Дар аҳди салтанати хонадони Сомониён як иқдоми неки амирони сомонӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Дар омад — омади Наврӯз, ки сари сол маҳсуб меёфт, амири вақт бо аҳли илму адаб мулоқот мекард. Ҳангоми чунин вохӯриҳо, ки озод мегузашт, амир аз мушкилоти аҳли қалам огаҳ гашта, арзу дод ва дархосту пешниҳодҳои онҳоро мешунид. Дар ин гуна мавридҳо аз ҳар гуна нуқсонҳо ва беадолатиҳои рухдодаи ба амир маълумнабуда сухан мегуфтанд ва амир барои ислоҳи онҳо иқдом намуда, аз маслиҳату машварат ва пешниҳодоти заковатмандону соҳибназарон дар идоракунии давлат истифода мебурд.
Вале баъдҳо, ончунон ки аз таърих аён мегардад, аз ин анъанаи нек на ҳама зимомдорони давр истифода кардаанд. Дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин анъанаи ибратомӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мазмун ва ҷилои тоза эҳё карда шуд. Пешвои миллат тайи чанд соли охир пеш аз ҷашни Наврӯз бо аҳли зиёи кишвар вохурӣ намуда, аз бурду бохти илм натиҷагирӣ менамоянд ва доир ба рушду пешрафт ва мушкилоти соҳаи маориф, фарҳанг бо равшанфикрони кишвар машварат меороянд.
Ҳамзамон, таъкид бояд кард, ки суханронии Президенти кишвар ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз рӯйи мазмуну муҳтаво идомаи мантиқии Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат буд. Ин мулоқот бо фарогирии масъалаҳо, таҳлили амиқи вазъи илму фарҳанг, ошкор намудани камбудиҳо, пешниҳоду дастурҳои мушаххас ва чандин вижагиҳои дигар аз вохӯриҳои қаблӣ, воқеан, фарқ мекард.
Сарвари давлат дар ин вохӯрӣ дархосту интизориҳои Ҳукуматро аз олимони кишвар ташхису тадқиқ намуда, дар назди кормандони илм вазифаҳои басо муҳиму стратегӣ гузоштанд. “Дар вохӯрии имрӯза, – таъкид дошт Президенти кишвар, — тасмим гирифтаем, ки андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккули тафаккури техникӣ … сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён… ва камбудиву норасоиҳоро баррасӣ карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он ба истеҳсолот мушаххас созем.”
Бояд аз рӯйи инсоф иқрор шуд, ки Роҳбари давлат дар суханрониҳои қаблии хеш низ борҳо аз нокифоя ва камманфиат будани дастовардҳои илмии олимони кишвар изҳори нигаронӣ карда буданд, вале дар мулоқоти навбатӣ аз қаноатбахш набудани рушди илми ватанӣ ҷиддитару хеле муассир ибрози андеша намуданд.
Президенти кишвар барҳақ ва хеле бамаврид изҳори нигаронӣ карданд, ки дар гузашта ба шароити душвори иҷтимоӣ – иқтисодӣ, молиявӣ ва нооромии авзои замона нигоҳ накарда, олимону мутафаккирони халқи тоҷик, аз қабили Абуалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва даҳҳо донишманди дигар бо дастовардҳои илмии хеш, ки имрӯз ҳам қимати илмиашонро гум накардаанд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд, вале илми муосири тоҷик бо вуҷуди имкониятҳои мавҷуда ва дастгириҳои амалии Ҳукумат талаботи ҷомеа ва давлатро қонеъ карда наметавонад.
Аз рӯйи адолат бояд иқрор шуд, таҳлилу мулоҳиза, таклифу пешниҳод ва дастуру супоришҳои ироагардида баҳри рушд ва тақвияти илми ватанӣ гувоҳи он буданд, ки Сарвари давлат аз ҳолати воқеӣ, мушкилоту нозуктарин нуктаҳои соҳаҳои гуногуни илми кишвар огоҳии комил доранд ва хоҳони онанд, ки илми ватанӣ аз ҳолати карахтӣ баромада, ба қувваи истеҳсолкунанда мубаддал гардад.
Ин ҷо мо перомуни ҳамаи масъалаҳои дар суханронии Пешвои миллат матраҳгардида сухан намегӯем ва таваҷҷуҳи ҷомеаро танҳо ба баъзе паҳлуҳо ва вижагиҳои раванди аттестатсияи кормандони илмӣ – техникии тахассуси олӣ ҷалб менамоем.
Мусаллам аст, ки дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илми ватанӣ аз сатҳу сифати кадрҳои илмӣ – техникӣ сахт вобастагӣ дорад. Ин ё он соҳаи илмро танҳо мутахассисони донишманд, соҳибтаҷрибаю варзидаи ҳамон соҳа хуб дарк мекунанд. Азбаски рушди ояндаи илми ватанӣ ба сатҳу сифати таҳқиқоту кашфиёти олимонаш иртиботи қавӣ дорад ва аттестатсияву баҳогузории ниҳоии онро Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, мо ҳаргиз хоҳони он нестем, ки дар кишвар теъдоди олимони беилм зиёд гардад.
Аз рӯйи инсоф бояд иқрор шуд, ки ин раванд бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи аввалин асту Комиссия ҳамчун ниҳоди навбунёд бо сабабҳои аз мо новобаста ҳанӯз аз иқтидори зарурии неруи инсонӣ, пойгоҳи мукаммали моддӣ — техникӣ бархӯрдор нест, мушкилию вижагиҳои хоси худро дорад. Аз ҷониби дигар, олимони мо сершумор нестанд ва қариб ҳама якдигарро мешиносанд ва ин ҳолат ба раванди аттестатсияи кадрҳо, баҳогузории одилонаву беғаразонаи диссертатсияҳо то андозае нақши манфии худро мегузорад.
Рости гап, то мулоқот бо Пешвои миллат кормандони Комиссияро як навъ рӯҳияи афсурдаҳолӣ фаро гирифта буд. Вале баъди суханронӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат, ки ҷомеаи илмиро ба поквиҷдонӣ, ҷиддият, тозакорӣ даъват менамуд, ба кормандони Комиссия аз нав ҳисси рӯҳбаландӣ бахшид.
Инак, таҷрибаи сесолаи амалии Комиссия, таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ, шӯроҳои экспертӣ ва воридшавии парвандаҳо бо дархости дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ баръало нишон доданд, ки ин раванд ҳанӯз аз камбудиҳо орӣ нест, назари тоза ва беҳбудӣ мехоҳаду ҳанӯз корҳои зиёде дар пеш аст.
Таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ нишон дод, ки на ҳамаи шӯроҳо ба диссертатсияҳо муносибати ҷиддӣ доранд ва объективона баҳогузорӣ мекунанд. Диссертатсияҳо дар зинаҳои аввал – кафедраҳо, шуъбаҳо ҷиддӣ муҳокима намешаванд, роҳбарони илмӣ бо шогирдон боҳавсала кор намекунанд, сахтгир нестанд ва диссертатсияҳоро бодиққат намехонанд. Гузашта аз ин, экспертҳои дохилӣ ва муқарризони расмӣ низ рисолаҳои илмиро бодиққат намехонанд. Дар муассисаи тақриздиҳанда бояд диссертатсияҳо аз ҷониби мутахассисон баҳогузорӣ гардида, ҷиддӣ ва ботафсил муҳокима шаванд, вале мутаассифона, ин кор аксаран рӯякӣ мегузарад. Ҳамин гуна муносибати саҳлангорона боис мешавад, ки баъзан диссертатсияҳои сусту орӣ аз дастовардҳои илмӣ ва пурғалат аз шӯроҳои диссертатсионӣ мегузаранд. Албатта, чунин ҳимояҳо ва сатҳи тахассусии муаллифи диссертатсия саволҳои зиёдеро дар пай дошта, шакку шубҳаҳоро ба миён меорад. Ҳамаи ин ҳолатҳо салоҳиятнокии чунин шӯроҳои диссертатсиониро то андозае зери суол мебаранд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки бархе аз ҷавонони довталаби дараҷаи илмӣ на бо мақсади олими ҳақиқӣ шудану аз роҳи илм ба Ватан хизмат кардан, балки бо нияти дар оянда соҳибмансаб гардидан ба диссертатсиянависӣ даст мезананд ва инро пинҳон ҳам намекунанд. Чунин муносибати ҷавонон ба илм, ки тамоюли афзоиши он ба мушоҳида мерасад, пайомади ногувор дошта, хатарнок ҳам мебошад. Зеро иддае аз онҳо барои ба ин мақсад расидану соҳиби дипломи дараҷаи илмӣ шудан, аз роҳҳои ғайриқонунию воситаҳои носавоб низ кор мегиранд. Пас, биёед, аз рӯйи адлу инсоф қазоват кунем, аз ин гуна “олимон” илми ватанӣ чӣ бурд ҳосил мекунад?! Дар замони Шӯравӣ интихоби олими оянда аз курсии донишҷӯӣ аз зумраи ҷавонони соҳибистеъдод ҳадафмандона муайян шуда, малакаю маҳорати онҳо дар конфронсҳои илмии факултаву байнидонишкадавӣ сайқал ёфта, дар 3 соли (ғоибона 4 сол) таҳсили аспирантура мукаммал мегардид ва баъди 3-4 сол диссертатсияҳояшонро ҳимоя мекарданд. Ё як унвонҷӯ аз 7 то 10 сол дар роҳи илм заҳмат кашида, баъд ба ҳимоя мебаромад ва дар ин роҳ ҳамчун олими баркамол ташаккул меёфт.
Тамоюли начандон хушоянди дигар, ки рӯ ба афзоиш дошт, ин ба диссертатсиянависӣ машғул шудани як зумра кормандони ниҳоду сохторҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ буд. Хушбахтона, акнун ин раванд баъди тасмимоти Президенти мамлакат танзим гардида, ба маҷрои муайян ворид хоҳад гашт. Вобаста ба ин, дар суханронии Президенти мамлакат чунин омадааст: “Дастур медиҳам, ки чунин шахсон аввал ариза навишта, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд, сипас ба корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаҳояшонро дар доираи талаботи мавҷуда ҳимоя намоянд.”
Вақтҳои охир зуҳуроти даркору нодаркор ба ҳайси роҳбари илмӣ таъйин гардидани ду нафар ба мушоҳида расида истодааст. Дар назари аввал гӯё ин ҳеҷ бадие надорад ва хилофи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нест. Вале баъди он ки ба мазмуну моҳият ва ҷанбаҳои илмии диссертатсия ворид мешавед, масъала рӯшан мегардад. Мусаллам аст, ки ду роҳбар дар ҳолатҳои нодир – агар диссертатсия ба ду ихтисос, воқеан, алоқаманд бошад, муаллиф дар ҳамин ду самт навгониҳои мушаххас пешниҳод карда бошад ва ниҳоят, ба ҳар ду роҳбар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда дошта бошад, дар он сурат ду роҳбар доштани диссертант асоснок ҳисобида мешавад. Минбаъд ин ҳолатҳо низ зери назорати ҷиддӣ гирифта хоҳанд шуд.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳимми ин раванд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст, он аст, ки “ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ, инчунин, корҳои озмоишӣ ва дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем”. Дарвоқеъ, рақамҳои омории Комиссия далели рӯшани нигаронии Пешвои миллат мебошанд. Алҳол аз 57 шӯрои диссертатсионӣ танҳо 14 — тои онро (24,5 фисади) шӯроҳои диссертатсионии самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии диссертасияҳои ҳимояшуда бошад, танҳо 135 (27,7 фисади онро) диссертатсияҳои самтҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ мебошанд.
Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат хеле бамаврид ва дуруст таъкид намуд, ки “имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузашта намешавад.” Зиёда аз ин, таъкид гардид, ки “бо афсона гуфтан” давлат ва иқтисодиёти мамлакат пеш намеравад. Танҳо бо таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки бо ҳадафҳои стратегии кишвар тавъам ва дархӯри манфиатҳои миллӣ мебошанд, бо кашфиёту ихтирооти илмии дар истеҳсолот татбиқшуда метавон иқтисодиёти мамлакатро пеш бурд ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин кард: — Истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем,-таъкид намуданд Пешвои миллат.
Дар иртибот ба ин супоришҳои Пешвои миллат, Комиссияи олии аттестатсионӣ низ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда ба таъсиси шӯроҳои диссертатсионии ин самтҳо ва диссертатсияҳои ҳимояшуда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа хоҳад дод.
Як нуктаи муҳим ва дар айни ҳол нохушоянд, ки Президенти мамлакат ҳам аз он изҳори ташвиш ва нигаронӣ намудааст, ин сироят кардани “беморӣ”-и хоси замони технологияҳои муосир ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо мебошад. Ҳамакнун дар баъзе рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасад. Тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд 75 фисади диссертатсия меҳнати бевоситаи худи муаллиф бошад. Вале мутаассифона, диссертатсияҳое низ ба Комиссия ворид мешаванд, ки асолати онҳо 45-50 фоиз (ва ҳатто 50-70 фоиз)-ро ташкил мекунанд, ки ин, албатта, нобахшиданист.
Дуруст аст, ки барномаи компютерии зиддиасардуздӣ ин кори техникӣ аст, вале он ба кори экспертҳо кумаки ҷиддӣ мерасонад. Дар ин самт фаъолияти экспертҳои холис ҳам ба ҷиддияту қотеияти бештар ниёз дошта, беҳбудиро мехоҳад. Зеро экспертҳои таъйиншуда баъзан корҳои асолаташон пастро низ “ҳақ” бароварданӣ мешаванд, ки “дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад”, — таъкид дошт Президенти мамлакат.
Ин ҷо мехоҳам ба қувваҳои солими ҷомеаи илмии кишвар афроди фидоии илм, онҳое, ки обрӯ ва фардои илми ватанӣ барояшон бетафовут нест, такя карда, даъват ба амал орам, ки ҳар як амали носавоб ва барои илм бегонаро ҷиддан пешгирӣ намоем. Гап сари он меравад, ки дилхоҳ довталаби дараҷа ё унвони илмӣ баъди бо ин ё он сабаб рад шудани дархосташ норизо гашта, аз Комиссия домангир шуда, ба идораву ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорони сатҳи гуногун арзу шикоятро оғоз мекунанд. Афроди норизо дар пайи шикоятҳо аз роҳҳои носавоб бо истифодаи фишори мансабдорон, шиносбозиву воситаҷуӣ ҳатто аз буҳтону таҳдид ҳам худдорӣ намекунанд. Тоҷикистон чандон кишвари бузург нест ва теъдоди олимонамон ҳам чандон зиёд нест, ҳама якдигарро мешиносем ё хешу табор ҳастем. Вале биёед, инсоф кунем, тақдири илми ватанӣ, манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ бояд боло истад. Оё бо даъвою даргирӣ, туҳмату буҳтон, таҳқиқоти беарзишу рӯякӣ олими ҳақиқӣ шуда, дар байни ҷомеаи илмӣ обрӯ ва эътирофу эътибор пайдо кардан мумкин аст? Охир, ҷомеаи илмии кишвар хуб медонад, ки мазмуни фаъолият, вазифа ва рисолати Комиссия низ аз ҳамин иборат аст, ки дар ин раванд роҳи ҳама гуна зиёдаравӣ, шитобкорӣ ва амалҳои носавобу номатлуб гирифта шуда, маҳз кадрҳои арзандаву соҳибистеъдод ва олимони ҳақиқӣ бояд аз аттестатсия гузаранд. Танҳо олимони арзанда, мутахассисони соҳибтаҷриба метавонанд пешбарандаи давлату иқтисоди кишвар ва муаррифгари илми ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошанд.
Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА –
раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз сомонаи:
http://javonon.tj/news/maorif-va-ilm/bo-afsona-guftan-davlat-pesh-nameravad