
Сарчашмаҳои муътамади таърихӣ тоҷиконро аз авлоди аввалин қабилаҳои инсонӣ пиндоштаанд. Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии сарзамини хешро ҳифз намуданд.
Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз сукути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад. Хушбахтона, истиқлолияти давлатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаамон ҳамвора дар орзуи расидан ба ин рӯзи хуррамиву фирӯзӣ ниёишҳои зиёдеро ба қалам овардаанд ва танҳо дар даҳсолаи охири асри XX мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем. Ба таъкиди Президенти маҳбуби кишвар: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштагонамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем».
Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон, бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои намоёни адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон боифтихор дар бораашон ҳарф занем. Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон, шахсиятҳои сарсупурдаи миллати тоҷик ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Дар ин ҷо мехостем аз суҳбати И.В. Сталин бо Б. Ғафуров, ки дар Москва, 23 январи соли 1948 доир гардидааст, иқтибоси дигареро манзури хонандагони гиромӣ гардонем:
Жданов (ба Сталин нигариста): – Рафиқ Ғафуров таърихшинос аст, перомуни таърихи халқи тоҷик тадқиқот мебарад. (Ба Ғафуров нигариста): – Шумо, ба гумонам, ин корро тамом кардед?
Ғафуров: – Бале, Андрей Александрович, ҷилди якумашро ба анҷом расондам. Аммо Иосиф Виссарионович, аз ин бобат дар миён ихтилофи назар ҳаст.
Сталин: – Чӣ хел ихтилоф?
Ғафуров: – Дар илми таърихшиносӣ ду нуқтаи назар роиҷ аст: яке таърихи туркии Осиёи Миёнаро аз ҳад мегузаронад; дигаре тасдиқ мекунад, ки халқҳо дар гузашта маскуни дар Осиёи Миёна эроннажод будаанд. Мо маҳз ана ҳамин нуқтаи назарро тарафдорӣ мекунем ва барои ҳамин моро ба сифати таҳвилгарони нажодпарастӣ гунаҳкор меҳисобанд. (Сталин ва Жданов баланд – баланд механданд).
Сталин: – Агар аз дидгоҳи илмӣ дуруст бошад, агар воқеан чунин бошад, чӣ бадӣ дорад? Нуқтаи назари худро баён кунед.
Ғафуров: – Бале, рафиқ Сталин, ин ҳама дуруст аст. Бо вуҷуди ин, гурӯҳе моро танқид мекунанд. Чунин касон ҳатто дар садорати тарғибот ҳам пайдо шуданд.
Ғафуров: – Иосиф Виссарионович, халқи тоҷик медонад, ки таъсиси ҷумҳурии мо бо туфайли исрору пофишории шумо, бо фармони КМ ҲКУ (б) сурат гирифт. Он вақт ҳатто дар миёни худи тоҷикон ҳам касоне буданд, исбот мекарданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд ва дар ин хусус ба шумо телеграммаҳо фиристоданд…
Сталин: – Бале, дар ин ҷумла Раҳимбоев гуфтанӣ касе буд, ки исбот кардан мехост, дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд. Аммо, чунон ки мебинед, на танҳо вуҷуд доранд, балки афзоиш меёбанд. Ва ин халқ халқи махсусест, ки аз узбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо фарқи калон дорад. Туркҳо дар Осиёи Миёна асрҳои 11 – 12–и ҳазорсолаи мо пайдо шуданд, аммо эроннажодон дар он ҷо аз асри 5 – уми то ҳазорсолаи мо сукунат доранд.
Ғафуров: – Ҳатто аз қарни 6 –ум, рафиқ Сталин… Ман мехостам, аз шумо бипурсам: оё мумкин аст дараҷаи худогоҳии миллии халқро баланд бардорем?
Сталин: – Мумкин ва ҳатмист. Аммо ба бартарияти миллӣ роҳ додан лозим нест.
Ғафуров: – Дар машварати КМ ҲКУ (б) бо оҳангсозон Андрей Александрович гуфтанд, ки бояд ҳама чизро дӯст дошт ва ҳама чизи хуберо, ки дигар халқҳо доранд, набояд фаромӯш кард.
Сталин: – Дуруст!
Ғафуров: – Зимнан, тамаддуни эронӣ на дар ҳудуди Эрони ҳозира, балки дар қаламрави Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Фирдавсиро мо ҳамчун бародари ҳамзабони худ мефаҳмем, лекин эрониён бо луғат мехонанд.
Сталин: – Инро бояд исбот намуд, инро бояд тарғиб кард.
Ғафуров: – Рафиқ Сталин, хоҳиш мекардем, ки масъалаҳои таърих дар КМ ҲКУ (у) мавриди муҳокима қарор дода шаванд.
Сталин: – Ана, ба рафиқ Жданов супориш медиҳем, ки масъаларо баррасӣ кунанд. (Жданов дар дафтарчааш сабт мекунад).
Ғафуров: (хайрухушкунон): – Бубахшед, Иосиф Виссарионович, мо вақти қимататонро гирифтем.
Жданов (бо Сталин хайрухушкунон): – Таҳсину офаринашон, онҳо дӯстона кор мекунанд.
Бисёре аз таърихнигорон ва ҳамсафони Бобоҷон Ғафуров бар он назаранд, ки баъди мулоқот бо Сталин ҷуръат ва ҷиддияти ӯ дар офаридани таърихи тоҷикон, мубориза алайҳи таҳрифгарони таърих, бадхоҳони миллати тоҷик ва зархаридони онҳо бештар мегардад.
Дар ин ҷо мехостем дар бораи хиёнати Абдулло Раҳимбоев ёдовар шавем. Абдулло Раҳимбоев имкон дошт, ки бар манфиати миллаташ хизмат кунад. Аммо накард. Чаро? Биёед, ба зиндагиномааш назар меандозем.
Ӯ 1 июни соли 1896 дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Раззоқ, дар хонаводаи бозаргон ба дунё омадааст. Аввал дар мадрасаи динӣ, сипас, солҳои 1908 – 1917 дар мактаби русии Хуҷанд, омӯзишгоҳи олии Самарқанд, семинарияи омӯзгории Тошканд таҳсил карда, муддате дар зодгоҳаш омӯзгорӣ карда, сипас, ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ мешавад.
Ӯ соли 1919 узви Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва котиби комиҷроя дар Мирзочӯл таъйин мешавад. Солҳои 1919 – 1920 котиби Кумитаи ҳизби коммунисти уезди Хуҷанд, раиси Кумитаи коммунисти вилояти Самарқанд буд. Солҳои 1920 – 1923 раиси КИМ ҶШС Туркистон, котиби КМ ҲК Туркистон (октябри соли 1920 то моҳи июни соли 1923) узви коллегияи комиссариати халқӣ дар умури миллатҳои ҶШФСР, солҳои 1923 – 1924 котиби якуми КМ ҲК Бухоро, котиби дуюми КМ ҲК Туркистон ва аз моҳи майи соли 1922 то моҳи сентябри соли 1926 узви Шурои инқилобӣ – низомии Фронти Туркистон буд.
Абдулло Раҳимбоев яке аз имзокунандагони Паймони таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ аз 30 декабри соли 1922 буд. Пас аз бунёди ҶШС Узбекистон, Раҳимбоев котиби КМ ҲК (Б) Узбекистон (аз моҳи декабри соли 1923 то моҳи декабри соли 1925) интихоб шуд. Дорандаи чандин нишон, аз ҷумла, ордени “Ленин” ва нишони “Байрақи сурхи меҳнат” аст. Моҳи августи соли 1937 ӯро дар Сталинобод боздошт мекунанд ва дар маҳбасхонаи Лефортовои шаҳри Маскав зиндонӣ мекунанд. 7 майи соли 1938 бино бар ҳукми Ҳайати низомии Суди Олии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳкум ба марг ва дар Бутово парронда шуд. Абдулло Раҳимбоев метавонист, манфиати миллиро дар мақоми аввал қарор диҳад, бо он мақом ва мартабае, ки дошт, хизмат ба ватанро ҳадафи аслӣ қарор диҳад. Зеро бо Ленин робита дошт, аз пуштибонии Сталин бархӯрдор буд. Аммо ӯ роҳи дигарро интихоб намуд. Саволҳо зиёданд… Аммо посух ба саволе, ки гиреҳи ин муамморо мекушояд, сабаби пуштибонии Сталин аз Абдулло Раҳимбоев аст, ки дар табартақсими Осиёи Миёна даст дошт. Фарзияҳо зиёданд. Вале як нукта мусаллам аст, ки чунин амали Абдулло Раҳимбоев аз манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Шӯравӣ бармеомад. Таърих ба ин гувоҳ аст.
Ибтидои асри бисту як бархӯрди шадиди манфиатҳо ва тақсимоти ҷаҳон аз ҷониби абарқудратҳо роҳандозӣ шуда буд. Хусусан, миёни Англия ва Россия барои таҳти тасарруф даровардани Осиёи Марказӣ. Ҳанӯз Россияи подшоҳӣ дар Эрон моликият ва қудрат дошт. Вале гуфтушунид миёни Англия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҷониби дуюмро водор месозад, ки аз манфиатҳояш дар ин кишвар сарфи назар кунад. Зеро Ризо Паҳлавӣ бо дастгирии Англия дар Теҳрон ғалаба ба даст овард ва шоҳи ин кишвар эълон гардид. Болшевикон моликият ва тамоми дороии Россияи подшоҳиро ба ин кишвар ҳадия мекунанд ва дар натиҷа қариб бе мубориза соҳиби Осиёи Марказӣ мешаванд. Дар чунин вазъият дар марказҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ давлат бунёд кардани тоҷикон ба манфиати болшевикон набуд.
Ба воситаи пантуркизм пахш кардани панэронизм ҳадафи стратегияи миллии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор мегирад. Пахш кардани панэронизм маънии аз байн бурдани даъвои Эрон ба марказҳои тамаддуни Осиёи Марказиро дошт. “Дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд”, – гуфтани Абдулло Раҳимбоев ҳам сарчашма аз сиёсати миллии болшевикон мегирифт, ки ба он Сталин роҳбарӣ мекард. Ин луқмае буд, ки ба даҳони Абдулло Раҳимбоев гузошта буданд. Эрон худро ба оғӯши Англия андохт, тоҷикон дар коми аждаҳои нестӣ қарор гирифтанд.
Воситаи расидан ба ин ҳадаф рӯй тофтани Эрон аз марказҳои тамаддуни мардуми эроннажод дар Осиёи Марказӣ ва хиёнаткорони фурӯхташуда буд, ки бо дасти онҳо фарзандони фарзонаи миллат Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва садҳо ватанхоҳ кушта шуданд.
Бобоҷон Ғафуров дармеёбад, ки Абдулло Раҳимбоев аз пуштибонии мустақими Сталин бархӯрдор аст. Барои ҳукумати болшевикон истифодаи намояндагони миллатҳо барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ як кори маъмулӣ буд. Зиндагиномаи Абдулло Раҳимбоев низ шоҳиди ин гуфта аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволашон «Чеҳраҳои мондагор» чунин қайд мекунанд: «Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон абармардонеро ба дунё овардаанд, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умри хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургиву тавонмандии онҳо далели эҳтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихию фарҳангии халқи азизамон аст».
Олимони маъруфи дунё, профессорон Ланселот Ҳогбен, Жак Рислер ва Э.Ф.Гауте доир ба маъруфияти илм дар байни тоҷикон факту далелҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, профессори фаронсавӣ Жак Рислер изҳор менамояд:
- Бузургтарин мазҳаб дар дини мубини ислом мазҳаби Абуҳанифаи тоҷик аст.
- Бузургтарин муҳаддис дар олами ислом Ал – Бухории тоҷик аст.
- Пурнуфузтарин табиби илмӣ дар тамоми олами асримиёнагӣ Абуалӣ ибни Синои тоҷик аст.
- Ҷамолиддин ном донишманди тоҷик дар Чин ҳафт навъ асбоби ситорашиносӣ ихтироъ кард ва тақвими дақиқе тартиб дод, ки соли 1281 дар тамоми қаламрави Чини бузург ба расмият дароварда шуд.
- Асосгузори илми алгебра Ал – Хоразмии тоҷик аст.
- Аввалин кашфкунандаи микробҳо Абуалӣ ибни Сино мебошад.
- Аввалин ҷарроҳикунандаи маълуми бемории бод (рак) Алӣ ибни Аббоси тоҷик (вафоташ соли 994) аст, ки сатҳи кори ӯ баробар ба нишондодҳои илми имрӯз аст.
- Рақами сифр ихтирои Муҳаммад – ал – Хоразмӣ мебошад.
- Ҷобири Батонии тоҷик (вафоташ соли 929) дар ҷаҳон аввалин шуда, асоси илми тригонометрияро гузоштааст.
- Ихтирои тӯпи борутӣ кори бародарони тоҷик Аловуддин, Исмоил ва Қиёмуддин дар Чин аст, ки эшон бо даъвати императори бузурги Чин Куби – Лои (охири асри 13) ба Чин барои сохтани манҷаниқ даъват шуда буданд.
- Аввалин интишордиҳандаи Эъломияи ҳуқуқи башар Куруши Кабир буд.
Ҳамзамон, таҳқиқотчии машҳур ва олими франсавӣ, профессор Э. Ф.Гауте қайд менамояд, ки:
- Бузургтарин кашфиёти олимони бузурги Аврупо (Коперник (1473–1543), Ҷордано Брунно (1546–1601), Галилео Галилей (1564–1642) вобаста ба кашфиёти донишмандони тоҷик аст.
- Меъмор ва тарроҳи шаҳри Пекин як нафар муҳоҷири тоҷик бо номи Ихтиёриддин буд, ки онро пас аз вайрон кардани муғулҳо (асри 12) бунёд кардааст. Ӯ тамоми нозукиҳои меъмории чиниро омӯхта, ба санъати ҳунармандии худ зам кардааст.
- Курашакл будани Замин, дар атрофи меҳвари худ ва дар гирди Офтоб давр задани онро чандин аср пеш аз ғарбиён Ал – Берунӣ кашф карда буд.
- Аввалин маротиба дар ҷаҳон Ал – Берунӣ ҳисоб кардани масоҳати рӯи Заминро кашф кард, ки дар Аврупо бо номи «Қоидаи Берунӣ» маъруфу машҳур аст.
- Сарвари киштисозон ва дарёнавардони Чин як нафар тоҷики Бухороӣ бо номи Муҳаммад Нуриддин буд, ки (номи Хитоии ӯ Зинг Хи буд) санъати дарёнавардии Чинро (дар асри 15) ба авҷи аъло расонд.
Дар ин маврид олими машҳур Ланселот Ҳогбен дар моҳвораи «Хирад» чунин менигорад:
- Аввалин донишманде, ки дар ҷаҳон хамии мадори Офтоб (кривизнь эклептики) – ро муайян кард, Ал – Фарғонии тоҷик (вафоташ соли 861) буд.
- Осонтарин роҳҳои дарёфти обҳои ниҳонии зеризаминӣ ихтирои Муҳаммад Қарочии тоҷик аст.
- Қутбиддин Шерозӣ 300 сол пеш аз Рене Декарт чигунагии рангинкамонро ошкор карда буд.
- Аз 13 адад китоби таълимии исломие, ки дар миёни тамоми мусулмонони Чин таълим дода мешуд, 11–тоаш ба забони форсӣ, аз ҷумла, яке аз он «Гулистон» – и Саъдӣ ба забони тоҷикӣ буд.
- «Падари илми химия» дар ҷаҳон Ҷобир ибни Ҳайёни тоҷик (вафоташ соли 805) шинохта шудааст.
- Натиҷаҳои илмии бузургтарин химикони ҷаҳон Пристли (1733 – 1804) ва Лавуазена (1743 – 1794) аз натиҷаҳои илмии Ҷобир ибни Ҳайёни тоҷик поёнтар мебошанд.
- Аввалин маротиба дар ҷаҳон дар дохили атом мавҷуд будани энергияро Ҷобир ибни Ҳайёни тоҷик пешгӯӣ карда буд.
- Мафҳуми синус ихтирои тоҷикон аст. Дар таърихи илми ҷаҳонӣ миёни олимони соҳа ин баҳс ҳоло ҳам ҳал нашудааст, ки онро кадоме аз ин се донишманди тоҷик: Абулвафои Бӯзҷонӣ, Абунасри Форобӣ ё Ҳамиди Хуҷандӣ кашф кардаанд, вале барои мо донистани ин амр кофист, ки он ҳар се бузургвор намояндагони миллати тоҷик мебошанд.
Абдусаттор ОДИНАЕВ –
мудири кафедраи таҳсилоти касбии ДҶТИБКСМ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент