Ҷавонон, миллат ва ормон… Се мафҳуме, ки ба ҳам рабт доданашон амали муҳим барои ояндаи дурахшонтар ва боиси ифтихору нишот аст. Миллат чист? Ҷавон кист? Ормон, яъне чӣ? Орзуву ҳаваси он чиро, ки гузаштагон ба даст оварда натавонистанд, ё хоҳиши ҳифзи талошҳои самардодаи онҳоро, мо “ормон” меномем. Ягона пайвандгари дирӯзу фардо ва миллату ормон ҷавононанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар арсаи байналмилалӣ Ватани азизамонро бештар муаррифӣ мекунанд ва имрӯзи Тоҷикистонро маҳз бо туфайли талоши онҳо аксарият мешиносанд. Бемуҳобот, ҷавонон ҳам имрӯз ва ҳам ояндаи миллатанд.
Ҷавони тоҷик шахсиятест, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дорад. Печутобҳои таърихи ҳазорсола, пандҳои бузургони миллат ва дарсҳои пайдарпайи зиндагӣ ба меросбарони миллат – ҷавонон як ҷаҳон дониш ва таҷрибаву фаҳм дод. Одитарин қиёс байни ҷавонони имрӯза ва ҷавонони 20-30 сол пеш метавонад нишон диҳад, ки тафовут аз куҷо то ба куҷост. Насли ҷавони замони “бемаънитарин ҷанг” дар дил чӣ орзу дошт? Сер будан, амн будан, пӯшида будан… аммо хондан не. Бале, лаҳзае, ки ба ҷонашон хатар таҳдид мекард ва ҳатто гуруснагӣ домангирашон мешуд, на худ дар бораи таълиму тадрис андеша мекарданд ва на бузургсолон. Агар саҳифаҳои таърихро чанд варақи дигар гардонем, мефаҳмем, ки чаро дар аксар гуфтугӯҳо перомуни миллат ва таърихи он калимаи “ормон”-ро ба ҷои “орзу” ё “нақшаҳои нек” истифода мебарем. Аз забони яке аз омӯзгоронамон шунидам, ки мегуфт: “Дар замони Шӯравӣ дар вилояти Кӯлоб мактабе сохтанд ва барои маросими кушодашавӣ аз Маскав меҳмон даъват карданд. Меҳмон аз марказ бо дидани расмҳои тайёраву киштиҳои кайҳонӣ дар девори мактаб ба ғазаб омад ва супориш дод, то дарҳол ин аксҳоро аз девор бардоранд ва ба ҷояш досу каланду бел тасвир кунанд, то бачаҳо танҳо дар фикри кори саҳро бошанду дар сар ҳавову ҳаваси рушд напарваранд.”
Шунидани ин ривоят ва донистани он ки як замон аз ҷавонону наврасони тоҷик ҳатто ҳуқуқи орзу карданро рабуда буданд, барои ҷавони имрӯза ниҳоят аламовар аст, аммо ин талхтарин саргузашт нест. Сахттарин омил ва мудҳиштарин ҳодиса барои пиру барнои як миллат надоштани давлати миллист, ки аҷдодони мо онро тӯли ҳазор сол тоқат карданд. Ғосибону тороҷгарон гоҳ бо баҳонаи овардани дини ҳақ, гоҳ бо баҳонаи ҳифозат аз мо ва ҳатто гоҳ бе баҳона орзуву ҳавас ва меҳнатҳои пиру ҷавонро ба хоки сияҳ менишонданд, китобу китобкада месӯзонданд ва сар мебуриданд. Ҳамин буд, ки номи “ҳавову ҳавас”, “нақшаҳои нек”, “орзуи доштани давлат”-ро гузоштем “ормон”. Чӣ қадар дилҳои пурормон аз тапидан монданд?! Чӣ қадар ҷавонон бадбахтӣ кашиданд? Чӣ имкониятҳоеро аз даст додем?
Акнун чӣ? Давлати миллӣ ҳаст, китобу китобкадаву донишгоҳу донишкада ҳаст, шароит ҳаст, имконият ҳаст, ҳуқуқи орзу кардан ҳаст, умед ҳаст! Пас, кӣ хушбахттар аз ҷавони имрӯзист? Пас, кӣ бояд аз замона барои он ҳама дили пурормон қасд биситонаду ҳама орзуҳои ононро баровада кунад?
Ҷавони даврони гул-гулшукуфии кишварамон, ҷавоне, ки шароиту имкониятҳояш орзуи ҳазорон нафар буд, чӣ ҳавову ҳавас дар сар дорад? Забондон будан, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ доштан, дар ободонии диёри худ саҳм гузоштан, дар беҳтарин мактабҳо таҳсил кардан, Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ кардан, боилм будан… Бо дидани ин вазъ метавон аз омадани ояндаи дурахшонтар ва ҳифзу амалисозии ормонҳои миллӣ башорат дод, зеро дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамоянд ва ба онҳо неруву тавоноӣ ва умед мебахшанд, зеро давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои талх, вале ибратомӯз пушти сар шуданд. Лек дар шароити ноустувори ҷаҳони муосир ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ назди мо — ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ доранд. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст: “Пеш аз ҳама, бояд андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем.»
Вазъи ҷаҳони муосир ва ҳаводиси солҳои охир нишон дод, ки иқтисоди устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори мусаллаҳ ба муосиртарин таҷҳизот наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро ҳифз карда метавонанд, ки сиёсати оқилонаро пеш гирифтаву мардумашон дорои зиракии воқеии сиёсиянд. Таърихи тамаддуни тоҷик ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои мутамаддин низ собит менамоянд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузоранд, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар аст.
Маҳз ҳамин андеша ҳар як насли калонсолро водор месозад, ки аввалан, дар таълиму тарбияи насли ҷавон саҳмгузор шаванд ва баъдан, аз онҳо интизоре дошта бошад. Ин мавқеъ овардани мақоли ҷопонӣ айни муддаост: “Ба хотири наъле аспе афтод, ба хотири аспе сарбозе маҷруҳ шуд, ба хотири сарбозе дар ҷанге шикаст хӯрданд, ба хотири шикасте империяи бузурге барҳам хӯрд ва ин ҳама гуноҳи нафарест, ки наълро дар пойи асп хуб накӯбида буд.” Воқеан, вазифаи ҳар як нафар дар ҷомеа барои ба камол расондани ҷавонони солимтану солимандеша муҳим арзёбӣ мегардад. Ба ҳамин хотир, дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дарҷ гардидааст, ки мақсади сиёсати давлатии ҷавонон аз инҳо иборат аст: “мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон; ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон; муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар; дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо.”
Ҳангоми таҳлили мавзӯъ саволе ба миён меояд, ки чаро бар замми ин ҳама, шароит барои рушд, боз ҳам ёфт мешаванд ҷавононе, ки аз тамоми имкониятҳо рӯ метобанд ва даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананд, узви гурӯҳҳои иртиҷоӣ гаштаву бозичаи дасти нохалафон мешаванд. Ба ин савол Пешвои муаззами миллат 6 ноябри соли 2019 дар Кохи Истиқлол, ки толор пур аз ҷавонон буд, ҷавоби саҳеҳ гардониданд: “Баъзе ҷавонон имрӯзҳо ниҳоят сабукандеш ва нозук шудаанд, чунки сахтиро надидаанд. Сабаби асосии ин надонистани таърихи миллат ва бекор мондан аст.”
Воқеан, агар мехоҳем, ки ҷавонон тавонанд умеду орзу ва ормонҳои ниёгонро бароварда созанд, пас бояд талош баҳри босаводу илм ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо талош варзем. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф дар мадди аввал аст. Аммо масъалаи мутобиқати ихтисосҳои муассисаҳои олии кишвар ба талаботи бозори меҳнат ва таъмини ҷавонон бо ҷойи кор ташвишовар аст. Муддати ёздаҳ сол таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва баъд аз он чаҳор-панҷ сол дар муассисаҳои олии таълимӣ хуб аст, аммо чаро имрӯз на ҳама ҷавонон дар бозори меҳнат ба ҳунари худ талабгор меёбанд? Дар баробари зикри ҷиҳатҳои мусбат бояд сари мушкилот низ андеша кунем. Наёфтани ҷойҳои корӣ ва ё кам будани музди меҳнат ба он оварда мерасонад, ки баъзеҳо рӯ ба муҳоҷират оранд ва баъзеҳо аз бекорӣ ба ҳар роҳ мераванд. Одам, қатъи назар аз синну сол, ҳамин ки бекор монд, ҳатман ба доми неруи бадӣ меафтад ва ин неру ӯро ба балоҳо гирифтор менамояд ва аз ҳамин лаҳза офати бекорӣ ба тарбия таъсир расондан мегирад ва ин таъсир манфист. Хонандае дар рафти дарс ба шарикдарсон халал мерасонад, барои чӣ? Барои он ки бекор мондааст. Наврасе ба тамошои филмҳои зӯроварӣ машғул мешавад, ҷавоне ба доми гурӯҳи авбошону нашъамандон меафтад, марде аёлманд зану фарзандҳояшро партофта, ба мулки дигаре мардикорӣ меравад, барои чӣ? Барои он ки бекор мондааст, ё коре мувофиқ наёфтааст.
Мушкилии бекории ҷавононро аксарият ба харобиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, яъне аз кор мондани коргоҳу корхонаҳои зиёд рабт медиҳанд, аммо ин наметавонад сабаби асосӣ ва ягона бошад. Ҷиҳати рафъи ин мамоният барои рушди ҷавонон ҳамчун донишҷӯе, ки дар риштаи иқтисод таҳсил мекунам, чанд тавсия дорам:
— таъсиси Маркази мониторинги бозори меҳнат дар назди Вазорати маориф ва илм ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; иваз намудани самти касбомӯзии якчанд донишгоҳ, чунки норасоии мутахассисони техникӣ ва зиёд будани иқтисодчиҳо мушоҳида мегардад; ба нақша гирифтани қарзҳои имтиёзнок махсусан, барои ҷавонон; ба нақша гирифтани таътилҳои андозӣ махсусан, барои ҷавонон; аз ҷониби падару модарон озод гузоштани фарзанд дар интихоби касб, чун аксар аз нигоҳи таассуб ба ягон шахс, даромаднокӣ ё таваккалӣ касб интихоб менамоянд. Оқибат маълумоти пурраи ихтисосӣ ва касбӣ гирифта натавониста, мақоми худро дар ҷомеа намеёбанд ва бо баҳонаи надоштани шароити меҳнат ва маоши кам корро рад менамоянд.
Боқӣ ҳама чораҳои ногузирро барои рушд ва дастгирии ин қишри ҷомеа моддаи 19-и қонуни болозикр кафолат медиҳад:
“Дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод қисми таркибии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
— муқаррар намудани стипендия, мукофот, пешниҳоди грантҳои давлатии таҳсилотӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; ташкили фондҳои махсус; бунёд ва рушди марказҳо оид ба муайян ва тайёр намудани ҷавонони соҳибистеъдод; ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо бо мақсади муайян ва паҳн намудани дастовардҳои илмӣ ва эҷодии ҷавонон; таъмини дастрасии ҷавонони соҳибистеъдод ба барномаҳои таҳсилотӣ, такмили ихтисос ва коромӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар асоси озмун; муҳайё намудани шароит ба олимони ҷавон, кормандони ҷавони соҳаҳои маориф ва фарҳанг баҳри амалӣ намудани фаъолияти илмию эҷодӣ, мусоидат ба амалӣ гаштани дастовардҳои олимони ҷавон; ҳавасмандгардонии маънавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷавонони соҳибистеъдодро дастгирӣ менамоянд.” (аз 28.06.2011 №716).
Бо дарназардошти ин ҳама таваҷҷуҳ аз ҷониби давлату ҳукумат ва Пешвои муаззами миллат мо, ҷавонон, эҳсос менамоем, ки талош баҳри амалигардонии ормонҳои миллӣ, ҳифз ва эҳтироми муқаддасоти миллат, сазовор будан ба боварии Сарвари ободкори кишвар бароямон қарз ва фарз аст ва дар ин ҷода натиҷаҳои назаррас низ дорем.
Магар доштани давлати миллӣ ва истиқлолияти комили сиёсӣ ормони ҳазорсолаи аҷдодон набуд? Буд! Буд ва ҷавонони муосир баҳри нигоҳдошти ин озодӣ ба ҳар амале қодиранд. Магар баланд гардидани парчами кишварамон дар садҳо давлати дунё ормони гузаштагон набуд? Буд! Буд ва амалӣ гашт. Ҷавонони шуҷои Ватан дар даҳҳо ва садҳо мусобиқаҳои илмиву варзишӣ парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд. Магар босубот ва амн будани тамоми гӯшаҳои диёр ормони бахокбурдаи гузаштагон набуд? Буд! Буд ва имрӯз ҷавонон ғайрату ҷоннисориҳои онҳоро қадр намуда, дар талоши таҳкими сулҳу суботанд.
Ҷавонон пайвандгари таъриху оянда ва амалисози ормонҳои миллиянд!
Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!
Нурулло ҒАФУРИЁН –
донишҷӯи бахши 3, факултаи
молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон