣ чун ҳамеша боиси ифтихори мо гаштаанд. Муҳим ин ки озмунҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ воқеан, шаффоф сурат мегиранд ва беҳтаринҳо муайян мегарданд.
Таҳсилоти иловагӣ
Аз беҳтарин омилҳои ҷалби хонандагон ба таҳсил ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ марбут аст. Айни ҳол вазъият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хеле беҳтар шуда, дар шаҳру навоҳии кишвар 1698 маҳфил бо фарогирии таълимгирандагон 57212 нафар фаъолият менамоянд. Дар ин маҳфилҳо қобилияти хонандагон дар донишомӯзӣ, ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва варзишу санъат сайқал меёбад.
Марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар таъмири 45 синфхонаи Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, 2 озмоишгоҳи инноватсионӣ, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти иловагии дуошёнаи замонавӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Ванҷ иқдом гирифтааст. Дар шаҳри Гулистон бинои сеошёнаи маркази таҳсилоти иловагӣ сохта бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Мутаассифона, дар бисёр шаҳру навоҳӣ ба фаъолияти ин марказҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намешавад, ин аст, ки айни ҳол 22 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 6 муассиса, вилояти Хатлон 9, шаҳри Душанбе 2, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 2 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 муасиса бо бинои алоҳида таъмин нестанд. Инчунин 17 муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо мустақилияти молиявӣ таъмин нест.
Таҳсилоти касбӣ
Низоми омода намудани мутахассиссор ба бозори меҳнат ба фаъолияти зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ робитаи зич дорад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд, ки аз ин теъдод 57 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии хусусӣ мебошад. Нисбат ба соли 2021 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёд гардидааст.
Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон шудани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат, инчунин, гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба шакли индустриалӣ-аграрӣ ва таъмини корхонаҳои навтаъсиси ҷумҳурӣ бо мутахассисони касбӣ ба кушодани ихтисосҳои нав зарурати воқеӣ пайдо шудааст. Айни ҳол дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 21 муассисаи таълимии соҳаи техникӣ ва технологӣ фаъолият менамояд, ки аз рӯйи 98 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти олии касбӣ ин, мутобиқ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва дар ин замина, омода кардани кадрҳои баландихтисоси мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷии кишвар мебошад.
Дар иртибот ба ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии компоненти 2 Лоиҳаи рушди таҳсилоти оли касбӣ лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Дар ин масъала вазири маориф ва илм аз сифати тайёр кардани мутахассисон дар риштаҳои омӯзгорӣ, тиб, техникӣ-технологӣ, аграрӣ, иқтисодӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва санъат изҳори нигаронӣ кард. Бавижа, диққати роҳбарони донишгоҳҳоеро, ки дар ин самт мутахассис тайёр мекунанд, ба паст будани сатҳи сифати таҳсилот дар риштаи омӯзгорӣ, фаъолияти марказҳои миллии тестӣ ва дарёфти роҳҳои ислоҳи кор ҷалб намуд.
Дар самти илм
Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми таҳсили докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки кадрҳои илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ бевосита дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд.
Аммо ба таъкиди вазир барои ҷалби ҷавонон ба самти илм бояд раванди ҳимояи он сабук гардонда шавад. Масалан, барои ҳимояи номзадӣ навиштани 7 мақолаи илмӣ кори сон нест. Ё барои ҳимояи докторӣ мебояд меъёри синну сол пасттар фароварда шавад. Чунки ҷавонони болаёқати зиёде ҳастанд, ки метавоанд дар чилсолагӣ ҳатто докториро ҳимоя кунанд.
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Норасоии кадр ва мушкилоти атрофи он
Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои зикршуда сафарбар менамояд. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 барои 2166 нафар пешниҳод гардида буд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 828 нафар кам мебошад.
Эҳтиёҷоти пешниҳодшуда барои соли таҳсили 2021-2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 59 нафар, вилояти Хатлон 440 нафар, вилояти Суғд 708 нафар, шаҳри Душанбе 194 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 765 нафарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши вазири маориф ва илм аз 9 феврали соли 2022, №165 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2022” ба тасвиб расид.
Ҳалли мушкили норасоии кадрӣ ҳам ба дастгирии мақомоти маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Ҳавасмандӣ ва қадршиносии омӯзгорон, пардохти саривақтии маош ва шароити беҳтари фаъолият омилҳоеанд, ки мушкили норасоии мутахассисонро коҳиш медиҳанд.
Маблағ – шарти муҳим
Рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаи маориф гузаронида шуда истодааст, аз афзоши маблағгузории он вобастагӣ дорад.
Соли 2022 барои соҳаи маориф 6 млрд. 304 млн. 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 11,3 % зиёд буда, танҳо 375 млн.700 ҳаз. 678 сомонии он мансуб ба Вазорати маориф в илм ва муассисаҳои зертобеъ мебошад.
Бубинед, маблағе, ки дар соҳа харҷ мешавад, танҳо дар дасти Вазорат нест, ниҳодҳои дахлдори дигар ҳам масъули харҷи маблағ дар соҳаанд.
Дар соли 2022 тибқи маълумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 346 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 83 874 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки то охири соли ҷорӣ зиёда аз 200 (57,8 %) бинои муассисаи таълимӣ сохта ба истифода шавад.
Дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 12 (3,46 %) муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 1819 ҷойи нишаст дар як баст ва 3 муассисаи томактабӣ барои 580 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.
Дар идома…
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази матбуот ва нашрияҳои соҳавӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Муассисаи нашриявии “Маориф”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар охир зикр кард, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои морифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат мушкилоту норасоиҳои зиёде ҳанӯз ҷой доранд ва ҷиҳати иҷрову бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо дорад.
Барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба шахсони масъул аз ҷониби вазири маориф ва илм дастуру супоришҳо дода шуд.
Музокира
Сипас, Ҳомид Ҳошимзода — директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Ғазалшо Сафарзода — сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Муҳибулло Зувайдуллозода – директори Мактаби байналмилалии Президенти дар шаҳри Душанбе, Мироҷиддин Наботов — намояндаи Прокуратураи генералӣ ва Моҳтоббӣ Одиназода — намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илмро дар семоҳаи якуми соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ба пешниҳоди Ҳомидзода, стандартҳои таълим таҷдиди назар шуда, илм бо истеҳсолот якҷо таълим дода шавад, суди бештар ба даст оварда метавонем. Дигар пешниҳоди ӯ дар робита ба таҳсили шартномавии донишҷӯён ҷолиби диққат буд. Аз нигоҳи ӯ, вақте донишҷӯ маблағ месупорад, донишгоҳ меъёри муайяншкудаи шартнома – дониши босифат додан ба донишҷӯро бояд риоя кунад. Сеюм, бояд барои барқарор кардани мавқеи омӯзгорон дар санҷишҳо иҷдоме гирифта шавад. Чунки аз санҷишҳо дур шудани омӯзгорон оқибатҳои манфӣ ба бор оварданд: устодон дар назди шогирдон беэътибор шуданд, нутқи шифоҳию хаттии шогирдон такмил наёфт.
Ғазалшо Сафарзода, ки ба тозагӣ бо иқдоми бевоистаи ӯ Муроҷиатномаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба фаъолони вилояти Хатлон пешниҳод шуда буд, пешниҳод кард, ки барои ислоҳи нусонҳои мавҷуда нақшаи амалиёти муштараки мактаб-ҷомеа-мақомоти давлатӣ-оила лозим аст. Ба андешаи ӯ, соли 2022-2023 Соли “Мақоми омӯзгор ва сифати таҳсилот” эълон карда шавад.
Муҳибулло Зубайдуллозода, раиси Шӯрои литсею гимназия ва мактабҳои президентӣ бо нигаронӣ аз вазъи норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ бо забонҳои русиву англисӣ ва ба сабаби набудани озмоишгоҳҳо муваффақ нашудани довталабон аз донишҳои амалӣ, пешниҳод кард, ки ин ин ҷиҳатҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Барои дархосту даъвати як омӯзгори забондон аз хориҷа тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ манфиатовар аст. Ҳамчунин, барои бартараф намудани мушкилоти дигар, пешниҳод кард, ки ҷанбаи миллӣ бахшидан ба китобҳои дарсӣ, ташкил кардани кафедраҳои амалӣ дар заминаи мактабҳои пешқадам, зарурати таълими дурусти донишҳои педагогиву психологӣ ба мутахассисони ҷавон дар донишгоҳҳо тадбирҳои судманданд.
Мироҷиддин Наботов — намояндаи Прокуратураи генералӣ дар бораи ба назар гирфитани донишҳои ҳуқуқӣ дар фаъолияти соҳа таъкиду мулоҳизаронӣ кард. Муовини раи Комиссияи олии аттестатсионӣ Иброҳимзода Дилшод Эмом ҳам бо қаноатмандӣ аз маърӯзаи вазир аз пиршавии олимон дар баъзе риштаҳои илм бо изтироб ҳарф зад, аз ҷумла, дар соҳаи геология синну соли миёнаи профессорон ба 74 баробар аст. Ба таъкиди ӯ, ҳар чи зудтар ҷавононро ба илм ҷалб кардан амри зарурист.
Дар баёни масъалаҳои ҷорӣ сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Қутбиддин Муҳиддинзода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олӣ Наврӯз Мирзозода оид ба ҳифзи қонунҳои амалкунанда ва ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ сухан карданд.
Дар анҷом Раҳим Саидзода диққати ҳозиринро ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ, бохабарӣ аз вазъи сиёсӣ, мутолиаи ахбори дохиливу хориҷӣ ва баланд бардоштани маърифату касбияти омӯзгорон ҷалб намуданд.
Арзи сипос
Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зимни баррасии масоили вобаста ба нашрияҳои соҳавӣ, аз кори ҳайати эҷодии маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти маҷалла дар шабакаи иҷтимоӣ, ки тавассути он пешниҳодҳои зиёд ба даст меоянд, баҳои сазовор дод. Аз номи ҳайати эҷодии маҷалла ба вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бобати шинохту дарки заҳмати маъмурони гурӯҳ миннатдории бепоён баён менамоем. Аҳли эҷоди маҷалла кӯшиш мекунанд бо дастгирии Вазорати маориф ва илм дар баррассии масоили мубрами соҳа тавассути масъалаугзориҳо робитаи ҷомеаро бо муассис қавитар гардонанд.
“Маорифи Тоҷикистон”