Навиштаи зер аслан сафарнома аст, бо порае аз хотира, порае, ки як нуктаи муҳимро таъкид мекунад: ёди устодон, хотироти мактабхонӣ, давраи бачагӣ барои ҳар шахс азизу гуворост. Ин арзишхотираҳоро гум накунед, аз пайи ҳар кадом устодону дӯстони худро ёбед, дӯстон. Муаллиф устодашро ёфт, беҳтараш, мутолиа кунед.
Ин пагоҳӣ ба Боми ҷаҳон сафар дорем. Бори дуюм аст, ки Бадахшон меравам. Сафари мо ин дафъа ҳам дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва бояд дар ноҳияи Ишкошим бо мардум вохӯриҳо анҷом диҳем. Суҳбатҳои мо рӯзи душанбе ба нақша гирифта шудааст, аммо бо сабаби дурии роҳ як рӯз пеш азми сафар дорем.
Бадахшонро баъдан чӣ гуна дарёфтам ва эҳтироми ин мардум чӣ гуна ба дил ҷо гирифт?
Дар синфи ҳаштум мехондам. Бо оғози соли нави таҳсил ба мактаби мо чанд нафар муаллимаҳои рус ва як ҷавони тоҷик ба кор омаданд. Гавҳаршо Канабеков ном дошт муаллими нав, ки ба мо забони англисӣ меомӯхт. Ҷавони қадбаланди кушодачеҳра, меҳрубону ширинзабон бо услуби хуби омӯзонандагиаш зуд шавқи ҳамсолонамро ба донистани забони англисӣ бедор кард. Дар муддати кӯтоҳ меҳри муаллим дар дили ҳар кадоми мо ҷой гирифт. Дар нимсолаи аввал навиштану тарзи дурусти талаффузи ҳарфҳои ин забони ғайрро омӯхтем, дар нимсолаи дуввум бошад, матнҳоро хондаву тарҷума ҳам мекардем. Хурсанд будем, ки бо забони англисӣ гап заданро ёд мегирем. Ҳамин тавр, дар ҷараёни таълим муаллим иқрор шуд, ки «зодаи Бадахшонам ва агар дар талаффузи баъзе калимаҳои тоҷикӣ забонам напечид, айбам накунед». Мо посух додем, ки не, баръакс, шумо бо лаҳни ширин ҳарф мезанед. Аммо соли дигар муаллими нав омад ва гуфт, ки акнун ман ба шумо немисӣ меомӯзам. Аз шунидани ин хабар ҳамон лаҳза табъи ҳамсолонам тира шуд.
Як рӯз дар саҳни мактаб саф ороста будем, дидем устод Гавҳаршо Канабеков аз дарвоза ворид мегашт. Ману ҳамсинфонам аз дидани ин манзара хурсанд шудем ва баъди ҷамъомад муаллимро дар ҳалқа гирифтем. Устод бо ҳамон чеҳраи кушоду лаҳни ширин гуфт: «Шогирдонам, ман ҳам шуморо ёд кардам, аммо дигар ба шумо дарс нахоҳам гуфт. Падару модари пир дорам. Чанд сол мешавад, ки аз онҳо дурам. Вақти он расидааст, ки хизматашонро ба ҷо орам. Ба назди онҳо, ба зодгоҳам меравам, он ҷо бароям кор пайдо шудааст. Ҳоло бошад, барои гирифтани як ҳуҷҷат омадаам, акнун пас мегардам. Умедворам шумо забони англисиро хуб ёд мегиред…»
Баъди хатми мактаби миёна, ба донишгоҳ дохил шудпам. Аз 75 нафар ҳамсабақони солҳои донишҷӯиям 14 нафарашон зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд. Танҳо дар гурӯҳи мо аз ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим 6 нафар таҳсил мекарданд, ки эҳтироми ҳамсабақиву ҳамнишинӣ моро ба ҳамдигар қарин гардонид, ки бо гузашти наздики чил сол бо ҳамдигар робита дорем ва дидор мебинем. Ва дар ҳар идорае, ки фаъолият доштаму дорам, фарзандони Бадахшон бо ман ҳамкор буданду ҳастанд. Ман аз ин мардум эҳтиром дидаму ба онҳо меҳр бастам, муҳаббат пайдо кардам.
***
Мошин босуръат роҳро пас мегузорад. Ронанда мегӯяд, ки нисфи умраш дар ҳамин роҳ гузаштааст. Солҳои зиёд ба мусофиркашонӣ машғул аст, чархи мошинаш, чархи рӯзгорашро ҳам гардон мекунад. Омадурафт тавассути шоҳроҳи Кӯлоб-Шоҳон-Зиғар мушкилоти мардуми Бадахшонро хеле осон кард. Дар гузашта тавассути Сағирдашт-ағбаи Хобуработ рафтуомад мушкил буд. Аз ноябр то аввалҳои май роҳ баста мешуд. Ҳоло бошад, тамоми фаслҳои сол роҳ кушода аст, рӯзу шаб мошинҳо бо ин масир дар ҳаракатанд.
Баъди гузаштан аз нақбҳои «Хатлон» ва «Истиқлол», дидани боғу майдонҳои сабзу васеи киштзор на танҳо ба ман, балки ба ҳамсафаронам низ эҳсоси хушҳолӣ мебахшад. Ҳамаи ин ободиҳо самараи Истиқлол аст,
Ин бунёдкориҳоро дида, кас меболад, дил лабрези фараҳ мешавад. Дар зарфи се даҳсола нақшаҳое амалӣ шуданд, ки мебоист дар муддати 50-60 сол мешуданд.
Воқеан, кас ба ҳар гӯшаву канори мамлакат тавассути роҳҳои васею ҳамвору мумфарш меравад, аз пулу нақбҳои барҳавои замонавӣ гузашта, ифтихор мекунад, ки Тоҷикистони азиз дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ ба пешрафтҳое ноил шуд, ки дар садсолаҳо, ҳатто дар даврони шӯравӣ ба он нарасида буд. Бунёди роҳи оҳану иншооти бузурги ҳаётан муҳим, аз қабили неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, истифодаи самараноки сарватҳои таббиӣ, теъдоди зиёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангию фароғатӣ, майдону майдончаҳои гуногуни варзишӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ маҳз бо роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ гаштанд. Бо дили пур метавон гуфт, ки пас аз ду ё се даҳсолаи дигар суръати тараққиёти иқтисодии ҷумҳурии мо боло рафта, Тоҷикистон дар қораи Осиё чун давлати пешрафта муаррифӣ ва сатҳи зиндагии сокинонаш беҳтар хоҳад шуд.
Аз банди андешаҳо суханони ронанда раҳоям мекунад. Чандест, ки дар даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз, аз соати 14 то 18, бо сабаби бехатарӣ равуойи мошинҳо манъ мешавад. Пас аз чанд соат ба ин қитъаи роҳ наздик мешавем. Роҳсозон бо истифода аз техникаи пуриқтидори роҳсозӣ домони кӯҳро бурида, роҳро васеъ мекунанд. То ин дам ҳудуди беш аз як километр васеъ ва масофаи зиёд мумфарш шудааст.
Ронанда дар соҳили рӯди Панҷ, дар наздики як ҳавлӣ бо мақсади сарфи ғизо мошинро нигаҳ медорад. Ман аз кори соҳиби хона, ки дар канори роҳ барои мусофирон таом пешкаш мекунад, пурсон мешавам.
— Ризқи ману аҳли хонадонам аз ҳамин роҳ вобаста аст. Ҳамарӯза мусофироне меоянду хӯроки моро тановул карда мераванд. Аз касе то ҳол шикоят нашунидаем. Роҳ обод бошад, рафтуомад зиёд шавад, албатта, баракаташ ба мо ҳам бештар мерасад,-хулоса мекунад соҳибхона.
Бале, роҳ ба мардум ризқу рӯзӣ меорад. Ҳар ҷое, ки роҳ аст, он ҷо ободӣ аст, баракат аст, хурсандӣ аст…
***
Ёди устод Гавҳаршо Канабеков беихтиёр дасти маро ба тугмачаи занги телефони ҳамроҳам мебарад. Аз он тараф садои Шавкат Ғоибназаров-сарвари мактаби деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ҳамсабақи дигари солҳои донишҷӯиямро мешунавам.
Пас аз салому донистани аҳволи ҳамдигар дар бораи сафари навбатиам ба Бадахшон хабар медиҳам ва қиссаи устоди бадахширо мухтасар барояш ҳикоят мекунам. Шавкат ба шавқ меояд ва мегӯяд, ки дар ноҳияи мо бо ҳамин ному насаб як муаллим ҳаст, дар ҷустуҷӯяш мешавам, ҳаддиақал телефонашро пайдо мекунам. Аз ин лутфи ҳамсабақам шод мешавам. Устоди мо, агар барҳаёт бошанд, хато накунам имрӯз 70-72-сола ҳастанд. Ба ҳар сурат, то пагоҳ занги Шавкатро интизор мешавам, албатта, хушхабарро…
Манзараи ду соҳили рӯди Панҷ мисли оина қимати сулҳу оромиро ба намоиш мегузорад. Ин тарафи соҳил роҳи васеи ҳамвору мумфарш, ки аз он ҳар лаҳза мошинҳои гуногуни гаронвазни боркашу мусофирбар дар ҳаракатанд. Аз роҳи борику сангини он тарафи дарё соатҳо як дучарха ё сабукрав гузар мекунад. Ба назар мерасад, ки баъзе минтақаҳои роҳи он тарафи соҳил басе хавфноканд ва пиёда низ бо мушкилӣ аз он ҷо гузаштан мумкин аст. Сокинони ин тарафи соҳил ҳамагӣ самимиву хушҳол, сокинони он тарафи дарё эҳсос мешавад, ки рӯзгори сахту сангине доранд. Дар нигоҳам, ҳатто ҳавои он тарафи соҳил тираву ғуборолуд аст. Вале аз ин тараф ба машом накҳати гулу гиёҳҳои табиӣ мерасад, ки рӯҳи касро болида мегардонад.
Бале, ҷанг дар пай харобӣ дорад, ризқу рӯзиро аз байн мебарад, хурсандии мардумро мегирад…
Пас аз чанде ба ноҳияи Рӯшон мерасем. Дар ин ҷо дӯстону ошноҳои зиёд дорам. Вале саманди андеша маро ба ёди Лутфия Миргулова мебарад, ки косагули сари сабади курси мо буд. Бо се забони хориҷӣ-русӣ, англисӣ ва немисӣ озодона гап мезаду моро ба ҳайрат мегузошт. Аъло мехонд. Сарварии дастаи волейболбоздухтарони донишгоҳро ба уҳда дошт. Ба хотири бозии хуби ӯ дар мусобиқаҳо байни мактабҳои олии пойтахт барояш мухлисӣ мекардем. Ба маънои томаш ифтихори на танҳо курс, балки факулта ҳам буд. Худ, ки зебоиро аз варзиш медид, тақдирашро бо мураббии футбол пайваст. Солҳои охири умраш бо тақозои шуғли ҳамсар дар вилояти Краснодари Федератсияи Русия гузашт. Ба гуфтаи шавҳараш вазъи саломатиат нохуб шуд. Пас аз ҷарроҳӣ бо исрор гуфт, ки ба Тоҷикистон баранд. Чун ба Душанбе расид, хоҳиши зиёрати марқади модарро дар ноҳияи Рӯшон кард. Баъди дидани қабри модар ором шуд, аммо ҳангоми бозгашт дар роҳ ба сӯйи ҳавлии падарӣ ҷон дод. Ҳар кас аз ин марг мешунид, ангушти ҳайрат мегазид…
Дар ин роҳ наметавонам аз собиқ ҳамкорам Аслиябегим Саломатшоева ёд накунам, Мо, ҳамкорон бо эҳтиром ба ӯ «муаллима»- гӯён муроҷиат мекардем, зеро тозагӣ, либоспӯшӣ, рафтору гуфтор ва хислатҳои ҳамидааш омӯзгорро мемонд, барои мо аз ҳар ҷиҳат намуна буд.
Муаллима наздики чор сол дар нашрияи «Минбари халқ» кор кард. Аммо ӯ дигар дар байни мо нест. Симою суҳбатҳои ширинашро рӯзе нест, ки ба ёд наорем.
Шавҳараш Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров пас аз ин фоҷеа ба худ наомад ва ӯ ҳам ба суроғи муаллима ба водии хомӯшон рафт. Хушхабаре, ки шунида шод шудам, ин аст, ки ҳамдиёронаш мактаби деҳаи Барӯшонро ба номи ин фарзанди барӯманди хеш гузоштаанд.
Инсон ҳамон вақт мемирад, ки фаромӯш шавад, лекин онҳо ҳамеша дар ёди моянд, симои зебояшон доимо дар пеши назар аст…
***
Пардаи шаб гирду атрофро дар худ печонидааст. Нигоҳам ба он сӯи марз меафтад. Рӯшноии як ё ду чароғ айён месозад, ки он ҷо русто асту мардум зиндагӣ дорад, аммо ин тарафи соҳил чун рӯз чароғон.
Вақте дар Хоруғ моро пешвоз гирифтанд, дидам ақрабаки соат ба 23 наздик мешавад. Дар кӯчаи марказӣ паҳлуи роҳро бо техника канда ба шаҳр хати нави оби нӯшокӣ меоранд. Бояд то ҷашни Ваҳдати миллӣ ин нақша иҷро шавад. Бинобар ин, дар ин самт кор шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Аввалин бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи марказии Хоруғ ҳусни шаҳрро афзудааст. Аз 70 иншооте, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр тайи се соли охир бояд таъмиру бунёд шаванд, то имрӯз 39-тоаш ба истифода дода шудааст.
Баъди 16 соати ҳаракат дар роҳ, дар меҳмонхона гузаштани шабро эҳсос накардам. Дар ҳавои тозаи кӯҳистон 4-5 соат хоб басанда аст, ки хастагиат рафъ шавад.
Вақте аз хоб мехезам, қуллаи кӯҳҳо аз нури офтоб зард аст ва оҳиста-оҳиста чеҳраи хуршед намоён мешавад, ман хандаи офтобро мебинам. Ҳамин тавр, субҳи нави 24 май бо дидори хуршед оғоз мешавад. Ва пас аз ин чеҳраи гарму самимии дӯстонам Ҷонибеки Қозибек, Ҳоҷаназар Имомназар, Рустам Фелалиев ва чанде дигарро мебинам, ки ба пешвози мо омадаанд.
Баъди чанде мо савори мошини НИВА ба самти ноҳияи Ишкошим ба роҳ мебароем. Толиб Насратшоев, сарвари мамнуъгоҳи «Зоркӯл», ки дар ин сафар ба ҳайси роҳбалад ва ронанда хизмат дорад, мегӯяд, ки аз Хоруғ то маркази Ишкошим 120 километр аст. Агар насиб бошад, ин масофаро дар зарфи 4-5 соат тай хоҳем кард.
Дар роҳ телефонам аз омадани паёмаке хабар медиҳад. Ширкати мобилии TCELL муштариёнашро ба муносибати «Рӯзи нур» табрик мегӯяд.
Роҳнамои мо Толиб инро пай бурда, шарҳ медиҳад, ки 24 майи соли 1995 бо даъвати Ҳукумати ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, таҳти сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Шоҳзода Шоҳкарим Оғохони IV ба Тоҷикистон ташриф овард. Он рӯз мардуми Бадахшон бори нахуст дидори пешвои рӯҳонии хешро аз наздик диданд. Воқеан, солҳои даргириҳои дохилӣ кумакҳои башардӯстонае, ки аз тариқи ниҳодҳои маҳаллии созмони Аълоҳазрат Оғохони IV ба ин минтақаи кӯҳистон расонида шуданд, ҷони сокинони вилоятро аз вартаи гуруснагӣ ва ҳалокат раҳо кард. Бинобар ин, мардум ин рӯзро ҳамчун «Рӯзи нур» ба ҳамдигар шодбош мегӯянд…
Ин роҳ ба водии Вахон мебарад. Дар асоси созишномаи Ҳукумати подшоҳии Русия ва Британияи Кабир охири асри ХIХ ин водӣ ба тобеияти Афғонистон гузашт, ки дар қисмати шимолу шарқи ин ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст.
Долони Вахон 210 км дарозӣ ва аз 20 то 60 км паҳно дошта, дар марзи чор ҷумҳурӣ-Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Хитой ҷойгир шудааст. Дар оянда тавассути ин долон бунёди роҳи байналмилалӣ дар назар аст, ки Тоҷикистонро ба роҳҳои баҳрӣ васл хоҳад кард.
Дар гузашта аз қаламрави Ишкошим роҳи бузурги корвон, ки дар таърих бо номи Роҳи Абрешим маъруф аст, мегузашт ва робитаҳои байни мамлакатҳои Шарқу Ғарб аз тариқи он сурат мегирифт. Мегӯянд, ки аз ин роҳи тиҷорат дар баробари савдогарон сайёҳону ҷаҳонгардон, донишмандону зоирон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи он дар равуо буда, дар баробари молу маҳсулоти гуногун, дастовардҳои фарҳангию тамаддуни халқҳо ба кишварҳои Урупо ва Осиё паҳн мешуд ва ин роҳ дар равобити фарҳангии тамаддунҳо низ нақши муассир гузоштааст.
Маҳз бо ҳамин роҳ адиб ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) гузар намуда, дар Юмгондара манзили охират пайдо кардааст. Бо ҳамин роҳ дар садаи сездаҳ сайёҳи овозадор Марко Поло гузаштааст.
Ин сарзамин шоҳиди гирудорҳои таърихӣ будааст. Қалъаҳои зиёд, мисли Қаҳқаҳа (асри III пеш аз милод), Ямчун (асри I пеш аз мелод), дайри буддоиён, маъбадҳои буддопарастӣ ва садҳо ёдгориву бозёфтҳои дигари таърихӣ далели мавзеи қадима будани он мебошад.
Лаъли дар ҷаҳон машҳури Бадахшон, ки дар ашъори шоирони форсу тоҷик ситоиш шудааст, маҳз аз камари кӯҳҳои қаламрави кунунии ноҳияи Ишкошим ба даст оварда мешуд, ки истихроҷи он аз асри VIII мелодӣ шурӯъ шудааст. Осори конҳои қадимтаринро имрӯз дар рустои Кӯҳилаъл баръало мебинем. Дар ҳар ёдгорӣ ва чашмаҳои муқаддасу шифобахши он розҳое аз он рӯзгорон нуҳуфтааст. Итминонам комил аст, ки на ҳамаи навиштаҳои таърихнигорон аз он даврони гузаштаи ин мулки кӯҳистон дар авроқи таърих сабт шудаанд ва на ҳамаи нигоштаҳои онҳо то ба имрӯз расидаанд, вале ин кӯҳҳову харсангҳову чашмаҳову рӯдҳои мусаффо шоҳидони аслии замони куҳан буданду ҳастанд.
Ин хатти роҳро, ки ба саҳро навиштаанд,
Ёрони рафта бо қалами по навиштаанд.
Вақте ки ба маркази Ишкошим мерасем, соат ба 14 наздик мешавад. Ба мулоқоти нахустини мо дар ин вақт, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба нақша гирифта шудааст, аҳли ҷамоати ноҳия ва мардуми деҳоти наздик даъват шудаанд.
Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Мӯсо Мирзозода
моро ба ҳозирин шинос мекунад. Эҳсос мешавад, ки аҳли толор муштоқи суҳбати хубу дилнишинанд. Самимияти мардум нисбат ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат эҳсос мешуд. Мардум ба Пешвои миллат сахт эътимод доранд, зеро Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат зиндагии хубу босаодати мардуми Бадахшон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат шаш маротиба ба ин ноҳия сафари корӣ доштанд. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба ин мавзеи дурдасти кӯҳистон самараи хуб овард. Ба фаъолият шурӯъ кардани биноҳои маъмурӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, бунёди роҳу пулҳо ва амсоли ин ба симои ноҳия ҳусни тоза бахшидаанд.
Наздик ба 500 км марзи кишвари мо бо Афғонистон ба қаламрави ноҳияи Ишкошим рост меояд, ки масъулиятшиносии мардумро дар ҳифзи марзу бум, албатта, талаб мекунад. Хушбахтона, то имрӯз дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҷавонон аз ин ноҳия шомил нестанд, ки ин самараи неки корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбияи дурусти оила ва мактаб мебошад. Сокинон зимни вохӯриҳо гуфтанд, ки модоме Сарвари давлат дар ҳифзи марз ба мо бовар кардааст, мо низ дар навбати худ мекӯшем, ба ин бовар сазовор бошем. Имрӯз бештари ҷавонони ноҳия ба омӯзиши илм рӯ овардаанд. Далели ин гуфтаҳо медалҳои хонандагони мактабҳои ноҳия аст, ки ҳамасола аз олимпиадаҳо ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиб мешаванд. Ҷалби занон дар ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ низ дар вохӯрӣ таъкид гардид ва барои пешниҳоди дурусти ҳуҷҷатҳо барои соҳиб шудан ба грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд дода шуд.
Вақти бозгашт ба меҳмонхона роҳнамои мо Толиб, ки дар паҳлуи мардум дар толор нишаста буд, гуфт, ки «таҳлилҳои шумо дар бораи дирӯзу имрӯзи Ватан ба дили мардум нишаст, дилгармии онҳоро ба ояндаи нек бештар кард. Ҳар чизе, ки аз дил гуфта мешавад, ҳатман ба дил менишинад». Аҳолии ноҳия ба қадри сулҳ, осудагӣ, оромии марз нисбат ба сокинони дигар навоҳӣ бештар мерасанд. Ҳодисаҳои даҳшатбори ҷумҳурии Афғонистон, оқибатҳои ҳамлаҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои террористию ифротӣ ба мактабу масҷиду дигар макони пуриздиҳом мардумро сахт таккон дод. Дар идомаи суҳбат ӯ нақл намуд, ки як ҳамдиёраш аз рӯйи Барномаи Оғохон, ки дастмузди нисбатан хуб медиҳад, дар он сӯи марз ҳамшираи шафқат аст, дар 3-4 сол як бор иҷозаи ба Ватан омадан дорад. Бино ба гуфти ӯ ҳар пагоҳӣ ҳангоми фарзандонашро ба мактаб гусел кардан онҳоро мебӯсаду аз Худованд илтиҷо мекунад, ки ҷигаргӯшаҳои маро пас аз дарс саломат ба хона баргардон…
Пагоҳ 25 май дар ҷамоати Птуп вохӯрӣ дорем. Раиси ноҳия Мӯсо Мирзозода мегӯяд, ки то он ҷамоат аз маркази ноҳия 65 километр масофа аст, бинобар ин, саҳари барвақт бояд ба роҳ бароем.
Мошин бо роҳи шағалпӯши кӯҳистон ба пеш ҳаракат дорад. Акнун аз як мавзеи танг ба водии васеи ҳамвор мерасем. Бино ба гуфти раис 25 дарсади заминҳои корами вилоят ба ноҳияи Ишкошим рост меояд. Мардум дар қитъаҳои ҷудогона саргарми кишту коранд. Сабзавоти бозори шаҳри Хоруғ аз ҳамин киштаҳо таъмин мешавад.
Ин ҷо сарбозонро мебинем, ки ба кишти картошка машғуланд. Ин қитъаи замин ба раёсати марзбонӣ вобаста шудааст. Маҳсулоти полизии дар ин ҷо истеҳсолшуда на танҳо ба қисмҳои ҳарбии марзбонии ноҳия, балки ба қисмҳои марзбонии дигар ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ фиристода мешавад.
— Ин деҳа Намадгут ном дорад. Зодгоҳи устод Мазҳабшо Муҳаббатшоев аст. Дирӯз дар ҷамъомад дар назди ҳозирин шумо аз он кас ёдовар шудед,- мегӯяд раис ва меафзояд: — Воқеан имрӯз ёдбуди устод аст. Дар ҳавлии падариаш соати 12 ҷамъомад ба нақша гирифтаем.
— Агар дар бозгашт фурсат шаваду дар он иштирок кунем, бо зикри хайри устод рӯҳашро шод хоҳем кард, — мегӯям ман.
Ба ҷамоати Птуп мерасем, Мардум дар толор мунтазири мо. Дар идомаи суҳбат ба ҳозирин гуфтам, ки дар гузашта баъд аз як моҳ давраи имтиҳонсупорӣ ба мактабҳои олӣ ва техникуму омӯзишгоҳҳо шурӯъ мешуд. Соли 1980 дар қатори дигар хатмкардаҳои мактабҳои ноҳия аз деҳаи Туғгоз, наздикии чашмаи Биби Фотимаи Заҳро ҷавоне бо мушкилии зиёди роҳ ба Душанбе омад. Албатта, танҳо не, ҳамроҳи падараш. Бо хароҷоти зиёди роҳу хонаи иҷораву хариди ғизо сазовори номи донишҷӯ шуд. Ва аз рӯйи шунидаам, имрӯз якҷо бо ҳамсараш дар мактаби зодгоҳаш ба таълиму тарбияи фарзандони ҳамдеҳагонаш машғул аст. Ман ӯро шинохтам дар ҳамин толор ҳузур дорад.
Ҳозирин дар тааҷҷубанд, кӣ бошад ин нафаре, ки ман ишора дорам. Нигоҳам боз ба муаллим меафтад. Он ҳам бепарво ба сӯи ман нигоҳ дорад. Ному насабашро ба забон оварда, мегӯям ҳамсабақи солҳои донишҷӯии ман Нурмаҳмад Нурмаҳмадов. Аҳли толор бо кафкӯбӣ аз ҷой мехезанд. Нурмаҳмад бошад, ин лаҳзаҳо наметавонад хурсандиашро баён кунад…
Дар анҷоми суҳбат ӯ ба сухан баромада, аз ҷумла гуфт, ки дар ҳақиқат он солҳо ба Душанбе рафтану дар мактаби олӣ дохил шудан аз ҳар ҷиҳат мушкил буд. Ду рӯз ҳамроҳи падар дар фурудгоҳи Хоруғ мунтазири ҳавопаймо шудем. Билет ёфта натавонистем. Рӯзи сеюм падарам бо пилоти рус «забон» ёфтанд. Хушбахтона, бо таъсис ёфтани Маркази миллии тестӣ ин мушкилот рафъ шуд.
***
Даврони истиқлолияти миллӣ имкони нави ободиро ба ин диёр фароҳам овард. Ҳукумати марказӣ тайи ин солҳо ба рушду нумӯи минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бештар таваҷҷуҳ дорад. Бунёди роҳҳои заминӣ ба Бадахшон ва аз он ҷо ба Чин ба пешрафти минтақа мусоидат хоҳад кард.
Ишкошим аз ҷумлаи минтақаҳои канории Тоҷикистон маҳсуб шуда, истифодаи қаламрави он ҳамчун яке аз дарвозаҳои шарқии мамлакат (замоне он дар Шоҳроҳи Абрешим чунин нақш дошт), метавонад ба ояндаи ҷумҳурӣ ва шукуфоии он нақши муассир дошта бошад.
Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳояшон бо дарназардошти мавқеи стратегии ноҳия таъкид намудаанд, ки дар оянда Ишкошим ба минтақаи транзитӣ ва тиҷорати байналмилалӣ, сайёҳату туризм табдил хоҳад ёфт. Ду пуле, ки дар қаламрави ноҳия дар нуктаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон бунёд шудаанд, дар рушди тиҷорати байналмилалии назди сарҳадӣ омили муҳим ба ҳисоб мераванд. Сохтмони фурудгоҳи байналмилалӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим бо мақсади рушди системаи нақлиёт, коммуникатсия ва тиҷорат дар нақшаи стратегии давлат аз нуктаҳои муҳим арзёбӣ мешавад.
Вақте ки азми сафари Ишкошим доштам, ҳамсабақи донишгоҳиям Бибивахӣ Мирбобоева, ки алъон ба ҳайси мудири шуъба дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дорад, занг зада гуфт: «Ҳафт сол мешавад, ки модарамро надидаам. Алиҷон, агар Ишкошим рафтӣ, ҳатман модари 85-солаи маро хабар гир, сарам ба осмон мерасад».
Аёдати модари 85-сола Бибикалон Шоҷонова бароям фаромӯшнашаванда аст. Модар чун донист, ки ҳамроҳи духтараш дар донишгоҳ таҳсил кардааму ба эҳтироми ӯ аз роҳи дур диданаш омадам, аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёфт. Ман бошам, ин лаҳзаҳо гумон мекардам, хандаи хуршедро дубора мебинам. Фарзандонаш Маҳмадалӣ -раиси ҷамоати Вранг ва Ноёбшо — ҷарроҳ, сартабиби Беморхонаи ҷамоати мазкур аз шодии модар дар курта намеғунҷанд.
Ин модари бузург ҳамроҳи ҳамсари шодравонаш Мирбобо Мирбобоев, ки омӯзгори забони немисӣ буду 14 сол пеш ба дунёи боқӣ рахти сафар бастааст, 6 фарзандро бо маълумоти олӣ ба зиндагии мустақилона гусел карданд. Писари калониаш Азиз, номзади илм, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории пойтахт, фарзандони хурдӣ Шотурай –шарқшинос, донандаи забони арабӣ ва Саида бо пешаи омӯзгорӣ алъон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҳамроҳи аҳли оилааш кору зиндагӣ дорад. Бародари модар Миркалон Шоҷонов-табиби дилшинос, алъон баъди нафақа дар клиникаи шахсии худ дар шаҳри Душанбе ба табобати беморон машғул аст. Фарзандони дигари ин сулола ҳама соҳибмаълумоту соҳибҳунаранд.
***
Сафари мо дар Бадахшон ба анҷом мерасад. Бисёр мехостам суроғаи устоди забони англисиамро пайдо кунам, аммо маҳдудияти барномаи сафар ин имконро намедиҳад, ба ҳар сурат ноумед нестам.
Акнун роҳ асту ду тараф кӯҳҳо ва мо қад-қади дарёи Ому, ки бо шӯру туғён аз баландиҳо ба сӯйи водӣ равон аст, ба Душанбе бармегардем. Ин рӯд, инак 126 сол боз (аз соли 1895) бар асоси тақсимоти ду кишвари абарқудрати он замон-Русия ва Англия (соли 1895) чун хатти марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон интихоб шудааст.
Воқеан, Бадахшонро «хонаи офтоб» мегӯянд. Ҷилваҳои зиндагӣ дар ин хона тобишу ҷилоии тоза доранд. Бадахшон, дар маҷмӯъ Тоҷикистони азиз обод мешавад. Бо орзуи он ки ин хона ҳамеша гарму рӯзгори сокинонаш ободу нуронӣ бошад, даст ба дуо мебардорем…
Алӣ ҶӮРА
Июни соли 2021
P.S: Пас аз нашри ин навишта муаллим Гавҳаршо Канабеков бо як тамоси телефонӣ хабар дод, ки алъон дар шаҳри Хоруғ зиндагиву фаъолият дорад. Ҳамин тавр, пас аз 44 сол устодро пайдо кардам.