Саидаи ФАЗЛ –
Аълочии матбуоти Тољикистон
Ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он—шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад.Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, бо пойтахти кишвари худ ифтихор кардан аз ҳувияти ватандорист. Хусусан, пойтахте, ки симои миллату давлатро миёни шаҳрҳои дигари ҷаҳон муаррифӣ карда метавонад, пойтахте, ки ба сокинони кишвараш шодиву нишот, илҳому эътимод ва фараҳу сарбаландӣ эҳдо мекунад. Шоири хушкалом, устод Низом Қосим басе хуб гуфтааст: «Касе, ки як бор Душанберо дид, умрбод ошиқаш мешавад.»
Ин бесабаб нест. Зеро Душанбеи мо шаҳри сайёҳӣ, шаҳри зебоӣ, шаҳри ҷавонӣ, шаҳри сулҳ, шаҳри гулҳо, шаҳри ободонӣ, шаҳри таърих ва зебоиофарон аст. Дар бораи Душанбе сайёҳони дохиливу хориҷӣ, сиёсатмадорон, олимону адибон бисёр суханҳои самимию меҳрбор гуфтаанд. Ёд меорем аз таҳқиқоти ширкати маъруфи «Mastercard», ки ҳанӯз соли 2018 дар миёни шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор Душанбе сазовори ҷойи аввал гардид. «Ҷиҳати баҳравар гардидан аз мероси гаронбаҳои таърихӣ дар ин мамлакат шароити мусоид мавҷуд аст, — навишта шудааст дар маҷаллаи сайёҳии «34 travel». – Бузургтарин ҳайкали Буддои хобида дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба маърази тамошо гузошта шудааст.»
Яке аз донишмандони шинохтаи эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ аз тамошои зебоиҳои шаҳр ба ваҷд омада, менависад: «Душанбе дар сӣ соли охир ба сурати шаҳри зебо даромадааст, иморатҳои хубу хиёбонҳои паҳн ва пургулу дарахт дорад. Касе, ки дар урдубиҳишт (яъне моҳи дуюми соли шамсӣ, мусодиф ба 21-уми апрел ва 21-уми май) ба он ҷо сафар кунад, ба он «Гулшаҳр» ном хоҳад дод, зеро ки дар фурудгоҳу хиёбон ва боғу хона ҳама ҷо гул аст».
Бале, Душанбе бо баргузории фестивалҳои гуногун, гулрез гардон-дани кӯчаву хиёбонҳо ва бо рушди бомаромаш диққати сайёҳонро сол то сол бештар ҷалб мекунад. Озмуни «Сайри гули лола»-аш дарак аз фарҳанги баланди зебоиписандии мардуми диёр медиҳад. Тамошои гулзору лолазорҳои рангин ва боғҳои дилкушояш дар фасли Баҳор фа-раҳафзои дилҳост. Симои гулдух-тарони чаканпӯшу атласпӯш ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам меку-нанд.
Ба назар мерасад, ки шуруъ аз соли 2018 барои муаррифии Душанбе имконот зиёдтар даст доданд. Чунончи, Душанбе маҳз дар ҳамин сол ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардид. Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия тибқи назарсанҷиҳо, Душанберо ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои саёҳат ва сафари шабона эълон кард. Ин арзёбӣ нуфузи на танҳо Душанбе, балки Тоҷикистонро бештар кард. Қарори Шурои вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ аз 3 октябри соли 2019 дар бораи «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» эълон намудани Душанбе ба тасвиб расид. Вобаста ба ин, дар соли 2021 дар пойтахт беш аз сесад чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар соҳаҳои илму фарҳанг, варзиш ва фароғат баргузор гардид. Ҳамчунин, бисёр муассисаҳои фарҳангӣ, иншооти сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бунёд ёфтаву таъмир ёфтанд.
Душанбе агар дар замони Шуравӣ ҳамагӣ бо 8 шаҳр бародаршаҳр буд, имрӯз бо 22 шаҳри давлатҳои мухталифи ҷаҳон робитаҳои бародаршаҳрӣ ва бо 5 шаҳр ҳамкориҳои шарикӣ дорад.
Душанбе шаҳрест, ки ҳар меҳмонро мафтуни худ мегардонад. Бубинед, ки Елена Прус, хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Беларус «БелТА» зимни сафараш ба Тоҷикистон аз таассуроташ чӣ мегӯяд: «Ростӣ, мафтуни зебоии шаҳри Душанбе гардидам. Ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ дар хиёбонҳо аввал аз фаввораҳои зебо ҳаловат бурдам… Майдони «Дӯстӣ,» Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, майдони «Нишони давлатӣ,» парчами баландтарини ҷаҳон (ки ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст – С.Ф.) ва Кохи Наврӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷойҳои тамошобобу дидании дунёанд.»
Шояд инро бону Елена вақте гуфта буд, ки «Майдони Истиқлол», Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе, ки дар ҷаҳон ҳафтум ва дар Осиёи Миёна якум маҳсуб меёбад, «Кохи Сомон», «Душанбе – Плаза», «Қасри Бахт» ё бунёд ва ё ба истифода пешниҳод нашуда буданд. Чунин мавзеъҳои фарҳангиву тамошобоб дар Душанбе торафт зиёд мешаванд. Истиқболи пуршукӯҳи 100-солагии Душанбе илҳоми шоири ҷавон Кӯҳзодро ба ҷӯш оварда, эҳсосашро таҳрик додааст, ки меҳри саршори худро ба ин шаҳри дилоро ва эҳсоси гармашро аз ҷаззобияти он бо завқ ба риштаи тасвир кашидааст. Аз нигоҳи ӯ, имрӯз Душанбе афсонаи ҷаҳон гашта, халқи олам гирди он парвона гаштааст:
Як шаҳри гулфишон аст, афсона дар ҷаҳон аст,
Ман ошиқам ба ҳусни афсонаи Душанбе.
Ҳамчун чароғ рӯшан ин шаҳри нурафшон,
Халқи тамоми дунё парвонаи Душанбе.
Шоир хонандаро даъват мекунад, ки шукргузору садоқатпеша бошад ва ҳеч гоҳ нияти тарк кардани шаҳри азизи худро дар сар роҳ надиҳад:
Таркаш намекунам ман то рӯзи марг, савганд,
Шукронаи маошу моҳонаи Душанбе.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 дар кишвар шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлил мешавад. Дар ин рӯз бо баргузории конфронс ва барномаи махсуси фарҳангӣ тамоми ғолибони озмунҳои шаҳрӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мукофотҳои пуливу молӣ сарфароз гардонда мешаванд. Аз ҷумла, озмунҳои «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва ҳамин гуна, озмуни беҳтаринҳо дар ҳама соҳаҳо ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ мегарданд. Чун маҷаллаи мо хоси соҳаи маориф аст, хуб мешавад, ба вазъи фаъолияти ин соҳа дар пойтахт қадре таваққуф намоем. Барои пешбурди пайвастаи ин соҳа дар шаҳр Сарраёсати маорифи шаҳр ва 4 шуъбаи маориф дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ фаъолият мекунад. Тавре дар суҳбат сардори Сарраёсати маорифи шаҳр Баҳром Исмоилзода зикр кард, айни ҳол, дар қаламрави шаҳр, новобаста аз шакли моликият, 161 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 31471 тарбиятгиранда (96 адад муассисаи бюҷетӣ, 12-то тобеи ташкилоту идора ва вазоратҳо, 53 адад муассисаи томактабии хусусӣ) дар тобеияти Сарраёсати маорифи шаҳр, муассисаи таҳсилоти томактабии №50, муассисаи таҳсилоти томактабии равиявии «Кӯдакони болаёқат» ва Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 фаъолият менамоянд.
Мусаллам аст, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз пайравони асили Пешвои миллат дар самти маорифпарварианд. Ин аст, ки бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ аз амалҳои доимии шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад. Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин, гимназияи хусусии «Қалам» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои 650 нафар хонанда, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои 120 нафар хонанда, муассисаи таълимии хусусии «Саидумар» дар ноҳияи Фирдавсӣ ва гимназияи хусусии ба номи Марям Зиёеваро дар ноҳияи Фирдавсӣ барои 340 нафар хонанда мавриди баҳбардорӣ қарор доданд. Дар умум, соли ҷорӣ дар пойтахт 7 муассисаи таълимӣ барои 6284 нафар хонанда дар як баст ва 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 435 ҷой бунёду таъмир ва муҷаҳҳаз гардид.
Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба фаъолияти Марказҳои кӯдакону наврасон рабт дорад. Хушбахтона, фаъолияти ин Марказ дар шаҳри Душанбе миёни ҳамтоёни дигар фарқкунанда ва воқеан, намунавист.
– Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорӣ, навоварию ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои табиӣ-риёзӣ, дақиқ ва забономӯзӣ, амалхусус, забонҳои англисӣ ва русӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ва инсондӯстии насли наврас, бо дарназардошти соли 2023 ва панҷ соли минбаъда дар шаҳр «Солҳои мутолиаи китоб, рушди сифати таҳсилот ва фарҳанги истифодаи фазои Интернет» эълон гардид, — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори мо Б.Исмоилзода.
Чунин иқдомҳо дар ҳар самт пайваста пеш гирифта мешаванд. Иштироки хонандагони пойтахт дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ шоистаи таҳсин аст. Соли ҷорӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт дар ҳашт олимпиадаи баргузоршуда 5356 нафар довталаб иштирок карданд. Дар олимпиадаҳои фаннӣ 980 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе пирӯзӣ ба даст оварданд, ки 421 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 559 нафар муҳассилини литсею гимназияҳо мебошанд…
Омили дигари пешрафти сифати таҳсилоти хонандагон ба таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳост. Айни ҳол муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо 317 адад синфхонаи компютерӣ, 1964 адад тахтаи электронӣ ва 2070 адад проектор таъмин карда шудаанд. Дар иҷрои барномаи давлатӣ дар ин самт ҳамеша пойтахт пешсаф аст. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» татбиқи барномаи мазкур дар 104 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт роҳандозӣ гардид. Ин барнома робитаи падару модаронро бо мактаб мустаҳкам гардонда, барои ислоҳи монеаҳои таҳсили хонандагон мусоидат мекунад. Дар масъалаи таҷҳизонидани кабинетҳои муосири фаннӣ, озмоишгоҳҳои таҷрибавию илмӣ бо асбобу васоити технологии замонавӣ, ҳамзамон, истифодаи мақсадноки онҳо пайваста бо омӯзгорон курсу семинарҳои омӯзишӣ баргузор мегардад.
Шаҳри Душанбе маркази илмию адабӣ, фарҳангӣ ва муассисаҳои гуногуни таълимист. Имрӯз дар пойтахти кишвар 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 8 коллеҷ, 5 донишкада, 11 донишгоҳ, 1 академия, 3 филиали донишгоҳҳои Россия фаъолият мекунанд. Ба таъкиди Сарвари давлат, «Пойтахти давлати мо маркази рушду камоли миллати тоҷик аст.»
Ин аст, ки шаҳр бо тамоми шаҳомату нафосаташ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи шоирон қарор дорад. Ҳанӯз замони Шуравӣ устод Боқӣ Раҳимзода Душанберо олидараҷа васф карда буд, ки имрӯз боз ҳам аҳамияти бештар пайдо кардааст. Шоир лаззати хешро аз тамошои зебоиҳои Душанбе бо мисраъҳои бас самимӣ ва пурмуҳаббат ифода мекунад:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷойӣ, Душанбе.
Суруде, ки Махфират Ҳамроқулова дар замонаш месароид, имрӯз эътибори бештар пайдо кардааст:
Гулҳои Душанбе осоиши ҷонанд,
Гулҳои Душанбе оромиши ҷонанд…
Ин овозхони хушсадо баъди сӣ сол ба Душанбе бозгашта, дар иҳотаи гулҳои зебову гулгаштҳои афсонавии он таронаи худро бори дигар бозхонӣ кард ва бо ин амал бори дигар моро ба дарки дунёи зебои пойтахт водор намуд.
Барои Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода низ ҳар гӯшаю ҳар мавҷудоти Душанбе азиз буд. Шоири маҳбуб, ба вижа, ба рӯди Душанбе, ки аз кӯҳҳои баланд ҷорӣ мешавад, бартарии бештар додааст:
Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе,
Тар карда, лаби ташналабон оби Душанбе.
Ҳарчанд ки ҷорист ба сад асру замонҳо,
Ба ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе.
Васфи Душанбе бо дарназардошти муҳити фарҳангиву илмияш, аз ҷониби шодравон устод Лоиқ Шералӣ ҳам дар сатҳи баланд аст. Шоир дар шаҳр будани аҳли илму адабро барои он муҳим медонад, ки маҳз ҳамин гурӯҳ метавонанд онро ҳимоят кунанд ва обрӯю нуфузашро баланд бардоранд:
Чӣ фирӯзахтару толеъбаландӣ,
Ки дорӣ хушдилону хушгилон ҳам.
Чӣ соҳибдавлату хушрӯзгорӣ,
Ки соҳиб дориву соҳибдилон ҳам.
Шоири хушбаёни ҳамзамони мо, устод Камол Насрулло эҳсосоти худро ба таври дигар ифода мекунад. Ӯ Душанберо мухотаб қарор дода, бо ибораву ифодаҳои шоиронаи ноб чунин васф мекунад:
Шаҳри ишқам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе!
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам, Душанбе!
Дар нумуи ту нумуям, обрӯят обрӯям,
Шаъну шонат шаъну шонам, ҷони ту ҷонам, Душанбе!
Шоира Норинисо, ончунон аз тамошои Душанбе ба ваҷд меояд, ки ҳамаро ба тамошои ин макон даъват мекунад. Шоира мутмаин аст, ки ҳар кас ба ин шаҳр ояд, ҳатман шайдои он мешавад:
Эй дӯст, биё, баҳри тамошои Душанбе,
Бешубҳа, ту ҳам мешавӣ шайдои Душанбе.
Дар ҳотаи дил рӯида бо ҳусни дилангез,
Шодӣ бифизояд гули раънои Душанбе …
Бо ҳиммати мардони баруманд ба дунё,
Машҳур шавад шаҳри дилорои Душанбе.
Вақте ки ба ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ рӯ меорем, таваҷҷуҳи ӯро ба ин мавзуъ бештар ҳис мекунем. Чунончи, дар як дубайтии худ Душанберо ба Бухоро ташбеҳ дода, бо ифтихор мегӯяд, ки имрӯз ин шаҳр ҳам мисли Бухоро маркази фарҳангиву адабист:
Душанбе тахти Сино шуд, муборак,
Зи нав манзури дунё шуд, муборак.
Агарчанде дилам доғи Бухорост,
Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак.
Ба ин маънӣ, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанберо ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсӣ, илмию фарҳангии муаррифгари шоистаи симо ва оинаи давлату миллати куҳанбунёди тоҷик ном бурда, чунин таъкид мекунад: «Дар давраи арзишманди ташаккулёбии худ, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бо саҳмгузории наслҳои гузашта сохта шуда, ҳоло дар марҳалаи инкишофи устувор ва рушди бесобиқаи худ қарор дорад».
Бале, Душанбе бо чунин вусъати бесобиқаи ободонӣ, бешубҳа, ояндаи боз ҳам дурахшон дорад. Аз он ки пойтахти Тоҷикистони азизи мост, месазад, ки ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он ифтихор дошта бошад. Бовар дорам, ҳар фарди соҳибдил ин ифтихорро дар худ мепарварад ва ҳамзамон, дар ниҳоди фарзандону атрофиён таҳмил медиҳад. Ҳақ бар ҷониби устод Низом Қосим аст, ки гуфта:
Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.
Садсолагӣ муборак, Душанбе!