Ин навишта муҳтавои маърӯзаи мавриди назари як донишманди фаромиллист, ки ба иштирок дар таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳавасмандии зиёде дошт, аммо ба баъзе сабабҳо ширкат карда натавонист. “Маорифи Тоҷикистон” аз садои дӯстиву ҳамдилии ҳар ҳамзабону ҳамватану ҳамдил, ки баробари мо аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз ифтихор мекунад, истиқбол мегирад.
Ин рӯзи хуҷаста — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи миллати ғаюри тоҷик, хусусан, раёсати муҳтарами ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният мекунам. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон маҳди шеъру шоирпарварист ва аз шоирони бузурге ҳамчун Ҳофиз, Бедил, Мавлоно, Саъдӣ, Хайём, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ ва Лоҳутӣ баҳра гирифтааст, дар ин ҷо холӣ аз лутф нест, ки қитъаи шеъре аз яке аз шоирони ин марзу бум, ки дар васфи забони ширини форсӣ ва дарӣ аст, барои шумо бузургворон биоварам: бо номи “Лафзи ширини дарӣ” аз Карим Раҳим:
Эй забони Балъамиву Рӯдакӣ,
Меҳри ту парвардаам аз кӯдакӣ.
“Шоҳнома” бо ту обу ранг ёфт,
Дар ҷаҳон халқам зи ту фарҳанг ёфт.
Ибни Сино дар Бухорои куҳан,
Кошт дар марзи шифо тухми сухан.
Бо ҳамин имло Низомӣ зода буд,
Бар ту, эй лафзи дарӣ, дил дода буд.
Килки пуршӯри Камол андар Хуҷанд,
Бо ту иншо кард ашъори баланд.
Мисли Саъдӣ, Ҷомии ширинкалом,
Дурри маънӣ суфт бо азми тамом.
Ҳарчи оҳанги гуворо медиҳӣ,
Анҷуманро зебу оро медиҳӣ.
Сабз бодо, то абад домони ту,
Эй муборак бод ин даврони ту!
То ба ҷон бошад рамақ ё ки нафас,
Мо барои равнақат кӯшему бас.
Дар васфи ин сарзамини зебову бошукӯҳ ҳамин бас, ки дар ғазали маъруфе аз Рӯдакӣ шоири маъруфи порсигӯ, аз пуробтарин рӯди Осиёи Миёна Амударё ва ё рӯди Ҷайҳуни босаховат ёд кунам, ки аз кӯҳҳои зебо ва сарбафалаккашидаи Помир, ки ҳамчун худи миллати тоҷик устувору маҳкам аст, сарчашма гирифтааст.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Кишвари азизи Тоҷикистон дар байни мусофирон маҳбубияти зиёде дорад ва ба иллати манозири табиӣ ва чашмандозҳои боварнакарданиву кӯҳҳои зебо, дарёчаҳои равон, кӯҳҳои сар ба фалаккашида ва шаҳрҳои беназир, абнияҳои таърихӣ, мақбараи машоҳири бузурге ҳамчун Рӯдакӣ, ки боиси шукуфоии фарҳангу забони форсӣ дар ин хитта шудааст, дили ҳар раҳгузареро мебарад. Аз ҷумлаи осори муҳимме, ки ҳикоят аз тамаддуни волои ин марзу бум дорад, метавон ин маворидро ном бурд:
Байрақ ё милаи парчами Тоҷикистон, ки барои бузургдошти бистумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон барпо шуда, маҳутаи берунии Китобхонаи миллӣ, ки намоди истиқлол аст, бозори Меҳргон, қалъаи Ямчун, ҷодаи Абрешим, Қасри Арбоб, осорхонаи Рӯдакӣ, Мазори Шариф, садди Норак аз манотиқи ҷаззобу зебои ин кишваранд, водии Рашту Варзоб, Ромиту Ҳисор, қалъаи Ҳисор, Искандаркӯл, осорхонаи таърихии Беҳзод, Осорхонаи миллии осори бостонӣ, минтақаи Суғд (қалъаи Хуҷанд), ки яке аз бузургтарин музей дар устони Суғд аст ва боғи гиёҳшиносӣ, музейи мардумнигорӣ, боғи Рӯдакӣ ва қалъаи Ҳисор аст, ки барои шумо, мардуми фаҳими тоҷик, боиси ифтихор ва нишонаи тамаддуни воло мебошад. Ва низ шаҳри дӯстдоштании Душанбе, ки ҳамчун зумурруди сабз дар қалби Тоҷикистон қарор гирифта ва аз назари табиат ва гардишгарӣ воқеан қобили таҳсин аст ва эъҷоби ҳар боздидкунандаеро бармеангезад ва шаҳри фаввораҳову тандисҳои таърихӣ аст. Муҳимтар аз ҳама, Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, ки ҳикоят аз тамаддуни волои ин марзу бум дорад. Сарзамини Тоҷикистон ба хотири маззияти иртифоаш “Боми ҷаҳон” ном гирифтааст ва боис шуда, ки аз кишварҳои ҳамсоя мутамойиз шавад ва тамоми ин зебоиҳо дили мусофиронро ошиқу шефтаи худ мекунад. Албатта, дар ин миён набояд таъсири самимияту меҳмоннавозии азизони ин хиттаро дар рушду шукуфоии тамаддун ва ҷазби гардишгарӣ нодида гирифт.
Худоро шокир ҳастем, ки аз назари сиёсӣ ва фарҳангӣ кишвари Тоҷикистон як кишвари истиқлолёфта аст. Таърих ба унвони оинаи тамомнамои ҳувияти инсонҳо, ҳамеша барои башарият омӯзанда ва бистаре барои рушду шукуфоии миллат ҳаст, ки кишвари Тоҷикистон низ аз ин қоида мустасно набудааст. Таҳаввулоти қарни нуздаҳум ва бистум мунҷар ба фосилагирии Осиёи Марказӣ аз ҳувияти суннатии худ шуд, ба тавре ки сиёсатҳои мутаъассибонаи исловҳо (славянҳо?) дар минтақа ва талошҳо дар ҷиҳати ишоаи фарҳанги суннатии русӣ ва уртудукс ва таҳмили мафоҳими интизоии каммунистҳо боис гашт, ки ин ҷавомеъ аз суннатҳои таърихӣ ва арзишманди худ ҷудо шавад, вале хушбахтона, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, таҳаввулоти навине дар кишвари Тоҷикистон шакл гирифт, ки ҳамагӣ марҳуни инсиҷом ва ҳамбастагии миллии мардуми тоҷик ва тақвияти рӯҳияи онон ва басиҷи неруҳо барои дифоъ аз сарзамини модарӣ дар муқобили бегонагон буд, ки саранҷом истиқлоли Тоҷикистонро соли 1991 рақам зад. Пас аз суқути Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон хушбахтона, миллатҳои Осиёи Марказӣ иҷоза ёфтанд, то бо хештани хеш бозгашта ва ҳувияти аслии худро талаб кунанд ва ба дунболи бозсозии ҳувияти миллии худ баромаданд, ки албатта, бо таъкид бар аносири забонӣ ва нажодии хештан буд. Талоши кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа, Тоҷикистон барои эҷоди як бистари ҳувиятии мустақил билохира самара дод ва боиси пешрафти ҳама ҷанбаҳои ин кишвари фарҳангсолор ва рушду боландагии он дар заминаҳои мухталифи омӯзишиву фарҳангӣ ва иқтисодиву санъатӣ шуд. Ҷашни имрӯз баҳонаест барои арҷ ниҳодан бар ҳиммату талоши волои миллати босалобати Тоҷикистон, ки ҳамчун нигине дар арсаи адабӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ медурахшад. Боз ҳам ман ба ҳамин муносибати хуҷаста чакидае аз ашъори шоири имрӯзи тоҷик, бону Мағфират Юсуфиро барои шумо асилзодагони арҷманд интихоб кардаам, ки тақдими вуҷуди арзишмандатон мекунам:
Тоҷикистонам, муборак бошадат ҷашну сурур,
Давлатат бедор бошад, кӯчаҳоят ғарқи нур!
Аз Худо мехоҳамат, эй зодгоҳи ишқу меҳр,
Саҳмат аз дунё фақат бошад шукӯҳи базму сур.
Тоҷикистонам, набинӣ ҳеҷ гоҳе дарду доғ,
Дасти сарди тирамаҳ ҳаргиз наояд сӯи боғ.
Дӯстдорат хонааш ободу рӯшан мисли об,
Душманат, аммо ҳақиру мустаманду бечароғ.
Тоҷикистон, эй диёри чашмаҳову кӯҳсор,
Ҳар ки бадхоҳи ту бошад, мешавад ранҷуру хор!
Дӯст дорам, хоку боду обу офтоби туро,
Бо ту бошад миллати ман сарбаланду комгор.
Шукр мегуям, ки моро ҳам Ватан, ҳам модарӣ,
Ман чӣ гӯям дар саноят, баски худ ҷонпарварӣ.
Эътибори миллати фарзонаамро доимо
То Сурайё, то Сурайё, то Сурайё мебарӣ!
Тоҷикистони ботамаддуну сулҳпарвар, дар бисёре аз вижагиҳо бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мутафовит аст ва ин кишвар танҳо кишвари забони форсӣ дар минтақа ва аввалин кишвари мусулмон дар ин хитта маҳсуб мешавад. Ба тавре ки ҳувияту намодҳои исломӣ аз дер боз дар ин сарзамин намуд доштааст ва иртиботу фарҳанг ва маънавӣ миёни аъробу форсизабонони тоҷик ва ҷаҳонбинии куҳан, адолатхоҳӣ ва иштирок дар расидан ба ормонҳояшон аз дер боз вуҷуд доштааст. Пас, зинда бод мардуми Тоҷикистон ва зинда бод мардуми Миср!
Дар хотимаи ин суханронӣ шеъри зебое аз Аскар Ҳаким хидмати шумо, азизон тақдим мекунам, ки ҳокӣ аз аҳамияту арзиши забон ва забоншиносӣ дар кишвари Тоҷикистон аст:
Дунё ба ҷуз он нест, ки дунёи забон,
Маъно ба ҷуз он нест, ки маънои забон.
Имрӯз ба дирӯзи забон мефахрам,
Эй кош, нагирйем ба фардои забон.
Ба умеди дурахшиши рӯзафзуни кишвари азизи Тоҷикистон!
Доктор Рафъат Абдуллоҳ Сулаймон ҲУСАЙН –
профессор, устоди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ
ва хушнависии исломии Донишгоҳи
канали Сувиси Ҷумҳурии Арабии Миср
Сарчашма:
«Маорифи Тоҷикистон» – №9, 2021, саҳ. 23-25