Истиқлоли давлатӣ падидаи муҳимтарин барои ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Он барои ҳар фарди кишвар, пеш аз ҳама, озодии комил, тинҷиву оромӣ, зиндагии осуда ва комёбиҳо фароҳам меоварад. Ҳамзамон, истиқлол мусоидат бар он мекунад, ки имрӯзу ояндаи миллат ва рушди босуботи кишвари азизамонро самти ҷомеаи давлатӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона созем.
Кишвари соҳибистиқлоли мо мардуми худро аз он роҳи пурпечутоби зиндагӣ, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта тамоми мардуми кишварро ба парокандагӣ оварда буд, сарҷамъ намуд. Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик беҳтарин имкони давлатсозию давлатдории мустақил, созандагию бунёдкорӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фароҳам оварда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Албатта, ҳамаи ин, пеш аз ҳама, хизмати шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бузургтарин комёбиҳои халқи тоҷик бо заҳматҳои зиёди ин марди ҷасуру қаҳрамон ва матину қавиирода ба даст омадааст. Дар низоми идоракунии давлатҳо истиқлоли давлатӣ пойдевори асосии пешрафти кишвар буда, ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам дар сиёсати дохилӣ барои ба даст овардани дастовардҳо нақши бисёр бузург дорад. Кишвари соҳибистиқлоли мо дар самтҳои сиёсати хориҷию дохилӣ, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар бахши иҷтимоии кишвар Сарвари давлат соҳаи маорифро ҳамчун “омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат” арзёбӣ намудаанд. Ин аст, ки дар давоми солҳои истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ намуда, бо дастовардҳои хеле назаррас босуръат рушд ёфта истодааст. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маорифи кишвар мунтазам қонуну қарорҳо, барномаҳои миллӣ доир ба самтҳои алоҳидаи соҳа қабул шудаанд. Ҳамзамон, стандартҳои таълимии давлатии нав доир ба таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр) ва таҳсилоти баъдидипломӣ (докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)) китобҳои дарсӣ ва барномаю нақшаҳои таълимӣ таҳия ва дар амал тадбиқ гардида истодаанд.
Бо вуҷуди рушду пешравиҳое, ки дар самти сиёсати пешгирифтаи давлат дар соҳаи маориф ба назар мерасанд, яке аз мушкилоти асосие, ки то ҳол ҳалли худро тақозо дорад, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисон дар самтҳои гуногун мебошад. Вобаста ба ин, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлату ҳукумат барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, махсусан, дар доираи илми табиатшиносӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ диққати махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт эълон намудани солҳои 2020–2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” иқдоми басо муҳим мебошад. Доир ба ин мавзуъ пештар низ барномаҳои зиёд қабул гардида буданд. Дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” ташкил карда шуд, ки дар он хонандагон ва донишҷӯён аз фанҳои физика, химия, риёзӣ, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ метавонанд сабқат ороянд. Соли дуюм аст, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ин озмун баргузор гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ва назаррасба бор меоварад. Аз ҷумла, дар Саммити глобалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар шаҳри Соррентои Италия, ки аз 27-уми июн то 3-юми июли соли 2022 баргузор шуда буд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” аз номинатсияи география фиристода шуданд. Ҷавононе, ки дар ин Саммит иштирок карданд, бо баромади худ минтақаҳо ва захираҳои сайёҳии кишвари азизамон – Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Инчунин, дар баробари шабакаҳои телевизионии давлатӣ барои баланд бардоштани тафаккури техникӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон шабакаи алоҳидаи телевизионии “Илм ва табиат” таъсис дода шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давоми соҳибистиқлолии кишвар бунёди инфрасохтори соҳаҳои илму маориф хуб ба роҳ монда шуда, беш аз 3 ҳазор бинои нави таълимӣ барои 1 млн. 270 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Имрӯз шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 696 расида, ба таълиму тарбияи томактабӣ 152 435 нафар (15, 6%) кӯдак фаро гирифта шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3940 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 2 195 619 нафар (1 059 743 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар кишвар шумораи муассисаҳои типи нав 156 адад буда, 75 гимназия ва 81 литсей ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи маълумоти омории соҳаи маорифи кишвар, айни ҳол дар 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ), аз ҷумла, 57 муассисаҳои таълимии давлатӣ аз рӯйи 9 равия (аз рӯйи 209 ихтисос) – омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҳуқуқ ва варзиш мутахассис омода менамоянд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бошад, дар ҷумҳурӣ ба 42 адад расидааст ва дар онҳо 234 524 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Ба онҳо 12 697 нафар омӯзгор (аз ҷумла 4572 нафар занон) таълим медиҳанд. Шумораи донишҷӯ, магистрант ва аспиранту докторантҳое, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, беш аз 40 000 мебошад. Дар ин бахш нишондиҳандаҳои сатҳи таҳсилотнокии аҳолӣ собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии кишвар боло рафта, теъдоди шаҳрвандоне, ки мехоҳанд таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гиранд, рӯ ба афзоиш оварда истодааст. Азбаски ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ квотаи Президентӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси квотаи Президентӣ низ, пеш аз ҳама, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони деҳоти дурдаст ва бо ин мақсад минтақаҳои гуногуни кишварро бо мутахассисони касбу кори гуногун таъмин намудан мебошад. Тайёр намудани мутахассисон тибқи квотаи Президентӣ аз соли таҳсили 1997–1998 оғоз гардид. Дар ин замима асосан духтарони ноҳияҳои дурдастро дар бар мегирифт. Баъдан аз соли 2005 ин имтиёз барои писарон низ муқаррар гардид, ки онҳо ба муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ бидуни супоридани имтиҳон танҳо тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Дар замони истиқлоли давлатӣ 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи Президентӣ хатм намуданд ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа кору фаъолият менамоянд. Инчунин, дар байни мутахассисоне, ки тариқи квота таҳсил намудаанд, нафарони зиёде ҳастанд, ки баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ дохил гардида, бо корҳои илмӣ–тадқиқотӣ машғуланд.
Айни замон дар муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар беш аз 7400 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо зиёда аз 3700 нафар духтаранд. Шумораи донишҷӯёне, ки тариқи квота дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, 145 нафарро (дар соли таҳсили 2019–2020) ташкил медиҳад, ки аз онҳо 56 нафарашон духтарон мебошанд. Яке аз дастовардҳои муҳим дар самти илми кишвар таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамин тариқ, дар баробари дастовардҳои соҳаҳои илму маориф дар дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимою иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар низ комёбиҳои назаррас дида мешаванд, ки кишвари мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолии худ ба даст овардааст.
М. НАЗИРОВА,
Ф. РАҲМОНОВА –
ходимимони хурди илмии шуъбаи географияи АМИТ,
Р. АМОНУЛЛОЗОДА –
мудири шуъбаи умумӣ ва назорати мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ