Соли равон китоби адиби сермаҳсул, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва дорандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Маҷид Салим таҳти унвони “Хирс” бо сифату ороиши баланд аз ҷониби нашриёти “Адиб” нашр гардид. Асари мазкур фарогири роман, қисса ва ҳикояҳои таълифнамудаи нависандаи маҳбуби насли ҷавон буда, дар бораи сарнавишти ғамангези хирсе нақл мекунад, ки зиндагияш аз дараи сарсабзу шодоби Хирсдара оғоз меёбад ва сипас, давра ба давра зиндагиро миёни одамон таҷриба мекунад.
Агар осори таълифнамудаи устод Маҷид Салимро варақ занем, дармеёбем, ки адиб муносибати инсон бо табиат, олами ҳайвоноту набототро фасеҳу равон ва ба таври муъҷаз ба риштаи тасвир кашидааст. Аслан услуби нигориш ва тарзи баёни адиб чунин аст, ки бо мутолиаи ду-се саҳифаи аввали дилхоҳ китоби ӯ хонанда ғарқи дунёи рангину тасвирҳои ширин гардида, беихтиёр ба мутолиа идома медиҳад ва дар пайи кашфи воқеаҳои тасвирнамудаи адиб мутолиаи асарро ба охир мерасонад. Дар романи “Хирс” низ зебоиҳои табиат – насими фораму атрогин, обу ҳавои фораму дилпазир, ҳайвоноту парандагони гуногун ва муборизаи онҳо барои бақои ҳастӣ, роиҳаи атрафшони набототу рустаниҳои шифобахш, бо маҳорати баланд тасвир ёфтаанд. Ин тасвирҳои моҳирона он ҳама зебоии табиатро мисли навор пеши назари хонанда таҷассум мебахшанд. Адиб романро аз тасвири табиати фораму зебои Ромит оғоз намуда, аз саёҳати бобои Набӣ, ки дар даврони ҷавонӣ низ ба Хирсдара омада, бо хирсҳо мубориза менамуд, ҳикоят мекунад. Ин дафъа ҳамчун шикорчӣ бобои Набӣ ба ин дараи зебо бо мақсади мубориза наомадааст, балки ӯ мехоҳад бо табиати зебо ва хирсҳо муносибати отифиву дӯстона барқарор намояд. Ҳамин аст, ки хирс дар як муддати кӯтоҳ бо ӯ унс мегирад, худро дар канораш ором ҳис мекунад ва бо ӯ ба деҳа, сипас, ба шаҳр меояд. Ҳамин тавр, сарнавишти хирс бо одамиён гиреҳ мехӯрад ва хирс эҳсосоту отифаи гуногуни инсониятро дарк менамояд: бархе ниҳоят ҳалиму меҳрубон ва иддае хеле сангдилу бемурувватанд.
Нависанда дар баробари тасвирҳои ҷолибу пуробуранг, хонандаро ба андешидан водор месозад. Хислатҳои ҳамидаи инсониро ситоиш ва хулқу атвори номақбулу нописандро накуҳиш менамояд. Ҷолиб ин аст, ки дар асар хислатҳои неку писандида аз ҷониби як ҳайвони ваҳшӣ (хирс) мавриди таъйиду қабул воқеъ мегарданд. Ба ин тариқа, ин ҳайвони даранда нисбат ба бераҳмӣ ва беинсофии одамон эътироз мекунад, ба ғазаб меояд ва ин муносибати хашини онҳоро маҳкум менамояд.
Дар роман ғояҳои инсонӣ, аз қабили одаму одамгарӣ, раҳму шафқат, меҳрубониву ғамгусорӣ, аҳду паймон, дӯстиву рафоқат тарғиб гардида, одатҳои бад, чун рашку бадбинӣ, бахиливу ҳасодат ва душманиву дағалӣ нисбат ба ҳамҷинсон ва дигар ҷонварон мазаммат шудаанд. Дӯст доштани Ватан ва ҳифзи табиат аз ҷумлаи масоили мубрами асар буда, адиб бо сабку услуби вижаи худ онро талқин намудааст. Масалан, “Ин дам аз кӯҳи пешорӯяш вазидани шамолро ҳис кард, бӯйи зираву пудинаи кӯҳиро шамид. “Ин гулу гиёҳҳо ба сад дард давоянд”, — аз дил гузаронд ӯ. Магар ҳамин решаи чойкаҳаку пудина набуданд, ки ӯ аз ҳамаи дардҳо наҷот ёфт. То имрӯз ба духтур муроҷиат накардааст, ҳа, ҳатто дору истеъмол накардааст”.
Қаҳрамонҳои асосии роман, махсусан, хирс ва бобои Набӣ зимни дучор омадан бо ин ё он воқеа ва ҳодисаҳои хуб худ ба худ суҳбат мекунанд, мулоҳизаронӣ менамоянд ва ақидаи худро баён месозанд. Ин услуб, ки онро монологи ботинӣ меноманд, дар романи “Хирс” ҷойгоҳи вижа дошта, муаллиф ногуфтаҳои персонажҳоро дар қолаби ин услуб равшан сохтааст. Масалан, бобои Набӣ ҳангоми бо хирс дӯст шудан дар мавриди ин ҳайвон чунин меандешад: “Эҳа, кӣ медонист, ки ман бо хирс ҷӯра мешавам, — худ ба худ гуфт мӯйсафед. — Гардиши фалакро бин, дар ин гӯшаи табиат ҳар ду бемалол қадам мезанем. Ҳа, ба одамизод ҳамин озодӣ ва табиати васеъ намерасидааст. Дар шаҳр биноҳои калон, нақлиёти бисёр, — хулоса кард мӯйсафед. — Аммо дар кӯҳистон ҳавои фораму чаҳ-чаҳи мурғон”. Ё ҷойи дигар мӯйсафед вақте мехост хирсро занҷирбанд кунад, чунин андеша мекунад: “Афсӯс, ки мо инсонҳо забони ҳайвонотро намефаҳмем, вале як чиз рӯшан аст, ки ба ҳайвон ҳам озодӣ азиз аст, ҳатто, дарандаи ваҳшӣ намехоҳад, ки дар банди ғуломӣ бошад”.
Азбаски муаллифи роман аз олами рангину муъҷизавии табиат хеле хуб огоҳӣ дорад, тавассути ин услуб дунёи ботинии ҳайвоноти ваҳширо, ки барои инсоният норавшану номафҳум аст, ошкор месозад. Масалан, замоне ки бобои Набӣ бемор мешавад ва дар ҳолати назъ нигоҳубинии хирсро ба ҳамсояааш вогузор мекунад, хирс дар бораи одамон чунин мулоҳиза менамояд: “Агар ҳозир бобои Набӣ мебуд, зуд қанд ё чормағз медод, меҳрубонӣ мекард, — аз дил гузаронд хирс. — Хайрият ки дар дунё одамони хуб низ ҳастанд. Ана, ҳамин ҳамсоя ҳам одами бад не, лекин мӯйсафед барин нест. Намедонад, ки хирс ҳам махлуқ аст. Ҷон дорад, нафас мекашаду хӯрдан мехоҳад. Ҳаёт ширин аст, ман ҳам зистан мехоҳам…”. Ҷойи дигар вақте хирсро ба Боғи ҳайвонот мебаранд, хирс аз муносибати сарди одамон дилгир шуда, чунин эътироз мекунад: “Чӣ, ман хирс шуда, гунаҳгор шудам? Пештар дар ҷангал ризқамро меёфтам, дар шаҳр ҳам мардумро тамошо дода, нон мехӯрдам. Ин ҷо ба мо мисли гадо, муфтхӯр нигоҳ мекардаанд, — бо алам гуфт хирс. – Оё аз ин дида азоби сахттар ҳаст?”.
Дар асар унсури муколама низ хеле бамаврид корбурд шудааст. Муколама гоҳо байни ҳайвонот низ сурат мегирад, ки ҷолибу омӯзанда аст. Он гоҳ, ки хирсро ба таври бераҳмона ба Боғи ҳайвонот интиқол медиҳанд. Полвон (номи хирс) бо мақсади шинос шудан бо хирси азимҷуссаи панҷараи паҳлуии худ суҳбат мекунад. Дар ин суҳбат хирси азимҷусса аз ранҷу машаққати боғи ҳайвонот дарди дил мекунад.
Романи “Хирс” аҳамияти хуби тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, дар ин масъала муаллиф ба ҳадафи худ расидааст. Садоқату вафо ва пойбандӣ ба аҳду паймон аз ҷумлаи масоили меҳварии асар буда, ба хонанда меҳру муҳаббат ва тараҳҳум нисбат ба ҳайвонотро меомӯзонад. Дар маҷмуъ, романи “Хирс” бо забони содаву равон иншо гардидааст.
Дар идомаи асар қиссаи “Озодапаланг” ҷой дода шудааст, ки доир ба сарнавишти ҳайвони нодир – Озодапаланг дар табиат ва миёни мардумон ривоят мекунад. Ҳамин тавр, дар китоб ҳикояҳои таълифнамудаи нависанда низ ҷой дода шуданд, ки муносибати инсон бо табиатро мавриди инъикос қарор додаанд. Китоб воқеан, арзандаи қадршиносист. Чунки дар масъалаи тасвири ҳаёти ҳайвонот беҳтарин асар буда, дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстии насли наврас ва ҷавонон аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. То ҷойе мо иттилоъ дорем, киностудияи “Тоҷикфилм” аз рӯйи романи “Хирс” филмеро ба навор гирифтанист. Ин иқдом воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст.
Санҷар АБУНАСРПУР –
муовини сармуҳаррири
маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”