Монографияи доктори илмҳои фалсафа, профессор, сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов ва номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Р. Имомалиева бо номи «Ҳолат ва дурнамои рушди маориф дар Тоҷикистони муосир (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)» («Состояние и перспективы развития образования в современном Таджикистане») тавассути нашриёти Palmarium Academic Publishing (Рига) ба нашр расид. Монографияи мазкур аз сарсухан, ду боб, панҷ зербоб, хулоса ва феҳристи сарчашмаҳои истифодагардида, ки шумораи онҳо 195 ададро ташкил медиҳад, иборат аст.
Аз унвонии монография бармалост, ки он ба яке аз бахшҳои муҳим ва бунёдии самти иҷтимоёт, яъне маориф бахшида шудааст. Зеро маориф яке аз институтҳои муҳимми иҷтимоиёти на танҳо як кишвар ва ё минтақа, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, барои раҳонидан аз буҳронҳои фарҳангӣ заминаҳои бунёдӣ фароҳам меорад ва гиреҳҳои то ба имрӯз нокушодаи мушкилоти башариро боз менамояд. Махсусан, дар замони муосир, ки бузургтарин сарвати инсоният татбиқи донишҳои илмӣ дар амал ба шумор меравад, густариш додани ин донишҳо барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ ва дараҷаи маърифатнокии башар аҳамияти бештар касб карда истодааст. Бинобар ин, маориф ба сифати муҳимтарин ва бунёдитарин хориқаи иҷтимоӣ рушди рӯзафзун дошта, диққати ҷомеаи ҷаҳониро мунтазам ҷалб менамояд. Зеро ягона роҳ барои бартараф кардани буҳронҳои фарҳангие, ки дар натиҷаи тағйиротҳои бунёдӣ ба амал омада, дар ҳаёти иҷтимоии башар монеаҳо мегузоранд, маҳз рушд додани соҳаҳои илму маориф аст. Дар робита ба ин масъала, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист, пажӯҳиши ҳамаҷонибаи масоили асосҳои методологӣ ва омилҳои функсионалии институти маориф аҳамияти хеле муҳим дорад. Чунки яке аз самтҳои асосӣ ва бунёдии рушди давлат дар ояндаи наздику дур, маҳз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Бо назардошти ҳамин масъала муаллифон дар боби аввали рисола асосҳои назариявӣ-методологии институти маорифро дар шароити Тоҷикистон аз дидгоҳи иҷтимоӣ ва фалсафӣ мавриди пажӯҳиш қарор додаанд. Онҳо дар бахши аввали боби мазкур ба ҷанбаъҳои иҷтимоӣ-фалсафии маориф, чун институти иҷтимоӣ диққати махсус дода, гузориши масъаларо дар асоси тадқиқотҳои як қатор пажӯҳишгарони номвари соҳа, аз қабили Н.Э. Гусинский, Ю.И. Турчинов, В.М. Розин, Э.Ҷ. Паувер, А.И. Савитский, В.Л. Краевский, Б.Л. Вулфсон, В.В. Кумарин, А.И. Субетто ва дигарон таҳлилу баррасӣ намудаанд. Дар баробари таҳлили адабиёти олимони русу аврупоӣ, масъалаи мазкурро аз дидгоҳи олимони Шарқу таълимоти динии исломӣ баррасӣ кардаанд. Ҳамчунин, масъалаи фалсафаи маорифро аз фалсафаи аҳди бостони Юнон, асрҳои миёна, давраи эҳё, замони наву давраи муосир пайгирӣ намуда, нишон додаанд, ки дар замина ва муҳити халое ҳеҷ гуна фалсафаи маориф ба вуҷуд намояд. Ба андешаи муаллифон, фалсафаи маориф дар баробари донишҳои илмию фалсафӣ, инчунин улуми фарогири соҳаи маориф — психология, педагогика, дидактика ва ғайраро дар бар гирифта, дараҷаи манфиатнокии он ба сатҳи таъсираш ба ин илмҳо муайян карда мешавад.
Дар боби дувуми монография бошад, муаллифон масоили ҳолати институти маориф дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, тамоюли асосии рушди маориф дар раванди таҳаввул ва алоқамандии маориф ва илм дар заминаи сиёсати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намудаанд. Ба андешаи муаллифон, вазифаи асосии давлат дар соҳаи маориф пеш аз ҳама аз ба вуҷуд овардани бартарияти нақши маориф дар рушди кишвар ва таъмини дурнамои фаъолияти он, бунёди шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ барои рушди соҳаи маориф, татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд барои соҳиб гардидан ба маълумот ва таъмини асосҳои ҳуқуқии он, ба вуҷуд овардани асосҳои иттилоотию илмии раванди рушди низоми маориф, таъмини ҳифзи иҷтимоии таҳсилгирандагон ва кормандони низоми маориф, додани ҳуқуқҳои баробар ба муассисаҳои таълимӣ, ташкили низоми литсензионии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии онҳо ва ғайраҳо иборат аст. Муаллифони рисолаи мазкур заминаҳои ҳуқуқии рушди маорифро дар солҳои пасазистиқлолӣ дар асоси таҳлилу баррасии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 41), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар асноди меъёрӣ пажӯҳиш намуда, сиёсати давлатиро дар рушди низоми маориф нишон додаанд. Авлавият доштани соҳаи маорифро дар сиёсати кунунии ҳукумати ҷумҳурӣ бори дигар таъкид дошта, ҳамасола зиёд гардидани маблағгузориро ба ин самт дар асоси маълумотҳои оморӣ махсусан қайд кардаанд.
Дар баробари ин, муаллифон таъсироти манфии ҳаводиси мудҳиши солҳои 90-уми садсолаи қаблро ба таназзули соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф зикр намуда, нишон медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо ба водиҳои Вахш, Рашт, Ҳисор ва шаҳри Душанбе хисороти бағоят бузурги ҷуброннопазир оварданд. Масалан, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 55 ҳазор кӯдак ятим монда, 26 ҳазор зан шавҳарони худро аз даст доданд ва 196 ҳазор нафар шаҳрвандон ба кишварҳои ИДМ ҳиҷрат намуданд, ки ин ҳолат ба тамоми соҳаҳои иҷтимоиёт, махсусан илму маориф таъсири амиқи манфӣ дорад. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба илму маориф комилан тағйир ёфтанд, барои таъмини рушди устувори кишвар масъалаи интегратсияи (ҳамҷоянамоии) илму маориф ва инчунин, муттаҳиднамоии иқтидори зеҳнӣ ба вуҷуд омад. Маҳз ба ин масъала муаллифони монография аз миқёси ҷумҳурӣ фаротар нигариста, онро ҳамчун як ҷузъи мушкилоти глобалӣ таҳлилу баррасӣ намудаанд. Зеро тадқиқотҳои зиёде собит менамоянд, ки тамаддуни ҷаҳонӣ дар ибтидои давраи фалокати глобалии худ қарор дорад ва дар ин раванд, бузургтарин буҳрон, буҳрони маориф мебошад. Аз ин рӯ, гузариш ба «модели рушди устувор», ки ҳанӯз соли 1992 дар Конвенсияи СММ (Рио-де-Жанейро) қайд гардида буд, яке аз роҳҳои асосии бурунрафт аз чунин буҳрон ва раҳоӣ аз ин фалокат мебошад. Ва албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ, боло бурдани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, оммавӣ гардонидани донишҳои илмӣ ва дар маҷмӯъ, инкишоф додани низоми маориф мақоми аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, раванди ислоҳоткунонии низоми илму маорифи ҷумҳурӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот идома дошта, ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намудани таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳо вазифаи муҳимми соҳаи мазкур маҳсуб меёбад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ технологияи муосири таълим ҷорӣ гардида, аксар мактабҳои олӣ аз услуби идоракунии электронӣ истифода мебаранд ва волидон имкон доранд, ки аз раванди таҳсил, давомот ва пешрафти фарзандони худ маълумоти заруриро пайдо намоянд. Ҳамчунин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри тақвият додани донишҳои назариявию амалӣ ва анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ заминаю шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи нави ислоҳоти низоми маорифи ҷумҳурӣ дар самти ҳамҷоянамоии илму маориф, на танҳо дар муассисаҳои илмӣ, илмӣ-таълимӣ, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, балки дар дигар сохторҳои кишвар як қатор масъалаҳои зарурӣ ва ҳалталаб ҳаллу фасл гардиданд. Бинобар ин, бо омӯзиши масъала ва вазифаи ҳамҷоянамоии илму таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушаххас ва чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Муаллифон дар хотимаи рисола хулосаҳои дақиқу амиқ бароварда, барои рушди ояндаи давлат аҳамияти бузурги амалӣ доштани онҳоро нишон додаанд. Ба андешаи муаллифон, иқтидори маълумотнокии миллӣ ба рушди ҳаматарафаи ҷомеа, аз ҷумла, ба самтҳои иқтисоду фарҳанг пайванди ногусастанӣ дошта, мушкилоти дохилиро бемамоният ҳал менамояд ва инчунин, мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ дақиқ нишон медиҳад. Зеро диққати махсус додан ба ин самт тамоми соҳаҳои дигари ҷамъиятро таҳрик мебахшад. Дар ин маврид Ҷопонро ҳамчун мисол меоранд, ки бо вуҷуди надоштани захираҳои бузурги табиӣ, дар иқтисоди ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд ва даромади асосии миллии он аз ҳисоби иқтидори зеҳнӣ мебошад.
Ҳамин тавр, монографияи «Ҳолат ва дурнамои рушди маориф дар Тоҷикистони муосир (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)», ки натиҷаи омӯзишу пажӯҳиши чандинсолаи профессор А.Ш. Қурбонов ва дотсент Р.М. Имомалиева аст, бо забони содаву равон навишта шуда, масъалаи матраҳ дар он мунсифона таҳлилу баҳогузорӣ гардидааст. Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ, ҳамҷояшавии илму истеҳсолот ва инчунин, баҳри умумигардонии таҳсилот нашри чунин як рисолаи пурарзиши илмӣ-тадқиқотӣ басо бамаврид ва айни муддаост.
Номвар ҚУРБОН —
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон