Ба озмун
Чанд сол қабл аз ин дар бораи қадру манзалати омӯзгор ва дастгирии ҳамаҷонибаи ӯ аз ҷониби мардум ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ матолибе навишта, андешаву пешниҳодҳоямро ҷиҳати ҷойгоҳи бузурги устодон иброз дошта будам. Ҳанӯз дар андешаҳои худ устуворам: баланд бардоштани мақоми омӯзгор на дар сухан, балки дар амал зарур аст. Омӯзгори имрӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи сарварони деҳу ҷамоату шаҳрак ва ноҳияҳо қарор дошта бошад. Омӯзгор, дарвоқеъ, лоиқи на танҳо ситоишу мадҳ, балки дастгирию ҳавасмандкунӣ ва ба ҳайси чеҳраи калидию созанда шинохташуда бояд дониста шавад. Бар асари воқеаҳои маълум (ҷангҳои бемаънии дохилӣ) то андозае нуфузу таъсири омӯзгор ҳамчун фарди хирадгустару маърифатоин дар байни мардум коста гардид, ки ин ҳақиқати маълум аст. Омӯзгорону устодони ба пешаи худ содиқ ва нисбат ба фарзандони мардум дилсӯз ба вазъи сангин нигоҳ накарда, аз пайи пешбурди таълиму тарбия камари ҳиммат бастанд ва мактабро тарк накарданд. Онҳо бо як бурда нони гандумӣ (гоҳо зағораю сабӯсӣ) ва пиёлае об сабру қаноатро пеша карда, ба умеди рӯзҳои нек кор намуда, ба он роҳ надоданд, ки шогирдонашон — созандагони ояндаи ҷомеа дар байни роҳ овораю ҳайрон ва бесавод монанд. Моҳҳо рӯйи маошро намедиданд, вале сарсупурдаю азхудгузаштае буданд, ки медонистанд: роҳи наҷот аз вартаю бунбаст, танҳо савод асту дониш, маърифату хирад. Дар ҳамон айёми фоҷиаангез, мутаассифона, дар маҳалҳо ба қадри омӯзгор ба таври бояду шояд намерасиданд. Аз раисони деҳу ҷамоат то заминдорону сарватмандон дар аксари минтақаҳо лоиқ надонистанд, ки омӯзгоронро бо маводи аввали ғизоӣ, алалхусус, гандум таъмин намоянд. Бар замми ин, қитъаҳои замин ба шумори ками муаллимон тақсим карда мешуд. Ҳатто дар баъзе минтақаҳо замини иҷоракории муштаракро ба омӯзгорон баҳри кишти гандум додан нахостанд. Ҳол он ки ин амал ҳеҷ мушкилие надошт. Як сабаби то ҷое навмед гардидани омӯзгорон ва ҷилои ватан намудани эшон, ба андешаи мо, дар ҳамин омил нуҳуфтааст. Ин раванд ба он оварда расонд, ки андак — андак шахсони тасодуфию аз мактабу тадрис дуру бегона бо маълумоти миёна ҷойгузини устодони соҳибном гардиданд. Дар байни одамон як ҳисси нобоварӣ, беэътимодӣ ва зуҳури суоле, ки «оқибат чӣ мешуда бошад?» густариш ёфт. Хушбахтона, ҳаёт чун устоди соҳибфазилат ҳама норасоиҳоро бартараф ва гавҳару муҳраи қалбакиро бар ҷойи худ гузошт. Он ба ном «омӯзгорон» бо сипарӣ гардидани марҳалаҳои зиндагӣ ва ҷорӣ шудани низому тартиб ва талабот нисбат ба таълим ба мушкилиҳои кори омӯзгорӣ тоб наоварда, аз пайи касбу пешаи дигар шуданду бо мактаб «хайрухуш» карданд. Омӯзгорони маърифатоин чун сутуне побарҷо ба таълиму тарбия машғул буданду дар байни мардум бо суханони пурҳарорат ва андешаҳои тозае, ки одамонро ба фардои нек дилгарм месохтанд, баромад мекарданд. Он давраҳои маъшуму пурфоҷиа бебозгашт гузаштанд, вале заҳмату ранҷи омӯзгорони сарбаланд аз ёдҳо нарафтааст. Мусаллам аст, ки устодон дар ҳама давр ба сухани рӯҳафзо ва дилгармкунанда ниёз доштанду доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли сафарҳои худ ба шаҳру навоҳии кишвар ҳатман ба мактабҳо ташриф меоранду бо омӯзгорон аз наздик суҳбатҳои самимӣ анҷом медиҳанд. Аз ҳолу аҳвол ва мушкилоти рӯзгорашон пурсон мешаванд. Барои рафъи норасоӣ ва мушкилиҳои зиндагии онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас медиҳанд. Муносибату муошират ва эҳтиром гузоштан ба хидматҳои омӯзгоронро роҳбарони сатҳи поёнии мақомоти маҳал бояд аз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биёмӯзанд. Имрӯз раисони деҳу ҷамоат, шаҳрак ва ноҳияҳо бояд дар канори омӯзгор будану аз вазъи кору зиндагии онҳо иттилоъ доштанро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор бидиҳанд. Обрӯи омӯзгор дар байни аҳли ҷомеа худ аз худ баланд намегардад. Воқеан, аз қавли ситорашинос ва физики итолиёӣ Галилео Галилей, омӯзгор бояд беҳтарину хушсифаттарин либосро ба бар кунад, дар маъракаҳо гули сари сабад бошад, дар навтарин мошини сабукрав ба мактаб ҳозир шавад ва дар номдортарин ошхонаи шаҳр хӯрок тановул намояд. Аммо мушоҳидаҳои солҳои охир бозгӯии онанд, ки шогирди дирӯза қадри устодро намедонад, агар бо мошини сабукрави худ аз роҳ гузарад, бо дучор омадан ба устодаш на танҳо ӯро савор намекунад, балки рӯяшро дигар тараф гардонда мегузарад. Муаллими солхӯрдае, ки тамоми умри бобаракаташро сарфи омӯзиши саводи шогирдони зиёде кардааст, дар бемористон соатҳо дар навбат меистаду шогирдаш, духтури соҳибмаълумот фаросат намекунад, ки ӯро пештар аз дигарон қабул кунад. Устоде моҳҳо барои ҷавоби аризааш дар хусуси соҳиб шудан ба як порча замин баҳри писараш, аз қавле, дар роҳи идораи ҷамоат ё ноҳия «асояш сӯзану чоруқаш ғалбер» мегардаду лек бо ваъдаҳои болохонадори пуч ба хонааш бармегардад ва сар ба ҷайби андеша бурда, аз худ мепурсад: «Ҳамин қадар сол умри азизи худро сарфи сабақ додани фарзандони мардум кардаму ҳосилаш ҳамин?! Маро то кай «бо об гирифтан дар ғалбер» — у «ба бод гиреҳ задан» мефиребанд?! То кай?!» Ва ин раису кабиру масъул низ шогирди устоди дилшикастаанд! Бешак, дар замони имрӯза мақом (статус) — и вазифавии омӯзгор аз ҳар ҷиҳат бояд баланд бардошта шавад. Агар на, пас, «ҳеҷ чӣ нашавӣ, муаллим мешавӣ — ку!» ҳамчун шиор идома меёбад ва омӯзгорони тасодуфӣ ва белаёқат мӯҷиби пайдо шудани ҳар гуна суханҳои бехигӯшӣ ва дар ниҳояти кор, коста гардидани обрӯю манзалати омӯзгор мешаванд. Воқеият нишон медиҳад, ки ину он сарвари дабистон (директор, ҷонишинони ӯ) бисёр ҳангом хостаҳои дили волидонро бароварда наметавонанд. Масъалаи ротатсия (ҷойивазкунии раҳбарони мактабҳо) аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф на ҳамеша дар заминаи талаботи қонун сурат гирифта, ҳатто директороне, ки собиқаи роҳбарияшон 20 солро убур кардааст, ба сабабу воситае роҳат дар вазифаи худ фаъолият карда истодаанд, ки ин иштибоҳи авфнопазир аст. Чунин ҳолатҳо ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки як нафарро ба мӯҷиби аз уҳдаи иҷрои раҳбарӣ набаромадан аз вазифааш озод ва ба гузашти якчанд сол дар муассисаи таълимии дигар директор таъйин мекунад. Ин хилофи қонун амал кардану ба «чашми одамон хок пошидан» боиси дилсардии омӯзгорон ва махсусан, мутахассисони ҷавони соҳиблаёқат мегардад ва обрӯю нуфузи омӯзгорро дар байни мардум поён мефарорад. Оре, омӯзгор бояд дар ҳама ҷо дар садр нишинаду ба таъбири мардумӣ «бологузар» бошад. Аз ҷониби дигар, ба чунин сарафрозӣ ноил гардидан асосан аз худи муаллим ҳам вобаста аст. Воқеан, агар ин вазъро бо даврони Шӯравӣ қиёс кунем, бараъло мебинем, ки ҳанӯз доираи фаҳмишу биниш, қобилияти маърифатию фарогирии донишҳои замонавии омӯзгорони имрӯза ба он дараҷа таҳаввул наёфтааст, ки дар баҳсу мунозираҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ақидаҳои пешрафта ва ибратомӯзи худ онон мӯҷиби ҳайрати мубоҳисон гарданд. Омӯзиши пайваста, иттилои фаровон доштан аз ҳаводиси ҷаҳон, таҳлилу баҳогузории хирадгароёна, истифода аз донишҳои илмӣ (фалсафӣ, сиёсӣ) ба ин васила, ҷавонон ба роҳи рост, иҷтиноб варзидан аз андешаҳои хурофотӣ барои омӯзгори замони муосир шарту зарур аст. Афсӯс, ки дар байни омӯзгорону устодон нафароне вомехӯранд, ки ба ҷуз маълумоту андӯхтаҳо аз фан (ихтисос) — и худ, аз дигар илмҳои замонавӣ ва донишҳои назариявӣ дар ҷаҳони пуртазоду мураккаб иттилои зарурӣ надоранд. Таҳлилу муҳокимарониҳои ин гурӯҳи омӯзгорон содаю омиёна буда, таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намекунанд. Ҳол он ки, аз қавли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ муаллим бояд шабеҳи шамъ ҳамвора сӯзаду роҳи мардумро бо нури хираду маърифат рӯшан созад. Охир, устодони мо ҳамин амалро шиори зиндагию фаъолияти худ қарор дода буданд. Аммо имрӯз беандешаю сабуксороне (чунонки дар боло ишора рафт) дар ҷомеа вомехӯранд, ки бо амалу кирдори аз шарафи инсонӣ дур қалби нозуки омӯзгори заҳматкашро меранҷонанд, хотирашро озурда месозанд ё ҷавони ҳушмандеро дилсард. Як омӯзгори шинохтаю пуртаҷриба ҳикояти дардомезро нақл кард, ки бо шунидани он ангушти ҳайрат ба лаб бурдем. Синни муаллим кайҳо аз марзи 70 гузаштаву давлати пирӣ меронад. Боре мошинсавор аз ноҳияи дурдаст ба Душанбе меояд ва дар дохили шаҳр нозири роҳ мошинашро бе ҳеҷ сабаб бозмедорад. Ҳуҷҷатҳояшро гирифта дуртар рафта муоина мекунад. Муаллим заҳмат кашида, ба наздаш ҳозир мешавад. Нозир мутакаббиронаю норозиёна мепурсад, ки тасмаат бастагӣ буд? Аҷабаш меояд муаллимро ва табассум дар лаб мегӯяд, албатта, бастагӣ буд. Боз нимғурма мепурсад, ки чароғҳои қафои мошинат чаро фурӯзон набуданд? «Фурӯзон буд, — мегӯяд муаллим, — шумо аз рӯ ба рӯ надидед ва дида ҳам наметавонистед. — Чикораӣ? –лоқайд суол медиҳад нозир ва бо тамасхур: — Мӯйсафеди маҳмаддоно будаӣ, — мегӯяд. — Ман муаллимам, — посух медиҳад омӯзгори солманд. — 50 соли ҳаётамро сарфи тарбияи фарзандони мардум кардаам. — Муаллимам гуфта, чӣ хеле ки хоҳӣ, мошинатро рондан мегирӣ? — киноя мекунад нозир. Шумо, муаллимҳо, заҳмат кашидем, гуфта, чӣ ин қадар миннат мекунед? Муаллимӣ кардед, пули давлата ба ҷайб задед. Тавба. Гап ёфтаанд… Ва ба посухи муаллим, ки дилшикаставу озурдаҳол буд, мунтазир нашуда, аз мошини хидматияш асбоберо мебарораду мегӯяд, ки месанҷемат, муаллим, маст — паст набошӣ!» Ин ҷо шарҳу тафсири вазъият зарурат надорад. Вале, чунонки муаллим изҳор медорад, ин таҳқири рӯирост чун захми носур қалбашро хунчакон кардаву домангири рӯҳи афсурдаи ӯ гардид. — То ҳол аз ин суханони заҳрогину тамасхуромез ба худ наомадаам, — мегӯяд ранҷишомез муаллим ва меафзояд, ки дилам ба қадри заҳмату ранҷҳои кашидаам месӯзад. — Ҳайфи меҳнату ҷон коҳонданҳоям. Ба чӣ рӯзу рӯзгоре расидем… Воқеан, бо дастгирию дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз 1 сентябр маоши устодону омӯзгорон 15 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом дилсӯзию ғамхории навбатӣ нисбат ба заҳмати пурмашаққати омӯзгорон буда, ба беҳтар гардидани дараҷаи зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Дар зимн, ба тамоми аҳли ҷомеа зарур аст, ки баҳри эҳтирому арҷгузорӣ ба муаллим саъю талош намоянд. Муқарраран биандешанду хулоса бароранд, ки нахустин ҳарфу ҳиҷоро ба фарзандони онҳо устод омӯзондааст. Ба омӯзгорони заҳматкашу ҷӯянда ва таҷрибаманду соҳибмактаб беҳтарин унвонҳоро тақдим бояд кард. Раёсату шуъбаҳои маориф, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ба ҳеҷ ваҷҳ дар пешбарӣ намудани омӯзгорону устодони навовару эҷодкор ба нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, медали «Хизмати шоиста», унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва ифтихорномаю сипосномаҳо дасткӯтоҳӣ (ба сухани дигар «хасисӣ») накунанд. Маҳз омӯзгор аввалқадам бояд бо ин мукофоту унвонҳо қадрдонӣ карда шавад. Рӯзноманигори ҷавон, ҳамқалами мо Фарангиси Фармон хеле бамаврид ва ҳадафрас иброз доштааст, ки «…Маҳз ба хотири номи бузургаш, вақти он расидааст, ки тоҷи қаҳрамони замонро ба сари муаллим гузорем». Дар воқеъ, беҳ мебуд барои эҳтирому қадрдонии муаллим дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи омӯзгор ба таври расмӣ гузошта шуда хиёбоне ба шарафи ӯ номгузорӣ гардад. Зеро омӯзгор ба ин ҳама арзанда аст. Қадру ҷойгоҳи ӯ олӣ ва меҳнату ранҷи кашидааш лоиқи сутудану мадҳияҳост.
Шодӣ РАҶАБЗОД –
журналист, Аълочии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон